Қоидаҳои гузаронидани санҷиш
Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои
хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти
стандартизатсия, меторология, сертификатсия ва нозироти
савдои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон
Қоидаҳои мазкур тибқи моддаи 4 Қонуни ҶумҳуриТоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҶТ”, Қонунҳои ҶТ“Дар бораи стандартонӣ”, “Дар бораи сертификатсия маҳсулот ва хизматрасонӣ”,“Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”,“Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулотихурокворӣ”. Низомномаи Агентии стандартизатсия, меторология, сертификатсия ванозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ таҳия шудаанд ва тартиби ташкил вагузаронидан санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи стандартизатси,меторология, сертификатсия, аккредитатсия ва савдо муайян мекунад.
1.Муқарароти умумӣ
1.1. Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи мақомоти санҷиш,ки ваколатдоранд санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагдорро ба мавзӯи аз ҷонибионҳо риоя шудани меъёрҳо ва талаботи сатндартҳои давлатӣ дар соҳаистандартизатси, меторология, сертификатсия, аккредитатсия, савдо ҳатмӣ мебошад,гузаронанд.
1.2. Талабот қоидаҳои мазкур барои ҳамаи марказҳои зертобеъ вашахсони мансабдори Мақомоти стандартизатси, меторология, сертификатсия ванозирот савдо, ки санҷишро оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ дар доираисалоҳияти худ амалӣ месозад, инчунин барои субъектҳои хоҷагидор новобаста азшакли моликият ва тобеият, ҳатмӣ мебошанд.
1.3. Мақсади санҷиш ҳимояи давлатии ҳуқуқҳоиистеъмолкунандагон ва манфиатҳои давлат мебошад.
1.4. Вазифаҳои асосие, ки дар ҷараёни гузаронидани санҷиш ҳалмешаванд инҳо мебошанд:
- Санҷиши риояи қонунгузорӣ дар соҳаистандартизатси, меторология, сертификатсия, аккредитатсия, савдо аз ҷонибисубъектҳои хоҷагидор;
- Сари вақт ошкоркунӣ, пешгирӣ ва рафъкуниивайронкунии стандартҳои давлатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодии ҶТ, ҳуқуқҳо ваманфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар мерасонад, муқаррарнамоии сабабҳо вашатҳое, ки ба содиркунии онҳо мусоидат менамояд;
- Назорат аз болои иҷрои қоидаҳои сертификатсияимаҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;
- Дидани чораҳо оид ба ҷуброни зарарирасонидашуда;
1.5. Шахсони мансабдори Мақомоти стандартизатси,меторология, сертификатсия ва нозирони савдо ҳангоми амалисозии санҷишҳоифаъолияти субъектҳои хоҷагидор ӯҳдадоранд;
- Ҳатман Конститутсяи ҶТ, санадҳои меъёриҳуқуқии ҶТ, аз ҷумла Қонунҳои ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидордар ҶТ”, “Дар боари стандартонӣ”, “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот вахизматрасонӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи сифат в бехатариимаҳсулоти хӯрокворӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, НизомномаиАгентии стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозироти савдои наздиҲукумати ҶТ ва Қоидаҳои мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
- Чораҳои заруриро оид ба пешгирӣ огоҳиидалелҳои вайронкунии қонунгузорӣ, ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда, ба ҷавобгарикашидани шахсони гунаҳгор, татбиқи санксияҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда;
- То оғози санҷиш (ғайр азҳолатҳои гузарониданихариди санҷишӣ) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунинҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷишҳо фаҳмонида диҳад;
- Ба иштрок намудани намондагони субъети хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷишмонеъ нашаванд ва масъалаҳои вобаста бамавзӯи санҷишро ба онҳо шарҳ диҳанд;
- Мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардидаро басубъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, тадбирҳоро оид ба бартараф намудани онҳо баамал бароварда, ба пинҳон кардани онҳо оҳ надиҳанд;
- Барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъаҳоэҷод накунанд;
- Ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда доирба бартараф наммудани камбудиҳои ошкоршуда дастурҳои қонунӣ ва асосноки иҷрояшҳатмиро диҳанд;
- Риояи сири давлатӣ, тиҷорати ва дигар асрореро, ки қонун ҳифз намудааст, таъмин намоянд;
- Ҳангоми гузаронидан санҷиш шахсони мансабдориТоҷикстандарт ҳуқуқ надоранд;
- Иҷроиши талаботҳоеро, ки ба салоҳияташон дахлнадоранд, санҷанд;
- Санҷишро бе супоридани қарор оид багузаронидани санҷиш ба субъекти хоҷагидор ва бе ворид намудани маълумотидахлдор дар дафтари б қайдгирии санҷишҳои субъекти хоҷагидор, инчунин дарнабудани шахсони мансабдор ё кормандони субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда ёнамояндагони онҳо гузаронанд;
- Муҳлати муқарарнмудаи санҷишро гузаронанд;
- Истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштаникамбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, намунаҳои маҳсулот,иттилоъҳо, агар онҳо ба мавзуи санҷиш робита надошта бошанд, талаб намояд,инчунин ҳуҷатҳои асл, ки ба мавзӯи санҷиш дахл доранд, мусодира намоянд;
- Дар сурати ҷой надоштани далелҳои дағалноквайрон намудани меъёри муқарраршудаи талаботи стандарти давлатӣ,ҷори намуданиамалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии муттаасили субъектҳои хоҷагидор,монеъ мешаванд;