Банақшагири ва тартиби гузаронидани санҷишҳо

Намудҳои гузаронидани санҷиш.

Тартибигузаронидани санҷиш аз тарафи шахсонимасъул.

2.2.Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки аз чонибимақомоти стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозироти савдогузаронида мешавад, метавонад нақшавӣ, ва ғайринақшавӣ бошад.

  • Дараҷаи мушаххаси хавфнокии объектҳо вобастааз таҳдиди онҳо ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ;
  • Таҳлили ретроспективии фаъолияти соли гузашта;
  • Таҳлили ҳуқуқвайронкунии оморӣ;

2.3.Санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида мешавад:

  • Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз ҷумла бо мақомоти пешгириба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода.
  • Аз рӯи муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
  • Аз руи муроҷиати мақомоти ҳокимияти иҷроия.
  • Аз рӯи мурочиати ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
  • Аз рӯи муроҷиати субъектҳои хоҷагидор.
  • Аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон.
  • Бо сабаби мушкил шудани назорат оид ба бехатарӣва сифати маҳсулоти тезвайроншаванда.

2.4. Санҷишҳо аз ҷониби шахсони мансабдори Тоҷикистандартнозирони давлатӣ тибқи номгӯи масъалаҳои назоратӣ, ки намунаашро директори Тоҷикистандарттасдиқ намудааст, гузаронида мешаванд.

Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пешакӣ азмақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо нусхаиномгуи масъалаҳои назоратиро, ки тибқи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, дархосткунад ва гирад.

2.5. То оғози санҷиш шахси мансабдори Тоҷикстандарт бароҳбари намояндаи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда шаҳодатномаи хизматиронишон медиҳад ва ба ӯ қарор оид ба гузаронидани санҷишро месупорад. Дар нусхаиқарор қайд ва имзои роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба шиношавӣ ва гирифтаниқарор гузошта мешавад. Рад кардани роҳбари субъекти хоҷагидор аз гирифтаниқарор наметавонад ба оғози санҷиш монеа шавад.

2.6. Қарор оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидортибқи шакли муқарарнамудаи Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур тартиб дода мешавад вабояд маълумоти зеринро дошта бошанд:

  • Санна ва рақами бақайдгирии қарор дар мақомотисанҷиш;
  • Номи мақомоте, ки оид ба гузаронидани санҷишқарор қабул намудааст;
  • Номи пурраи субъекти хоҷагидор, ки новобастааз шакли моликият, аз санҷиш мегузарад;
  • Мавзӯъ ва мақсади санҷиш;
  • Даври санҷидашаванда;
  • Мансаб, фамилия, ном, номи падари шахсони санҷишкунанда;
  • Имзои роҳбари мақомоти санҷиш;
  • Мӯҳри мақомоти санҷиш;

Қарор оид ба гузаронидани санҷиш ва бояд дарТоҷикстандарт бақайд гирифта шавад.

2.7. баъд аз ба роҳбари намояндаи субъекти хоҷагидорсупоридани қарор оид ба гузаронидани санҷиш ва нусхаи Номгӯи масъалаҳои назоратӣ,шахси санҷишкунандаи Тоҷикстандарт ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо воридменамояд ва бо имзои шахсии худ маълумоти зеринро тасдиқ мекунад.

  • Фамилия, ном, номи падар, рақами шаҳодатнома,номи мақомоте, ки шаҳодатномаро додааст, муҳлати эътибори шаҳодатнома;
  • Асос барои санҷиш фаъолияти субъекти хоҷагидор(сана ва рақами қрор оид ба гузаронидани санҷиш), сана ва рақами оғозу анҷомисанҷиш;
  • Мавзӯъ ва рақами санҷиш;

2.8. Бо мақсади таъмини эътимоднокии назорати бузургиҳо(параметрҳо)-и тибқи талаботи стандартҳо ба маҳсулот муқараршуда, санҷиши ҳолатва дурустии татбиқи воситаҳои ченак гузаронида мешавад.

2.9. Назорати ченакро мутахассисони субъекти фаъолияти хоҷагидорбо иштироки ҳатмии нозири давлатӣ мегузаронад. Назорати ченакро метавонаднозири давлатӣ гузаронад.

2.10. Гирифтани намунаҳои маҳсулот аз ҷониби нозирони давлатӣбо иштироки шахсони мансабдори субъектисанҷидашаванда сурат мегирад. Усули ҷудо кардан ва шумораи намунаҳо баоигирифтани (ҳаҷми ҷудогкарда баровардан) бояд ба талаботи стандарт нисбати молимушаххас мувофиқат кунад. Намунаҳои маҳсулоти гирифташуда муқоиса карда шуда,аз назорат ва санҷиши мувофиқат ба талаботи стандарт мегузаранд.

2.11. Натиҷаҳои санҷиш ва ташхиси намунаҳо ба ҳамаи маҳсулотисанҷидашаванда, ки аз байни он намуна гирифта шудааст, дахл дорад.

2.12. Муқоисакунӣ, санҷиши зоҳирии мол ва муоинаи техникӣ аз ҷонибинозири давлатӣ бо иштироки мутахасисони субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.

2.13.Ташхиси намунаҳо дар озмоишгоҳи ваколатдоршуда гузаронидамешавад.

2.14. баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ба талаботи санадҳои меъёрӣҳуқуқӣ оид ба стандартизатсия ва метрология дар асоси натиҷаҳои ташхисҳое, кимувофиқи стандартҳо ва дастурҳои техникӣ шудаанд, гузаронида мешавад.

2.15. Баъд аз анҷомёбии санҷиши Роҳбари субъекти хоҷагидор дардафтари бақайдгири санҷиш нишон медиҳад.

  • Сана ва вақти анҷоми санҷиш;
  • Ҳаногми ошкор гардидани вайронкунии талаботиқонунҳо, татбирҳое, ки аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш нисбатисубъекти хоҷагидор андешида шудаанд;

Мулоҳизии худ дар шакли “Розиам”, “Рози нестам”,“Бо эродҳо розиам”.

436
Нет комментариев. Ваш будет первым!