Тахияи санади санчиш

Санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки таҳти назоратидавлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷонибихадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон санҷида шаванд.

Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷишгузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатиро мақоми ваколатдор муайянмекунад.

Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамотиметрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченакаккредитатсия карда шаванд.

Тартиби аккредитатсия кардани хадамотиметрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Воситаҳоиченак, ки аз санҷиши мутобиқатӣгузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мӯҳргузорӣ карда мешавандва ё мутобиқати онҳо бо шаҳодатномаи санҷиштасдиқ карда мешавад.

3.Таҳияи санади санҷиш

3.1. Бо анҷомёбии ҳар як натиҷаҳои санҷиш протокол тартиб додамешавад. Протоколи баимзорасидаи нозири давлатӣ ва субъети хоӣагидор ба санадисанҷишӣ замима мегардад.

3.2. Бо анҷомёбии санҷиш новобаста аз натиҷаҳои он ҷонибишахси мансабдори Тоҷикстандарт, ки санҷишро гузаронидаасту, ҳатман санад(замимаҳои 2,3) бо нишон додани маълумоти зер ин таҳия мешаванд:

  • Макони гузаронидани санҷиш, санаи таҳияисанад;
  • Мансабҳо, фамилияҳо, номҳо, номи падарҳоишахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда, ки санҷишро гузаронидаанд;
  • Фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродиисанҷишшуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
  • Маълумот оид ба санҷиши гузашта, натиҷаҳои он,инчунин чораҳои дидашуда оид ба бартарафкунии вайронкуниҳои пештар ошкоршуда;
  • Давраи санҷиши ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое,ки аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод мегарданд;
  • Натиҷаҳои санҷиш;
  • Ҳангоми ошкоркунии камбудиҳо тавсифи муфассалионҳо бо истиснод ба санади меъёрии ҳуқуқи дахлдор;

3.3. Санади санҷиш дар 2 нусха таҳия мегардад ва аз ҷонибишахсони мансабдори Тоҷикстандарт, ки санҷишҳоро гузаронида буд, имзо кардамешавад. Бо санади санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зурурӣ замима мегарданд.

3.4. Як нусха санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар мӯҳлатипанҷ рӯзи корӣ супорида мешавад. Ҳангоми гирифтани санада санҷиш роҳбарисубъекти хоҷагидор ӯҳдадор аст қайд карда, имзои худро оид ба гирифтани он дарнусхаи дигари санад гузорад.

3.5. Ҳангоми рад кардани субъекти хоҷагидор аз гирифтанисанади санҷиш оид ба он дар нусхаи санади санҷиши барои Тоҷикстандарт таъиншудасабт карда мешавад, ки бо имзои шахси мансабдори ин мақомот, ки санҷиши дахлдоргузаронидааст, тасдиқ мегардад. Дар ин ҳолат санади санҷиш ба субъекти хоҷагидорбо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома ирсол мегардад.

3.6. Ба санади санҷиш ҳуҷҷатоҳои зерин замима мегардад:

  • Санада гирифтани намунаҳо (замимаи 5);
  • Санади харида санҷиш (замимаи 6);
  • Протоколи санҷиши зоҳирӣ (замимаи 4);
  • Протоколи санҷишӣ ва ташхиси маҳсулот;
  • Ҳолати таъминоти метрологӣ;
  • Хулосаи озмоишгоҳҳои ваколатдоршуда(аккредитатсия) ба маҳсулоти санҷидашуда;

Ваколати шахсони мансабдоре, ки санҷишро

амалӣ менамояд.

4. Шахсони мансабдори Тоҷикстандарт нозирони давлатӣ ҳангомиамал намудани санҷиш дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд;

  • Дар иштироки намояндаи субъекти хоҷагидортафтиш ва санҷиши корхона, нуқтаи савдо ва дигар объектҳои таҳти назоратрогузаронанда, аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидорбаёнот, мавод ва маълумоти заруриро гиранд;
  • Ба роҳаброни субъектҳои хоҷагидор (дигар шахсони мансабдор) вашаҳрвандони амрияҳо (Замимаҳои 7, 8, 9) диҳанд;
  • Шахсони мансабдор ва дигар кормандонисубъектҳои хоҷагидорро, ки дарвайронкунии талаботи муқарарнамудаи қонунгузорӣ, иҷро накардани Амрияҳо вадигар талаботҳои Тоҷикстандарт гунаҳкоранд, ба ҷавобгари маъмури кашанд;
  • Чораҳои ҷаримавиро нисбат ба субъектҳои хоҷагидорбарои вайронкунии талаботи муқарарнамудаи қонунгузорӣ иҷро накардани Амрияҳошахсони мансабдори Тоҷикстандарт истифода намоянд;
  • Мавҷудияти ҳуҷҷатҳоро, ки ҳуқуқ бароиамалинамудани фаъолият дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия васавдоро медиҳад, санҷад;
  • Маълумотро вобаста ба сатҳи хавфнокӣ бароисаломати ва ҳаёти шаҳрвандон, ки дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мешаванд, талаб намояд;
  • Дар ҳолати ошкоркунии вайронкунии талаботҳоимуқарарнамудаи қонунгузорӣ ва дигар сандҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Мақомотистандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо пешниҳод шудааст,истифода менамоянд;
  • Санадҳоро тартиб диҳад ва дар доираи салоҳиятихуд оид ба гузаронидани чорабиниҳои иҷрояшон ҳатми Амрияҳо диҳад, то ки таҳдидба ҳаёт ва саломатии аҳолиро пешгирӣ намояд;
  • Дар доираи салоҳияти худ санҷишро дар объекти таъиншуда гузаронанд ванамунаҳоро (меъёрҳоро) (замимаи 5) ба миқдори лозимӣ барои гузаронидани санҷишинтихоб намуда гиранд;
  • Аз роҳбари субъети хоҷагидор баёноти хаттирооид ба масъалаҳои марбут ба санҷиши фаъолияти он талаб намояд;
  • Аз субъети хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳоизурурии бевосита ба гузаронидани санҷиш вобастбударо талаб намояд, аз онҳоиқтибос ва нусха гирад;
  • Иҷроиши ҳатмии оид ба бартарафкуни вайронкуниидар ҷараёни санҷиш ошкоршударою назорат кунад;
  • Мавҷуд будани сертификати мутобиқати субъектихоҷагидорро ба маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад ва инчунинаслӣ будани ин сертификатҳо ва қонунӣ будани истифодаи аломатҳои мутобиқатросанҷад;
  • Ташхиси ҳуҷҷатҳои меъёриро оид бастандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронанд;
  • Истеҳсол, фуруш, нигоҳдорӣ ва истифодабариимаҳсулотҳои ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӣ набударо, манъ намояд;
  • Дар ҳолатҳои зарурӣ хариди санҷишро гузаронад(замимаи 6)
  • Объектҳое, ки дар он воситаҳои ченак истифода,истеҳсол, таъмир, фурӯхта ва нигоҳ дошта мешаванд, новобаста аз тобеият вашакли моликият, аз назар гузаронанд;
  • Дурустии татбиқи усулҳои аттестатсияшудаи иҷроиченакҳо, вазъи маҳҳакҳо (эталон), ки барои калибровкаи воситаҳои ченак истифодамешаванд, санҷанд;
  • Мувофиқати воситаҳои ченак ва шароит татбиқи онроба навъи тасдиқгардида, санҷанд;
  • Истифодаи воситаҳои техникӣ ва ба санҷиш ҷалбнамудани ҳайати объетҳое, ки аз назорати давлатӣ мегузаранд;
  • Иҷрои корҳоро оид ба сертификатсиакунонӣ вашаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ амалӣ намояд;
  • Дигар ҳуқуқҳоеро, ки бо қонунҳои ҶТ ба назаргирифта шудааст, истифода намоянд;

Тартиби ҷаримабандӣ

5. Қарор оид ба ҷаримабандӣ аз ҷониби сарнозири давлатӣ оид ба назорати давлатӣ, воситаҳоиченак ва қоидаҳои савдои ҶТ дар асоси қонунгузории ҶТ сурат мегирад (замимаи10).

Расмиёти мубодилаи иттилооотӣ ва ҳамоҳангсозии

амалиёт бо дигар мақомоти санҷишкунанда

6. Тоҷикстандарт на камтар аз як маротиба дарсоли тақвими иттилоот оид ба кори худ оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидордар нашрияҳои дастраси умум интишор менамояд.

Иттилоот бояд инҳоро дар бар гирад.

  • Иттилооти умуми оид ба сохтори мақомоти санҷишкунанда;
  • Маълумоти оморӣ оид ба миқдори санҷишҳоигузаронидашуда, камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиш ошкор шудаанд ва чораҳоинисбат ба вайронкунандагон қабулшуда;
  • Маблағи умум ҷаримаҳои ситонидашуда оид ба натиҷаҳои санҷишҳоигузаронидашуда барои давраи ҳисоботӣ;
  • Маълумоти мухтасари натиҷаҳоибанақшагирифташуда ва ноилшуда ва баҳодиҳии онҳо;
  • Бартариятҳо ва нақшаҳо барои моли оянда;

6.1. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки масъалаҳоиамалисозии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро ба танзим медарорад ваномгӯи масъалаҳои назорати барои санҷиш аз ҷониби Тоҷикстандарт дар ҷойҳоидастрас ва мушоҳидашаванда ҷой дода мешаванд (дар тахтҳои барои эълонҳо), инчунинба намояндагони сбъектҳои хоҷагидор тибқи талаб пешниҳод мегарданд.

553
Нет комментариев. Ваш будет первым!