Мавзӯъ ва аҳамияти илмии мантиқ

Нақша

  1. Вокеияти моддӣ ва донистани он
  2. Дониши хулосавӣ
  3. Қонунҳои мантиқ

Илм дар бораи тафаккури инсон, шакл, қонун ва қоидаҳои он мебошад. Ба воситаи таффаккур инсон оламро дарк мекунад. Масъалаҳое, ки ба донистани олам вобастаанд, масъалаҳои фалсафа ба шумор мераванд. Мантик, ки мавзуи он тафаккури дарккунандаи олам аст, илми фалсафа ҳисоб мешавад бинобар ин илме, ки шакл, қонун ва қоидахои тафаккури дурусти инсонро меомӯзад, мантиқ ном дорад. Чунин аст таърифи умумии илми мантиқ. Барои мавзуи мантиқ ва аҳамияти ин фанро васеътар ошкор намудан бояд чи будани худи тафаккур, шакл ва қонунхои онро донист. Маҳз хамин масъалаҳоро дар навбати аввал барраси мекунем.

Вокеияти моддӣ ва донистани он

Олами моддӣ, ашёву, ҳодисаҳои гуногун: электрон, атом, молекула, сайёра, ситора, системаи ситораҳо, растанихо, хайвонот, инсон хаёти иқтисодии ҷамъияти инсони берун аз шуури инсон мавчуд буда, ба он вобастаги надоранд. Одам ҳамеша кушиш менамояд, ки ин ҳодисаҳо ва ашёи сершумору гуногуни олами моддии аз шуури вай берун ва ба он новобастаро донад. Дониш силоҳи тавонои инсон ва ҷамъияти инсонист. Тамоми комёбию пешрафтиҳои ҷамъият ба дониш вобаста аст.

Дониш инъикоси ашё ва ҳодисахои олами моддӣ дар майнаи инсон ва шуури вай мебошад. Инсон бо ёрии

усулхои муайян ва воситаҳои гуногуни ашёву ҳодисаҳои

1

олами моддиро дар шуур инъикос намуда, дар бораи онхо дониш пайдо мекунад.

Дараҷаи аввалини дониш аз ҳиссиёт сар мешавад. Инсон бо ёрии узвхои ҳис, ки онхо панчтоанд (босира, сомеа, таъм, шомма, ломиса), хосиятҳо нишонаҳои сершумору гуногуни ашё ва ҳодисаҳои мушаххас: ранг ранг-сурхӣ, сафедӣ, кабудӣ ва хоказо; шакл-бузургию хурди, сало ҳаҷм ва ѓайраҳоро дар шуури худ инъикос намуда, оид ба онҳо дониш пайдо мекунад.

Донишхое, ки бо ёрии узвхои ҳис пайдо мешаванд, якчанд шакл доранд. Шаклҳои асосии ин донишҳо аз эҳсос, идрок ва тасаввур иборатанд.

Эҳсосякумин ва оддитарин шакли дониши бо ёрии узвхои хис пайдошаванда мебошад. Ранг. Таъм, шакл, ҳаҷм, садо ва дигар хосиятҳои ашё ва ҳодисаҳои дар атрофии инсон вокеъ гардида ба органҳои ҳис таъсир расонида, дар шуур эҳсосро ба амал меоранд. Чунончи, одам сурхии қаламро мебинад ва дар натиҷа дар майнаи вай оид ба хамон сурхӣ эҳсос пайдо мешавад, ё ки аз радио суруди форамеро мешунавад ва дар бораи форами он овоз эхсос пайдо мешавад. Бинобар ин, эхсос чунин шакли донишест, ки вай ин ё он хосият, нишонаи ашё ва ходисахои мушаххасро инъикос менамояд.

Инсон одатан бо ёрии узвхои хиссиаш бештар ин ё он хосияти алохидаро не, балки ашёву ходисахои томро, ки дорои хосиятхои зиёданд инъикос менамояд.Он донише, ки инъикоси ашё, ходисаи том мебошад, идрок ном дорад.Идрок аз мачмуи эхсосот ташкил меёбад. Пас идрок шакли дуюми донишест, ки ба воситаи узвхои хис ба вучуд меояд.

Одам на факат дар бораи он чизхое, ки онхоро дар айни замон хис мекунад, дониш дорад, балки дониши у дар бораи он чизхое хам, ки аз ин пеш бо ёрии узвхои хис кабул карда буд, донише хосил мекунад. Ин шакли

2

донишро тасаввур меноманд. Тасаввур донишест, ки вай аз ин пеш дар шуури инсон бо ёрии органхои хиссиёташ дар натичаи ба вучуд омадани эхсос, дарк шудани ашёхо, ходисахо пайдо шуда, дар айни холл аз назар дурр шудааст ва метавонад аз нав баркарор гардад. Инсон бо ёрии узвхои хиссиёташ хосият,

нишонахои ашё ва ходисахои олами моддиро, ки аз шуураш берун ва ба он новобаста вучуд доранд, дар майнаи худ инъикос намуда, дар бораи онхо эхсос, идрок ва тасаввур пайдо мекунад.

Мохият, конуният, робитахои инкишофи зарури, ашё ва ходисахоро ба ёрии хиссиёт бевосита инъикос намуда, дар бораи онхо дониш пайдо карда намедавонем, барои инкишофи ходиса инсон бояд фикр кунад.Тафаккур шакли олии дониш, силохи боэътимоди он аст.Тафаккур хамеша дар асоси донишхои бевосита- эхсос, идрок ва тасаввур ба амал меояд. Асоси тафаккур эхсосот аст. Одам ба ёрии тафаккур мефахмад ки чараёнхои дохили ядро конунхои хос доранд, барои ин одам ин ходисаро мушохида намуд тадкик кунад.

Тафаккур хамчун дарачаи дуюми чараёни дониш, монанди он донишхое, к ибо ёрии узвхои хис пайдо карда мешаванд, хамчун дарачаи мантики чараёни дониш шаклхои махсус дорад. Шаклхои махсуси тафаккур иборатанд аз мафхум, мухокима, хулосаи акли.Мафхум чуни шакли тафаккур мебошад, ки вай нишонахои мухими ашёхоро инъикос менамод. Фикрхое, ки алока, муносибат, ашё, хусусият ва нишонахои онхоро ба воситаи тасдик ва ё инкор инъикос менамояд, мухокима ном дорад.

Тафаккур бо забон, нутки инсон алокаи узви дорад. Тафаккур ва забон ходисаи чамъияти мебошанд. Забон чунин воситаест, ки бо ёрии он вай фикрхо ифода карда мешаванд. Ба маъни васеяш забон чунин

3

маҷмӯи аломатхои доираи ахборот мебошад, ки он вазифахои шаклёби, нигохдори ва бахмгузории ахбор ичро менамояд ва хамчун воситаи мубодилаи байни одамон хизмат мекунад. Мантиқшиносон В.И. Кириллов ва А.А. Старченко кайд намудаанд, ки илме, ки забонро хамчун системаи аломат хаматарафа тадкик менамояд семиотика(юнонӣ-аломат) ном дорад. Илми мазкур забонро аз се ҷиҳат: синтаксисӣ, семантикӣ ва прагматикӣ талилу тадқиқ менамоянд. Синтаксис чунин қисми семиотика мебошад, ки вай таркиби забонро меомӯзад.Синтаксисташкилёбӣ, таѓийроту дигаргунсозӣ ва алоқаҳои байни аломатҳоро тадқиқ менамояд.Семантикабошад, масъалаи маънидод кардани аломатхо яъне тахлили муносибати байни аломатхо ва ашёхоро, бо ёрии аломатхо ифода карда мешаванд, меомузад.Прагматикавазифахои коммуникативии забонро, яъне муносибатхои инсонро нисбати аломат ва инчунин муносибати баини одамонро дар вакти истифодаи аломат меомузад. Забон ба ду навъ таксим мегарда: табии –гуфтугуи ва сунъи- илми.

Илми мантиқ

Мантиқ калимаи арабӣ буда, маънояш нутк, забон мебошад. Илми мантик тафаккури инсонро меомузад. Тафаккурро бошад боз илмхои фалсафа, психология, физиологияи фаъолияти олии асаб меомузад. Илми мантик тарафхои шаклии онро мемузад. Ба монанди мафхум, мухокима ва хулосабарори. Ин фан шаклхои мантики фикрро муайян менамояд. Шаклхои мантики фикр- тартиб ва сохти фикрхо мебошанд. Хаар як шакли фикр аз мазмуни мушаххас ва муайяни шакл иборат мебошад. Барои дурустар фахмида гирифтани шаклхои тафаккур чумлахоро мухтасар тахлил менамоем.

4

  1. Хамаи (м)нависандагони точик- (х)ахли мехнати эчодимебошанд.
  2. Хамаи (м)шахрвандони Точикистон (х)хукуки баробари интихоботдоранд.
  1. Хамаи (м)достонхо (х)асархои манзуммебошанд.

Дар ин чумлахо мубтадои мантиқӣ ва хабари мантиқиро меёбем.

Хулосабарорӣ:

1.Хамаи шоирон – ахли мехнати эчодианд.- ин шахс шоир аст ва ахли мехнати эчодист.

Дониши хулосавӣ

Дар рафти дониста гирифтан, дакик намудани чизхо ва ходисахо, ё амалан хал намудани ин ё он масъала бевосита ба тачриба, мушохидакуни мурочиат накарда, балки донишхоеро, ки аз ин пеш пайдо карда будем, ба асос мегирем. Донишхои аз ин пеш кардаамонро бо хамдигар алокаманд намуда, онхоро бо якдигар муқоиса карда, донишҳои навро ҳамчун хулоса пайдо мекунем. Бо ёрии ин донишҳо баъзан фикру ақидаҳое ки ҳақ буданащон муайян нашудааст, исбот мекунем.

Донише ки бевосита ба таҷриба, амалия мурочиат накарда, ба донишҳои пешинаи бо таҷрибаю амалиёт собит гардида, санҷида шуда, к ибо татбиқ намудани қонунҳои мантиқӣ ба миён меояд, дониши хулосавӣ ном дорад.

Қонунҳои мантиқ

Ҳар як шакли мантиқӣ:мафҳум муҳокима, хулосабарорӣ қоидаҳои ба худ хос дорад. Ин қоидаҳои махсуси мантиққамандии фикрҳоро дар ҳар як шакли мантиқӣ муайян менамоянд. Ба ин қоидаҳои махсуси шаклҳои мантиқӣ риоя кардан шарти асосии пайдо намудани

хулосаи саҳеҳ мебошад.

5

Ин гунна коидаҳои умумию алоқаи зарурӣ ва муҳимми факрро қонунҳои мантиқӣ меноманд. Дар илми мантиқ чор қонуни умумии мантиқаълум аст 1) қонуни айният; 2) қонуни зиддият; 3) қонуни истиснои салоса ва 4) қонуни асоси басанда.

Шарти зарурии донистани ҳақиқат-риояи қонун ва қоидаҳои мантиқист.

Ба қонунва қоидаҳои мантиқӣ риоя кардан, талаби онҳоро ба ҷо оварда фикр шарти зарурии донистани ҳақиқат дар рафти хулосабарорӣ ва исботи мантиқӣ бошад.

Агар муҳокимаи аввалин муқаддимоти мо дуруст бошад,-ва агар мо қонунҳои тафаккурро нисбат ба онҳо дуруст мутобиқ намоем, хулоса, натиҷааш ба воқеият мувофиқ меояд.

Ин фикр чунин маъно дорад, ки барои аз хулосабарорӣ пайдо намудани дониши ҳақиқӣ бояд ду шарти зерин риоя карда шавад:

  1. Муҳокимаҳо, фикрҳое, ки аз онҳо хулоса бароварда мешавад, яъне муқаддимаҳо бояд саҳеҳ бошад;
  2. Дар рафти хулосабарорӣ бояд ин муқаддимаҳо мувофиқи қоида ва қонунҳои мантиқӣ алоқаманд карда шаванд. Яъне дар байни муқаддимот ва хулосае, ки аз онҳо бармеояд, алоқаи зарурӣ амал кунад.
Таърифи илми мантиқ

Мантиқӣшаклӣ илмест дар бораи шаклҳои тафаккур, қонунҳои алоқамандии фикрҳо дар хулосабарорӣ ва исботкунӣ. Мантиқ чунин илмест, ки вай шаклҳои фикрро аз ҷиҳати сохт, тарзи алоқамандии онҳо қатъи назар аз таѓйирот ва тараққиёти онҳо меомӯзад. Илми мантиқ, қонун ва қоидаҳоеро мелмӯзад, ки онҳо дар рафти хулосабарорӣ амал мекунанд. Мантиқ,

6

ҳамчун илм чунин усулҳои мантикиро муайян менамояд, ки онҳо нисбат ба шаклҳои гуногуни фикри дорои мазмуни мушаххас амал мекунанд. Мантиқ илмест доир ба хулосабарориҳои шаклӣ.

Аҳамияти илмии мантиқ

Олими машҳурва мантикшиноси форсу тоҷик –Насриддини Тӯсӣ мегӯяд, ки сохтани тахт ба шахсе, ки ҳунар ва тачрибаи наҷҷорӣ надорад, супорида шавад, шояд ӯ барои сохтанаш душвориҳои зиёде кашад. Аммо сохтани ҳамон тахт ба наҷҷори моҳире супорида шавад, вай ба ҳунару таҷрибаи наҷҷории худ такя карда, ин корро ба осонӣ анҷом медиҳад. Айнан мисли ҳамин, шахсе ки мантиқро намедонад, ӯ мувофиқи қонунҳои ин фан фикр мекунаду вале дар баъзе мавридҳо ба хатоҳое роҳ медиҳад, ки худ сабаби онҳоро намефаҳмад. Кассе, ки мантиқро медонад, хатоҳои содиршуда бартараф намуда, бо камоли боварӣ дуруст фикр меронад. Мувофиқи ақидаи мантиқшинос Лейбниц мантиқ восита, олатест, ки дарккунии инсонро пурзӯру пурқувват менамояд.

Барои донишҷӯён донистани қонунҳои мантиқӣ аҳамияти хеле калон дорад, чунки риоя кардан ба талаботи қонунҳои мантиқӣ донишандӯзӣ ва қобилияти фикрии онҳоро инкишоф медиҳад. Мантиқ гарави асосии муҳокимарониҳои солиму бехато ба шумор меравад.

Мухтасар дар бораи таърихи мантиқ

Мантиқ яке аз илмҳои қадимтарин аст, ки таърихи чандинасра дорад. Мантиқшиносони Ҳиндустони қадим масъалахои манбаи дониш, роли, аклу хирадро дар рафти дониш, шаклҳои фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва навъҳои онҳоро мавриди таҳлил амиқ қарор додаанд.

7

Мантиқшиносони Ҳиндустон яке яке аз шаклҳои хулосабарориро ошкор намуданд, ки он аз 5 қисм иборат будааст. Чунончи мувофиқи таълимоти мактаби фалсафаи Ньяйн хулоса ҳамчун исботи ҳалкунанда аз панҷ муҳокима иборат мебошад, ки ин муҳокимаҳоро аваявами (узвҳо) меноманд. Барои чунин хулосабарорӣ мисолерро меорем:

  1. Рама миранда аст (пратиҷина)
  2. Чунки ӯ одам аст (хетту)
  3. Ҳамаи одамон мирандаанд (масалан, Суқрот, Кант, Гегель) (удаҳарана)
  4. Рама низ одам аст (упаная)
  5. Пас,ӯ миранда аст (нигамана)

Дар асри\/11 милод мутафаккир Дармакирти «Қатраҳои мантиқ» ном китоби дарсии мантикро навишта буд, ки дар асри 1Х Дармоттара ба ин шарҳ навиштааст.

Дар Юнони қадим бо масъалахои мантиқ философ ва олими машҳур Демокрит (тахминан солҳои 460-370 пеш аз милод) машѓул шудааст. Ин мутафаккир ба масъалаҳои дониши таҷрибавӣ, хулосабарории индуктивӣ, қиёс, таърифи мафҳум диқкати махсус додаст. Демокрит ва ҳамфикри ӯ Левкипп якумин маротиба мазмуни назарии қонуни асосии басандаро баён намуда, навишта буданд: «Ҳеҷ чиз бе сабаб ба вуҷуд намеояд, лекин ҳама чиз боя гон асос ва боа мри зарурат пайдо мешавад».

Дар дунёи қадим масъалаҳои мантиқиро Аристотель (с.384-322 пеш аз милод) ба таври мукаммал таҳлилу тадқиқ карда буд, ки барҳақ асарҳои ӯро қуллаи баланди нашъунамои фалсафии дунёи қадим мешуморанд.

Ин донишманди бузург тамоми таълимоти мантиқии давраи худро омӯхта, ба дастовардҳои илмҳои замонаш истинод карда, дар ассрҳояш тамоми масъалаҳои асосӣ

8

муҳимтарини илми мантиқро кор карда баромад, ки самараҳои заҳмати ӯ абадан ба сафаҳоти илми мантиқ сабт гардиданд.

Таълимоти мантики Арасту (Аристотель) дар «Категориҳо», Дар бораи маънидодкунӣ»,»Аналитикаи якум», «Аналитикаи дуюм», «Топика», «Дар бораи инкори сафсата» ном асарҳои ӯ баён карда шудааст, ки ҳамаи ин асарҳоро пайравони ӯ якҷоя намуда ба онҳо «Органон» (аслиҳаи дониш) ном додаанд.

Дар «Категорияҳо» таълимот дар бораи мафҳум, «Дар бораи маънидодкунӣ», таълимот оид ба назарияи муҳокима; дар «Аналитикаҳо» таълимоти хулосабарорӣ ва исботкунӣ; дар «Топика» таълимот дар бораи категорияҳои асосии мантиқӣ ва усулҳои мантиқие, ки дар тафаккур татбиқ карда мешаванд; «Дар бораи инкори сафсатаҳо» хатоҳои дар хулосабарорӣ ва исботкунӣ содиршаванда ва воситаҳое ки ин хатоҳоро ошкор менамоянд, баён карда шудаанд. Дар асари бузургтарини фалсафаи Арасту, вай «Метафизика» (баъд аз физика) ном дорад, дар баробари масъалаҳои мухталифи фалсафӣ, таълимоти ӯ оид ба қонунҳои мантиқии фикр: қонуни айният, зиддият, истиснои салоса ва қонуни асоси басанда ифода карда шудааст.

Дар таърихи мантиқ якумин маротиба Арасту тафаккурро мавзӯи омӯзиши илми алоҳида-илми мантиқ шуморида, мантиқро илми исботкунӣ ва асосноккунии ҳақиқат меномид. Хизмати бузурги Арасту дар соҳаи мантиқ пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ таърифи илмии мантиқро баён карда, онро илми роҷеъ ба хулосаҳои шакли номидааст.

Ба қавли Арасту ҳақиқат мувофик омадани фикр бо воқеият буда, фикри ѓалат инъикоси нодурусти воқеият аст.

9

Маҳз Зенон ба илми алоҳида оид ба тафаккур «логика» ном дода буд, ки пеш аз ӯ Арасту ин илмро «аналитика» меномид. Стоикҳо масъалахои хулосабарориҳои шартӣ ва мунфасиларо ошкор ва муайян намудаанд.

Дар сохаи тараққиёти илми мантик асарҳои фаласуфон ва донишмандони барҷастаи халқҳои Осиёи Миёна ва дигар мамолики Шарқ: Абунасри Форобӣ, А.И. Сино, Носири Хисрав, Абулбаракоти Баѓдодӣ, Умари Хайём, Фахриддини Розӣ, Насриддини Тӯсӣ ва дигарон аҳамияти калон доранд.

Файласуф ва донишманди бузург А.Форобӣ(873-950) дар як қатор асарҳояш :«Китоб дар бораи муқоисаи фикрҳои ду файласуф- Афлотун ва Арасту», рисоло оид ба «Муносибати байни Арасту ва Гален», «Манбахои фалсафӣ», «Рисола дар бораи ақл», «Пеш аз фалсафа чиро бояд омӯхт?», «Чавҳарнома» ва ѓаира таълимоти мантиқии худро баён намудааст. Ба ақидаи ӯ мантиқ таълимотест дар бораи ҳақиқатро аз ботил фарқ кардан. Бузургтарин олими шарқ А.И. Сино(980-1037) мантиқи юнониён, аз ҷумла Арастуро инчунин таълимоти мантиқии Шарқиёнро аз худ намуда як чанд асар иншо намудааст. Инчунин дар асарҳо «Шифо», «Наҷот», «Донишнома» фикрҳои мантиқии худро байён намудааст. У чунин байё менамояд: Мантик илмест. Ки зеҳнро дар ҳар тасаввур ва тасдик аз ҳар гунна хатоҳо хифз менамояд. Мантиқ воситест. ки роҳи донистани фикрҳои ҳақиқиро муйян мекунад.

А.Сино бо навиштани асари «Мантиқ –ул-машриқин»дар инкишофи илми мантиқ саҳми босазое гузоштааст.

Носири Хисрав нависандаи намоёни асри 10-11 дар асарҳои худ «Ваҷҳи дин», «Зод-ул мусофирин» ва шеъраш «Гуфтор дар бораи зоҳир ва ботин» масъалаҳои гуногуни мантиқиро байён менамояд.

1.23K
Нет комментариев. Ваш будет первым!