САРНАВИШТИ СУЛҲ. ҲИССИЁТ ВА ВОҚЕИЯТ.

«Чуноне, ки офтоб ба њар як атоми эфир курраи ба худии худ мукаммал ва дар баробари њамин танњо атоми як воњиди томи аз љињати бузургиаш барои инсон аќлнорасе мебошад, њамин тавр њар як шахсият дар дил маќсадњои худро мепарварад ва зимнан онњоро барои он мепарварад, ки ба маќсадњои умумии барои инсон аќлнорас хизмат кунанд»[1. с. 296]. Ин нуќтаи назари Толстой ба номутаноњии тафаккури инсон ва системаи љањонбиние, ки ба ў насиб гардидааст, ифода менамояд. Дар шуури субъектњо тайѓири фикрї дар лањзањои муайяни њаёт ба вуљуд меояд ва ин бар он далел, ки рушд ва бўњрони “шуур ва эњсосот” хоси тамоми даврањои инсоният аст.

Аммо бањси мо бевосита дар атрофи шахсият ё худ масъалањои ба худ хоси феноменологии он нест. Балки бањси мо дар бораи шуур ва њиссиёти инсон оид ба воќеият мебошад. Дар даврае, ки равандди љањонишавї ва њамгироии бемайлони байналхалќї суръат мегирад, то куљо субъектњо ва иродаи халќњо ба идеяи сулњ тобеъ мешавад?.. Идеяи ахлоќ ва аќл чї наќше барои рушди инсоният гузошта метавонад?.. Назарияњое, ки рўи кор омаданд, то кадом андоза барои сулњ хидмат карда метавонанд?.. Мо инро танњо аз нигоњи методолияи фалсафаи сиёсї дида мебароем.

Ќофиласолори номуси оламиён Чингиз Айтматов аз зумраи нависандагоне буд, ки дар хусуси таќдиру толеъи ояандаи башар сўзнок меандешид. Дарде ки ќалби ўро ором намегузошт, изтироби адонашавандаро мемонад. Нависандаи ќирѓиз зимни кашфиётњои илмию техникї њамвора аз оќибатњои он андеша карда навишта буд, «имрўз мо њамагї дар даруни як кишти љой гирифтаем; дар киштие, ки шояд дар фазои беинтињои коинот ягона мањалли маскун бошад»[2. с. 351]. Киштие, ки њаёти одамонро вобастаи њам намудааст, бо изњори Акбари Турсон њамроњ шавем «чунон танг, нозук ва ноустувор бувад, ки аз як такони ногањонї, эњтимол, чаппагардон шавад; хусусан, ки киштинишастагон њамаќидаву њаммазњаб нестанд ва низ њар яке бо яроќу аслињаи ќатли ом саропо мусаллањанд»[2. с. 352].

Агар инсоният бо сулњ зиндаги намуданро наомўзад, њатман љои онро ба љанг медињад. Эйнштейн њам аз он мењаросид, ки дараљаи баланди тафаккури техникї чї оќибатњои нохуше дорад ва онро, кї идора мекунад?! Инсони зањматкаши имрўза, фаротар аз ќањрамони оддии асарњои бадеї аст. Одамоне, ки нињодашонро мо зањматї мепиндорем дар селоби њаракати таърих наќши калидї доранд. Њељ ваќт таърих то мисли имрўз озодии инсонро надидааст. Инсони имрўза метавонад аз њамаи дастовардњои замон норози бошад, аммо њељ гоњ аз таќдири худ набояд дилгир шавад.

Демократияи њозираззамон тамоми зиндагии инсонро њамчунон ба маљрои нав њидоят кард, ки барои аз таќдиру толеъ нолидан љое боќї намемонад. Аммо ин озодї њељ ваќт дар маънои мутлаќ натиљаи дилхоњ дода наметавонад. Озодии дар имконият фарорасида, ба кор андохтани сохтори тафаккуру тасаввурро талаб менамояд. Њар як идеяи озодї дар охир натиљаи хоси худро ба бор меорад. Мо дар замоне зиндагї дорем, ки њамаи одамон новобаста аз таљриба ва омўзишњояшон, новобаста аз ихтисосашон ба равандњои сиёсиву иљтимої бањо медињанд. Мо тарафдори фикри одил њастем ва дар њаёт соњиби фикри шахсї шудани њар фардро эътироф менамоем. Фањмидани он душвор нест, ки њар як идея, њар як назария, њар як китоб дар тафаккури одамон дигаргуниро ворид намуда метавонанд. Аммо гуфтани он душвор аст, ки ин идея ва назарияњо то куљо ба њаёт наздикї доранд ва дар сарнавишти одамон мушкилї эљод намекунанд. Назарияњо ба пайдоиши њодисањо сабаб мешаванд ва зиндагии одамон мањсули идеяњояшон мебошанд. Њар як инсон дар њаёт барои худ ќонуни тиллоии виљдонро дорад. Ва њамаи одамон вобаста ба љањонбинї рамзи бовиљдониро дар нињоди худ мепарваранд. Пеш аз он, ки њар як ѓоя барои мардум пешнињод карда шавад, бояд фикр, фикр ва боз њам фикр кард, аз оќибати он, аз натиљаи он…

Образи воќеият

Давлат барои он сохта мешавад, ки одамонро аз бадбахтињои бузург наљот дињад. Одамон бояд ба давлат эътимод кунанд. Сиёсатшиноси японитабори амрикої Фукуяма (дар асараш “Сильное Государство» М.,- 2009.”) исбот кардани мешавад, ки бештари дастовардњои мусбат ва манфии дар љањон зуњур намуда, мањсули давлат буданд. Фукуяма дар асари машњури худ муаммоњои байналхалќиро зери тањлилњои илмї мегирад ва роњи њаллї онњоро ба «давлати абарќудрат» мегузорад. Давлат агар ќудрати худро ба системаи муайян дароварда, онро истифода карда тавонад, он гоњ мушкилињои бузургро њал мекунад. Аз назари Фукуяма муаммои сусти дастгоњи давлатї ва зарурати сохтори давлати абарќудрат њамчун падидаи иљтимої дар давоми солњои тўлонї вуљуд дошт ва њамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Ёрк инро хеле равшантар нишон дод ва ин њодисаи мудњиш нишонаи сустии системањои идоракунї ва тадќиќотии давлатї буд.

Љањонишавї вазифаи давлатњоро зиёд намуд. Муаммоњои глобалї ба давлатњое бештар таъсир расонида истодааст, ки нерўи сусти идоракунї доранд. Давлатњое, ки онњоро љанг тањдид мекунад, натиљаи амалкардњояшон мебошад, зеро давлат натиљаи хирад ва образи воќеият аст.

Одамон баробар офарида шудаанд.

Њанўз Љон Лок эълон карда буд, ки одамон табиатан озод офарида мешаванд ва њамаи онњо њуќуќ ба њаёт, озодї ва моликиятро доранд. Њамаи одамон бояд имкониятњои баробар дошта бошанд ва давлат низ онро таъмин менамояд. Одамон дар имконият баробаранд ва бояд њиссиёти баробар будан бо дигаронро дошта бошанд. Инсон талаботњоеро соњиб аст, ки метавонанд онњо харобкунанда ва созанда бошанд. Агар дар љомеа њама аз рўи идеяи баробарї амал намоянд, он гоњ адолат њосил хоњад шуд. Агар одамон эњсоси идеяи ахлоќ, озодї, баробарї, виљдон ва ѓайраро надошта бошанд, њељ гоњ адолати иљтимої зуњур нахоњад кард. Зеро сулњ бе адолат ва адолат бе сулњ нахоњад буд. Фикр мекунам аз «муњаббат ба инсоният» дида имрўз вазифаи пуршарафтаре мављуд нест.

Бахт он гунае, ки барои мо муќаддас аст, набояд фаромўш шавад, ки барои дигарон низ њамин тавр аст. Њисси бахтљўии дигаронро эњтиром бояд кард. Дар давоми зиндагии худ одамон на танњо бо сабаби тањаввулоти љисмонї љањонро дигаргун намуданд, балки асоси таѓйирёбии олам аз инкишофи рўњиву зењнї ва дарк намудани идеяи озодї буд.

Ќувва акси ќувва

Гегел дар мавриди ба њодисањои њаёт чї гуна нигоњ кардани аврупоиён навишта буд:«Ба аврупоињо сифати абадии аз худ кардани Дониш хос аст, он чизе, ки ба дигар нажодњо бегона мебошад. Онњо ба дунё таваљљўњ зоњир мекунанд, мехоњанд фањманд, чизеро, ки дар муќобилашон истодааст. Бояд кулли зуњуроти оламро дарк намоянд, ки чи гуна тасниф мешаванд, дар асоси кадом ќонуниятњо амал мекунанд, афкор ва мантиќи онњо аз чии борат аст… олами берунаро мехоњанд назди худ бо њамон нерўе таслим созанд, ки ин олам ба онњо итоат кунад» [4. с. 61].

Ин идеяи Гегел нишон медињад, ки инсонњо дар Аврупо ба арзишњои умумиинсонї ва умумимазњабї танњо аз нигоњи фалсафї ва илмї менигаранд. Дар дигар љої олам њодисањои иљтимої ва мафњумњои умумиинсониро одамон бо эњсосот ќабул мекунанд ва ба њиссиёт даст мезананд. Зеро онњо фаромўш мекунанд, ки њар як эњсосот ба бадахлоќї ва љанг сабаб мешавад. Ин гуна одамон дар нињоди худ песимизмро њамчунон љой карданд, ки њама чизи мављударо ба чашми бад мебинанд ва њамеша аз зери нохун чирк мељўянд. Агар аз њамаи одамон камбудї ёбем, рўзе њамаи одамон аз мо низ камбудињо меёбанд. Њамеша аз њаёт нолидан нишони иродаи суст ва дарк накардани мањдудиятњои худ мебошад. Фикри дигаронро мудом инкор намуда, худро њаќиќати мутлаќ њисобед, рўзе дар зиндагї њамаи фикри Шумо инкор мешавад. Агар мо дар бораи одамони бад андеша кунем, онгоњ дар мо њиссиёти бадбинї бедор мешавад. Ќалби худро набояд осорхонаи пессимизм кард. Танќид кардан чизи дигар, аммо сиёњ намудан – тамоман чизи дигар.

Агар идеали мо аќл, ирода, мењр ва муњаббат бошад, пас њамаи ин арзишњо ба сўямон бармегардад. Дар њаёт одамоне, ки бештар комёб мешаванд ба љањон назари оптимистона доранд.

Бинобар он, њамаи хушбахтї ва бадбахтии одамон мањсули дарку эњсос ва идеяњои онњост. Бояд даст бар он ёфтки илм ва дин дар мафкураи инсонњо њамчун эњёкунандаи «муњаббат ба инсоният» тасаввур карда шавад ва он сарчашмаи њар гуна ахлоќ ва адолат эътироф карда шавад.

АДАБИЁТ

  1. Толстой Л.Н. «Љанг ва сулњ» љ.4. Душанбе., 1962.
  2. Айтматов Ч. Дуроњаи бўронї. Душанбе., 1985.
  3. Фукуяма Ф. Сильное Государство. М.,- 2009.
  4. Гегель Ф. Энциклопедия философских наук, т. 3. М
382
Нет комментариев. Ваш будет первым!