Никоҳ. Бастани никоҳ ва қатъ гардидани он

1. Мафҳум ва моҳияти никоҳ. Вақтҳои охир як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ қабул шудаанд, ки аз ғамхории давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беҳбудии оила шаҳодат медиҳад. Никоҳ яке аз роҳҳои ба вуҷуд омадани оила ба шумор меравад. Ҳуқуқ ва манфиатҳои никоҳшавандагон дар маркази диққату ғамхории давлат ва ҳукумат қарор доранд. Мафҳуми никоҳ дар адабиётҳои ҳуқуқӣ чунин маънидод шудааст:

1. Никоҳ – чунин иттифоқи ихтиёрона ва озодонаи зану мардро меноманд, ки ба хиссиёти меҳру муҳаббат, дустию садоқати тарафайн, баробарҳуқуқӣ чун қоидаи умрбоди зану шавҳар асос меёбад ва бо мақсади барпо намудани оила баҳри тавлид ва тарбияи фарзанд ва бо риояи ҳамаи шартҳои нишондодаи қонун, умумияти маънавӣ ва хоҷагиро, ҳуқуқу уҳдадориҳоро дар байни аъзоёни оила ба миён меорад ва инчунин дар ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад, дар мақомотҳои ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад.

Мувофиқи Моддаи 17-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд, новобаста аз миллат, нажод ва муносибаташон бо дин. Розигии тарафайн, ҳуқуқҳои баробарии онҳо яке аз талаботҳои муҳими ташкил кардани оила мебошад. Никоҳи дар асоси муҳаббати якдигар, эҳтиром ва муносибати хуби зану шавҳар ташкил ёфта, оиларо мустаҳкам ва устувор мегардонад. Аз бисёр ҷиҳат устувории оила ҷавононро бо роҳи рост, тайёрӣ дидан ба ақду никоҳ, донистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои оилавӣ водор сохта, дар натиҷаи надонистан ва ҳанӯз тайёр набудани ҷавонон сабаби коста шудани оиладорӣ ва ба вайроншавии оила оварда мерасонад. Муносибатҳои дохили оилавӣ асосан мувофиқи талаботи нормаҳои ахлоқӣ ба тартиб дароварда мешаванд.

Принсипи якканикоҳӣ бо декрети Ҳукумати Шӯравӣ аз 18 декабри соли 1918 « Дар бораи никоҳӣ гражданӣ, фарзандҳо ва ҷорӣ кардани дафтари асноди ҳолати шаҳрвандӣ»[1] эълон карда шуда буд. Мувофиқи ин принсип ҳар кас дар як никоҳ буда метавонад, агар ин принсип моҳияташро гум кунад, ҳангоми бастани никоҳ риоя нашавад, никоҳ беэътибор эътироф карда мешавад ва шахси ин қоидаро вайрон карда, мумкин ҳатто сазовори ҷазоӣ ҷиноӣ гардад. Хавфи иҷтимоии ин зуҳуротро дар назар дошта дар моддаи 131 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шахсоне, ки занро ба никоҳ маҷбур мекунанд ё ба интихоби ақди никоҳ кардани зан халал мерасонанд, ҳамчунин барои ақди никоҳ занро медӯзданд, ба муҳлати то се сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд».

Никоҳ дар ҷойи истиқоматии яке аз тарафҳои никоҳшаванда дар ҳузури ҳарду тараф ё ҷойи сукунати волидайни онҳо ба қайд гирифта мешавад. Яке аз хусусиятҳои никоҳ дар он аст, ки характери ихтиёрӣ дорад[2] ва мувофиқи қонунгузориҳо он бо розигии тарафайн асос меёбад. Кайди давлатии никоҳ аз тарафи давлат муайян мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) бо ваъзияти тантананок баста мешаванд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар фақат аз никоҳе ба миён меояд, ки он дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайд шуда бошад. Никоҳе, ки дар асоси талаботи маросимҳои динӣ- ғайрирасмӣ, яъне зисти якҷояи марду зан бидуни қайд баста шудааст, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳарро ба вуҷуд оварда наметавонад. Дар асоси моддаи 12 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳе, ки то 19 декабри соли 1929 мувофиқи маросимҳои динӣ ба амал омадааст[3] ба никоҳҳои дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд САҲШ) қайдшуда баробар ҳисоб карда мешаванд. Ақду никоҳӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешавад, яъне, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ меъёрҳои асосии қонунгузории оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки тартиб ва шарти қайди никоҳро муайян мекунад, татбиқ карда мешавад. Никоҳҳое, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маросимҳои динӣ баста шудаанд, асос ва оқибатҳои ҳуқуқиро ба миён намеоранд. Мувофиқи қонунҳои ҷумҳурӣ синни никоҳӣ аз 17 солагӣ муқаррар шудааст. Ҳангоми танзими муносибатҳои никоҳию оилавӣ ҳуқуқи оилавӣ бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ низ ҳамкорӣ менамояд, то ки ҳуқуқу манфиати иштирокчиёни муносибатҳои оилавӣ ба таври дахлдор муҳофизат карда шаванд.Ақди никоҳ баъди гузаштани як моҳи муҳлати додани аризаи хоҳишмандон ба мақомоти давлатии САҲШ сабт карда мешаванд. Вақту соати ақди никоҳ бо розигии никоҳшавандагон аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) таъин карда мешавад. Дар вақти никоҳ зану шавҳар бе дахолати касе дар асоси хоҳиши худ фамилияи якеашонро ҳамчун фамилияи умумӣ интихоб менамоянд. Ба ақди никоҳ даромадани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагонӣ мекунанд ва дар сафоратхонаҳову консулгариҳо ақди никоҳро ба ҷо овардаанд, бо никоҳи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ба қайд гирифтаи ҷумҳурӣ баробар мебошанд.

2. Шартҳои бастани никоҳ.

1. Розигии никоҳшавандагон – яке аз хусусиятҳои муҳими ихтиёрӣ бастани он мебошад. Ҳама гуна амали маҷбурӣ ба бекор кардани никоҳ оварда мерасонад ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад (моддаи 131 КҶ ҶТ).

2. Ба синни никоҳӣ расидани никоҳшавандагон — ба ҳарду ҷинс синни никоҳӣ аз 17 солагӣ муқаррар шудааст. Дар баъзе мавридҳо аз рӯи илтимосҳои никоҳшавандагон мувофиқи қонунҳои ҷорӣ синни никоҳиро кам кардан мумкин аст вале на бештар аз як сол. Баъди муроҷиат намудан ба суд оиди ин масъала синни никоҳӣ аз 16 солагӣ фаро мерасад. Мувофиқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятӣ дар ҳолати духтари ноболиғро ба шавҳар додани падару модар ё касоне, ки духтар таҳти восояти онҳост, ё ашхосе, ки ӯ тобеъи онҳо мебошад, инчунин барои далолат кардан ё мусоидат кардан барои ба шавҳар додани духтари ноболиғ ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар карда шудааст. Кодекси ҷиноятии амалкунанда дар ҳолати бастани созиши никоҳ дар ҳаққи шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, инчунин дар ҳолати бастани ақди никоҳ ба ҳамин гуна шахс бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то 2 сол ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба ҳамин муҳлат ё ҳабс ба муҳлати то 6 моҳ ҷазо дода мешавад.(моддаи 169 КҶ ҶТ).

3. Ҷой надоштани монеаҳои ақди никоҳ — тибқи қонунгузории оилавии ҷумҳурӣ ақди никоҳ байни шахсоне, ки никоҳ бо каси дигар дошта бошанд; байни хешону авлод; бародарону хоҳарони ҳамтана ва угай, байни ба фарзандӣ қабулкардагону қабулшудагон; байни шахсоне, ки бо ҳукми суд бо сабаби касалии руҳӣ ё сустақлӣ ғайри қобили амал эътироф кардааст; байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби сӯистифодаи нӯшокиҳои спиртӣ ё маъводи нашъаовар дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст, манъ карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат хариду фуруши занро манъ кардааст, мувофиқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятӣ чавобгарӣ барои қалин додану қалин гирифтан муайян карда шудааст.

Дар вақти ақди никоҳ тибқи моддаи 33 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби насаб (фамилия), зану шавҳар бе дахолати касе мувофиқи хоҳиши худ насаби якеашонро ҳамчун насаби умумӣ интихоб менамоянд. Зан ҳуқуқ дорад, ки насаби пеш аз никоҳиашро нигоҳ дорад. Бояд зикр кард, ки занон дар истифода аз ин ҳуқуқ соҳибихтиёранд. Натиҷаҳои омӯзишҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки дар вақти ақди никоҳ занҳо насаби шавҳари ояндаи худро ҳамчун насаби умумӣ интихоб менамоянд.

Зану шавҳар метавонанд аз ҳуқуқӣ интихоби насаб на танҳо дар вақти никоҳ, балки дар вақти бекор кардани никоҳ низ истифода баранд. Ҳангоме, ки насаби зан ё шавҳар тағйир меёбад, насаби тарафи дигар ба таври автоматӣ дигар намешавад. Ба ҳамин тариқ, мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, занҳо вақти ақди никоҳ дар интихоби насаби худ ҳамчун насаби умумӣ бо мардҳо ҳуқуқҳои баробар доранд. Дар асоси моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон насаби фарзандон бо насаби падару модар муайян карда мешаванд. Дар натиҷаи гуногуннасабии модару падар, ба кӯдак бо розигии онҳо насаби модар ё падар дода мешавад. Бо хоҳиши падару модар насаби кӯдак метавонад дар асоси анъанаҳои миллӣ сурат гирад. Таваллуд ёфтани кӯдак аз падару модаре, ки никоҳ надоранд дар асоси муқаррар кардани падар дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ин ки дар асоси қарори суд муайян карда мешавад. Ҳангоми набудани розигии падару модар нисбати насаби фарзанд, насаб бо нишондоди мақомоти васоят ва парасторӣ муайян карда мешавад. Агар ҳукми падарӣ бо тариқи судӣ ё бо тариқи ихтиёрӣ муқаррар карда нашуда бошад, ба тифл насаби модарӣ дода мешавад. Кӯдак бо доштани ному насаб ва номи падар комилҳуқуқ аст.

3. Қатъ гардидани никоҳ

Тибқи моддаи 16 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон никоҳ дар натиҷаи вафот кардан ё ки ба тариқи судӣ вафотёфта эълон карда шудани зан ё шавҳар қатъ мегардад. Баъди пароканда шудани Давлати абадқудрати Шуравӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ дар кишвари офтобрӯяи мо масъалаи қатъи никоҳ то як андозае ташвишовар буд. Новобаста аз шароити иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангию-ҳуқуқӣ ваъзи оилавӣ аз тарафи мақомотҳои дахлдор муҳофизат карда мешуд. Сабабҳои дигари қатъ гардидани никоҳ дар он буд, ки теъдоди оилаҳои никоҳи омехта дошта пароканда шудаанд ва албатта боз сабаб ва шароитҳое, ки дар он вақт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле вазнин будаанд. Аз қадимулайём ҷудо шудани падару модар, носозии онҳо дар оила ба тақдири кудакони хурдсоли бегуноҳ вазниниҳо меорад. Парокандагии оила боиси пайдо шудани мушкилоту муаммоҳои зиёде мегардад. Бар замми он, ки ин ба тақдири кудакон таъсири манфӣ мерасонад бо баробари он кӯдакони бехонаву беҷой, ятимону бепарасторон рӯз то рӯз зиёд мешаванд, ки ин пояи ҷамъиятро аз ҷиҳати ахлоқӣ коста мегардонад. Мувофиқи моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ карда шудааст:

— байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;

— байни баробарону хоҳарони ҳамтана ва ӯгай (аз як падару модар);

— байни фарзандхондагон ва фарзандходашудагон;

— байни шахсоне, ки бо қарори суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳӣ ё сустақлиаш ғайри қобили амал эътироф кардааст;

— байни шахсоне, ки бо қарори суд бо сабаби истифода кардани нушокиҳои спиртӣ ё маъводи нашъаовар дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф карда шудааст.

Бекор кардани ақди никоҳ ва додани шаҳодатнома дар бораи қатъи никоҳ аз ҷониби шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ пас аз се моҳи дар ин бобат ариза додан сурат мегирад. Никоҳ дар вақте, ки дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз хусусӣ бекор шуданаш қайд мешавад, қатъгардида ҳисобида мешавад. Дар бораи асосҳои бекор кардани никоҳ дар б.2 моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки агар суд муқаррар кунад, ки минбаъд зиндагонии якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидааст, ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, суд дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳалнома мебарорад. Никоҳ аз рӯи қонунияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тариқи суд ва ё мақомоти (САҲШ) қатъ гардонида мешавад, ва дар ҳолате, ки зану шавҳар фарзандони ноболиғ доранд ба истиснои ҳолатҳои набудани низоъ дар бораи тақсими моликият ва розигии яке аз ҳамсарон барои қатъ гардонидани ақди никоҳ, бекор карда мешавад. Суд барои оштӣ додани зану шавҳар чора андешида ҳуқуқ дорад, ки ба зану шавҳар барои оштӣ муҳлат таъин кунад, ва мурофиаи онҳоро ба муддати то 6 моҳ мавқуф гузорад.То ин муҳлат қисми зиёди оилаҳо аз фикрашон гашта аз ҷудошавӣ эмин дошта мешаванд. Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри беҳбудӣ ва мустаҳкамии оила ба воситаи мақомотҳояш бисёр чораҳоро дида кӯшиш мекунад, ки ҳама воситаро истифода барад, ки оилаҳо сарокӯбу бесаранҷом нашаванд. Бо мақсади ҳифз ва манфиати модару кӯдак қонуни оилавӣ муқаррар намудааст, ки шавҳар ҳуқуқ надорад дар давраи ҳомиладорӣ ва якуним соли баъди таваллуди кӯдак ба суд барои бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намояд. Дар ҳолате, ки кӯдак зинда таваллуд нашавад ё то яксолагӣ фавтад ин қоида низ амал мекунад. Дар сурати бекор кардани ақди никоҳ бо розигии зану шавҳар, ки аз никоҳи байни онҳо фарзандони ноболиғ надоранд ва дар байни онҳо низои молу мулкӣ вуҷуд надорад, никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бекор карда мешавад агар баръакс бошад, ки дар он баҳсҳои молу мулкӣ равад, дар асоси аризаи зан ё шавҳар суд метавонад никоҳро қатъ гардонад. Дар мавридҳои мавҷуда дар асоси аризаи зан ё шавҳар новобаста аз доштани фарзандҳои ноболиғ, никоҳ қатъ карда мешавад, агар :

— бедарак ғоиб эътирофшуда бошад;

— дар натиҷаи касалии рӯҳӣ ё сустақлиаш ношоям эътироф шуда бошад;

— барои содир кардани ҷиноят ба мӯҳлати на кам аз се сол ба маҳрумӣ аз озодӣ маҳкум карда шуда бошад;

Ҳангоми баррасӣ кардани масъалаҳо дар бораи қатъи никоҳ ва бо мақсади муҳофизат кардани оилаи солим аз ҷониби судяҳои судҳои ҷумҳурӣ шумораи зиёди парвандаҳоро аз сабаби набудани асоси қатъӣ баррасӣ намекунанд. Саҳми оила дар таррақиёти ҷамъият ва таълиму тарбияи насли ҷавон саҳми бузург аст. Беҳуда нест, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ноябри соли 1995 қонунро дар бораи рӯзҳои ид қабул кард, ки мувофиқи он рӯзи 15 май рӯзи байналхалқии оила таҷлил гардид. Таҳлили таҷрибаҳо дар мақомотҳои судӣ оиди ҷудошавии оила лаҳзаҳои манфии ҳаёти солими ҷомеа буда бо ҷиноят низ алоқаманданд. Ҷудошавии падару модар оиларо корношоям, муҳтоҷи ёрдами дигарон, бепарастор ва ба ҷиноятҳо даст задани кӯдаконро сабаб мекунад.

Навъҳои қатъ гардидани никоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунинанд:

— номувофиқии мизоҷ ва манфиатҳои зану шавҳар дар оила;

— муноқиша ва низоҳои оилавӣ;

— бефарзандӣ;

— хиёнат ба ҳамсар ҳам аз тарафи мард ва ҳам аз тарафи зан;

— майпарастӣ;

— мушкилотҳои манзилӣ ва молӣ дар оиладорӣ;

— дахолати шахси сеюм ба ҳаёти оилавӣ ва ғайра.

Умед дорем, ки ҷудошавии оилаҳои тоҷик дар Тоҷикистон дар сафи аз ҳама қафо бошанд.


[1] Декреты Советской власти. М.: Ч.1, 1957, с. 72.[2] Маҳмудов М.А., Шарипов Т.Ш. Оила дар ҳифзи қонун. Душанбе. 2001. С. 5-6.[3] Дар ҳамин ҷо. С. 7-8.
647
Нет комментариев. Ваш будет первым!