Шуур- бузургтарин муқаддасоти инсон

Замони мо пуртазоду зуд таҳаввулёбанда мебошад ва дар он пайдо кардани мақому мавқеи устувор ба такомули шуури солим ва дарки манфиатҳои олии миллӣ ва давлатӣ марбут мебошад.

Ҳанӯз Чингиз Айтматов навишта буд, ки: “Одамон метавонанд бо ҳамдигар муросо кунанд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шарте ки сифатҳои одамиашонро аз даст додан нахоҳанд, ба шарте чун одам боқи монданро авло шуморанд. Орзӯи аз сифатҳои хусусӣ маҳрум сохтани инсон аз замони қадим то ба рӯзҳои мо муроди онҳое будки даъвоҳои ҷаҳондорӣ, ҳукмронӣ ва фармонфармоӣ доштанд”.[1]

Мақолае, ки дар рӯзномаи Ҷумҳурият бо номи “Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ”(15.12.15) аз ҷониби С.Ятимов нашр гардид, ҳамчунон аз таҳлилҳои мантиқӣ иборат буда, дар он на танҳо умдатарин проблемаҳо гузошта шудаанд, балки роҳҳои ҳалли онҳо низ заковатмандона пешниҳод гардиданд. Баъд аз фикрҳои дар мақолаи мазкур зикр шуда равшан аст, ки С.Ятимов ба мо дар хусуси шуури илмӣ, шуури муқаррарӣ ва образи воқеият чизи ниҳоятдараҷа зарурро аз мавқеи илмӣ баррасӣ ва пешниҳод менамояд менамояд. Чизе, ки дар мавриди таваҷҷӯҳи мо қарор мегирад на феномени шахсият (субъект), балки сохтори шуури инсонҳои аз ҷиҳати маънавӣ сарватманд ва камбизоат мебошад. Аксарияти инсонҳо идеяи асосии сарватмандӣ ва камбизоатиро дар маънои дороӣ (пул) мефаҳманд. Аммо моҳияти ҷисм на худи он, балки рӯҳи он мебошад. Чунин фикр воқеияти рӯҳиро идора мекунад. Фикр дар як маврид инсонро фиреб медиҳад ва дар мавриди дигар комёб мегардонад. Бинобар он ҳар он чизе, ки мо воқеӣ медонем оқилона намебошад. Дар шуури инсонҳо таѓйири фикрӣ дар лаҳзаҳои муайяни ҳаёт ба вуҷуд меояд ва ин бар он далел, ки рушд ва бӯҳрони “шуур” хоси тамоми давраҳои инсоният аст. Инкишофи диалектикие, ки дар табиат ва таърих ба амал меояд, ҳодисаҳое мебошанд, ки тобеи қонуниятҳоеанд, ки дар назарияҳои муайян ифода ва инъикос шудаанд ва ё ҳанӯз инсонҳо барои кашфи онҳо нарасидааст.

Таҷрибаи ҳаёт

Гегел дар асари худ “Лексияҳо оид ба фалсафаи таърих” навишта буд: “…таҷриба ва таърихи башар гувоҳӣ медиҳанд, ки халқҳо аз гузашти рӯзгор ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро намеомӯхтанд ва аз рӯи он сабақҳое, ки аз вай гирифтан мумкин буд, амал намекарданд”[2]. Хатоии аввалин аз заъфи таҷриба ба амал меояд ва такрори хатоҳо ва дар назар нагирифтани қонунхои объективии илман исботшуда нишонаи ҷаҳолат мебошад. Аз ҳалли муаммоҳо канораҷӯӣ намудан ва моҳияти онҳоро ночиз дидан баробари аз сохтан ва шинохтани дунёи имрӯз даст кашидан мебошад. Бинобар ин С.Ятимов ба хулосаи ҷиддии фалсафӣ омадааст, ки дар ҳолати аҳамият надодан ба раванди ташаккули шуури солими миллӣ селоби ҳаракати таърих миллатҳоро пора-пора месозад. Зеро “миллатҳо- сиришти зиндабунёд ҳастанд ва услуби идора намудани ҷараёни инкишофашон ҳадду ҳудуди фарҳангӣ ва иҷтимоиву биологӣ дорад”[3].

Вақте, ки таърихро ба хотири ҳамин рӯзу ҳамин лаҳза менависанд, он дар асл ба ҳаёти амалӣ наздик шуда наметавонад. Таърих дар ин замина танҳо аз хотираҳои хушку холӣ иборат шуда мемонад. Дар ҳар як ҳодисаи манфии имрӯза фаҳмишҳои нодурусти дирӯза қарор доранд. Мақсад аз ташаккул додани шуури илмӣ- бофтани афсонаҳои таърихӣ не, балки инъикос намудани рӯйдодҳои гуногунранги воқеии таърихи умумиҷаҳонӣ ва дарк намудани моҳияти замони имрӯз мебошад. Муаллифи мақола дуруст қайд мекунад, ки ба дунё сирф аз нигоҳи динӣ баҳо додан ва оламро танҳо тавассути эътиқод ва эҳсосот қабул кардани инсонҳо ба қашоқии фалсафа сабаб мегардад. Ин дар ҳамон маъност, ки ҳеҷгоҳ эътироф кардан номумкин аст, ба дунё танҳо аз як нуқтаи назар таваҷҷӯҳ намоӣ ва ба он баҳо диҳӣ. Вақте, ки одамон ба ҳама чиз аз як нуқтаи назар менигаранд он гоҳ шуури ҷамъиятӣ ба мушкил рӯбарӯ мегардад. Ҳангоме, ки одамон дар ҷомеа ба дин, илм, санъат ва ҳаёт аз нигоҳи як гурӯҳи ҳамин намояндагон (ё намояндагони дин ё илм) нигоҳ мекунанд, ҳаёт ба ҳамаи одамони дар як давр зиндагикунанда мушкилтар ва чигилтар мегардад. Донистани фактҳои таърихӣ зуҳурот аст, аммо фаҳмидани сабаби ҳодисаҳои он моҳият мебошад. Шуур қобилияти зинаҳои дигаршавиро дорад ва муаммоҳои ҳаёт натиҷаи ҳамин дигаршавиҳо мебошанд. Адолат, озодӣ ва ахлоқ ҳамон вақт дар ҳаёти амалӣ дида мешаванд, ки инсонҳо идеяҳои онро дошта бошанд. Аз ин рӯ амалкардҳои экстремизм ва фанатизм маҳсули шуури оддии камбизоатона буда, бо дастони шуури мақсадноки идеясозон ба анҷом расонида мешаванд. Дар ин маврид Гегел мегӯяд: “баъзеҳо гумон мекунанд, ки одамро табиатан некхӯ аст гуфта, бо ҳамин фикри фавқуллода чуқуре баён карда бошанд; вале онҳо фаромӯш мекунанд, ки одам табиатан бадхӯ аст гуфтан фикри хеле чуқуртар аст[4.]. Агар инсонҳо табиатан некхӯ мебуданд, идеяҳои адолат, ахлоқ ва баробариву бародарӣ тамоман зуҳур намекарданд. Ин идеяҳо барои он ба вуҷуд омаданд, ки худи ҳамин инсонҳо нисбат ба ҳамдигар бадиро раво дидаанд.

Шуур ва озодӣ

“Сокинони қасрҳо назар ба сокинони кулбаҳо дигар хел фикр мекунанд. Агар ба сабаби гуруснагӣ ва камбаѓалӣ дар ҷисм моддаҳои ѓизодиҳанда набошанд, дар майнаат, дар ҳиссиётат ва дар дилат ҳам барои ахлоқ ѓизое нест”[4.с.417]. Ҳамин суханҳои пурдабдабаи Фейербах ифодагари вобаста будани шуури инсон аз тарзи зиндагии ӯст. Аммо ин идея тамоман дар маънои мутлақ дуруст намебарояд. Гуфтан мумкин нест, ҳамаи он халқҳое, ки аз лиҳози иқтисодӣ бузург ҳастанд, дар майнаашон ва ҳиссиёташон ахлоқи ҳамида ва маънавиёти олиро ҷой додаанд. Шояд онҳо идеяи “муҳим нест ту бо кадом роҳ ба мақсад мерасӣ”-ро шиори худ қарор медиҳанд. Ин инсонҳо дар натиҷа барои сарватмандшавӣ ҳама воситаро истифода мебаранд. Барои онҳо ба худ иҷозат додан ба ҳама кор озодӣ фаҳмида мешавад. Ахлоқ дар шуури ин инсонҳо тамоман як чизи монанд ба фантазияи бадеӣ мебошад. Маҳдудияти фалсафаи классикии Олмон аз ҷумла Гегел ва Нитше дар он аст, ки асосии хушбахтии инсонҳо дар озодии беохири онҳо фаҳмида мешавад. Ин озодӣ барои ҳамаи замонҳо, барои ҳамаи халқҳо, барои ҳамаи ҳолатҳо ба вуҷуд оварда шудааст ва маҳз барои ҳамин дар ҳама гӯшаву канори олам татбиқ гардида, дар натиҷа худи ҳамин идеяи озодӣ ба бадбахтии умум сабаб мешавад. Гегел маҳз дар масъалаи гузоштани идеяи озодӣ иштибоҳ кард (ниг. Философия права. М.,1990). Чунки ин озодӣ як чизро ба таври бояду шояд намефаҳмид, яъне ахлоқро. Натиҷаи ин озодӣ никоҳи мард-бо мард, зан- бо зан дар мамолики Ѓарб мебошад. Бавуҷуд омадани киноклипҳо ва кинофилмҳое, ки бадахлоқиро ба дараҷаи олӣ бардоштанд низ маҳсули озодии бешуурона мебошанд. Аммо дар паси пардаи ин кинофилмҳо гурӯҳҳои мақсаднок барои манфиатҳои ақлнорасашон хизмат мекунанд. Ҳар он чизе, ки аз меёри ақлонӣ мегузарад, ба бадахлоқӣ мубаддал мегардад. Озодие, ки аз меъёри имконияти инсонҳо берун мебарояд, охиран худи онҳоро ба нафсашон ѓулом мегардонад. Вақте ки шуури оддӣ озодиро беохир мефаҳмад он дар натиҷа ба чӣ кор даст мезанад?…ин гуна фаҳмиши озодӣ инсонҳоро аз олами воқеӣ ва ахлоқӣ дур месозад. Вақте шуури оддӣ озодиро беохир мефаҳмад, дар ниҳояти кор ба муноқишаҳо, кашмакашҳо ва ба ҷангҳои дохиливу берунӣ (оилавӣ) сабаб мегардад. Чунки инсон дар ин маврид барои расидан ба мақсадҳояш “ба худ ҳама корро иҷозат медиҳад”. Ҳодисаҳои эҳсосотии ҷаҳони имрӯз бешуурона бошад ҳам, вале ҳатман дар роҳи ба амал баровардани мақсади муайяни идеалии пешакӣ тарҳ шудае аз ҷониби бошуурон мебошад. Нишон додани ин гуна манзараи умумии озодӣ ва шиорҳои “фалсафаи озодӣ” ба мақсади хушбахтии кулли халқиятҳо нестанд. Барои дигаргуншавии ҳаёт инсонҳое амал менамоянд, ки шуур доранд, воқеиятро дарк мекунанд ва мақсадҳои муайяне дар наздашон мегузоранд. Барои онҳо озодӣ ҳадаф ва самти муайян дорад. Аммо шуури камбизоат ҳама идеяҳои замони худро кӯр-кӯрона воқеӣ меҳисобад. Дар шуури камбизоат ва дар паси майлу орзуҳо қувваҳои дигари ҳаракатдиҳандае истодаанд, ки маҳз онҳоро омӯхтан лозим аст. Татқиқ кардани сабаби бозиҳои геополитикӣ, ки равшан ё норавшан, бевосита ё дар шакли идеологӣ, шояд, ҳатто дар шакли хаёлӣ ҳамчун майлу орзуҳои бошуурона суръат мегиранд хеле муҳим мебошанд. Дар қатори омилҳои геополитикӣ ва таърихӣ, ваъзият дар аксари ҳолатҳо ба дарк намуда тавонистани вазифаи илм ва рисолати олим аҳамияти бузург дорад. Ҳар он чизе, ки шуури ҷамъиятиро ба ҳаракат меорад дар охир пеш аз ҳама ба худи ҳамин ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳамаи инсонҳо аз пайи мақсадҳое мешаванд, ки онро кайҳо бошуурона фикр мекарданд. Аммо натиҷаи ахлоқӣ ва бадахлоқӣ додани чунин амалҳои бошуурона маҳсули ваъзияти иҷтимоӣ мебошад. Таҳаввулоти куллӣ дар мисоли замони рушди шуур- бархӯрди тамаддунҳо, комёбиҳои неолиберализм ва неоконсерватизм боз ҳам муаммоҳоро печидатар ва баҳсталабтар мегардонанд. Ва дар ниҳоят, аз таҷрибаҳо бармеояд, ки фикр воқеияти рӯҳиро идора мекунад. Дар кадом зина қарор доштани шуур сатҳи ҳаёти иҷтимоии одамонро муайян мекунад. Аз ҳамин сабаб назарияҳо сабабгори ҳодисаҳо мегарданд. Тамоман ва ба таври ҳайратовар нафаҳмидани он ки агар мо кӯшиши бахтҷӯии худро қонеъ кунониданӣ бошем, мо бояд дуруст санҷидани оқибатҳои кирдору рафтори худ ва дигаронро дарк намоем ва дар кадом поя истодани шуури индивидуалиамонро муайян созем. Мо пешгӯӣ карда наметавонем, ки сари роҳи мо дигар “бӯҳрони шуур” вуҷуд надорад. Аммо гуфтан мумкин аст, ки ҳар як амалкарди бешуурона ба ҳодисаҳои эҳсосотӣ ва боз ба бадбахтии дигари бешуурона сабаб мешавад. Ин қонуни тамоми фалсафаи таърих аст.

Макони муқаддас

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои олии тамоми ҷомеа, масъалаи стратегияи шуури сарватмандон ва камбизоатон мебошад. Аз замоне, ки Гегел, Факенхейм, Б.Шефер, Н.Хил ва дигарон ин проблемаҳоро ба миён гузоштанд, гуфтан мумкин аст, фикри иддае аз инсоният оид ба ҳаёт ва сарнавишт таъѓир ёфт ва ба ҷаҳишҳои куллӣ сабаб шуд. Имрӯз беш аз ҳарвақта такон додани шуури иқтисодӣ ва психологии одамон зарур мебошад. Аксарияти инсонҳо ҳоло аз модели нави рушди идеяҳои иқтисодӣ бархурдор нестанд. Бинобар он метавон гуфт, ки предметро шуур тайѓир медиҳад, лекин предмет шуурро рушд намедиҳад.

Хулосаи С.Ятимов комилан дуруст аст, ки оптимизмро талқин мекунад ва ақида дорад одамон бояд ба ояндаи бузург доштани давлаташон, Ватанашон ва фардияташон эътимод кунанд. Вагарна зиндаги кардан чӣ маъно дорад?… Имрӯз мақсаде муҳимтар аз рушд ва инкишофи шуур ва ваҳдати мардум дар остонаи ҷаҳишҳои фикрии инсоният вуҷуд надорад. Дар ҳамин маврид К.Олимов ҳақ буд, ки навишта буд: “нерӯҳое, ки роҳи ифротгароӣ ва ба бероҳагӣ сафарбар кардани инсонро ба воситаи ҷангҳо, тероризм, радикализми динӣ ва ѓайра пеш гирифтаанд, ҳавасманди аз моҳияти худ бегона шудани инсонҳо буда, амалан ба ташаккули ҳисси худшиносии воқеии дар заминаи илмӣ қарор доштаи миллатҳо ҳар гуна монеаҳо эҷод мекунанд” [7.с.152]. Бинобар он шуур бузургтарин муқаддасоти инсон эътироф гардидааст. Макони муқаддас ҳеҷ гоҳ холи намемонад. Ҳифз кардани он мӯъҷиза мебошад

750
Нет комментариев. Ваш будет первым!