Худшиносии ҷамъиятӣ дар таълимоти Румӣ

«Чунон ки офтоб ба ҳар як атоми эфир курраи ба худии худ мукаммал ва дар баробари ҳамин танҳо атоми як воҳиди томи аз ҷиҳати бузургиаш барои инсон ақлнорас мебошад, ҳамин тавр ҳар як шахсият дар дил мақсадҳои худро мепарварад ва зимнан онҳоро барои он мепарварад, ки ба мақсадҳои умумии барои инсон ақлнорас хизмат кунанд»[1.с. 296].

Ба фикри Толстой ҳаракати таърих ҳаргиз чунон амалияе нест, ки бе ҳаракати ақл, худшиносӣ, шуур ва равони ҷамъиятӣ имконпазир гардад. Зеро ҳар як ҳодиса натиҷаи мушаххаси ягон идеяи муайян мебошад ва дар шуури одамон ҳамчун зарурат зуҳур мекунад.

Дар ҳамаи давру замон фикри одамони беҳтарини таърихиро масъалаҳои худшиносӣ, худсозӣ, худбарқароркунӣ, озодӣ, ирода, баробарӣ, адолат, муҳаббат, ҷанг ва сулҳ барин падидаҳои умумиинсонӣ ба худ ҷалб намудааст. Чунин мафҳумҳои пешгузоштаи мутафаккирон дар назди башарият аз оғози пайдоишашон, то ба замони муосир формулаи ягонаро соҳиб нагаштаанд. Ин аз он сабаб нест, ки одамон ба ҳамфикриву ҳамдилӣ намеоянд, балки инсонҳо табиаттан гуногунфикр мебошанд. Файласуфи тавонои тоҷик Акбари Турсон зимни таҳлилу омӯзиши сарнавишти мутафаккирони машриқзамин навишта буд: “дуратуттоҷи илму фалсафаи тоҷик Абӯали Синои Бухороӣ дар гурезогурези ҳамешаги буд, ӯ дар мулку кишварҳои бегона басе рӯзро ба шаб ва шабро ба рӯз меовард… Абӯрайҳони Берунии Хоразмӣ дар Гурганҷ побанди яке аз “асотини салотин” Султон Маҳмуд шуда, ҳамроҳи лашкарони яѓмогари ӯ ба Ѓазна рафт. Оилаи Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ аз вартаи ҳавлноки муѓулони истилогар халоси ҷуста ватанро тарк гуфт ва дар Қуния паноҳ бурд… Носири Хисрави Қабодиёни аз дасти Салчуқиён аввал ба хуросону Мозандарон ва сонӣ ба Бадахшон гурехта халос шуд; Камоли Хуҷандиро бошад, бар хилофи чашмдошти ӯ, дар шаҳри Табрез осуда зиндаги кардан муяссар нашуд”.[1] Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки ҷумла фарзандони фарзонаи хонаи одам бо дар бадарию ѓарибӣ умри худро гузаронидаанд. Аммо бо вуҷуди он ҳама нокомиҳо ва норасоиҳои муҳити иҷтимоӣ нигоҳ накарда, ба истеъдоди азалии худ такя намуда, чароѓи илмро бо нури хирад барафрӯхтаанд. Ҳамин шинохти истеъдоди фардӣ ва воқеияти ҳаёт аз худшиносии эшон оѓоз гардида ва ба ҳадде рушд ёфтанд, ки инсонҳоро ба бунёд кардани шахсияти худ даъват менамуданд. Аз ин рӯ, чизе ки дар мавриди таваҷҷӯҳи мо қарор мегирад танҳо нақши шахсият дар таърих набуда, балки аз нуқтаи назари методологияи инсоншиносӣ (антропология) шинохти принсипҳои феномени худшиносӣ дар бунёди шахсият мебошад. Зеро оламе, ки имрӯз мо дар он сукунат дорем, рух додани ҳодисаҳои ақлнораси сиёсӣ, фанатизми динӣ ва зуҳур кардани падидаҳои гуногун мебошанд. Ба ҳамин тариқ, вазифаи эҷод ва эҷодкор аз ҳарвақта дида мушкилтар ва мураккабтар мегардад. Фикр мекунем, ки аз сирф дастовардҳои ақлонии шахсият дида, чеҳраи ахлоқии ӯ муҳимтар ва заруртар мебошад. Танҳо бо инсони модернист (навпараст) будан наметавон арзишҳои ботинии одамонро омӯхт, балки идеалҳои гуманизм ва консерватизм (эҳтиром ба арзишҳои кӯҳнанашаванда) ва интернатсионалимзмро рушд додан мувофиқ ба мақсад мешуд.

Зеро дар ҳамин маврид Румӣ гуфта буд:

Ҳизри раҳи матлаб манам,

Ангур, узун, инаб манам.[2]

Инсонҳо метавонанд бо идеяи ҳамдигарро қабул намоянд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шарте ки шахсияти худро аз даст додан нахоҳанд, ба шарте чун инсон зиндаги карданро зарур шуморанд. Орзӯи аз сифатҳои хусусӣ маҳрум сохтани инсон аз замони қадим то ба рӯзҳои мо муроди онҳое будки даъвоҳои ҷаҳондорӣ, ҳукмронӣ ва фармонфармоӣ доштанд”

Бешак Гегел ҳақ аст, ки дар асари худ “Лексияҳо оид ба фалсафаи таърих” навишта буд: “…таҷриба ва таърихи башар гувоҳӣ медиҳанд, ки халқҳо аз гузашти рӯзгор ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро намеомӯхтанд ва аз рӯи он сабақҳое, ки аз вай гирифтан мумкин буд, амал намекарданд”[2]. Хатоии аввалин аз

Зиёда аз ин агар инсоният бо идеи худшиносӣ ва сулҳ зиндагӣ карданро наомӯзад ҳатман нобуд мешавад. Худшиносӣ ин парвози одамон дар саҳроҳои васеъ бо мақсадҳои олӣ мебошад.

Румӣ мегӯяд:

Аз худ бишав огаҳ нахуст,

Он гоҳ худо ҳам ёри туст!.[3]

Инсонҳо аз нигоҳи мутафаккир қобилияташонро замоне мефаҳманд, ки барои истифода бурдани он кӯшишҳои идеалӣ намоянд. Зарурати худшиносӣ ва дарки истеъдоди худ дар он аст, ки инсонҳо тавассути афкори хеш ҳаёташонро бунёд мекнанд. Аз ҳамин сабаб тамоми маҳдудиятҳо ва норасоиҳои ҳаёт маҳсули нашинохтани худ мебошад.

Мутафаккир мегӯяд:

Худ боши асли сарнавишт,

Аз дӯзахӣ ё аз биҳишт.[4]

Аз нигоҳи мо бо ин нукта ӯ баён мекунад, ки тақдиратонро ба дасти худ гиред, дар акси ҳол онро инсонҳои дигар ба даст мегиранд. Мо фикр мекунем, ки аксарияти инсонҳо то ҳол ба дараҷаи фаҳм кардани масъалаи сарнавишт, худшиносӣ ва худсозӣ оҷизӣ мекашанд. Дар мавридҳои нокомиҳояшон инсонҳо сарнавишт ва Худоро гунаҳгор дониста, мувафаққияташонро маҳсули афкори индивидуалиашон медонанд. Аз нигоҳи олим одамоне дар ҳаёт мувафақ мешаванд, ки дар паси ҳар мушкил ва монеъа натиҷаи мусбатро мебинанд ва то охирин лаҳзаи комёби мубориза мебаранд. Худшиносӣ мояи асосии зиндагии инсон фаҳмида мешавад. Ҳамаи комёбиҳоеки инсонҳо дар зиндагӣ ба даст меоранд, ин маҳсули худшиносиашон мебошад. Инсони худшинохта мақсади ҳаётро медонад, мақсадҳои муайян дорад, бошуурона амал мекунад. Инсоне, ки худро шинохтааст, ҳатто дар роҳи душвортарин бошад ҳам, ба пеш ҳаракат мекунад, инсонеки ҳоло аз шахсияти худ огоҳ нест, ҳатто дар роҳи росту ҳамвор ҳам ба пеш рафта наметавонад. Аз нигоҳи мутафаккир худшиносии инсонҳо озодӣ, ахлоқ ва адолатро таъмин менамояд. Ҳисси бахтҷӯи, орзуҳои идеалӣ дар ботини инсонҳо беш аз қиёсу тасаввур аст. Аз ин рӯ, он гунае, ки хушбахтӣ барои мо чизи муқаддас мебошад, дар ин замина кӯшишҳои бахтҷӯии дигаронро ҳам ба назар гирифтан ва эҳтиром карда тавонистани фикри дигарон, яъне эътироф кардани формулаи ҳаёт «Аз худ бишав огаҳ нахуст» рисолати инсонӣ ҳисобида мешавад. Чунин аст нуқтаи олии адолат дар афкори Румӣ.

Андешаҳо мавриди ташаккулёбии ахлоқи инсонҳо, махсусан ҷавонон, дар ин замина ба намоиш гузоштани рафтори иҷтимои аъзои ҷомеа, ки дар ниҳояти кор нагирифтани пеши роҳи ҳар гуна бадахлоқӣ боиси футурёбии худи ҷамъият мегардад. Мо бешубҳа имрӯза ҳодисаҳои ѓайриахлоқиро дар ҷаҳон мушоҳида карда, бояд бевосита ба афкори гузашта рӯй орем. Зеро умдатарин роҳҳои ҳаллӣ проблемаҳои бадахлоқиро мутафаккирони пешин нишон додаанд.

Олимону мутафаккирон имрӯз ба хулоса омаданд, ки акнун дигар раванди ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонбии одамонро номумкин аст, аз як марказ тарҳрезӣ кард.

АДАБИЁТ

  1. Гегель Г.В.Ф. Философия права. М.: 1990.
  2. Гегель Г.В.Ф. Лекции по истории философии.: Спб.: Наука, 1993.
  3. Ҷалолиддин Румӣ. Фиҳи мо фиҳӣ. Душанбе.,2007
419
Нет комментариев. Ваш будет первым!