Худшиносии ҷамъиятӣ ва рўҳияи ҷамъиятӣ дар таълимоти Розӣ

Дар ҳамаи давру замон фикри одамони беҳтарини таърихиро масъалаҳои худшиносӣ, худсозӣ, худбарқароркунӣ, озодӣ, ирода, баробарӣ, адолат, муҳаббат, ҷанг ва сулҳ барин падидаҳои умумиинсонӣ ба худ ҷалб намудааст. Закариёи Рози низ аз ҷумлаи чунин шахсиятҳои таърихӣ буда, андешаҳое баён кардааст, ки барои ҳамаи замонҳо яксон аст. Мо рушди принсипҳои худшиносӣ ва равонии инсонҳоро аз асари машҳури мутафаккир «Тибби рӯҳонӣ» дида баромадем. Аз ин рў, чизе ки дар мавриди таваҷҷўҳи мо қарор мегирад танҳо нақши шахсият дар таърих набуда, балки аз нуқтаи назари методологияи инсоншиносӣ (антропология) шинохти принсипҳои феномени худшиносии ҷамъиятӣ ва рўҳияи ҷамъиятӣ аз нигоҳи Розӣ мебошад. Худшиносии ҷамъиятӣ шарти куллии ҳаёти инсонҳо буда, он маҳсули муносибатҳои муҳити иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Зарурати фалсафӣ ва методологии худшиносӣ дар аст, ки инсонҳо бояд мақсади ҳаётро дарк кунанд ва аз гузашти рўзгор таҷриба омўзанд. Нашинохтани шахсияти худ боиси маҳрумият аз сарнавишт мегардад. Бешак Гегел ҳақ аст, ки дар асари худ «Лексияҳо оид ба фалсафаи таърих» навишта буд: «…таҷриба ва таърихи башар гувоҳӣ медиҳанд, ки халқҳо аз гузашти рўзгор ҳеҷ гоҳ ҳеҷ чизро намеомўхтанд ва аз рўи он сабақҳое, ки аз вай гирифтан мумкин буд, амал намекарданд»[1]. Таърихи ақлонии инсоният бар он гувоҳ аст, ки одамони зиёд мақсади ҳақиқи ҳаётро фаромўш карда ба иллатҳои ѓайрибашарӣ даст мезананд. Ин амалкардҳояшон маҳсули афкори ѓайриақлонӣ буда, нишонаи набудани идеяи ахлоқро дорад. Зеро мутафаккир мегўяд: «мардумони бузурги соҳибнафс ва боҳиммат, ки зикрашон гузашт, табиатану ѓаризан аз болои ишқи нопоки булҳавасона бар канор мераванд»[3.с.63].

Ҳамин шинохти нафси фардӣ ва воқеияти ҳаёт аз худшиносии эшон оѓоз гардида ва ба ҳадде рушд ёфтанд, ки шахсияти худро бо иродаи ахлоқӣ бунёд намуданд. Фикр мекунем, ки аз сирф дастовардҳои ақлонии шахсият дида, чеҳраи ахлоқии ў муҳимтар ва заруртар мебошад. Танҳо бо инсони модернист (навпараст) будан наметавон арзишҳои ботинии одамонро омўхт, балки идеалҳои гуманизм, консерватизм ва интернатсионалимзмро рушд додан мувофиқ ба мақсад мешуд.

Аз ҳамин лиҳоз мо шинохти воқеияти руҳиро дар таълимоти мутафаккир дар образҳои гуногун мебинем. Бештари одамон аз нигоҳи олим наметавонанд мақсадҳо ва идеяҳои худро бо сабабҳои шаҳватпарастиашон дар ҳаёт муайян ва муқаррар намоянд. Чунончӣ: «аммо он мардуми хунсои зансифат аз қабили ѓазалхонон, фороиѓболҳо, сарватмандон, шаҳватпарастон, ки ѓайр аз шаҳват дигар ѓаме надоранд ва ингуна шахсон дар дунё ѓайр аз таъмини талаботи шаҳват дигар ҳоҷате надоранд….»[3.с.63]. Набудани муҳаббат, орзу, дўст надоштани ҳаёт ба ин сабаб шуда метавонад. Ҳар лаҳза чунин ҳиссиётҳои қафобарандаро аз худ дур намудан лозим, вагарна идора карда натавонистани нафси шаҳвони инсонро нобуд мекунад. Мавҷудияти муҳаббат дар ботини фард ўро водор месозад, ки ба барқарорнамудани худ ва нотакрор сохтани худ гузарад. Худсозӣ ва ақл инсонҳоро ба идора намудани иродаи хеш мебарад. Аз ин рў, «инсон ҳамеша аз паи тарбияи нафс бошад ва ўро дар ҳолати тобеъияти ақл нигоҳ дошта маҷбўр намудан мумкин аст, ки аз амри ақл берун набарояд, пас агар мо аз ўҳдаи ин кор бароем, онгоҳ ақл баѓоят мададгор ва нурпоши пайраҳаи ҳаётамон мешавад»[3. с.46].

Сабаби бисёри бадбахтиҳои зиндагӣ натиҷаи тафаккури худсозӣ ва равонӣ надоштани фард фаҳмида мешавад. Аввалан мутафаккир рушди тафаккури психологӣ ва иқтисодиро дар ҳаёт зарур мешуморад. Агар одамон идеяҳои ахлоқии рушди иқсодиро наомўзанд, онгоҳ онон тасаввур менамоянд, ки танҳо бо роҳи нодуруст даромади худро баланд мекунанд. Ин андешаи нодуруст ҳамчунон инсонро фаро мегирад, ки худи ў ин ҳолатро эҳсос намекунад. Сарватмандии асосӣ барои Закариёи Розӣ ақл, илм ва ахлоқ мебошад. Аз нигоҳи мо, инсонҳои аз лиҳози маънавӣ сарватманд буда, меандешанд, ки танҳо бо роҳи рост сарватманд ва комёб шудан имкон дорад. Камбизоатон бошанд, баръакси он фикр мекунанд. Сарватмандии асосӣ дар ҳаёт сарвати маънавӣ мебошад. Камбизоатии асосӣ қашшоқии ақли инсон мебошад. Бинобарон машқ доронидани ақл ва рўҳи тоза хеле муҳим аст. Ба худ эътимод доштан, ояндаро аз ҳозир ба нақша гирифтан, норасоиҳои фикриро аз байн бурдан ва ҳар лаҳза ба зиндаги мазмуни нав ворид кардан аз рисолати беҳтарини инсонӣ дар таълимоти мутфаккир ҳисобида шудааст.

Дар мавриди наҷотёбии инсонҳо аз ғам ва рӯҳафтодаги олим андешаҳои ҷолиб навиштааст: «Ғами одамӣ ҳам фикр, ҳам ақл, ҳам нафс ва ҳам ҷасадро дар азоб мемонад. Он моддае, ки ғам аз он тавлид меёбад, иборат аз чизҳои дӯстдоштаи инсоният мебошад»[3.с.89]. Мо аз ин идеҳо сабабҳои беҳуда рӯҳафтодашавии инсонҳоро мебинем. Хиради фарзанди одам аз азал ташнаи дарёфти ҳақиқат буда, ҳаст ва он то абад ҳамин тавр хоҳад монд. Инсон атом, ва кайҳонро омўхта бошад, ҳам гоҳо дар шинохти худу дигарон рўйрост оҷиз мемонад. Ҳар инсон бояд комилан ба хулосае биёяд, ки сабабгори ғамхӯрӣ, комёбӣ ва нокомиҳояш танҳо худи худаш мебошад. Фарзанди нобиѓа натиҷаи талошҳои бепоёни волидайн, хушбахтӣ натиҷаи фикронии ақлонӣ ва муваффақият маҳсули кўшишҳои идеалӣ мебошад. Тамоми ѓолибият ва маѓлубият, сарватмандӣ ва камбизоатӣ, солимӣ ва беморӣ танҳо дар маѓзи сари инсон вуҷуд дорад. Зеро «марди оқил бояд нуқсони чизҳои дӯстдоштаашро дар нафсу хаёли худ ҳамеша тасаввур намуда, бидонад, ки онҳо чизҳое ҳастанд, ки боқои доимӣ надоранд»[3.с.90]. Мо дар ин маврид ба хулосае меойем, ки шахсияти дигаронро на идеяи мо, балки худи худаш ба вуҷуд меорад. Кўшишҳои идеалии фард дар роҳи интихобкардааш, агар ба тасаввуроти дақиқ асос ёбад, метавонад ба зинаҳои комёби барад. Тасаввурот метавонад на танҳо замони ҳозира, балки ояндаро барои мо нишон диҳад.

Ҳамчунин, аз нигоҳи Розӣ инсон бояд: «тамоми имкониятҳоро истифода бурда, кӯшиш намояд, ки он ғамро аз нафси худ маҳв созад, зеро ки маҳз нафс ӯро ба ғам водор мекунад, на ақл. Ақл ҳаргиз ғамовар шуда наметавонад, чунки дар ҳар як ғам зараре ҷо дорад. Марди оқили комил дар он асно ғамро қабул менамояд, ки агар вуҷудиёти он ғам узри возеҳи мантиқӣ дошта бошад…»[3.с.93]. Ҳамин тавр, мо метавонем масъалаҳои мухталифи зиндагӣ ва сабабҳои рӯҳафтодагии инсонҳо ва шинохти принсипҳои равоншиносии ҷамъиятиро дар афкори мутафаккир равшантар бубинем. Ҳар гуна ҳаёти воқеӣ ба сар бурда истодаи одамон маҳсули хирад, омўзиш ва рўҳияашон маънидод мешавад. Одамон маҳсули идеяҳояшон ҳастанд ва боҳамин идея ба таърихи худ асос мегузоранд. Агар дар сохтори фикрронии инсон танҳо ғаму андӯҳ бошад, он дар натиҷа ба ғам мерасад. Агар дар фикри инсон ғояҳои шодмонӣ, ҳисси хушбахтшавӣ бошад, пас ба комёбӣ мерасад. Аз назари мутафаккир тафаккури маънавии одамон метавонад дар кадом сатҳ қарор доштанашонро муайян кунад. Аз ин рў дарки қобилият ва истеъдод сарчашмаи ҳар гуна хушбахтӣ ва комёбиҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғ. мебошад. Масалан барои исботи андешаҳои олим мо аз ҳаёти кунунии инсонҳо мисол меорем: равоншиноси муосир С.Давлатов менависад, ки дар олам «зиёда аз 3 миллиард одамон дар як рўз бо 1 доллар ҳаёт ба сар мебаранд, 2 миллиард одамони дигар савод надоранд, 1 миллиард одамон азоби гуруснагӣ мекашанд»[2.с.53]. Ин нишондод ба мо дар кадом сатҳ истодани тафаккури иқтисодӣ ва маънавии ҳамин одамонро маълум менамояд. Камбизоатиро бо гузоштани пасандоз ва сармоягузорӣ дар давлатҳои рушдёфта аз байн мебаранд. Иқдисодичиёни муваффақ ҳисоб карданд, ки агар мардум маблаѓашонро ҳар рўз «1 долларӣ бо 8 фоизи солонааш пасандоз намоянд, он дар 30 сол тахминан 1,800-2 миллион доллар мешавад»[2.с.93].

Ҳамзамон ба хулоса омадан мумкин аст, ки рафтори хирадмандонаи инсонҳо метавонад зиндагии онҳоро таѓйир диҳад. Одамон дар ҳаёт пеш аз ҳама бояд мақсадҳояшонро муайян намоянд. Тасаввуроти воқеи метавонад дар амал иҷро шавад. Барои наҷот аз камбизоатӣ, беморӣ, ҳиссиёти бадбахтӣ инсонҳо бояд рўҳияашонро дигаргун сохта ба ақл ва ирода такя намоянд.

Ҳамин гуна, мутафаккир идеяҳои худро дар хусуси худшиносӣ, инсонгароӣ, худсозӣ, рӯҳияи солим, рӯҳафтодагӣ дар ҳамин асари маъруфаш баён намудааст. Ин идеяҳои худшиносӣ ва равоншиносӣ танҳо аз донистани таърих, фарҳанг ва дигар хотираҳои муқаддаси гузаштагон иборат нестанд. Балки фаротар аз он оиди дар раванди ташаккулёбии инсоният мувонизати инсонгароиро нигоҳ доштан, фаҳмида гирифтани дунёи маънавии худ, аз таърих таҷриба омўхтан, тақдири худро ба даст гирифтан, ватандўстиро бо амал исбот намудан, бепарвоӣ ва хислатҳои эгоистиро аз байн бурдан, худро аз тақлидкори эмин дошта ба эҷодкори раҳнамун сохтан моҳияти баёни чунин худшиносӣ мебошанд.

Аз ин рӯ, баргузории ҷашнвораҳойи пешаҳдон фақат ба хотири бузургдошти гузаштагон нест; роҳу тариқи муассири худҷӯйӣ, худбарқарорнамоӣ ва рушди рӯҳияйи ҷамъятӣ низ мебошанд. Таърих, агар дар хотири отири миллат ҷузви созанда бошад, ба унвони посдори аслҳо васлгоҳи наслҳост.

Чизи аз ҳама муҳим барои ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва халқи мо шинохти арзишҳои умумиинсонӣ мебошад. Рӯҳияйи ҷамъиятӣ натиҷаи худшиносӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ аст. Он ҳеҷ гоҳ барои халқиятҳо аз осмон нафаромадааст.

Адабиёт:

  1. Гегель Г.В.Ф. Лекции по истории философии.: Спб.: Наука, 1993.
  2. Давлатов С. Ману пул. – Душанбе.,2011.
  3. Закариёи Р. Мунтахаби осор. – Душанбе.,1989.

4. Норбеков М. Работай над собой. – М.,2006.

401
Нет комментариев. Ваш будет первым!