Мохият ва хусусияти мухокима

Муҳокима яке аз шаклҳои тафаккур мебошад. Муҳокима ҳам мисли мафҳум инъикоси воқеияти реалие мебошад, ки берун аз шуури инсон ва новобаста ба он вуҷуд дорад.

Муҳокима чунин шакли тафаккур мебошад, ки вай хусусият, ашёҳо, муносибати ашёҳо ва нишонаҳои онҳоро бо ёрии тасдиқ ва инкор инъикос мекунад.

Дар муҳокима ҳамеша дар бораи ба ашё хос будани ягон нишона, ягон хусусият тасдиқ ё рад карда мешавад. Барои муҳокима чунин мисол овардан мумкин аст.

  1. «Классикони адабиёт – нависандагони машҳур мебошанд».
  2. «Сифат ҳиссаи нутқ мебошад».
  3. «Ҳеҷ як фарди тоҷик ҷангро намехоҳад».

Муҳокима доимо дуруст ё ғалат мешавад. Агар мазмунан муҳокима бо воқеияти реалӣ мувофиқ наояд, олами берунаро дуруст инъикос накунад, ингуна муҳокима ғалат аст.

Асосгузори илми мантиқ Арасту саҳеҳ ва барғалат будани муҳокимаро шарҳ дода, навишта буд, ки агар чизе дар воқеият алоқамад бошад, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда шаванд ва чизе, ки дар воқеият алоқаманд нест, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда шавад, пас муҳокима саҳеҳ мебошад. Агар чизе, ки дар воқеият алоқаманд асту дар муҳокима алокамандкарда нашавад ва чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, вале дар муҳокима алоқаманд карда шавад, муҳокима барғалат мебошад.

Чунинчи, муҳокимаи «қисми зиёди аҳоли ҷаҳон дар Шарқ зиндагонӣ мекунад» дуруст мебошад, зеро Шарқ ва қисми зиёди аҳолии ҷаҳон ва худи воқеият алоқаманданд. Агар баръакс, «Қисми зиёди аҳоли ҷаҳон дар Шарқ зиндагонӣ намекунанд», гўем, ин муҳокима ғалат мешавад, чунки дар ин ҷо чизе ки ба воқеият алоқаманд аст, дар муҳокима дар муҳокима алоқаманд карда нашудааст.

Мисоли дигар.Агар мо гўем, ки «Ҳамин забоншиносон қонунқои физикиро намедонанд», ин муҳокима ҳақ мешавад, зеро дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест (яъне забоншиносон ва одамоне ки қонунҳои физикиро медонанд), инсон қонунҳои физикиро медонанд, чунки дар ин ҷо чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, алоқаманд карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ҳар як муҳокима ё саҳеҳ ё баргалат мешавад. Саҳеҳият ва ё барғалатии муҳокима сифати муҳимтарини он мебошад. Дар муҳокима чизҳо ва ҳодисаҳои гуногуни воқеият, алоқа, муносибат ва нишонаҳои онҳо инъикос меёбад.

Муҳокима нафақат ашёҳои реалӣ вуҷуд доштаи воқеиятро, балки ашёҳоеро ҳам ки дар воқеият вуҷуд надоранд, инъикос менамояд. Масалан, муҳокимаҳо воқеаҳои афсонавиро ҳам инъикос мекунанд. Ин гуна муҳокимаҳо ҳамчун ниъикоси дурусти тасаввуроти одамони қадим дуруст буда, вале ҳамчун инъикоси ҳақиқати воқеӣ ғалат мебошанд.

Илми мантиқ муҳокимаро танҳо аз ҷиҳати сохт меомўзад ва ба пайдоишу тағйироти мазмуни муҳокима дахл надорад. Мантиқ шаклӣ бошад, ҳамчун шакли тафаккур, масъалаҳои тағйирот ва тараққиёти муҳокима, аз чӣ иборат будани мазмуни конкрети муҳокима ва ғайраҳоро намеомўзад.

Ҳар як муҳокима содда, қатъи назар аз мазмуни конкретии худ, аз се қисм таркибӣ иборат аст:

  1. Мубтадои мантикӣ .
  2. Хабари мантиқӣ .
  3. Бандаки мантиқӣ.

Ба мисли вобастагии тафаккуру забон дар байни муҳокима ва ҷумла низ алоқаи узвӣ вуҷуд дорад. Ин алоқа дар он зоҳир мегардад, ки ҳар як муҳокима ба воситаи ҷумла ифода карда мешавад. Қатъи назар аз он ки муҳокима дар майнаи сар пайдо шудааст, мо онро нақл мекунем ва ё менависем, ҳамеша бо ёрии ҷумла ифода меёбад. Муҳокима бе ҷумла вуҷуд дошта наметавонад. Ҷумлаи граматикӣ шакл, қиёфаи зоҳирии муҳокима аст. Ҷумлаи граматикӣ вобаста, аслиҳаест, ки бо ёрии он муҳокима ифода карда мешавад. Бинобар ин, муҳокима ва ҷумларо аз ҳамдигар ҷудо кардан мумкин нест. Муҳокима ва ҷумла мисли тафаккур ва забон дар ягонагӣ мебошанд.

Ғайр аз он, дар байни муҳокима ва ҷумла тафовут ҳам мавҷуд аст. Баъзан мубтадои грамматикӣ бо мубтадои мантиқӣ мувофиқ меояд. Масалан, «Ҷумҳурияти Тоҷикистон – давлати халқ мебошад» дар ин ҷо «Ҷумҳурияти Тоҷикистон» мубтадои мантиқӣ ва дар айни замон мубтадои граматикӣ мебошад.

Баъзан хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мувофиқ меояд. Чунончи, «Москва – пойтахт», дар ин ҷо мафҳуми «пойтахт» ҳам аз нуқтаи назари мантиқӣ ва ҳам аз нуқтаи назари грамматикӣ хабар мебошад. Аммо баъзан чунин мувофиқ омадани мубтадои мантиқӣ бо мубтадои грамматикӣ ва хабари мантиқӣ бо хабари грамматикӣ мушоҳида карда намешавад. Масалан, дар муҳокимаи «Ин гулдастаи калони зебои ранг ба ранг азони шумо мебошад». мафҳуми «Ин гулдастаи калони гулҳои зебои ранг ба ранг» мубтадои мантикӣ, мафҳуми «азони шумо» хабари мантиқӣ ва «мебошад» бандаки мантиқӣ аст. Агар ин муҳокимаи зикршуда аз нуқтаи назари грамматикӣ феълӣ «мебошад» хабари грамматикӣ буда, калимаҳои дигар аъзоёни пайрави ҷумлаанд.

Дар муҳокима танҳо се қисм: мубтадо хабар ва бандаки мантиқӣ мав¿уданд. Маълум аст, ки дар баъзае ҷумлаҳо ғайр аз саръзоҳои ¿умла аъзоҳёни пайрави ҷумла (муайянкунанда пуркунанда ва ҳол) ҳам доранд. Дар муҳокима ин ҳол дида намешавад.

Аз ҷиҳати дар Муҳокима инъикос кардани вуҷуд доштан ё надоштани ягон ашё, мавҷудӣ ё номавҷудии ягон муносибат дар байни ашёҳо, муҳокима ба се навъ тақсим мешавад.

  1. Муҳокимаи вуҷудӣ. 2) Муҳокимаи хусусият. 3) Муҳокимаи муносибат.

А). Муҳокимаи вуҷудӣ дар воқеият мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ягон ашёро инъикос мекунад. Масалан: «Модда мавҷуд аст», «Дар олам ҳодисаҳои бесабаб мавҷуд нест», «Дар Моҳ ҳаёт вуҷуд надорад». Муҳокимаи вуҷудӣ барои Дониш аҳамияти калон дорад.

 Б). Муҳокимаи хусусият ба ашё дахл надоштан ё дахл надоштани ягон хусусиятро ифода мекунад. Масалан: «Ин гули сурх мебошад», «Иморати мактаби олии мо зебо аст». Ин навъи муҳокима на танҳо мутааллиқӣ ё номутааллиқии хусусиятро ба ашё, балки ҳолати ашёро ҳам инъикос мекунад.

Масалан: « Ин дарё ором мебошад».

 В). Муҳокимаи муносибат. Муҳокимаи муносибат муносибатҳои гуногуни предметҳои воқеиятро инъикос менамояд. Ин муҳокимаҳо муносибатҳои ҳамзамонӣ, фазогӣ, баробарӣ, нобаробарӣ ва ғайраҳоро инъикос мекнанд. Масалан, «Кўҳи Помир аз кўҳи Тиёншон балантар аст», «Карим бародари Раҳим аст» ва ғайраҳо.

Таркиби муҳокимаҳои муносибат аз таркиби муҳокимаҳои дар боло зикршуда фарқ мекунад. Дар таркиби муҳокимаи муносибат чунин аъзоҳо мавҷуданд.

  1. Мафҳуми аъзои пешоянди муносибати мазкур.
  2. Мафҳуми аъзои пасоянди муносибати мазкур.
  3. Мафҳуми муносибати мазкур.
  4. Бандак

Фарқи пайвандакҳои мантиқӣ аз пайвандакҳои грамматикӣ аз он иборатаст, ки пайвандакҳои мантиқӣ чунин алоқаи байни муҳокимаҳо мебошанд, ки дар вақти тасвир танҳо ҳақ ё ботил будани онҳо эътибор гирифта, дигар маъноҳои алоқаи байни фикрҳо (масалан, маъноҳои замон, макон, мақсад, сабаб ва ғайра) ба эътибор гирифта намешаванд.

Ҳар як муҳокима ё ҳақ ва ё ботил мебошад. Ин хусусиятҳои муҳокимаҳо қимати мантиқии онҳо ба шумор мераванд. Қисмҳои таркибии муҳокимаи мураккабро на танҳо Мафҳумҳои мубтадо ва хабар, балки муҳокимаҳои сода ташкил медиҳанд. Албатта, дар таркиби ҳар як муҳокимаи соддаи таркибӣ мафҳумҳои мубтадо ва хабар мавҷуданд. Бинобар ин чунин муҳокимаҳое, ки аз ду ё якчанд муҳокимаҳои сода дар натиҷаи онҳоро ба воситаи пайвандакҳои мантиқӣ алоқаманд намуда ташкил меёбанд, муҳокимаҳои мураккаб ном доранд. Ба гурўҳи муҳокимаҳои мураккаб чунин навъҳои муҳокима дохил мешаванд:

а) Муҳокимаи шартӣ (импликативӣ). Муҳокимаҳои шартӣ яке аз навҳои муҳокимаи мураккаб мебошад. Чунин муҳокимаи муракабе, ки дар натиҷаи алоқаманд намудани ду муҳокимаи содда ба воситаи пайвандаки мантиқии «агар…, он гоҳ» ташкил меёбад, муҳокимаи шартӣ ном дорад. Қисмҳои таркибии муҳокимаи шартиро муҳокимаҳои соддае, ки дорои истилоҳоти мубтадо ва хабар мебошанд, ташкил медиҳанд. Масалан, «Агар лекция бодиққат гўш карда шавад, он гоҳ вай дуруст аз худ карда мешавад», «Агар калима мураккаб бошад, он гоҳ дар таркиби он ду реша ва аз он зиёд реша мешавад», «Агар одам ҷиноят содир карда бошад, пас, ўро ҷазо медиҳанд» ва ғайраҳо.

Ба ҳамин тариқ дар мавриди сеюм муҳокимаи i ҳақ, О ҳақ, А дурўѓ ва Е дурўѓ мебошад. ин мавридро бо ҷадвали зерин нишон медиҳем:

3) Агар ба мо дуруг будани муҳокимаи А ё ҳақ будани муҳокимаи О маълум бошад, дар асосии ин ҳақ ва дурўѓ будани муҳокимаҳои дигарро муқаррар карда наметавонем, чунки агар муҳокимаи А ҳақ бошад, муҳокимаи Е мувофиқи мавриди мавриди дуюм ҳақ аст ва мувофиқи мавриди сеюм дурўѓ мебошад. мисоли ҳамин, агар ҳақ будани муҳокимаи О маълум бошад, мо ба воситаи мантиқ ҳақ ва ё дурўѓ будани муҳокимаи i- ро муқарар карда наметавонем, зеро муҳокимаи i дар ин ҳолат мувофиқи мавриди дуюм дурўѓ ва дар мавриди сеюм ҳақ мешавад. Пас ин мавридҳоро якҷоя карда як мавриди номуайянро пайдо мекунем, ки онро ин тавр ишора кардан мумкин аст:

Мафҳуми номуайянӣ чунин маъно дорад, ки муҳокимаи мазкур ё ҳақ ва ё ин ки дурўѓ мебошад.

Агар ба мо дурўѓуҳокимаи Е ва ё ҳақ будани муҳокимаи I маълум бошад ҳам, ба воситаи мантиқ ҳақ ва ё дурўѓ будани муҳокимаи А ва муҳокимаи О- ро муқаррар карда наиетавонем, чунки дар ин вақт мувофиқи мавриди якум муҳокимаи А ҳақ (муҳокимаи О дурўѓ) мешавад, мавриди дуюми номуайянро пайдо мекунем. Ингуна мавриди номуайянро бо расми зерин нишон медиҳем:

Мавридҳои дар боло дидашударо ба назар гирифта, дар бораи муҳокимаҳои мазмунашон якхелаю шаклашон гуногун ба тарзи мухтасар хулосаҳои зеринро баровардан мумкин аст:

  1. Агар ҳақ будани муҳокимаи А маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи i ҳақ, муҳокимаи Е дурўѓ ва О дурўѓешавад.
  2. агар дурўѓ будани муҳокимаи А маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи О ҳақ, муҳокимаи Е ва муҳокимаи i номуайян (яъне ё ҳақ, ё дурўѓ) мемонд.
  3. агар ҳақ будани муҳокимаи Е маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи О ҳақ, муҳокимаи А ва муҳокимаи i дурўѓ мешавад.
  4. Агар дурўѓ будани муҳокимаи Е маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи ҳақ, муҳокимаи А ва муҳокимаи О номуайян мемонанд.
  5. Агар ҳақ будани муҳокимаи маълум бошад, он гоҳ муҳокимаи Е дурўѓ, муҳокимаи А ва муҳокимаи О номуайян мемонад.

Чунианд муносибатҳои муҳокимаҳои мазмунашон яхела ва шаклашон гуногун. Донистани муносибати байни муҳокимаҳои барои аз фикрҳо хулосаи дуруст баровардан ва фикрҳои ҳақро аз фикрҳои дурўѓ ҷудо карда тавонистан аҳамияти калон дорад.

Саволи 3. Тартиби пешниходи хулосабарори.

Фақат як қисми хурдтарини донишҳо бо ёрии узвҳои ҳис пайдо карда мешаванд ва исбот талаб намекунанд. Масалан, чунин донишҳои мо: «Имрўз ҳаво офтоб аст», «Ин гули сурх хушбў мебошад», «Ин калимаин тавр навишта шудааст» ва ѓайраҳо исботро талаб намекунад. Ҳақ будани ин донишҳо бо узвҳои ҳис тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки ба хушбўй будани ин гул боварӣ пайдо накунад, мо мегўем, ки «бубин, буй каш» ва он шахс бўй кашида, ба ҳақ будани ин гуфтор бовар мекунад. Ин гунна донишро дониши бевосита меноманд. Дониши бевосита чунин донишест, ки он ёрии узвҳои ҳис пайдо карда мешавад ва дар бораи ҳақ будани худ исбот талаб намекунад. Аммо чунин донишҳоро мегирем: «Забон воситаи алоқаи одамон дар ҷамъият мебошад», «Барои тараққиёти ҷамъият автоматӣ кунонидани истеҳсолот аҳамияти бузурги инқилобӣ дорад», «Тоҷикон халқи қадимтарини ҷаҳон мебошанд». Ингуна донишҳоро бевосита бо ёрии узвҳои ҳис пайдо кардан мумкин нест ва ҳақ будани ин гунна бо ёрии узвҳои ҳис пайдо кардан мумкин нест ва ҳақ будани ин гунна донишҳо бо ёрии узвҳои ҳам исбот карда намешавад. Ин қабил донишҳо маҳсули чандин хулосабарориҳост.

Хулосабарорӣ чунин шакли тафаккурест, ки дар вай аз як ё якчанд муҳокимаҳои мантиқан алоқадор ҳамчун хулоса муҳокимаи нав бароварда, дониш аз чизи маълум ба чизи номаълум мегузарад.

Дар хулосабарорӣ бо ёрии ақл аз баъзе муҳокимаҳои маълум муҳокимаи нав бароврда мешавад.

Бинобар ин ҳар як хулосабарорӣ аз ду қисми таркибӣ иборат мешавад:

  1. Дониш ва муҳокимаҳои маълуме, ки аз онҳо муҳокимаи нав бароварда мешавад.
  2. Муҳокимаи наве, ки аз муҳокима ва донишҳои маълум бароварда мешавад.

Дониш ва муҳокимаҳои аввалине, ки аз онҳо муҳокимаи нав бармеояд, муқаддима номида мешавад ва муҳокимаи наве, ки аз муқаддимаҳо бармеояд, онҳоро хулоса меноманд.

Масалан:

  1. Ҳамаи адабиётшиносон бо асарҳои классикӣ шинос мебошанд.
  2. Донишҷўёни мо адабиётшинос мебошанд.

Пас, донишҷўёни мо бо асарҳои классикӣ шиносанд.

Дар ин хулосабарорӣ муҳокимаҳои «Ҳамаи адабиётшиносон бо асарҳои классикӣ шинос мебошанд» ва «Донишҷўёни мо адабиётшиносанд» муқаддима буда, «Донишҷўёни мо бо асарҳои классикӣ шиносанд» хулосаи он аст.

Хулосабарорӣ аз ҷиҳати қатъиян баровардани хулоса ба ду навъ тақсим мешавад:

1). Хулосабарории тазоҳурӣ (зарурӣ).

2). Хулосабарории ѓайритазоҳурӣ (ба ҳақиқат монанд). Дар хулосабарории тазоҳурӣ хулоса аз муқаддимаҳо бо тарзи зарурӣ мебарояд. Дар ин гуна хулосабарориҳо пайравии мантиқии хулоса аз муқаддима (чун нитиҷа баромадани хулоса аз муқаддима) қонуни мантиқӣ ба шумор меравад.

Хулосабарории дедуктивӣ (истинтоҷ).

  1. Хулосабарории индуктивӣ (истиқроӣ).
  2. Хулосабарории традуктивӣ (якхелҳаҷмдор).

Дар хулосабарории традуктивӣ аз дониш, фикр, муҳокимаҳои нисбатан умумие, ки онҳо чун муқаддима ба кор бурда мешавад, ба хулосаи дараҷаи нисбатан ҷузъӣ мегузарем.

Масалан, хулосабарории дедуктивии зеринро мебинем:

  1. Ҳамаи таърихшиносони тоҷик асарҳои таърихии классикиро наѓз медонанд.
  2. Ин шахс-таърихшиноси тоҷик аст.

Пас, ин шахс-асарҳои классики таърихиро наѓз медонад. Дар ин ҷо хулоса аз дониш дараҷаи муайяни умумӣ (яъне, ҳамаи таърихшиносони тоҷик ба дониши нави ҷузъи (ин шахс)) мегузарад.

Аз ҷиҳати миқдори муқаддимаҳо хулосабарорӣ ба ду навъ тақсим мешавад: 1) хулосаборории бевосита ва, 2) хулосабарории бавосита.

Дар хулосабарории бевосита фақат аз як муқаддима дониши нави хулосавӣ бароварда мешавад. Чунончи, ҳамаи ҳуқуқшиносон қонунҳои давлатро наѓз медонанд, пас шахсе, ки қонунҳои давлатиро наѓз нрмедонанд, ҳуқуқшинос намеброшад». Ин хулосабарории вобаста аст, зеро дар ин ҷо танҳо аз як муқадима хулоса бароварда шуд. Муҳокимаи навъ «Ҳамаи S-ҳо Р мебршад», ба муҳокимаи «Ҳеҷ як Р – S намебошад», бармегардад.

Дар хулосабарории индуктивӣ бошад, дониши нави хулосавӣ аз он ибораи аст, ки дар ин ҷо ашёҳо дорои нишонаи фардӣ ё ҷузъӣ, ки бо муққадимаҳо ифода ёфтаанд, дар хулоса ба ашёҳое мегузаранд, ки онҳо дорои нишонаи умумӣ мебошанд. Нидукция яке аз омилҳои муҳимми ташаккули қонунҳои илм ба шумор меравад. Махсусан қонунҳои таҷрибаи рлм бештар дар асосии ҷамъбасткунии оддӣ шакл мегиранд. Дар хулосабарории традиктивӣ дониши нави хулосавӣ аз он иборат аст, ки дар ин ҷо ршёҳои бо ёрии муқаддимаҳо ифодаёфта, дар хулоса нишонаҳои нав пайдо мекунанд.

Азбаски ба воситаи хулосабарорӣ дониши наве пайдо мешавад, ин амали мантиқӣ барои донистани гирифтани ҳастӣ, воқеият ва тадқиқоти илмӣ ҷамият бузург дорад

Тамоми донишҳои илмӣ – назариявӣ дар натиҷаи хулосабарорӣ ба вуҷуд меоянд. Донишҳои илмй – системаи ба тарзи муайян алоқамандгардидаи дрнишҳои хулосавӣ мебошанд.

Аммо бояд қайд намуд, ки ҳар як хулосабарорӣ дониши саҳеҳ намедиҳад. Барои аз хуласабарорӣ дрниши хулосави саҳеҳ баровардан бояд ду шарти зеринро ба ҷо овард :

Якум, донишҳо, муҳокимаҳое, ки ҳамчун муқаддимаҳои хулосабарорӣ ба кор бурда мешаванд, бояд дуруст бошанд.

Дуюум, дар вақти хулосабарорӣ ба талаботи қонуни қоидаҳои минтақӣ бояд риоя карда шавад. Агар яке аз ин шартҳо вайрон карда шавад, хулоса ѓалат ва хато мебарояд. Масалан :

Дар қуллаи кўҳҳои паст баъзае растаниҳо месабзанд. Қуллаҳои кўҳҳои Ҳимолой паст мебошанд.

Фаъолияти Амалии инсон на фақат қоидаҳои хулосабарорӣ, балки дуруст будани ҳар як шакли фикрро ҳам муайян мекунанд. Азбаски ҳамаи қоида ва шакли мантиқӣ инъикоси алоқаи муайяни муносибатҳои зарурии ашёҳои ҳастӣ меброшанд, пас, дурустӣ, мувофиқи омадани ин қоида ва шаклҳо ба ҳамон алоқамандиҳои заоуотт ҳастӣ ба воситаи фаъолияти амалии инсон исбот карда мешаванд.

Табдил чунин хуласабарории бевосита аст, ки дар натиҷаи он сифати муҳокима таѓйир ёфта, мазмунаш дигаргун намешавад. Дар натиҷаи иабдил муҳокимаи тасдиқӣ ба муҳокимаи инкорӣ ва баръакс – муҳокимаи инкорӣ ба муҳокимаи тасдиқӣ мубаддал мегардад.

Дар амал табдил чунин маъно дорад, ки дар рафти он пайвандаки муҳокимаи муқаддимавӣ баръакси худаш таѓийр додашуда шуда, хабари ҳамон муҳокима бо мафҳуми зидди он иваз карда мешавад.

Чунончи, муҳокимаи S-P аст ба муҳокимаи «S ѓайри P нест» ва муҳокимаи «S-P нест» ба муҳокимаи «S ѓайри P аст», мубаддал мешавад.

Масалан, «Достон асари бадеӣ аст», пас «Достон асари ѓайрибадеӣ намебошад».

Ҳар як навъи муҳокима қатъи назар аз миқдори он, қобилияти табдилёбиро дорад.

а). Муҳокимаи умумии тасдиқӣ дар натиҷаи табдил ба муҳокимаи умумии инкорӣ мубаддал мешавад. Яъне муҳокимаи умумии тасдиқии «Ҳамаи S-P мебошад» ба муҳокимаи умумии инкории «Ҳеҷ як S ѓайри P намебошад», табдил инёбад. Масалан, муҳокимаи умумии тасдиқии «Санъаткорони тоҷик зиёиён мебошанд», ба муҳокимаи «Санъаткорони тоҷик шахсони ѓайризиёӣ намебошанд», мубаддал мешавад.

б). Муҳокимаи умумии инкорӣ ба муҳокимаи умумии тасдиқӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи умумии инкории «ҳеҷ як S – P нест», ба муҳокимаи «Ҳамаи S- ҳо Гайри Р мебошанд», мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи «Ҳеҷ як аълохон талабаи танбал намебошад» ба муҳокимаи ««Ҳамаи аълохонҳо талабаҳои Гайританбал мебошанд» мубаддал мешавад.

в). Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ ба муҳокимаи ҷузъии инкорӣ талаб меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи ҷузъии тасдиқии «Баъзе S- Р аст» мубаддал мешавад. Масалан, дар натиҷаи табдил муҳокимаи «Баъзе хонандагони санътдўст мебошанд» ба муҳокимаи « Баъзе хонандагони ѓайрисанъатдўст намебошанд» мубаддал мешавад.

г). Муҳокимаи ҷузъии никорӣ ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи табдил муҳокимаи ҷузъии инкории «Баъзе S –P нест» ба муҳокимаи ҷузъии тақсдиқии «Баъзе S ѓайри Р мебошад», мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи «Баъзе давоатҳои ҷаҳон давлатҳои демркратӣ намебошанд», ба муҳокимаи «Баъзе давлатҳои ҷаҳон давлатҳои ѓайридемокоатӣ мебошанд» мубаддал мегшаванд.

Табдил яке аз Навъҳои оддитарини хулосабарории бевосита мебошад. Ба ёри табдил дониши нави ба назар намоён пайдо карда намешавад. Аммо тафаккури дар амалиёти табдил барои ба ягон мақсад саҳеҳтар кардан, каму беш фарқи фикрро нишон додан ба кор буода мешавад. Муайян кардани фарқи ҷиҳатҳои фикр барои ошкор кардани аниқии фикр аҳамияти калон дорад.

Хулосабарории бевосита яке аз навъҳои хулосабарорӣ мебршад. Дар хулосабарории бевосита фақат аз ин муқадима хулоса бароварда мешавад. Дар натиҷаи хулосабарории бавосита сифт ё миқдори муҳокимаи ҳамчун муқаддима гирифташуда таѓйир меёбад вале маънои объкетивии он дигаргун намешавад. Аз ин сабаб баъзе мантиқшиносон мегўянд, ки аз хулосабапрории бевосита дониши нав ҳосил намешавад. Дар ҳақиқат бо ёрии хулосабарории бевосита мазмуни муҳокимаи муқадимавӣ саҳеҳтар, равшантар мегардад ва он ҷиҳатҳое, ки ба мо маълум нестанд, ошкор карда мешаванд. Азбаски ин хулосабарорӣ ҷиҳатҳои номаълумро ошкор карда, тарафҳои дигари муҳокимавии дар шуури мо ниҳон бударо ошкор менамояд, пас ҳамаи чиз дониши нав пайдо карда аст.

Хулосабарории бевосита якчанд шакл дорад.

Шаклҳои асосии хулосабарории бевосита чунинанд: 1. Гардрниш; 2. Табдил ва 3. Муқобилгузории муҳокима.

Гардониш чунин шакли хулосабарории бевосита аст, ки дар вай мубтандои муҳокимаи мақадимавӣ ба хабаои муҳокимаи хулосавӣ ва хабари муҳокимаи муқадимавӣ ба мубтадои муҳокимаи хулосабарорӣ мубаддал мегардад.

Бо ёриии гардониш хулосаи нав бароварда мншавад, зеро дар ҳар як муҳкима на фақат мубтадо дрниши ашёҳоро, балки хабар ҳам дрнишро дар бораи ашёҳои муайян дар бар мнгирад.

Хислати муҳимтарини мантиқи ҳозиразамон аз он иборат аст, ки аз муқаддимаҳо баровардани хулосаи мантиқӣ бо баёни баъзе шаклҳо (ашкол) вобаста аст, яъне ба қоидаҳои умумии тарзи ифодаи донишҳо ва усули табдили гуфторҳо вобаста аст. Вобаста ба воситаҳое, ки дар ихтиёрамон мавҷуданд, чунин иарзҳои ба шакл даровардан ҳархеланд. Масалан, айнан, як маъноро метавон бр забонҳои гуногун ифода. Дар амал, албатта, аз ягон забон истифода бурдан лозим ас. Дар ин ҷо забони нутқиро фаҳмидан шарт нест. Маълум ки иафаккур бе забон, бе тарзи моддии ифодакунӣ вуҷуд надорад. Тарзи ба шаклҳо даровардани хулосабарорӣ дар он асос меёбад, ки ҳао хулосаи баровардашаванда фақат ба қоидаҳои пештар аз он муқарраргардида мувофиқ ояд, ки ин қоидҳо бр фикрҳои бо ёрии аломатҳои моддӣ ифодаёбанда, тааллуқ доранд.

Ба воситаи гардрниш аз ҳар як навъи муҳокима хулоса баровардан мумкин аст:

а) Гардониши муҳокимаи умумии тасдиқӣ (муҳокимаи А) Муҳокимаи умумии тасдиқӣ дар натиҷаи гардрниш ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқии «Баъзе асарҳои мансур» роман мебошанд», мубаддал мешавад. Бинобар ин, гардониши муҳкимаи умумии тасдиқӣ бо формулаи зерин ифода меёбад:

SaP

Pis

Дар натиҷаи гардониш одатан миқдори муҳокимаи таѓйир меёбад, яъне муҳокимаи умумӣ ба муҳокимаи ҷузъӣ мубаддал мешавад. Чунин гардонишеро, ки дар натиҷаи он миқдори муҳокимаи иаѓйир меёбад, гардониши маҳдудгардида меноманд.

Агар дар натиҷаи гардониш миқдори муҳокима таѓйир наёбад, ни гунна гардонишро гардониш оддӣ меноманд. Гардониши муҳокимаи умумии тасдиқӣ гардониши маҳдудгардида мебошад. Агар муҳокимаи умумии тасдиқӣ ифодаи таърифи мафҳум бошад, он гоҳ гардониши вай гардониши оддӣ мешавад. Чунончи, муҳокимаи «Фонетика илми забоншиносӣ мебошад, ки сохти овозҳои нуқтро меомўзад» дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи «Илми забоншиносӣ, ки сохти овозҳои нутқро меомузад, фонетика ном дорад» мубаддал мешавад.

б) Гардониши муҳокимаи ҷузъии тасдиқиӣ (муҳокимаи i).

Муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ мубаддал мешавад.

Масалан, муҳокимаи «Баъзе шоирон олим мебошанд», ба муҳокимаи «Баъзе олимон шоир мебошад» мубаддал мешавад.

Гардониши муҳокимаи ҷузъии тасдиқӣ бо чунин формула ифода меёбад.

SiP

Pis

в) Гардониши муҳокимаи умумии инкорӣ (муҳокимаи Е).

Муҳокимаи умумии инкорӣ дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи умумии инкорӣ мубаддал мешавад. Масалан, муҳокимаи «Ҳеҷ» як шахси беинсоф – инсонпарвар намебошад» ба муҳокимаи «ҳеҷ як шахси инсонпарвар – беинсоф намебошад» мубадал мешавад.

Формулаи гардониши муҳокимаи умумии инкорӣ чунин аст.

P

Pеs

Дар баъзе мавридҳо, агар хабари муҳокимаи умумии инкории муқадимавӣ ашёи тоқаро ифода намояд, пас дар натиҷаи гардониш муҳокимаи тоқаи инкорӣ ба амал меояд. Масалан, муҳокимаи «Ҳеҷ як донишҷўи синфи мо Назаров намебошад », ба муҳокимаи тоқаи инкорӣ «Назаров донишҷўи синфи мо намебршад» мубаддал мегардад.

г) Муҳокимаи ҷузъии инкорӣ дар амал баонагарданда аст.

Масалан, муҳокимаи «Баъзе талабагон аъзои комсамол намебршанд» бояд дар натиҷаи гардониш ба муҳокимаи умумии инкории «Ҳеҷ як аъзои комсомол – баъзе талабагон намебошанд» мубаддал шавад, ингуна ифода махмуни муҳокимаи муқадимавиро таѓйир медиҳад ва маънои мафҳуми «баъзе талабагон» норавшан мемонад; пас, муҳокимаи ҷузъии инкорӣ амалан барнамегарданд.

1.17K
Нет комментариев. Ваш будет первым!