Андешахои ахлоки сиёси дар таълимоти Руми

Андешаҳои ахлоқи сиёсӣ дар таълимоти Румӣ

Дар мақолаи мазкур андешаҳо перомуни ахлоқи сиёсӣ аз нигоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ баррасӣ мегарданд. Муаллиф нигоҳи хешро ба таври возеҳ ва омӯзишҳои амиқ баён кардааст. Андешаҳои гуманистона ва инсонгароёнаи мутафаккирро мавриди таҳлил қарор додааст.

Калидвожаҳо: ваҳдат, дӯстӣ, худшиносӣ, гуманизм, ахлоқ, сиёсат, инсонгароӣ, бархӯрди тамаддунҳо, гуфтугӯи тамаддунҳо.

Ҳанӯз бо дарки масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ Презденти кишвар мӯҳтарам Эмомали Раҳмон навишта буд, ки “Инсон падидаи мӯъҷизавии ҳастӣ ва меҳвари низомҳои ақидатии, илмӣ ва иҷтимоист, ки мутафаккирон то ҳанӯз аз паи кушодани рози ӯ ҳастанд. Сират ва олами маънавии ӯ басо мураккаб ва рангин аст.”3.с.4.

Аз ҳамин сабаб пайравони роҳи сиёсати сулҳпарвар, осудагӣ, ахлоқ, маънавиёт, муҳаббат, ҳаётдӯстӣ ва камоли ҳақиқии ӯ шахсоне ҳастанд, ки дар қалбҳои гарми ҳазорон ва миллионҳо одамон илҳому таассурот мегиранд ва худ меъёри возеҳи ормони фикрҳо, парвози хаёлот, рафтор ва амали солеҳ мегарданд. Намунаи беназир ва баландтарини чунин роҳ Мавлоно Ҷалолиддини Румист (1207 – 1273), ки соли 2007 тибқи қарори Созмони миллали муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 800 – умин солгарди мавлуди хуҷастаи ӯ дар кишварҳои зиёд таҷлил гардид ва дар рафти он симпозиуму конфронсҳо, маҳфилҳои гуногун, барномаҳои хоси сиёсӣ, фарҳангӣ ва мусиқӣ доир шуда, осори ҷовидонааш ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расиданд.

Гузоштани масъалаҳои инсондӯстӣ ва ахлоқи сиёсӣ низ асосӣ осори ҷовидонаи Ҷалолиддини Румист ва корномаи бемисли маънавӣ ва равшандилии ӯст. Гуфтан мумкин ҳеҷ олиме дар таърихи инсонӣ андешаҳои инсонгароӣ ахлоқи сиёсӣ ва маънавияти фардро бо чунин равшанбаёнӣ, рангоранӣ ва пурталотум маънидод накардааст. Ахлоқи сиёсии мутафаккир паҳлӯҳо ва ҷанбаҳои ниҳоят муҳим дорад. Агар таҳқиқоти илмӣ амиқан баррасӣ шавад, маълум мегардад, ки аслияти дунёи инсон моҳияти ахлоқию сиёсӣ дорад. Маҳз ахлоқ, сиёсат ва адолат хоси инсон чун мавҷуди навъи комилан дигари ҳастии ҷамъиятӣ мебошад. Аз нигоҳи мутафаккир қадами болотар ва муҳимтар дар ташаккули ахлоқ, маънавёт ва хислати инсон ташаккули андешаи мазҳабӣ – динӣ мебошад. Ин ҷараён, ки ба мардумон ва рисолати ҷомеа пайвастагии табиӣ ва наслӣ дорад, мавзӯи баҳсҳои зиёд ва шадид қарор мегирад.

Албатта, ҷанбаи ахлоқию сиёсӣ дар таълимоти Ҷалолуддини Румӣ дар осораш беш аз тарафҳои дигаре ҷаҳонбинӣ зуҳур мекунад. Инро наметавон нодида гирифт. Махфи нест, ки масъалаҳои ахлоқию сиёсӣ, ирфонӣ ва монанди он дар эҷодиёти мутафаккир дар маъноҳои иҷтимоӣ пешниҳод шудаанд.

Андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқии Ҷалолиддини Румӣ пеш аз ҳама дар баёни фалсафаи ахлоқ, ватандӯстӣ, истиқлолият, адолат ва тартибу низоми зиндагии хуб ба назар мерасад. Зеро аз нигоҳи мутафаккир “ҳамоно, ки инсон худро мукнат ва ғанову сарват бинад, бегумон роҳи туғён пеш мегирад”. 4.с.142.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Ҷалолуддини Румӣ ҳам мисли бисёр мутафаккирони дигари пешқадами Шарқ орзуи сохтани инсони идеалиро мепарварад, ки он дар пояҳои адолату хушбахтӣ, ҳамагонӣ барқарор гардида бошад. Баднафсиро маҳкум менамояд. Мутафаккир андешаҳояшро оиди ахлоқи сиёсӣ қариб дар ҳамаи асарҳояш ба маниҳои гуногун баён доштааст. Мо ин андешаҳоро аз осори ҷовидонаи Ҷалолуддини Румӣ “Фиҳи мо фиҳи”, “Маснавии маънавӣ” дида баромадем. Мутафаккир дар шоҳасараш ғояи шоҳи одилу оқилро дар симоҳои подшоҳони давраҳои гуногуни таърихӣ, ки дар кишвари аҷам салтанат рондаанд ифода намудааст. Ғояи мазкур асосан дар симои шоҳони хаёли ва симоҳои хаёли ва дигар пешвоён маънидод шудаанд.

Дар “Маснавӣ” низ муқарар ишора кардааст, ки матои дукони мо таронаи тавҳид аст:

“Маснавӣ” – и мо дӯкони ваҳдат аст,

Ғайри ваҳдат ҳарчӣ бинӣ он бут аст.

Ваҳдат андар ваҳдат аст ин “Маснавӣ”,

Аз самак рав то симок эй маънавӣ.4.с. 145.

Дар андешаи мутафаккир сулҳу ваҳдат аз як тараф, нодиртарин неъмати худовандӣ бошад, аз тарафи дигар маҳз инсон ба воситаи ахлоқ тавоно, ватандӯст ва пойдору устувор мегардад. Аз ин рӯ, зиндагӣ фонии инсон, ки аз нооромию ҳасадхӯрӣ тирарӯз мегардад ва пастию баландиҳои зиёде иборат шудамемонад. Пеш аз ҳама ваҳдат ва амният аз масъалаҳои муҳимтарини асари ӯро ташкил медиҳад. азбаски мутафаккир ваҳдатро яке аз сифатҳои ахлоқии писандидаи фармонравоён медонад, бинобар ин онҳоро ҳамеша ба хирадманди ҳидоят менамояд, то ин ки рифоҳияту беҳдошти ҳаёти мардумро таъмин кунанд. Тибқи андешаи Ҷалолиддини Румӣ шахси фозилу оқил набояд пойбанди шӯҳратпарастию худкомаги шавад, зеро хиради ӯ мояи ифтихору азаматаш аст. Аз назари ӯ қудрати ахлоқ ба зулм бо табоҳӣ меанҷомад. Ба андешаи шоир дар ҳолати пойдор набудани сиёсати сулҳдӯстона дар кишвар шӯришу ошӯб ва сӯиқасдҳои дарборӣ низ меафзояд.

Дар мавриди шинохти халқу подшоҳ мефармояд, ки боиси омӯзиши масъалаҳои ахлоқи сиёсӣ аст:

Халқро чун об дон софу зулол,

Андар ӯ тобон сифоти Зулҷалол.

Подшоҳон мазҳари шоҳи Ҳақ,

Орифон миръоти огоҳии Ҳақ.4. с.146.

Ҷалолуддини Румӣ дар асари худ тамоми амирону вазирон ва одамонро ба адлу инсоф даъват менамояд, то ки торикии зулму ситам аз ҷаҳон бардошта шавад ва сапедаи содиқи адолат доман паҳн кунад. Шоири гуманист аз аҳли куллӣ қишрҳои ҷомеа даъват ба амал меорад, ки дар роҳи адолату садоқат, накӯкорӣ ва башардӯстӣ пайваста ташаббус нишон бидиҳанд, шукӯҳу сарвату давлати сарварони халқ то ба моҳи мунир бирасадҳам, мағрур нашуда аз худ нарафта, адолатпеша бояд буд. Мувофиқи фикри Ҷалолуддини Румӣ шарти ёрию бародарӣ ва дӯстӣ ёварӣ ҳамдигар будан аст. Агар кофар ҳам кӯмак кунад, бо ӯ дӯсту бародар бояд буд. Дар вақти пешрафти корҳои инсон дӯст бисёр мешавад, аммо дар вазъу ҳолати нокоми на ҳар шахс дасти мадад медиҳад. Бинобар ин Ҷалолуддини Румӣ ба одамон пеша кардани адолатхоҳиро тавсия медиҳад.

Мавлоно дар масъалаи ахлоқи сиёсӣ мақоми халқро ба чаҳор даста тақсим кардааст: яке онҳое, ки охирандешанд, яъне дар авоқиб ва натоиҷи корҳо менигаранду ончиро шоистае талаб ёбанд, умр дар он сарф мекунанд. Дар адабиёти сиёсӣ оқибатандешӣ мартабаи баланду мақоми волоро соҳиб аст ва нишони ҳикмати луқмонӣ аст:

Дар паси ҳар гиря охир хандаест,

Марди охирбин муборак бандаест.

Ҳар ки охирбинтар, ӯ масъудтар,

Ҳар ки охурбинтар, ӯ матрудтар аст.4.с 202.

Оқибатандешӣ аз арзиши гаронбаҳо, ҳатто бебаҳои маънавист. Агар сарвару давлату ҳукумат оқибатандешӣ бихоҳад ва дӯстпарвариро пеша бисозад, ин неъмат ба қатори осоре, нақше, меросе шомил мешавад, ки аз ӯ хоҳад дошт. Ҷалолуддини Румӣ оқибатандеширо ҳунар мешуморад ва ҳунар аст, ки номи касро ҷовид месозад.

Дар баробари сулҳпарварӣ ва дӯстпарварӣ Мавлоно оқибатандеширо яке аз беҳтарин сифатҳои сарвар ба шумор меорад. Мавлоно роҳбарони сулҳдӯсту ояндабинро ба қадре азизу мӯътабар мехонад. Ҷангҷӯи хоҷаи нодонро ҳамон андоза барои ҷомеа хатарнок медонад. Меъёри оқибатандешӣ некию сулҳ аст – мегӯяд Мавлоно.

Мавлоно дар “Маснавӣ” ишора мекунад, ки бисёре аз одамон дар худхоҳӣ ва ситамкориву беадолати чун Фиръавнанд, аммо Фиръавни дарунӣ эшонро ёваре нест, то туғён намоянд ва он худпарастӣ ҳамон мақому маесаби давлати дунёст, ки агар ба эшон бирасад, ҳамон бошанд, ки Фиравн буд:

Нафс аждарҳост, ӯ кай мурдааст,

Аз ғами беолати афсурдааст.

Гар биёбад олати Фиравн ӯ,

Ки ба амри ӯ ҳамерафт оби ҷӯ.

Илму молу мансабу ҷоҳу кирон,

Фитна орад дар кафи бадгавҳарон.4.с. 230.

Аз рӯи гуфти Ҷалолуддини Румӣ шахси чашмгуруснаву сарватпараст беқадру беобрӯст. Аз ин лиҳоз, ӯ дар андешаҳояш маҳдудияти нафсро заруртарин амал мешуморад. Чи тавре, ки дар боло ишора намудем, дар таълимоти Мавлоно иллатҳои бадтарини инсонӣ зикр гардидааст. Дар тадбири ин мутафаккир асолат ва ҳуввияти собити гурӯҳҳоӣ ташаккулёфтаи халқҳо, миллатҳо, нажодҳо, табақаҳои иҷтимоӣ бо табиати зотии умуминсонӣ ва мухолифат надорад. Дар ин маъно равшан метавон дидки ахлоқи воло ва наҷиби Ҷалолуддини Румӣ баёнгари метод ва арзишҳои сиёсӣ ва ҳувияти миллии тоҷик ва осори ӯ дар радифи мероси гузаштагон ва эҷодиёти мутафаккирони дигари маънавии арзишманди халқи мост.

Аз нигоҳи сиёсатмадорони маъруф воқеанҳам “имрӯз башарият ба ахлоқи ҳамида ва меҳру муҳаббат бештар аз ҳарвақти дигар ниёз дорад. Ва муршиди мо дар ин ҷода Мавлоно буда метавонад. Ӯ бо истифодаи васеъ ва эҷодкоронаи арзишҳои бузурги мактаби тасаввуфи хуросонӣ ва пайванди онҳо бо андешаву афкори мактабҳои фикрии дигар фарҳанги навини маънавию ахлоқиро асос гузошт”.3.с. 96. Аз нигоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ осори Ҷалолуддини Румӣ дар ифодаи маҳаку мароми ҳамдигарфаҳми миллату нажод, дину мазҳабҳои гуногун ва вашдати ҷомеаи инсонӣ гардид ва ҳудуди ҳикмати андешаҳои ахлоқи сиёсии олимони зиёдеро ҷалб намуд. Исботи инро дар мавридҳои зиёди андешаҳои шоир мебинем. Чунончи:

Боз о, боз о ҳар ончи ҳастӣ боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Садбор агар тавба шикастӣ, боз о.

Мутафаккир иттиҳоду иттифоқро аз фазилатҳои хубтарини инсонӣ дониста, сулҳпарастиро беҳтарин таҷассумгари он ва ақлу хирад мешуморид. Маҳз чунин ғояҳои дӯстӣ идоракунандаи давлатро зарур аст. Агар андешаҳои ахлоқи сиёсии Ҷалолуддини Румӣ дар партави таҷрибаи халқҳо баррасӣ шавад, равшан аст, ки хаттӣ сурхи сарнавишти инсон дар дарозои таърих ҳадди имкон ташаккул ва таҳаввули маънавият ва фарҳанги сиёсии инсонӣ пеш меравад ва инсоншавии муосирон созмони ҳаёти иҷтимоӣ беҳтару хубтар мегардад. Зеро “дар давраи истиқлолияти ҷумҳурии азизамон, ки ба шинохти воқеии андншаҳои гузаштаи ниёгонамон шадидан ниёз эҳсос мегардад, ҳар муҳаққиқ вазифадор аст, то мутобиқ ба дарку фаҳми хеш барои худогоҳии таърихи миллӣ саҳм гузорад”2. с. 3.

Дар даврони рушди кишварҳо ва тарақии ҷаҳонишавӣ, густариши пайвастаи худшиносии халқҳо, маданият ва фарҳангҳо, тамаддунҳо, шиддати бемайлони рақобат ва зиддиятҳои гуногун ва харобиовар ва таҳдиди рӯзафзуни хатари фалокатбори бархӯрди тамаддунҳо ва падидаҳои дигари мазмунан зидиятнок мо ба ақидаҳои ахлоқи сиёсии Ҷалолуддини Румӣ руй оварданамон зарурати амалӣ дорад.

Ҳамин тавр, Ҷалолуддини Румӣ кӯшиш кардаст, ки дар ҳамаи асарҳоии хеш роҳҳои ба амал баровардани адолат ва усулҳои афзудани масъулиятнокии мардумон ва амалдорони замонро дар умури сиёсиву давлатдори нишон диҳад. Мутобиқи назари мутафаккир ахлоқ ва муносибатҳои ахлоқӣ, сиёсӣ дар мамлакат дар пойи ҳикмату фазл ва муҳаббати байни аъзои ҷомеа ташаккул ва устувор хоҳад гашт. Бояд зикр кард, ки ҷомеаи адолатпешаи мутафаккир асосан ба арзишҳои исломӣ бунёд ёфтааст. Дар ин давлати идеалии феодали баъзе афзалиятҳо ба назар мерасанд.

Ҷалолуддини Румӣ мушкилоти асосии ахлоқи сиёсиро низ ба таври шоирона ва ба маънои орифона таҳқиқ карда, барои наҷоти мардумон аз мухолифату душманӣ, нотавонбинӣ, таасубу фитнагароӣ роҳ меҷуст ва роҳи ваҳдату ҳамдилиро пешниҳод мекард.

Адабиёт:

  1. Комилов Р. Социально-утопические учения в истории таджикской философии XIII-XV вв. – Душанбе, 1993. – 117 с.
  2. Олимов К. Баррасињо дар тасаввуф. 1999. -142 с.
  3. Раҳмон Э. Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ. – Душанбе: «Бухоро», 2012 – 132 с.
  4. Румӣ Ҷалолиддин. Фиҳи мо фиҳи (мунтахаби мақолот) – Душанбе: «Ирфон», 2007, 296 с.
  5. Румӣ Ҷалолуддин. Куллиёти ғазалиёт. – Ҷилди 1 – 8. – Теҳрон, 1336 – 1345 ҳ.
  6. Румӣ Ҷалолуддин. Маснавии маънавӣ. – Теҳрон, 2001.
594
Нет комментариев. Ваш будет первым!