Хусусиятхои рушду нумуи тахайюл дар зинахои гуногуни синнусол

Нақша:

1.Хусусиятҳои рушди тахайюл ва фантазия дар синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ.

2.Хусусиятҳои хаёл ва фантазия дар синни наврасӣ ва зинаи камолот.

Ибтидои тараққиёти хаёл дар охирҳои зинаи барвақтӣ-бачагӣшакл гирифта, бо аломатҳо, символҳо алоқаманд аст.Минбад хаёли кӯдакон дарзаминаи васеъшавии доираи дониш ва таҷрибаи ҳаётии ӯ вобаста буда, акнуннаврасон дар фаъолияти худ ба ҷои чизҳова аломатҳо аз предметҳои воқеӣ барои офаридани образҳои хаёли истифодамебаранд.Хаёли кӯдакон дар ин давра дар рафти бозиҳои гуногун инкишофмеёбад.Масалан, кӯдак чубро гирифта ба рӯи он савор шуда, мисли аспсавор «чу-чу»гӯёнба ин ё он тараф даву тоз мекунад.Дар ин лаҳза кудак чубро ба асп монандкарда, ба хаёлот ғутта зада, худро дар мавқеи аспсавор тасаввур мекунад.Дар бозиҳоикӯдакони 3-4 сола предмету ашёҳоро ба ҷои предметҳои ёрирасон истифодамебарад.Минбаъд хаёли бачагон дар рафти фаъолияти расмкашӣ ва мусстақилона азнав ҳикоя кардан, порчаҳои шеърию чистонҳоро ба ёд овардан хаёли ӯ инкишофмеёбад.Ақидае вуҷуд дорад, ки гуё тахаюли кӯдакон аз хаёли шахсони калонсол аз ҷиҳатимазмун ва сохтани образҳо бартари дорад, аммо тахаюли кӯдак ба ҳеҷ ваҷҳпурмазмуну бойу рангин нест.Калонсолон образҳое меофаранд, ки ба ҷомеа, соҳаҳоиилм,ҳатто кашфиётҳои нодир аҳамияти иқтисодӣ, сиёсӣ, техникӣ ва фарҳангӣ доранд.Кӯдаконқудрати офаридани чунин образҳоро надоранд, чун ки доираи дониши ҳаётии онҳо маҳдудаст, бинобар ин маводҳои доштаи онҳо барои эҷоду сохтани образҳои пурмазмунурангин кифоя нест.Хаёл дар ҳаёти кӯдак нисбат ба калонсолон аҳамияти калондорад, чунки бача дар ин синусол марому мақсади худро дар рафти бозӣ ваофаридани образҳои гуногун амали месозад.¡ худро ба ҳайси духтур, муҳандис, муаллим, ронанда, доя, ошпаз, сарояндава ғайраҳо тасаввур намуда, дар мавқеи онҳо худро мебинад.Зимни офаридани образҳоихаёлӣ кӯдакон аз доираи дниши дар рафти ҳаётба даст овардаи худ дур шуда, худро дар олами фантазия ҳис мекунад.

Хаёли бачагони сини томактаби характери ғайриихтиёрӣдорад.Предмету ашёҳое, ки ба шууру ҳисёти бача чуқур асар кардааст ва дар ин заминаӯ ҳикояву афсонаҳоро бафта мебарорад.Бо вуҷуди ин мазмун ва мундариҷаи хаёлибачагон ба диққати ихтиёрӣ ва хотираи ихтиёрӣ алоқаи қавӣ дорад. Он чунон, кидар боло ишора кардем ба тараққиёти хаёли кӯдакон бозӣ ва фаъолияти пурмаҳсултаъсири мусбат дорад.

Пеш аз ҳама дар рафти бозӣ протсессҳои психикӣ: эҳсос,идрок, диққат, хотира, тафаккур, тахайюл ва ҳиссиёту ирода зоҳир мешавад. Хаёл барои рушду ташаккули сифатҳои шахсияти бачагон аҳамияти боғоят калон дорад. Ғайр аз ин, барои инкишофи хаёли эҷодӣ ва азнавсозиибачагон машғулиятҳои расмкашӣ, кулолӣ (лепка), мусиқӣ, ҳисоб, муҷассамасозӣ,сайру саёҳат ва бозиҳои гуногун нақши муҳим мебозад.

а) Хусусиятҳои рушди хаёл дар кӯдакони синну соли барвақти- бачагӣ. Дар синни 2-солагӣ аввалин нишонаҳои хаёл дар рафти фаъолияти сермаҳсули кӯдакон мушоҳида карда мешавад. Инчунин зуҳуроти аввалин образҳои хаёлӣ дар фаъолияти бачагони 3-сола нақши муҳим мебозад.Барои рушди хаёл таъсири муҳити иҳотакардагон, ҳамсолон ва калонсолон хеле ҳам калон аст, зеро маҳз онҳо мунтазам донишу таҷрибаи бачагонро бой мегардонанд ва барои инкишофи хаёл заминаи воқеӣ мегузоранд. Дар нигоҳи аввал ба назар чунин менамояд, ки гуё хаёли кӯдакони синни томактабӣ нисбат ба бачагони синнашон калонтар беҳтар тараққӣ кардааст. Хусусиятҳои хоси ба ҳам пайвастшавии образҳои хаёлӣ, ки дар бачагони ин синну сол ба вуҷуд меоянд, баъзе муҳаққиқонро ба андешае овардаанд, ки хаёли бачагони синни томактабӣ хеле бой аст. Аммо воқеан ин тавр нест. Бачагон бо осонӣ образҳоро бо ҳам пайваст карда як образи навро эҷод карда наметавонанд. Хаёли азнавсозӣ дар рафти фаъолияти бозӣ, меҳнат ва машғулиятҳо инкишоф меёбад. Бачагон ҳаёти воқеиро дар рафти бозиҳои гуногун инъикос мекунанд.

Ҳанӯз К.Д. Ушинский гуфта буд, ки барои кӯдакон чизи ғайриимкон аз он сабаб вуҷуд надорад, ки онҳо ҳоло имконпазирӣ ва ё вуҷуд надоштани чизҳоро намедонанд. Маҳз аз ҳамин сабаб бачагони синни хурди томактабӣ дар бисёр мавридҳо образи хаёлиро аз чизи воқеӣ фарқ карда наметавонанд. Ҳатто онҳо дар рафти бозӣ образҳои фантастикиро аз ҳақиқат фарқ намекунанд. Дар ин давраи тараққиёти синнусолӣ хаёли кӯдакон дар зери таъсири муносибатҳои оилавӣ ва дар рафти бозиҳои гуногуни шавқовар аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ инкишоф меёбанд. Масалан, бачагон аз коғаз ҳар гуна бозичаҳо тайёр мекунанд ва расмҳои асп, фил, уштур, бӯз, гӯсфанд кабк ва дигар ҳайвоноту ашёҳо ва чизҳоидигаре, ки моро фаро гирифтаанд дар рӯи коғаз онҳоро тасвир менамоянд ва ғайраҳо.Илова бар ин, дар натиҷаи омӯхтани нутқи алоқанок ва овозӣ дар кӯдакон малакаи ҷустуҷӯи фикрӣ ва ёфтану муайяннамудани ном ва образи ашёҳҳо ва асбобҳои рӯзгор шакл мегирад. Масалан, кӯдакон ба чунин саволҳо ба калонсолон муроҷиат мекунанд: « Инро барои чӣ тайёр кардед?»; «Расми кашидаатон чӣ ном дорад?» ва ҳоказо. Хаёли кӯдакон аз рӯи мазмун ва мундариҷа ҳоло ҳам он қадар бою рангин нест. Зеро ки бачагон ҳанӯз ҳам образҳои тассаввуротро аз чизҳои воқеӣ фарқ намекунанд. Бачагон бо роҳи тақлиду пайравӣ ин ё он образи хаёлиро ба таври худ аз нав ҳосил мекунанд.

б) Тараққиёти хаёлии бачагон дар синни боғча. Баробари ба кӯдакистон (боғча) фаро гирифтани бачагон фаъолияти бошууронаи онҳо тағйир меёбад ва нисбат ба онҳо талаботи нав гузошта мешавад. Акнун фаъолияти психикии бачагон дар асоси барномаи кӯдакистон инкишофу парвариш меёбад. Машғулиятҳои боғча барои тараққиёти хаёл, идрок ва мушоҳида, тасаввуроти хотир, нутқ, тафаккур, қобилияту истеъдод ва сифатҳои иродавии бачагон нақшимуҳим мебозад. Вазифаи асосии мураббияҳо аз он иборат аст, ки дар рафти машғулиятҳо донишу тасаввурот ва тахайюли бачагонро бою рангин гардонанд. Хаёли ғайриихтиёрӣ нисбат ба хаёли эҷодӣ дар фаъолияти бачагони синни боғча бартарӣ дорад.

Омӯзиши адабиёти илмӣ ва мушоҳидаҳои мо нишон медиҳанд, ки дар синни 3-4 солагӣ дар кӯдакон аллакай талаботи «ки шудан», пайдо мешавад. Чунки онҳо моҳияти асосии фаъолияти интихоб кардаи худро пурра дарк карда наметавонанд.

Дар ин синну сол бозӣ яке аз талаботи табиии бачагон ба шумор меравад. Фаъолияти бозӣ манбаи асосии инкишофи хаёли бачагон мебошад. Масалан, бачагон рӯз дар миён даву тоз мекунанд, ба бозӣ машғул мешаванд, як қисми вақташонро дар сайру саёҳат мегузаронанд, вале ҳеҷ гоҳ мондашавиро онҳо ҳис намекунанд. Барои чӣ?

Барои он ки бозӣ яке аз фаъолияти мутараққии психикии бачагони синни томактабӣ ба шумор меравад. Баъдан бозӣ ин талаботи табиии бачагон мебошад, зеро онҳо ба бозӣ майлу хоҳиш ва шавқу ҳаваси зиёд доранд. Дар рафти фаъолияти бозӣ бачагон бештар бо роҳи тақлиду пайравӣ нақшҳои гуногунро иҷро менамоянд. Масалан, ба монанди иҷрои нақши аспакбозӣ, аскари қаторӣ, ҳамшираи шафқат, ронанда, тракторист, меъмор, сохтмончӣ ва ғайраҳоро бо завқи баланд иҷро мекунанд. Албатта, иҷрои чунин амалҳо ба орзӯҳои ояндаи дури бачагон нигаронида шудааст.

Хаёли бачагон дар соли аввали боғча дар асоси амалҳои ғайриихтиёрӣ инкишоф меёбад. Зеро дар ин давраи тараққиёти синнусолӣ проблемаи мақсадгузорӣ барои бачагон хеле ҳам душвор аст. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар бисёр мавридҳо мақсад аз тарафи дигарон гузошта мешавад. Масалан, « Ту расми гурбаро кашида метавонӣ?», «Расми себро чӣ?», «Хонаро чӣтавр тасвир кардан мумкин?». Бачагон дар натиҷаи такроран машқ кардан ва зоҳиршавии сифатҳои шахсият супоришҳои додаи мураббияро вобаста ба хусусиятҳои психологию фардии худ ба таври гуногун иҷро мекунанд. Дар давраҳои минбаъдаи тараққиёти синнусолӣ кӯдакон чунин вазифаҳоро то андозае бо саъю талош мехоҳанд мустақилона иҷро намоянд. Вале образҳои хаёлии бачагон ҳанӯз ноустувор аст. Чунки бачагон дар фаъолияти бозӣ мақсади худро тез-тез тағйир медиҳанд. Вобаста бо тараққиёти психикию ҷисмонӣ хаёлӣ бачаҳо тағйир меёбад.

Хаёли ихтиёрии бачагони синни томактабӣ дар ҷараёни муоширати байниҳамдигарии калонсолон инкишоф ёфта, бой мегардад. Масалан, вақте ки калонсолон ягон афсона ё қиссаеро нақл мекунанд, бачагон бештар кӯшиш мекунанд, ки лаҳзаҳои асосии онро ба хотир гирифта дар хотир муддате нигоҳ доранд, то ки фардо дар байни рафиқон ва шахсониназдик аз нав ҳикоя карда тавонанд. Бачагон дар ҷараёни нақл кардани афсона, қаҳрамонҳои асосии афсонаро аз будаш зиёд карда нишон медиҳанд. Яъне бачагон фантазияро дар фаъолияти худ аз ҳад зиёд истифода мебаранд, ки бар асари ин ҳақиқатро ба таври воқеӣ пурра инъикос карда наметавонанд.

Натиҷаи таҷрибаҳои чандинсолаи мо нишон медиҳад, ки тарзи нақли афсонаҳо дар нутқи бачагон як хусусияти ба худ хос дорад. Яъне бачаҳо ҳиссиёти эмотсионалии худро бо шавқи баланд зоҳир мекунанд ва диққати ҳамагонро ба тарафи худ ҷалб месозанд. Бачагони ин синну сол гӯш кардани афсонаи « Хирсак», «Рубоҳи маккор», «Кали зирак», «Гилеми худпарвоз», «Ҳоло ист» ва дигар афсонаю ҳикояҳоро бисёр дӯст медоранд. Дар натиҷаи пурсамар истифода бурдани чунин воситаҳо бачаҳо ба ҳаёти гузаштаи халқи худ шинос шуда, тасаввурот, хаёл ва дар онҳо дигар сифатҳои психологӣ ба монанди: меҳнатдӯстӣ, ватандустӣ,далерӣ, ҷасорат, мардонагӣ ва ғайраҳо тарбия карда мешаванд. Ҳамин тариқ дар зери таъсири образҳои хаёлӣ доирои қобилияти фикрии бачаҳо инкишоф меёбад ва онҳо ба ҳар як ҳодиса аз нигоҳи худ баҳо медиҳанд. Ин далели он аст, ки хаёли бачагон тадриҷан рушду тараққӣ меёбанд.

Хаёли бачаҳои синни томактабӣ ба қувваи пурзӯри характери эмотсионалӣ (фантазия) фарқ мекунад. Чунки дар зери таъсири нақлу ривоят ва афсонаҳо хаёли бачагон рушду нумӯъ меёбад ва онҳо ба ҷихатҳои манфию мусбати ҳар як қаҳрамони афсонавӣ баҳо медиҳанд. Масалан, «Барои чӣ ӯро куштаанд?», «Ӯ чӣ қадар зӯру тавоно буд?». Характери эмотсионали доштани хаёли бачагон чунин маъно дорад, ки тафаккури калимагӣ-маъногӣ онҳо ханӯз ҳам пурра инкишоф наёфтааст. Яъне гарчанде, ки хаёли онҳо характери эмотсионалӣ дошта бошад ҳам,вале дар протсесси истифодаи фантазия дар рафтори онҳо дуруғгӯии аз ҳад зиёд мушоҳида карда мешавад. Баъзеҳо чунин гумон доранд, ки гуё дар фантазияи бачагон ягон заррае ҳақиқат дида намешавад. Ин фикр хатоии маҳз аст. Дар ҳар як фантазияи бачагон заррае ҳам бошад, хақиқат ниҳон аст. Масалан, ҳангоми нақли афсонаи «Бузаки ҷингилапо» ҳар як бача аз бачаи дигар аз рӯи хусусиятҳои психологию фардии худ фарқ мекунад. Фантазияибачаҳо (дуруғгӯӣ) дар раванди корҳоитаълиму тарбиявӣ ва дар рафти меҳнат инкишоф меёбад.

в)Тараққиёти хаёлӣ хонандагони синни хурди мактабӣ

Хаёли бачагони синни хурдимактабӣ дар протсесси корҳои таълимӣ инкишоф ёфта, тараққӣ мекунад.Корҳои таълиму тарбиявӣ, ки хонанда дар зери таъсири он ба доираи васеи предмету ҳодисаҳои олами материалӣшинос мешавад, барои рушди хаёл таъсири мусбат мерасонад.

Тасаввуроти хаёлии хонандагон аз рӯи хусусиятҳои психологию фардӣфарқ мекунанд. Омӯзиши доираи фанҳоитаълимӣ: забони модарӣ, санъат ва меҳнат, сурудхонӣ, риёзӣ ва забони хориҷӣбарои рушди хаёли азнавсозӣ ва эҷодии бачагон мусоидат мекунанд. Сараввал дарбачагон хаёли ихтиёрӣ инкишоф меёбад. Муаллимони синфҳои ибтидоӣ бояд ба ин гурӯҳибачаҳо дар раванди таълим корҳои зиёде баранд.

Хаёли хонандагони синни хурдимактабӣ, пеш аз ҳама, ба донишу таҷрибаи доимо афзудаистодаи ҷомеа вобаста аст.Хаёли мактаббачаи хурдсол тавре тараққӣ мекунад, ки образҳои ба вуҷудовардашуда бештар ба амалия муқоиса карда мешаванд. Масалан, агар барои кӯдаки се ё чорсола дар сохтани моделисомолёт ду-се чубча кифоя

бошад,он гоҳ барои бачаҳои ҳафт ё ҳашсола модели сомолёти ҳақиқиро ба сомолёт воқеанмуқоиса карда кӯшиш мекунад, ки тасвири онҳо бо ҳам монанд бошад. Вазифаи муҳимимуаллими синфҳои ибтидоӣ аз он иборат аст, ки бачагонро барои дар синфҳои болоӣтаълим гирифтан бояд тавре тайёр кунанд, ки онҳо дар бораи хақиқати иҳотакардадонишу тасаввуроти аниқ дошта бошанд.

Образҳои хаёлӣ, ки дармактаббачагони синфҳои якум ва дуюм дар рафти фаъолияти эҷодӣ ба вуҷуд меоянд,ба монанди образҳои хаёлии кӯдакони синни томактабӣ ноустувор буда, дар зери таъсири алоқаҳои баъзан тасодуфии бавуҷудоянда ба осонӣ тағйир меёбанд. Ин образҳо дар заминаи идроку эҳсосҳо шакл мегиранд. Хонандагони синфи якум ба он одат кардаанд, ки аз рӯи расм ё баёни шифоҳии матни хондашуда маводи таълимиро аз нав бехато ба ёд биёранд. Образҳои аз навсохтаи онҳо ноустувор буда, доимо тағйир меёбанд. Ҳанӯз дар зинаи ибтидои тараққиёти хаёли азнавсозӣ хонанда маълумотҳои матни хондаашро истифода мебарад, вале ин вақти ниҳоят зиёдеро дар бар нагирифта, балки муддати кӯтоҳ давом мекунад. Баъди ин хонандаи синфи якум тадриҷан аз истифодаи матн дур шудан мегирад. Бо вуҷуди ин образҳои тасодуфие пайдо мешаванд, ки ба матн ҳеҷ муносибате надоранд. Хонандагон ҳоло мустақилона аз ӯҳдаи аз нав сохтани маҷмӯи образҳо ва тасвири манзараи мураккаб намебароянд. Таҷрибаи муаллимони пешқадам собит месозанд, ки хаёли азнавсозӣ ва эҷодии хонандагон дар рафти корҳои таълимӣ тадриҷан рушду нумӯъ меёбанд.

Барои инкишофи хаёли азнавсозии хонандагон боз ҳам васеъ

намудани донишу таҷрибаи онҳо аҳамияти калон дорад. Аммо маҷмӯи машқҳои оддие, ки мактаббачагони хурдсол дар рафти таълим иҷро менамоянд онҳо бидуни истифодаи маълумотҳои нав барои тараққии хаёли азнавсозии хонандагон роҳ намекушоянд. Хаёли азнавсозии бачагони синфи дуюм ва хонандагони синфи сеюм аз хаёли азнавсозии хонандагони синфи якум хеле фарқ мекунад. Дар хонандагон хаёли ихтиёрӣ инкишоф меёбад. Онҳо дар асоси тасаввуроти хотир такя карда аз хаёли азнавсозӣ истифода мебаранд. Хаёли эҷодии бачагон дар соли сеюми хониш шакл гирифта рушду нумӯъмеёбад.

Образҳои хаёли азнавсозии хонандагони синфҳои сеюму чорум бо устувории худ фарқ мекунанд, зеро ки онҳо барои аниқ намудан ва фаҳмидани образҳо кӯшиши зиёде мекунанд. Ҳангоми аз нав сохтани образҳо мактаббачагони хурдсол ба таҷрибаи гузашта такя мекунанд. Масалан, хонандагони синфи сеюм ҳангоми аз рӯи расм, сурат, тасвир кардани автомашина хеле кӯшиш мекунанд, аммо душвориҳои техникӣ маҳдудии вақт барои таҳлилу таркиб ба ин халал мерасонад. Онҳо ҳоло автомашинаро ҳамчун механизми бутун тасаввур карда наметавонанд, автомашина дар назари онҳо хамчун маҷмӯи қисмҳои аз ҳам ҷудо ва бо ҳам алоқа надошта дарк карда мешавад. Муҳокимаи хонандагони ин синну сол чунин аст: « Чӣ гунна аз қисмҳои алоҳида автомашинаро сохтанмумкин аст?», « Қисмҳои автомобилро чӣ тавр бо ҳам васл кардан зарур аст?» чунин шакли муҳокимаронӣ шакли оддии ба нақшадарории амалиёт мебошад.

Умуман фаъолияти хаёли азнавсозӣ дарохири синни хурди мактабӣ ба тафаккур пайвастшуда дар амалҳои иродавӣ дар иртиботи байниҳамӣ зоҳир мегардад.Хонандагони синфҳои сеюм ва чорум ҳангомиаз нав ҳосил кардани мазмуни матн ё аз рӯинақша васл намудани қисмҳои автомашина одатан аз худ чизе илова намекунанд, балки матн, расм ё нақшаро айнаназ нав ҳосил менамоянд.

Хаёли хонандагон ба донишҳои махсус асос ёфта барои аз худ намудани тарзҳои иҷрои амалҳои ин ва ё он соҳаи фаъолияти эҷодӣ алоқаманд аст. Хаёли тасвирии бачагон дар рафти дуруст иҷро намудани тарзу воситаи техникаи тасвири расм инкишоф меёбад. Хаёли мусиқӣ дар рафти дуруст иҷро намудани тарзи сурудан ва ё навохтани асбоби мусиқӣ ташаккул меёбад. Хаёли конструкторӣ ба донишҳои техникӣ алоқаманд аст. Барои амали сохтани ин ё он модел хаёли эҷодӣ ёри мерасонад.

Рушди хаёли бачагон ба тарбияи эстетикӣ таъсири мусбат расонида ва дар ин замина тарбияи эстетикӣ ба тараққиёти хаёл низ таъсир мерасонад. Ифоданок хондани адабиёти бадеӣ, тамошои расмҳо, кино, намоишҳои театрӣ, мунтазам шунидани оҳанги мусиқӣ, идроки табиат ва монанди инҳо низ ба тараққиёти хаёл мусоидат менамоянд. Образҳои тахаюлии хонандагон ба туфайли бо санъат ошнои пайдо кардан тараққӣ мекунанд.

Тараққиёти хаёлии хонандагони синни хурди мактабиро ҳам аз рӯи васеъ гардидани доираи ҳаҷми донишу тасаввурот, омӯхтани малака ва қобилияти азнавсозию хаёлӣ эҷодӣ фарқ кардан мумкин аст. Зеро дар ҳамин давраи тараққиёти синнусолӣ доираи талабот, шавқу ҳавас ва имконоти хонандагон барои дарки предмету ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хеле васеъ мегарданд. Акнун мактаббачагони хурдсол ба ҳар як ҳодисаю воқеаҳо аз нигоҳи танқидӣ баҳо доданро ёд мегиранд. Чунин хусусиятҳои психологӣ дар фаъолияти кӯдакони синни томактабӣ дида намешуданд.

Хаёли наврасону ҷавонон нисбатан ихтиёрӣ ва мақсаднок шуда, образҳое, ки онҳо эҳсосу идрок мекунанд дар шакли образҳои тасаввурот пайдо шуда ба ояндаи дуру наздик нигаронида мешаванд.

Дар хонандагони синни миёна ва синфҳои болоӣ дар заминаи омӯхтани фанҳои таълимӣ, чорабиниҳои синфӣ ва беруназмактабӣ хаёли азнавсозӣ ва эҷодӣ инкишоф меёбад. Зеро хонандагони синни миёна ва калони мактабӣ дар маҳфилҳои фаннӣ, сексияҳои варзишӣ, клубҳои гуногун иштирок карда, сатҳи дониш ва қобилияти эҷодии худро баланд мебардоранд. Наврасон ва хонандагони синфҳои болоӣ бештар ба омӯхтани адабиёти илмию оммавӣ ва фантастикӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошта, бисёр мутолиа мекунанд ва баъзан ба олами афсонавӣ ворид шуда, худро дар дунёи дигар мебинанд. Омӯзиши адабиёт, эҷодиёти даҳонии халқ, таърихи халқи тоҷик, ҷуғрофия, астраномия, физика,кимиё ва дигар фанҳои таълимӣ ба рушду ташаккули образҳои хаёлӣ эҷодӣ ва азнавсозии наврасон ва хонандагони синфҳои болоӣ мусоидат мекунанд. Маҳз дар ҳамин зинаи синнусоли барои рушди қобилияти эҷодӣ ва ихтирокории наврасону ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст. Чунки идеали наврасон ва хонандагони синфҳои болоиро тасаввури образӣ, соҳиби касбу ҳунар шудан, ки дар оянда ба талаботи ҷомеа ҷавоб дода тавонад ташкил медиҳад. Образҳои хаёли азнавсозӣ ва эҷодии наврасону ҷавонон дар шаклҳои образҳои гуногун зоҳир мешаванд. Ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки орзӯю омоли онҳо дар зиндагӣ амалӣ гарданд.

Адабиёт

  1. АрнаудовМ.- Психология литературного творчества М… Прогресс, 1970.
  2. Беркенблит М., Петровский А. Фантазия и реальность. М., Политизатҷ, 1968.
  3. ВыготскийЛ.С. Воображение и его развитие в детском возрасте. В кн: Развитие высших психических функғий М., Изд.- АПН РСФСР, 1960.
  4. Дудецкий А.Я. Теоретичиские вопросы воображения и творчества. Смоленск, 1974.
  5. НатадзеРГ. Воображение как фактор поведения. Тбилиси, 1972.
  6. Мухина В.С. Психология дошколыников. М., Просвещение, 1975.
  7. Миралиев А., Давлатов М. Педагогика ва психология. Душанбе, « Ирфон», 2007
  8. ПономаревЯ.А. Психология творчества М., Наука, 1976.
  9. Петровский А.В. Роль игры в развитие фантазии детей. Изд-во Просвешение Москва 1967.
684
Нет комментариев. Ваш будет первым!