Бозори қоғазҳои қимматнок

9.1. Моҳият ва шаклҳои қоғазҳои қимматнок.

9.2. Хусусияти бозори қоғазҳои қимматнок. Биржаи фондӣ.

9.3. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок.

9.1. Моҳият ва шаклҳои қоғазҳои қимматнок

Қоғази қимматнок дар маънои ҳуқуқиаш ҳуҷҷатест, ки ҳуқуқҳои соҳиби онро барои гирифтани фоидаю сармояи ба гаравмондашуда кафолат медиҳад.

Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғази қимматнок ин воситаи молиявиест, ки фирмаҳо ва муассисаҳои давлатии молиявӣ барои гирифтани қарз ва барои ба вуҷуд овардани сармояи нав интишор намудаанд. Ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ қоғазҳои қимматнок воситаи муносибатҳои молиявии байни субъектҳои иқтисодиро ифода менамоянд.

Дар назарияи иқтисодӣ қоғазҳои қимматноки хусусияти ҳиссагидошта ва қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидоштаро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба гурӯҳи якуми қоғазҳои қимматнок пеш аз ҳама саҳмияҳо дохил карда мешаванд.

Саҳмия қоғази қимматноке мебошад, ки ҳиссаи соҳибашро дар сармояи ширкати саҳомӣ нишон дода ба соҳибаш ҳуқуқҳои зерин медиҳад:

  • ҳуқуқи гирифтани даромад дар шакли дивиденд;
  • ҳуқуқи соҳиб шудани моликияти ширкати саҳомӣ дар сурати аз байн рафтани ширкат;
  • ҳуқуқи гирифтани ахборот оиди фаъолияти истеҳсолию молиявии ширкат;
  • ҳуқуқи доштани овоз ҳангоми қабули қарорҳо дар идоракунии ширкат;
  • ҳуқуқи имтиёз доштан ҳангоми хариди саҳмияҳои нави ширкат.

Саҳмияҳо то замони мавҷудияти ширкатҳои саҳомӣ метавонанд дар гардиш бошанд ва саҳмияҳо вобаста ба ҷараёни гирифтани даромад (дивиденд) метавонанд оддӣ ва беном бошанд. Дивиденди саҳмияҳои оддӣ аз фаъолият ва натиҷаҳои молиявии ширкати саҳомӣ вобаста мебошад. Дивиденди саҳмияҳои беном муқарраргардида мебошанд. Агар дар ширкати саҳомӣ ҳарду намуди саҳмияҳо вуҷуд дошта бошанд, пас аввал дивиденди саҳмияҳои беном пардохт карда мешавад.

Саҳмияҳо метавонанд дар шакли номӣ ва ғайриномӣ низ баромад кунанд. Дар саҳмияҳои номӣ номи соҳиби саҳмия нишон дода мешавад ва дар саҳмияҳои ғайриномӣ номи соҳибаш нишон дода намешавад.

Мавҷудияту зарурияти саҳмияҳо дар он аст, ки барои амалӣ намудани баъзе лоиҳаҳои калони истеҳсолӣ соҳибкорони алоҳида маблағ надоранд ва истифодаи саҳмияҳо ин гузариш аз соҳибкории инфиродӣ ба соҳибкории коллективӣ мебошад.

Ба қоғазҳои қимматноки хусусияти қарзидошта бошад вомбарг (облигатсия), вексел, сертификатҳои депозитӣ, сертификати амонатӣ, чек ва қоғазҳои қимматноки давлатӣ дохил мешаванд.

Вомбарг (облигатсия) аз калимаи лотинии obligatio гирифта шуда маънояш ӯҳдадорӣ мебошад. Вомбарг (облигатсия) қоғази қимматноке мебошад, ки қарзи субъекти интишоркунандаашро (эмитент) дар назди соҳиби он нишон медиҳад. Даромад аз вомбаргҳо пардохтҳо «мувофиқи купон» номида шуда, метавонанд дар шакли фоиз, ё ин ки дисконт баромад кунанд. Вомбарг асосан барои пӯшонидани касри буҷа ё барои ҷалб намудани сармоя интишор карда шуда баъд аз тамом шудани мӯҳлаташ пуррра пардохта мешавад, яъне маблағаш баргардонида мешавад. Вобаста ба мӯҳлати баргардонидани маблағаш вомбаргҳои кӯтоҳмӯҳлат (то 1 сол), миёнамӯҳлат (то 5 сол) ва дарозмӯҳлатро (зиёда аз 5 сол) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Вобаста ба намудҳои даромадашон шаклҳои зерини вомбаргҳоро аз ҳамдигар фарқ мекунанд:

Облигатсияҳои дисконтӣ (бо забони англисӣ Zero Coupon Bond)- ин облигатсияҳое мебошанд, ки даромадашон дисконт аст. Ин гуна вомбаргҳо аз нархи номиналиашон пастар фурӯхта мешаванд. Дар сурати наздик омадани мӯҳлати пардохти вомбаргҳои дисконтӣ нархи бозории онҳо боло меравад.

Вомбарг бо фоизи муайяни устувор (бо забони англисӣ Fixed Rate Bond) – ин вомбарге мебошад, ки даромад аз он дар шакли фоизи муайяни устувор пардохт карда мешавад.

Вомбарг бо фоизи муайяни тағирёбанда (бо забони англисӣ Floating Rate Note)- ин вомбарге мебошад, ки даромад аз он аз даромади қоғазҳои қимматноки давлатӣ ва меъёри фоизи қарзҳои байнибонкӣ вобаста аст.

Вексел ин қоғази қимматнок буда, нишон медиҳад, ки субъекти интишоркунандаи он баъд аз тамом шудани мӯҳлати дар он нишондодашуда, маблағи муайянро ба соҳиби вексел бармегардонад. Дар вексел навиштаҷоти махсус (индосамент) ҷой дорад ва дар он номи шахси иҷрокунанда метавонад дарҷ гардад. Агар номи шахси иҷрошаванда дарҷ нашуда бошад онро вексели фармонӣ (ордерӣ) меноманд.

Сертификатҳои депозитӣ ин ҳуҷҷати молиявиест, ки онро муассисаҳои қарзӣ интишор мекунанд. Чунин қоғази қимматнок дар бораи ба нигоҳдорӣ супурдани (депонирование) маблағҳои пулӣ маълумот дода ба соҳибаш ҳуқуқи гирифтани депозитро медиҳад. Сертификатҳои депозитӣ метавонанд бемӯҳлат ва мӯҳлатнок бошанд ва дар онҳо мӯҳлати гирифтани маблағ ва ҳаҷми фоиз нишон дода шудааст.

Сертификати амонатӣ ин ҳуҷҷати молиявиест, ки ба нигоҳдорӣ супурдани (депонирование) маблағҳои пулии шахсони воқеиро дар муассисаҳои қарзӣ шаҳодат медиҳад ва ба соҳибаш ҳуқуқи гирифтани ин маблағ ва фоизи муайянро медиҳад.

Чек ин ҳуҷҷати молиявиест, ки барои ҳатман пардохтани маблағи муайянро аз ҷониби бонк ба нафаре, ки чекро дар дасташ нигоҳ медорад, нишон медиҳад. Дар муносибатҳои молиявии марбути чек се субъект иштирок мекунанд: 1) соҳиби чек – нафаре, ки дар бонк пулашро амонат гузоштааст ва ҳуқуқи ба дигар кас додани чекро дорад. 2) нафаре, ки чекро дар дасташ нигоҳ медорад ва чек ба манфиати ӯ дода шудааст. 3) пардохткунанда, яъне бонке, ки бояд ин маблағро пардохт кунад, ё ин ки бонке, ки соҳиби чек пулашро дар он ҷо амонат гузоштааст.

Қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин ҳуҷҷати молиявие мебошанд, ки ӯҳдадориҳои қарзии ҳукуматро нишон медиҳанд. Шаклҳои маъмули қоғазҳои қимматноки давлатӣ ин векселҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон асосан 91 рӯз), ӯҳдадориҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон 10 сол) ва вомбаргҳои хазинадорӣ (мӯҳлаташон аз 10 то 30 сол) мебошанд. Ин шаклҳои қоғазҳои қимматнок барои хизматрасонии қарзи давлатӣ интишор карда мешаванд.

9.2. Хусусияти бозори қоғазҳои қимматнок. Биржаи фондӣ

Бозори қоғазҳои қимматнок яке аз шаклҳо ва қисматҳои маъмули бозори сармоя буда, барои ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ сарчашмаи асосии захираҳои инвестисионӣ ба ҳисоб меравад. Пайдоши бозори қоғазҳои қимматнок ба мавҷудият ва инкишофи талабот ба захираҳои қарзӣ мебошад. Бозори қоғазҳои қимматнок бошад бар истифодаи сармояи судхурӣ (қарзӣ) асос меёбад ва ҳаракати (хариду фурӯши) қоғазҳои қимматнок ин истифодаи сармояи пулиро ба мақсади судхурӣ (даромади муфт гирифтан) ифода менамояд. Дар чунин сурат қоғазҳои қимматнок шакли ҳуҷҷати қарзиро мегирад.

Вазифаи асосии бозори қоғазҳои қимматнок ин зудҳаракатии (мобилизатсия) маблағҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ барои ташкил ва равнақи истеҳсолот мебошад. Бозори қоғазҳои қимматнокро метавон ба бозори аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо намуд. Дар бозори аввалиндараҷа қоғазҳои қимматноки навинтишоршуда хариду фурӯш карда мешаванд, ки дар натиҷа интишоркунандаи он соҳиби сармояи пулӣ ва харидорон соҳиби қоғазҳои қимматнок мегарданд. Нархи қоғазҳои қимматноки дар бозори авалиндараҷа харидуфурӯшшаванда ба арзиши номиналии онҳо, яъне маблағе, ки дар онҳо нишон дода шудааст баробар аст. Соҳибони қоғазҳои қимматнок метавонанд онҳоро ба дигар субъектҳои иқтисодӣ фурӯшанд ва ин боиси пайдоиши бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қимматнок мегардад. Дар ин шакли бозор нархи (қурби) қоғазҳои қимматнок ба омилҳои гуногун аз қабили даромади ширкатҳои саҳомӣ, вазъи сиёсӣ, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ва фоизи қарзи бонкӣ вобаста мебошад. Масалан, агар даромади ширкатҳои саҳомӣ афзояд, пас қурби саҳмияҳои ширкат низ меафзояд ва баръакс. Бо дарназардошти таъсири омилҳои номбурда қурби қоғазҳои қимматнок дар бозор чунин ҳисоб карда мешавад:

Дар бозори дуюмдараҷаи қоғазҳои қимматнок гардиши биржавӣ ва гардиши ғайрибиржавиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Гардиши биржавии қоғазҳои қимматнок ин хариду фурӯши онҳо дар биржаи фондӣ мебошад.

Гардиши ғайрибиржавии қоғазҳои қимматнок ин хариду фурӯши онҳоро берун аз биржаҳо ифода мекунад. Сабаби асосии ҷой доштани гардиши ғайрибиржавӣ дар он аст, ки ҳар як биржаи фондӣ талаботҳои худро дорад ва на ҳама ширкатҳо ба ин талаботҳо розӣ мешаванд. Гузашта аз ин хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок берун аз биржа хароҷоти ширкатҳоро кам мекунад. Дар бештар мавридҳо ба ин кор фирмаҳои махсуси брокерӣ сару кор доранд. Воситаҳои асосии гардиши ғайрибиржавӣ ин алоқаи телефонӣ, интернет, факс ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Биржаи фондӣ гуфта бозори муташаккили қоғазҳои қимматнокро меноманд, ки дар он хариду фурӯши онҳо сурат мегирад. Биржаи фондӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

  • алоқамандии харидорон ва фурӯшандагони қоғазҳои қимматнокро таъмин менамояд;
  • қурби қоғазҳои қимматнокро таҳлил намуда муносибати сармоядоронро нисбати ҳар яки онҳо муайян менамояд;
  • ба сифати механизми ҳаракати сармоя аз як соҳа ба соҳаи дигар баромад менамояд.

Биржаҳои фондӣ метавонанд ба сифати ширкатҳои саҳомӣ дар асоси моликияти коллективӣ ва ба сифати муассисаи давлатӣ дар асоси моликияти давлатӣ ташкил карда шаванд.

9.3. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок

Давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок ҳамчун субъекти алоҳидаи иқтисодӣ ба сифати харидор ё фурӯшанда метавонад баромад намояд. Хусусан ҳангоме, ки давлат моликияташро фурӯхтанӣ мешавад, ё ин ки ҳангоме, ки давлат тавассути интишори қоғазҳои қимматноки давлатӣ қарз гирифтанӣ мешавад, дар бозори қоғазҳои қимматнок ба сифати фурӯшанда баромад менамояд. Давлат метавонад тавассути каму зиёд намудани ҳаҷми арзаи қоғазҳои қимматноки алоҳида ба нархи онҳо дар бозор таъсир расонад.

Бояд қайд намуд, ки давлат дар бозори қоғазҳои қимматнок на танҳо ба сифти субъекти алоҳидаи иқтисодӣ баромад менамояд, балки ин бозорро тавассути фишангҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ танзим менамояд. Танзими давлатии бозори қоғазҳои қимматнок асосан дар самтҳои зерин сурат мегирад:

  • муайян намудани шаклҳои қоғазҳои қимматнок ва гардиши онҳо;
  • муайян намудани тартиби ташкил ва фаъолияти ширкатҳои саҳомӣ;
  • муайян намудани тартиби интишори қоғазҳои қимматнок;
  • муайян намудани механизми андозбандӣ аз амалиёт бо қоғазҳои қимматнок;
  • муайян намудани тартиби фаъолияти биржаҳои фондӣ ва амалиётҳо бо қоғазҳои қимматнок.

Ин амалиётҳои номбурдаро тавассути ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки фишангҳои маъмурии давлат ба ҳисоб мераванд, муайян менамояд. Фишангҳои дигари маъмурии давлат ин маҳдуд намудани хариди қоғази қимматнок аз ҳисоби қарз мебошад. Яъне давлат муайян менамояд, ки соҳибкорон кадом ҳиссаи саҳмияҳоро аз ҳисоби қарз ва кадом ҳиссаашонро аз ҳисоби сармояи худашон харидорӣ карда метавонанд.

Фишанги асосии иқтисодии давлат барои танзими бозори қоғазҳои қимматнок ин сиёсати монетарӣ мебошад. Агар Бонки марказӣ фоизи қарзро барои бонкҳои тиҷоратӣ баланд намояд, пас нархи сармояи судхурӣ афзуда қурби саҳмияҳо ва вомбаргҳо паст мешавад ва баръакс. Дар сурате, ки Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ зиёд мекунад, хаҷми захираҳои қарзӣ кам шуда, фоизи қарзи бонкҳои тиҷоратӣ боло меравад ва қурби саҳмияҳою вомбаргҳо паст мешавад. Агар Бонки марказӣ меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳои тиҷоратӣ кам намояд, пас меъёри фоиз паст рафта, қурби саҳмия ва вомбаргҳо баланд мешавад.

АДАБИЁТҲО

1. Абӯалӣ ибни Сино. Тадбири манзил. Асарҳои мунтахаб, ҷилди 2.

2. Ш. Ш. Қодиров, Назарияи иқтисодӣ: иқтисоди миллӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ. Душанбе 2001

3. Бобокалони Исомат. Назаре ба афкори иқтисодии ниёгон. Душанбе. «Амри илм». 1998

4. Исломов Султонмурод. Таърихи назариёти иқтисодӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе. «Ирфон». 2001

5. Исоматов Бобокалон. Асосҳои назарияи иқтисод. Душанбе. «Паёми ошно». Қисми дуюм. 2001.

6. Кемпбелл. Р.Макконнелл, Стенли Л.Брю. Экономикс. Москва, 2001., гл. I. ч. I.

7. Курс экономической теории. Под.общ.ред.проф. Чепурина М.Н. и др. Киров «АСА». 1999, Разд. I.

8. Самуэльсон П., Нордхаус В. Экономика. М.: 1999, гл. I.

9. Эмомали Раҳмонов. Тоҷикон дар оинаи таърих. Лондон. 2000.

10. Эмомали Раҳмонов. Тоҷикистон: таҷрибаи таърих ва дурнамои пешрафт. Андешаҳо дар остонаи даҳсолагии истиқлолияти Тоҷикистон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият… Ҷилди 3. Душанбе. «Ирфон». 2001, саҳ. 639-651.

11. Сомонаи tj.tojikon.net

10 Загрузки

1.2K
Нет комментариев. Ваш будет первым!