Шарҳи мафҳуми «иқтисоди миллӣ»

Шарҳи мафҳуми «иқтисоди миллӣ»

«Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозаргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем»

Э.Ш. Раҳмонов

«Иқтисод» дар шароити имрӯза яке аз мафҳумҳои сермасриф ба шумор меравад. Ин мафҳум («экономика») аз калимаи юнонии «ойкономика» – мазмуни оддиаш санъати идоракунии хоҷагии хонавода – гирифта шуда, муносибатҳои хоҷагидориро ифода менамояд.

Иқтисод пеш аз ҳама маҷмӯи муносибатҳои истеҳсоливу хоҷагидории ҷомеа мебошад. Иқтисоди корхона, иқтисоди миллӣ, иқтисоди ҷаҳон, иқтисоди бозорӣ, иқтисоди ниҳонӣ, иқтисоди хурд ё микроиқтисод, иқтисоди бузург ё макроиқтисод, иқтисоди қафомонда, иқтисоди пӯшида ё кушода ва ҳоказо ибораҳо – тобишҳои гуногуни муносибатҳои вобаста ба хочагидорӣ мебошанд. Пайдошавӣ ва инкишофи ин тобишҳо бар асари инкишофи ҷомеаи башарӣ ҷой дошта, марҳилаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидаанд.

Иқтисоди миллӣ аз гурӯҳи равандҳои хоҷагидории мамлакат буда, муносибатҳои хоси иқтисодиро дар худ таҷассум менамояд. Низоми иқтисоди миллӣ истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолро дар миқёси хоҷагии мамлакат дар бар гирифта, моҳияти худро дар шакли маҷмӯи ҷараёнҳои хоси тақсимоти захираҳои маҳдуди иқтисодӣ зоҳир менамояд.

Иқтисоди миллӣ – маҷмӯи иқтисодиёти мамлакат буда, дар заминаи истиқлолияти сиёсӣ, дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллӣ эҳё ва ташаккул меёбад. Таъмини истиқлоли воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии кишвар бо ҳифзу равнақи муносибатҳои накӯ бо ҷамеи мамолики олам, бунёди ҷумҳурии воҳид, озод, мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта, густариши раванд ва ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳамгироии амалии иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии маҳалҳо ва минтақаҳо, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ дар саросари кишвар – омилҳое мебошанд, ки таҳкими иқтисоди миллиро устувор месозанд.

Иқтисод – манбаи дастовардҳои моддии мамлакати миллӣ буда, пешравии он омили ҳалкунандаи рушди ҳамаи дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – маънавиёт, фарҳанг, тамаддуни хос ва ғайра мебошад. Сиёсати давлат аз иқтисод вобаста буда, чуноне ки мегӯянд «сиёсат фишурдаи иқтисод аст». Иқтисодиёт дар як вақт ҳамаи талаботҳои ҷомеаи инсониро дар худ таҷассум менамояд.

Иқтисоди миллии мамлакат ифодакунандаи манфиатҳои моддиву маънавии миллат аст. Ин чӣ маънӣ дорад? Ин чунин маъно дорад, ки дар давлати миллӣ хоҷагии кишвар ба манфиати мардуми он – ба некӯаҳволӣ, таъминоти моддию мадании он хизмат мекунад. Пешрафти иқтисоди миллӣ омили баланд шудани худшиносиву худогоҳии миллӣ буда, боиси ифтихори миллӣ мегардад.

Дар миқёси ҷаҳон чунин қабул шудааст, ки агар дар мамлакат ҳиссаи теъдоди аҳолии як миллат (русҳо, тоторҳо, японҳо, франсузҳо, тоҷикҳо, полякҳо, куриягиҳо, туркҳо, ҳиндуҳо ва ғайра ) 60% ё зиёда аз онро ташкил диҳад, ингуна миллат миллати соҳибунвон шуморида шуда, мамлакатро аксар бо унвони ин миллат ном мебаранд. Аз рӯйи ин қоида бисёри давлатҳои ҷаҳон бо номи миллати аксари аҳолии он номгӯй мешаванд. Новобаста аз номгузориашон ҳар яки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои миллии давлати худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ин ҷо ҳаминро бояд иброз дошт, ки дар давлати бисёрмиллат, аз ҷумла давлати тоҷикон, инкишофи иқтисоди миллиро ба манфиати танҳо як миллат – танҳо шаҳрвандони миллаташ тоҷики ҷумҳурӣ вобаста намудан – ин ҳаргиз маънои дискриминатсияи (қасдан паст, маҳдуд ё маҳрум кардани ҳуқуқҳои) миллатҳои дигари сокини мамлакатро надорад. Мақсад дар ин нест ва давлат ба ин роҳ намедиҳад. Моҳияти давлатдории миллиро ба ду маъно – ба маънои миллӣ ва инчунин маънои умумишаҳрвандӣ дарк намудан лозим аст. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажот, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад»1). Чуноне, ки дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов иброз дошт, Конститутсияи Тоҷикистон таъмини манфиатҳои тамоми халқияту миллатҳо, ривоҷи маданият, забон ва ҳифзи оину суннатҳои онҳоро кафолат медиҳад.

Ҳамин тариқ, иқтисоди миллӣ ифодакунандаи манфиатҳои миллие мебошад, ки ба маънои манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаи сокинони давлати миллӣ новобаста аз миллаташон дониста мешавад.

_______

1) Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 17.

Модоме, ки гап дар бораи хоҷагии миллӣ меравад, бояд ба ибораи «милликунонӣ» низ равшанӣ андохт. Милликунонӣ дар баъзе давраҳо ва давлатҳо яке аз роҳҳои ташаккули пояи иқтисоди миллӣ бошад ҳам, ин роҳи ягона нест. Дар иқтисоди миллии давраи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ҷараёни акси милликунонӣ (ҷараёни ғайридавлатикунонӣ) метавонад сурат гирад, тавре ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ ин ҷараён ҷой дошт. Милликунонӣ маънои ба ихтиёри давлат, ба моликияти он гирифтани корхонахои хусусӣ ва соҳаҳои иқтисодиётро дорад, аммо хочагии миллӣ, моликияти миллӣ, боигарии миллӣ, ошхонаи миллӣ маънои хоҷагии танҳо давлатиро надоранд. Онҳо (ин мафҳумҳо) дар худ мулки ҳам давлатӣ ва ҳам хусусиро ифода менамоянд. Милликунонӣ ҷараёне мебошад, ки на танҳо дар давраҳои табаддулотҳои куллӣ, балки дар давраҳои осоишта низ гузаронида мешавад. Масалан, дар мамлакатҳои тараққикардаи бозорӣ милликунонӣ аз рӯйи зарурат дар соҳаҳое гузаронида мешавад, ки агар онҳо сармоягузории калонро талаб кунанд – ба мисоли саноати ҳарбӣ, сӯзишвориву энергетикӣ, нақлиёт ва дигар соҳаҳои инфраструктура. Албатта давлат ба соҳибони корхонаҳои хусусии миллигардонидашуда ҷубронпулии калон пардохт менамояд. Милликунонӣ дар як қатор мамлакатҳои озодшуда ба хотири халос шудан аз сармоягузорони хориҷӣ, ташаккули бахши давлатии нав низ гузаронида мешавад. Бо ин роҳ давлат ба бунёди иқтисоди миллии худ дар ин мамлакатҳо асос мегузорад. Чунин буд мақсади милликунонӣ баъди Инқилоби Октябр дар Россия соли 1917, ки дар натиҷа заводу фабрикаҳо, роҳҳои оҳан, бонкҳо ва ҳамаи боигарии хусусӣ ба тариқи мусодира ба ихтиёри давлат гузашта буд.

Азбаски иқтисоди миллӣ мафҳуми мураккаб аст, шарҳи онро мехостем батафсилтар баён намоём:

1. Иқтисоди миллӣ маҷмӯи узвҳои бисёрзинаи соҳаҳои гуногун мебошад, ки бо робитаҳои бисёрҷабҳаи иқтисодии худ ба ҳамдигар пайваст гашта, чун организми ягона амал мекунад.

Соҳа гурӯҳи корхонаҳои тахассуси якхела дошта ё намуди алоҳидаи фаъолияти инсон дар доираи ягон кори якхела, истеҳсоли маҳсулоти (хадамоти) якхела мебошад. Соҳаҳо – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, соҳаҳои хизматрасонӣ ва ғайра дар навбати худ ба соҳаҳои чузъӣ – зерсоҳаҳо ҷудо мешаванд.

Мебояд тазаккур дод, ки на ҳамаи соҳаҳои саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд доранд ва ин зарур ҳам нест. Дар бисёр мавридҳо соҳаро ҳамагӣ як ё ду корхона пешбарӣ менамоянд. Дар айни ҳол бисёр соҳаҳои саноат ҳоло таъсис наёфта бошанд ҳам, аммо шояд дар оянда пайдо шаванд – ин аз тақозои замон, пешрафти илму техника, алалхусус тақозои бозору бозордонии мардуми мо вобаста аст. Мо бояд ба ояндаи ҷумҳурӣ дар ин бахш бо назари оптимистӣ бо дарназардошти имкониятҳои калони захиравӣ ва зеҳнии вуҷуддошта, зарурати инкишофи соҳаҳои саноати илмталаб нигарон шавем.

Пешрафти илму техника доимо боиси пайдошавии соҳаю корхонаҳои нав мешавад, масалан 30 –40 сол қаблан дар тасаввуроти мардуми ҷаҳон соҳаи истеҳсоли компютер вуҷуд надошт, зеро ки худи компютер ихтироъ нагашта буд. Ин соҳа 20-25 соли охир арзи вуҷуд намуда, зуд густариш ёфт, дар айни ҳол ба яке аз соҳаҳои зудафзоянда табдил гашт. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо пайдоиши ин «мӯъҷизаи» дасти инсон 11 августи соли 1981 сар зада буд – рӯзе, ки фирмаи калонтарини дунё доир ба истеҳсоли мошинҳои электронии ҳисоббарор ( IBM ном дорад), дар бораи бунёд гаштани нахустин компютери шахсии худ эълон намуд. Санаи мазкур – санаи ҷоришавии устувори стандарти нав дар рушди саноати компютерии ҷаҳон мебошад. Ҳамин тариқ, пайдоиши соҳаҳо ва корхонаҳои нав ҷараёни табиӣ буда, дар оянда аз байн бурдани баъзе соҳаҳои кӯҳна ва ба саҳна баромадани чандин соҳаҳои нав (маҳсулоти нав, хизматрасониҳои нав) – ро тақозо мекунад.

Таснифоти соҳаҳои иқтисодиёт дар давоми 15-20 соли охир тағйироти куллиро аз сар гузаронд. Соҳабандии иқтисоди миллӣ худ як муаммои зарур ва рӯзмарраи низоми иқтисодиву оморӣ буда, аз ҳалли он пешравии иқтисодиву иҷтимоӣ асосноку равшантар арзёбӣ мегардад.

Гурӯҳбандии соҳаҳои иқтисодиёт дар амалияи омори давлатии давраи Шӯравӣ гарчанде доимо дар ҳолати такмилёбӣ қарор дошта бошад ҳам, назарияи ҳукмрони марксистии такрористеҳсолот имконият намедод, ки ин усул бо усули байналхалқии оморӣ пайваст шавад. Умуман гурӯҳбандии умумииттифоқии «Соҳаҳои хоҷагии халқ», ки аз соли 1976 дар иқтисодиёти СССР ҷорӣ гашта буд, бо чанде иловаҳо то соли 1992 амал мекард. Ҳоло дар амалияи омории ҷумҳурӣ соҳабандии соли 1992 бо тағйиротҳои воридшуда амал мекунад. Дар қатори ин аз рӯйи тавсияи Комиссияи омории СММ соҳабандии нав – соҳабандие, ки дар мамолики ҷаҳон қабул ва ҷорӣ шуда, «намудҳои фаъолияти иқтисодӣ» ном дорад, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар марҳилаи густаришёбӣ қарор дорад.

Мафҳуми «соҳа» дар шароити нав хусусиятҳои хосаро пайдо намудааст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ соҳаро «соҳаи хоҷагии халқ» гуфтан чанде дуруст нест, зеро хоҷагии давраи бозаргонӣ хоҷагии «халқӣ» шуда наметавонад. «Хоҷагии «халқ», «манфиатҳои умумихалқӣ», «моликияти умумихалқӣ» – ин ибораҳои таблиғотии давраи сотсиалистӣ буда, дар шароити иқтисоди бозорӣ шаклу моҳияти худро ба куллӣ тағйир додаанд. Бинобар ин дар шароити мавҷудияти моликияти хусусӣ соҳаи хоҷагии миллӣ бидуни ибораи «халқӣ» чун «соҳаи иқтисодиёт» номгӯ мешавад, ки ба воқеияти замон мувофиқат мекунад.

Дар айни ҳол ибораи «хоҷагии халқ» дар қатори ибораи «иқтисодиёт» ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гоҳо вомехӯрад, ки дар ин ҷо танҳо бо маънои ифодаи хоҷагии зинаи болоӣ, яъне зинаи байнисоҳавӣ ё зинаи ба давлат ё минтақаи алоҳидаи давлат таалуқдоштаи он истифода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оморӣ қадам ба қадам ба стандартҳои омории байналмилалӣ мутобиқ ва пайваст шуда, истилоҳҳои байналмилалии иқтисодиву иҷтимоӣ дар фаъолияти ҳисоботсозӣ, банақшагирӣ, пешгӯикунӣ ҷорӣ мешаванд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз рӯйи таснифоти амалкунанда иқтисодиёти мамлакат ба 23 соҳа чудо мешавад, дар байни онҳо се соҳа соҳаи нав буда, солҳои 90-ум ба ҳайати соҳаҳои иқтисодиёт ворид гаштанд. Инҳо соҳаҳои «Хизматрасонии иттилоотиву ҳисобкунӣ», «Амалиётҳо бо амволи ғайриманқул», «Фаъолияти умумии тиҷоратӣ барои таъмини доиршавии бозор» мебошанд.

  1. Иқтисоди миллӣ – чун услуб ё механизми хоҷагидорӣ дар мамлакат мебошад. Ингуна услуб ё механизми хоҷагидорӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дахл дорад, ки ҳамчун низоми батартибдаровардашуда амал мекунанд. Онҳо байни худ алокаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ дошта, дар ҷараёни истеҳсол, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои моддӣ, хизматрасонӣ ва арзишҳои ғайримоддӣ (маънавӣ) иштирок мекунанд. Фаъолияти онҳо дар дохили хоҷагии миллӣ ба тарзи субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ сурат гирифта, равияи гуногуни фаъолиятдорӣ ва статуси хоси ҳуқуқӣ доранд: корхонаву идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳои саҳомии навъҳои гуногун, бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ғайра.
  2. Иқтисоди миллӣ – чун маҷмӯи ҷараёнҳои дар ҷомеа воқеъгаштаи истеҳсолот, тақсимоту истифодаи захираву неъматҳои моддии мамлакат ва инчунин муносибатҳои ҷамъиятии байни одамон, ки дар рафти ин ҷараён пайдо мешаванд. Ингуна муносибатҳо ба таври объективӣ, яъне новобаста аз хоҳишу талаботи одамон ба вуҷуд меоянд ва онҳоро «муносибатҳои истеҳсолӣ» меноманд. Муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун таҳкурсии иқтисодии ҷомеа дар худ чор унсури асосиро дар бар мегиранд – истеҳсолот, тақсимот, истеъмолот, мубодила. Ҳар яки ин унсурҳо дар дохили иқтисоди миллӣ мавқеи хосро соҳиб буда, чун ҷараёни табиӣ ва объекти мустақили идоракунии бо ҳам пайваста амал мекунанд.

4. Хоҷагии миллӣ, чун маҷмӯи иқтисоди дохили кишвар ва иқтисоди беруни мамлакат. Мафҳуми иқтисоди миллӣ дар ҳайати худ на танҳо иқтисоди дохилӣ, балки ҷараёнҳои иқтисодии мамлакатро берун аз марзи он дар бар мегирад. Дар ин ҷо сухан дар бораи фаъолияти резидентҳои давлати мазкур берун аз каламрави мамлакат, истифодаи иқтисодии омилҳои истеҳсолоти (сармоя, қувваи корӣ, воситаҳои истеҳсолот) ба давлати мазкур тааллукдошта меравад, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеъ мебошанд. Ингуна ҷараёнҳои иқтисоди миллӣ танҳо дар шароити иқтисоди кушод пурра доир гашта, аз маҳдудияти қаламрави миллӣ озод мешаванд.

5. Иқтисоди миллӣ – ифодакунандаи низоми бозори миллӣ. Хоҷагии миллӣ дар дохили худ ба тариқи гурӯҳбандӣ бозорҳои махсусро тавлид менамояд – бозори мол, бозори сармоя, бозори хизмат, бозори меҳнат, бозори амволи ғайриманқул, бозори арзӣ, бозори воситаҳои истеҳсолот, бозори моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Инкишофи иқтисоди миллӣ ба такмилёбии бозори дохилии худ мусоидат менамояд.

6.Иқтисоди миллӣ – чун маҷмӯи иқтисодиёти минтақаҳои мамлакат. Иқтисодиёти мамлакат дар дохили худ иқтисодиёти воҳидҳои марзиву маъмурии идоракунӣ (вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо), воҳидҳои марзиву иқтисодии ҷуғрофӣ ва ғайраро муттаҳид менамояд. Гарчанде ҳар яке аз воҳидҳои минтақавӣ дар қаламрави худ мустақил амал мекунанд, аммо дар як вақт онҳо узви ҷудонашавандаи марзии мамлакат буда, якпорчагии онро таъмин месозанд.

7. Иқтисоди миллӣ чун узви иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҳеч як давлати дунё берун аз ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пеш рафта наметавонад. Тақсимоти байналмилалии меҳнат, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, тақозо менамояд, ки давлатҳо афзалияти ингуна тақсимотро истифода намоянд, равобиту ҳамкориҳои иқтисодии худро бо ҷаҳони хориҷ густариш диҳанд. Дар ин асно иқтисоди миллӣ хоҳу нохоҳ ба иқтисоди ҷаҳон мепайвандад. Аммо то чӣ андоза ингуна пайвастагӣ бузургӣ дорад, мустаҳкаму устувор аст, соҳиби дурнамою самарабахш аст – ин аз як ҷиҳат аз фаъолияти давлат вобастагӣ дошта бошад, аз ҷиҳати дигар ба он вобаста аст, ки иқтисодиёти давлати мазкур бо хислатҳои хосаш, захираву имкониятҳои нодираш барои хориҷиён то чӣ андоза таваҷҷӯҳбахш аст. Муносибати «иқтисоди миллӣ – иқтисоди ҷаҳон» барои ҳар як давлат ҳаргуна буда, аз бисёр омилҳои дохиливу беруна зич вобастагӣ дорад. Дар ҳаргуна ҳолат иқтисоди миллӣ ба тариқи расмӣ ё ғайрирасмӣ, зиёд ё кам, бо иқтисоди ҷаҳон ҳамкорӣ намуда, узви расмӣ ё ғайрирасмии он мегардад. Аз хусуси инкишофи ингуна робитаҳо иқтисоди миллиро ба иқтисоди «кушод» ё иқтисоди «пӯшида» чудо мекунанд. Дар гузашта, иқтисоди собиқ СССР иқтисоди пӯшида ба шумор мерафт, азбаски равобити иктисодии беруна пурра таҳти монополияи давлатӣ қарор дошта, субъектҳои хоҷагидории дохилиро аз имконияти мулоқот бо хориҷи кишвар маҳрум месохт.

Ҳоло дар ҷараёни густариши ҷаҳонисозӣ (глобализатсия) иқтисоди миллии давлатҳо чун қисми таркибӣ, ба ҳайси бахше аз хоҷагии ҷаҳонӣ мубаддал гаштаанд. Воқеан меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ афзун гашта, муҳити иқтисодиеро ба миён овардаанд, ки дар он қоидаҳо, принсипҳо, стандартҳо ва арзишҳои умумӣ пеш омадаанд.

8. Иқтисоди миллӣ – чун низоми муайяни дониш, шохаи илми иқтисод, фанни махсуси таълимии иқтисодиёт дар диёри мо вобаста ба давраи нави давлатдорӣ мебошад. Фанни иқтисоди миллӣ вазифаҳои хоси худро дошта, бо фанҳои дигари иқтисодӣ алоқамандии зич дорад. Пайдошавии фанни мазкур дар нақшаи таълимии мактабҳои олии Тоҷикистон аз зарурати омӯзиши он дар заминаи давлатдории шароити соҳибистиқлолӣ ба миён омадааст. Омӯхтани иқтисодиёти кишвар на танҳо ба хотири пайдо намудани тасаввуроти илмӣ дар бораи иқтисодиёти мамлакат, балки, инчунин, чун равияи тарбияи ватанпарварии ҷавонон аҳамияти хоса дорад, зеро меҳри ватанпарварӣ аз донистани иқтисодиёту муаммоҳои он, омодасозиву сафарбаркунии худ барои ҳалли мушкилотҳои Ватан сарчашма мегирад.

Фанни «иқтисоди миллӣ» ва фанни «макроиқтисод», гарчанде, ки мафҳумҳои бо ҳам бисёр наздикро ифода мекунанд, матлаби гуногуни хоси худро доранд. Иқтисоди миллӣ муносибатҳои иқтисодиро дар зинаҳои ҳам болоӣ ва ҳам поёнӣ – зинаҳои макроиқтисодӣ, мезоиқтисодӣ ва микроиқтисодӣ ифода менамояд.

Макроиқтисод муносибатҳои иқтисодиро дар зинаи болоӣ дар миқёси кишварҳои ҷаҳон, хоҷагиҳои миллӣ ё минтақаҳои алоҳидаи он омӯхта, метавонад аз ҳудуди иқтисодиёти миллӣ берун равад, яъне равандҳоеро ифода кунад, ки ба хоҷагиҳои миллии якчанд давлатҳо дахл доранд. Масалан, муносибатҳои вобаста ба тағйирёбии қурби асъор, асъоре ки дар ҷаҳон гардиши васеъ дорад. Мезоиқтисод зинаи мобайнии байни иқтисодиёти мамлакат ва иқтисодиёти корхона мебошад. Объекти микроиқтисод зинаи поёнӣ – иқтисодиёти корхонаҳо, хоҷагиҳои хонавода мебошад. Дар доираи фанни иқтисоди миллӣ масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки характери ҳам макроиқтисодӣ ва ҳам микроиқтисодӣ доранд.

0 Загрузки

537
Нет комментариев. Ваш будет первым!