Тавсифи хислатҳои иқтисоди миллӣ

Характери миллӣ гирифтани иқтисодиёти кишвар ба он имконият медиҳад, ки якчанд хислатҳои навро соҳиб шавад. Чун организми ягона вай чунин нишонаҳоро дар бар гирифта амал мекунад:

якум, фазои ягонаи иқтисодӣ, ки дар асоси қонунгузории ягона, воҳиди ягонаи пулӣ, низоми умумии қарзию пулӣ ва молиявӣ ташаккул ёфтааст;

дуюм, алоқаҳои пайвастаи иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидор, ки дар доираи умумии такрористеҳсолоти кишвар ба вуҷуд омадаанд;

сеюм, мавҷудияти маркази ягонаи мустақили идора, танзим ва ҳамоҳангсозии иқтисодиёт, ки аз мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи марказӣ иборатанд;

чорум, вуҷуд доштани маҳдудияти марзӣ, ки бо марзи кишвар муайян мешавад;

Дар муқоиса бо иқтисоди ҳукми миллӣ надошта иқтисоди миллӣ якчанд хислатҳои хоса – хислатҳои табииро пайдо мекунад. Ин хислатҳое мебошанд, ки танҳо дар шароити соҳибистиқлолии давлатӣ воқеъ гашта, аз шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ, ангезаи масъулияти давлатӣ аз рӯйи натиҷаҳои хоҷагибариву роҳбарикунӣ ба миён меоянд. Ин хислатҳо, гарчанде, сараввал ба чашм ноаёнанд, аммо дарк намудани онҳо, гузашта аз ин, истифода намудани омилҳои аз онҳо бармеомада тақозои идоракунии оқилонаи иқтисоди миллӣ мегарданд. Дар бораи ингуна хислатҳо мехостем возеҳтар баён намоем.

Иқтисоди миллӣ бо таркиби бисёрсоҳаву рангоранги худ на танҳо маҷмӯи соҳаҳо ва корхонаҳо мебошад, балки як организми инкишофёбандаи сифатан нави ҷамъиятӣ аст. Инкишофи иқтисоди миллиро албатта пешрафти соҳа ва корхонаҳо муайян мекунад, аммо ингуна инкишофро пурра (танҳо) чун омили соҳавӣ тасаввур ва маънидод намудан нодуруст мебошад. Дар ин ҷо омилҳои байнисоҳавӣ, ё омилҳои берун аз ҳудуди соҳавӣ амалкунанда низ ҷой доранд, ки набояд сарфи назар шаванд. Бинобар ин иқтисоди мамлакат – ин на танҳо ҷамбасти соҳаҳои он (маҳсули соҳаҳо ё корхонаҳо дар маҷмӯъ) мебошад. Муносибати рӯякӣ, ҷамъи оддии соҳавии ҳосилшуда ҳоло мазмуни пурраи иқтисоди миллиро ифода намекунанд. Дар ин ҷо нобаробарии миқдор ба сифат ҷой дорад.

Таҷзияву таҳлили иқтисоди миллӣ бояд дар доираи нишондихандахои макроиқтисодӣ бо дарназардошти захираҳои мавҷуда ва субъектҳои иқтисодии он, ки байни худ дар ҷараёни истеҳсолу истеъмол, тақсимоту мубодила, бо ҳам пайвастагии печ дар печ ва ҳамкорӣ қарор доранд, дар якҷоягӣ баррасӣ шаванд.

Иқтисоди миллӣ нерӯҳоеро дорост, ки онҳо на танҳо дар қишри сатҳӣ, рӯякӣ воқеанд, балки дар қабатҳои поёнии иқтисодиёт ҷой гирифтаанд. Ин нерӯҳо барои инкишофу рушди иқтисод метавонанд сафарбар карда шаванд. Захираҳои /имкониятҳои/ дохилии иқтисодиёт ҳеч гоҳ тамом намешаванд, зеро истифодаи як гурӯҳи ин захираҳо хотима ёбад, имкониятҳои дигари нав пайдо мешаванд – захираҳое, ки бо пешрафти илму техника вобастаанд – пешравие, ки чуноне маълум аст, ниҳоӣ надорад. Бинобар ин рушди иқтисоди миллиро мебояд ки доимо бо нигоҳи оптимистиву воқеияти том тасаввур намуд. Дар ин ҷо дар бобати ноилшавӣ ба захираҳову имкониятҳои иқтисоди миллӣ сухан ронда, албатта усулҳои гуногуни онро қайд намудан ҷоиз мешавад: захираҳое ҳастанд, ки бо осонӣ ба даст меоянд, ин имкониятҳое мебошанд, ки рӯякӣ воқеанд. Ҳангоме ки онҳо хотима меёбанд, яъне «чун қаймоқи болои шир гирифта мешавад», зарур меояд, ки ба имкониятҳои бо мушкилӣ дастрасшаванда назар афканда, онҳо ҳар чӣ бармаҳал истифода шаванд.

Ба иқтисоди миллӣ якчанд хислатхои хос мансубанд, ки онҳо аз низоми умумии он бармеоянд.

Хислати якпорчагӣ – иқтисоди миллӣ дар худ хислати ягонагиву тамомиятро дорад. Ин хислат дар он ифода меёбад, ки тағйироти ягон узви алоҳидаи иқтисод ба узвҳои дигар бетаъсир монда наметавонад.

Иқтисодиёт бо ин хислати худ, вобастагии узвҳо ба ҷамъияти инсонӣ ташбеҳ дорад, ба ин маъное, ки агар дар ягон бахши иқтисод тағйироти куллӣ ба вуҷуд ояд – пешравӣ ё қафомонӣ ба миён ояд, офати табиӣ рух диҳад, зарари моддӣ расад, – ҳамаи ин ҳодисаҳо дарҳол ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисоди миллӣ таъсир нарасонда намемонанд. Дар ин ҷо беихтиёр гуфтаҳои Шайх Саъдии бузургро нисбати пайвастагии узвии Бани-Одам ёдовар мешавем, ки фармудааст:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор

Якпорчагӣ инчунин маънои онро дорад, ки вазъи умумии иқтисоди миллии мамлакат ба фаъолияту натиҷаҳои кори субъектҳои алоҳида, сохтору рафтори онҳо бе чуну чаро таъсир мерасонад. Сабаби ин ҳолатҳо дар он аст, ки қисматҳои иқтисодиёт дар зинаҳои гуногун дар печопечию вобастагии риштаҳои худ қарор дошта, ба қоидаҳои тақсимоти меҳнат асос ёфтаанд. Майлон намудани ин қисматҳо барои таъмини якпорчагии иқтисоди миллӣ ба ӯҳдаи низоми идоракунӣ вогузошта шудааст.

Хислати иерархии иқтисоди миллӣ дар он аст, ки дар сохторҳои дохилии он низоми иерархӣ ҷой дорад – сохторҳову унсурҳои он аз боло ба поён ҷойгир шуда, аз ин рӯ тартиботи зинагии итоаткунии (ташкилоту одамон) аз рӯйи мартаба ва мансаб, яъне «зинаҳои иерархӣ» сурат мегирад.

Хислати ҳамгироӣ (интегративӣ) – хислате мебошад, ки дар худи қисматҳои дохилии иқтисоди миллӣ вуҷуд надорад. Имконияти ҳамгироие, ки ба иқтисоди миллӣ мансуб аст – ин қобилияти он барои муттаҳид сохтани қисмҳои ҷудогонаи низоми иқтисодӣ, имкониятест, ки дар натиҷа самараи пайвастагию ҳамкориро ба вуҷуд меорад. Иқтисоди миллӣ аз ин хислати худ истифода намуда, соҳиби самараи ҳамгироӣ мегардад.

Дар иқтисоди миллӣ ҳар як субъект – хоҷагию фирма, минтақаи алоҳида ё давлат, – ҳар яки онҳо ба фазои иқтисодӣ ворид гашта, манфиати худро чашмдошт мешаванд. Мувофиқа намудани ин манфиатҳо бо иродаи қонунҳои объективии иқтисодӣ сурат мегирад: ҳар як субъект дар ҷустуҷӯи манфиатҳои мушаххаси худ дар айни ҳол барои ҳосил гаштани манфиатҳои зиёди умумӣ мусоидат мекунад.

Дар катори зикргардида иқтисоди миллӣ якчанд хислатҳои дигареро дорост:

якум, иқтисоди миллӣ низоме мебошад, ки доимо дар холати харакат, тағйирёбӣ ва ҷараёни инкишоф қарор дорад;

дуюм, иқтисоди миллӣ метавонад низоми дохилӣ ё беруна, низоми кушода ё пӯшида дошта бошад. Аз ин рӯ ибораҳои (мафҳумҳхои) гуногун арзи вуҷуд доранд: иқтисоди дохилӣ, иқтисоди миллӣ, иқтисоди боз ( озод ё кушода), иқтисоди баста (пӯшида), иқтисоди мушоҳиданашаванда ( ниҳонӣ ё пинҳонӣ).

Ин мафҳумҳои ба ҳам наздик муносибатҳои гуногунро ифода мекунанд, бинобар ин мехостем ба ҳар яки онҳо мухтасар гузашта истем.

Иқтисоди дохилӣ фаъолиятеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби ҳам резидентҳо1)<sup/>* ва ҳам ғайрирезидентҳо дар қаламрави марзи иқтисодии мамлакат воқеъ мешавад.

Иқтисоди миллӣ бошад фаъолияти танҳо резидентҳоро дар бар мегирад, новобаста аз ҷои воқеъ гаштаи онҳо – дар марзи иқтисодии мамлакат ё берун аз он. Яъне ба иқтисоди миллӣ фаъолиятҳои иқтисодие низ дохил мешаванд, ки аз ҷониби резидентҳо ҳатто агар дар қаламрави марзи иқтисодии мамлакатҳои хориҷӣ содир шаванд. Барои рӯшани андохтан ба ин масъала мехостем чунин мисол орем. Масалан, маълум аст ки резидентҳои давлати мо (шаҳрвандони мо) дар давлатҳои хориҷӣ (Русия, Қазоқистон ва ғайра ) кор карда, даромад ба даст меоранд ва ин даромад рӯзе ба давлати мо ворид мешавад. Ҳамин маблағе, ки берун аз марзи давлати мо, аммо аз ҷониби шаҳрвандони (резидентҳои) давлати мо ҳамчун даромад ба даст омадааст, ба иқтисоди миллӣ (маҳсулоти миллии давлати мо) дохил мешавад. Дар айни ҳол даромади шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави давлати мо фаъолият (тиҷорат, кор, хизмат) намуда ба даст овардаанд, чигуна арзёбӣ мешавад? Ингуна даромадҳои резидентҳои хориҷӣ ба иқтисоди миллии мо оё дохил мешаванд? Барои саҳеҳии посух ба ин савол дар доираи низоми омории иқтисоди миллӣ бояд дар бораи ду нишондиҳандаи макроиқтисодӣ – маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) ёдовар шуд. Мувофиқи онҳо даромади шаҳрвандони хориҷӣ дар дохили давлати мо ба даромади дохилии мо (ММД) дохил мешаванд, аммо ба маҳсулоти миллии мо (МММ) дохил намешаванд. Аз ин гуфтаҳо бояд хулоса баровард, ки иқтисоди миллӣ – ин маҷмӯи даромаде мебошад, ки резидентҳои давлати мо дар дохили мамлакат ва дар давлатҳои хориҷӣ ба даст овардаанд. Вақто ки сухан дар бораи даромад меравад, мо дар назар дорем маблағе ки на танҳо аз иҷро намудани ягон кор (музди меҳнат), соҳибкорӣ ва ғайра, балки даромаде, ки аз ҳисоби дигар омилҳои истеҳсолот – аз ҳисоби фоизи қарз, аз ҳисоби воситаҳои истеҳсолоти дар ихтиёрашон буда (корхона, бино, иҷораи онҳо) ба даст омадааст.

Аз назари бехатарии иқтисодии мамлакат бояд мафҳумҳои «иқтисоди кушода» ва «иқтисоди пӯшида»-ро фарқ намуд.

Иқтисоди миллии кушода ё озод – ин мамлакате мебошад, ки дар он ҳамаи шаҳрвандон имконият доранд бе маҳдудият дар бозорҳои байналхалқии молу сармоя, дар амалиётҳои тиҷоратӣ ширкат намоянд, субъектҳои хориҷӣ бошанд дар қаламрави кишвар низ озодона фаъолият баранд. Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шаҳрвандон ба ингуна имконият соҳиб набуданд, зеро ки тамоми савдои хориҷӣ дар монополияи давлат қарор дошт ва бинобар ин шаҳрвандон ба хориҷи кишвар бо маҳдудиятҳои калон, расмиятҳои мураккаби махсус танҳо бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ рафту омад мекарданд. Ҳамингуна маҳдудият нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки ба давлати мо меомаданд, низ ҷой дошт. Бинобар иқтисоди давлати Шӯравиро иқтисоди пӯшида меномиданд.

«Озод (кушода)» будани иқтисоди миллӣ зарурати васеъ намудани амалияи танзими давлатиро ба миён меоварад, яъне мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти қонунгузор оид ба ҳамоҳангсозии ҷараёнҳои иқтисодӣ ва таъмини бехатарии иқтисодӣ бояд чораҳои заруриро биандешанд.

Таҷрибаи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар ҳолати дастрасшавии «содироти соф» (афзоиши савдои хориҷӣ ба қадре, ки дар он ҳаҷми содирот аз ҳаҷми воридот зиёд аст), даромади миллӣ афзоиш меёбад. Ингуна афзоиш нест мешавад, агар байни содироту воридот баробарӣ ба вуҷуд ояд. Дар ҳолате, ки воридот ба кишвар аз содирот афзун гардад, дар он ҳолат тамоюли камшавии ҳаҷми даромади миллӣ ба вуҷуд омада, низоми хоҷагидории мамлакат вайрон мешавад. Ин ҳолат ба бӯҳрон, номутаносибии рушди соҳаҳо ва минтақаҳои алоҳида, инчунин суст гаштани мавқеи мамлакат дар низоми иқтисодиву сиёсии ҷаҳон ва, чун оқибат, ба камбизоатии гурӯҳҳои васеи аҳолӣ оварда мерасонад. Ҳамин тариқ инкишофи озодгардии ё пӯшидагардии низоми иқтисоди миллӣ ба нишондиҳандаҳои пардохтпазирии давлат, бехатарии иқтисодӣ таъсири худро мерасонад.

Барои арзёбӣ намудани сатҳи «кушода» ё «пӯшида» будани низоми хоҷагидории миллӣ нишондиҳандаҳое истифода мешаванд, ки онҳоро ба ду гурӯҳ – нишондиҳандаҳои мустақим ва ғайримустақим ҷудо кардан мумкин аст.

Ба нишондиҳандаҳои мустақим инҳо дохил мешаванд:

  • ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти миллии мамлакат, ки дар бозори ҷаҳонӣ иваз мешавад. Инро «квотаи савдои хориҷӣ дар МММ» меноманд;
  • ҳиссаи содирот дар ҳаҷми истеҳсолоти миллӣ;
  • ҳиссаи воридот дар истеъмоли миллӣ аз рӯйи маводи озуқаворӣ ва молҳои ғайрихӯрока;
  • ҳиссаи инвеститсияи хориҷӣ дар ҳаҷми умумии андӯхти мамлакат (сармояи воқеӣ ва портфелӣ).

Ҳар яки ин нишондиҳандаҳои умумӣ бояд ки бо нишондиҳандаҳои дақиқ (ҷузъӣ) бо дарназардошти намудҳои мушаххаси молҳои содиротӣ ва воридотӣ (намудҳои алоҳидаи маводи хӯрока, доруворӣ, таҷҳизот, ашёи хом, маҳсулоти энергетикӣ ва ғайра) баррасӣ шаванд. Ҳудуди ногувори ин нишондиҳандаҳо сатҳи бехатарии иқтисодӣ, озуқаворӣ, фарматсевтӣ, технологӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои бехатарии мамлакатро нишон медиҳад.

Ба гурӯҳи дуюм – нишондиҳандаҳои ғайримустақими дараҷаи озод ё пӯшида будани мамлакат, онҳое дохил мешаванд, ки бузургиҳои миқдории ҷараёнҳо ва зуҳуроти иқтисодиётро арзёбӣ кунанд. Чунончи:

  • иштироки давлат дар созишномаҳо, иттиҳодияҳо, шартномаҳои иқтисодии байнидавлатӣ;
  • сатҳи «долларикунонӣ» дар муомилоти дохилихоҷагии мамлакат;
  • воридотшавии арзи хориҷӣ ба мамлакат ва берун рафтани он;
  • ҳаҷми ба мамлакат воридшавии маводи мухаддир, яроқ ва дигар чизҳои манъшуда;
  • шумораи минтақаҳои озоди иқтисодии амалкунанда дар мамлакат;
  • ҳаҷми моли аз берун воридшаванда дар муомилоти савдои дохилии мамлакат.

Нишондиҳандаҳои ғайримустақими «кушода» ё «пӯшида» будани иқтисодиёти мамлакат даҳҳо дигар нишондиҳандаҳоро дар бар мегиранд. Онҳо якҷоя бо нишондиҳандаҳои мустақим дараҷаи воридшавии мамлакатро ба хоҷагии ҷаҳонӣ нишон дода, дар айни ҳол дар бораи вобастагии иқтисоди миллӣ аз хориҷа, сатҳи мустақилии он – то чӣ андоза захираҳои хориҷӣ ба мақсадҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, истеъмоли ҷамъиятиву истеъмоли шахсии аҳолӣ равона мешаванд, нишон медиҳанд.

Дараҷаи кушода ё пӯшида будани иқтисоди миллӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат вобаста аст. Назарияи иқтисод дар ин бахш ду намуди сиёсати давлатро дар танзими иқтисодии хориҷӣ ҷудо мекунад: «сиёсати савдои озод» (фритредерство) ва «сиёсати ҳимоягарии истеҳсолкунандагони ватанӣ» (протексионизм).

Мувофиқи «сиёсати савдои озод» давлат, мақомоти гумрукӣ асосан вазифаи бақайдгириро иҷро намуда, ба воридоти мол маҳдудият муқаррар намекунанд. Ингуна сиёсат бештар ба кишварҳои иқтидиёташон пешрафта ва дорои корхонаҳои ба рақобати беруна тобовар хос аст. Сиёсати протексионистӣ, баръакс, ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ, ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз рақобати молу корхонаҳои хориҷӣ сатҳи баланди боҷи гумрукӣ, маҳдудиятҳои воридотиро пешбарӣ менамояд. Ин ду унсури сиёсати давлатӣ дар робитаҳои хориҷӣ дар амал ба таври соф истифода нашуда, балки якҷоя, аз рӯйи афзалиятҳои ҳар яке, истифода мешаванд.

Сиёсати имрӯзаи давлати моро дар муносибатҳои байналхалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов кушоду равшан муайян сохта, қатъӣ иброз намудааст: «Асоси фаъолияти хориҷии имрӯзаи кишвари моро сиёсати дарҳои кушода, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ташкил медиҳад. Саъю кӯшиш ва талошҳои пайвастаи мо, ки ҳадаф аз он аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дар симои Тоҷикистон дида тавонистани шарик ва ҳамкори боэтимод буд, натиҷаҳои хуб ба даст овардаанд. Ва имрӯз мо метавонем бо қаноатмандӣ гӯем, ки дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳои дуҷонибаи кишварҳо фикру мавқеи Тоҷикистон қадру қимати арзанда дорад. Акнун Тоҷикистон аз тарафи аҳли олам ҳамчун давлате шинохта шудааст, ки бемайлон бо роҳи демократия ва иқтисоди бозорӣ пеш меравад»1)<sup/>

«Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дарҳои кушода ҳамчунон устувор мебошад, – меафзояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ бахшида ба 12-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ ва 1100 солагии зодрӯзи Носири Хусрав 8 сентябри с. 2003, – яъне, мо омода ҳастем бо ҳамаи давлатҳо ва ташкилоту созмонҳое, ки мехоҳанд робитаҳои беғаразонаро бо мо идома диҳанд, ҳамкорӣ намоем. Инчунин доираи ҳамкориҳои худро бо созмонҳои молиявӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқию минтақавӣ, ки барои инкишофи иқтисодиёт ва мустаҳкам шудани соҳибихтиёрии мамлакат мусоидат мекунанд, минбаъд ҳам густариш медиҳем.

Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, дар айни замон ба парастиши ғайриогоҳонаи фарҳанги бегона ва қабули кӯтоҳандешонаи баъзе унсурҳои ноҷоиз, ки метавонанд суннатҳои миллиро поймол намоянд, роҳ намедиҳем. Ин албатта, маънои инкор кардани фарҳанги асили ҷаҳони мутамаддинро бо дастовардҳои бузургаш дар соҳаи илму технология ва маънавиёт надорад.

Имрӯз ба пешрафти тафаккур, рушди ҷаҳонбинии муосир ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ на бо роҳи манъ кардану канораҷӯӣ намудан аз арзишҳои умумибашарӣ, балки тавассути ворид шудан ба маҷрои пурталотуми глобализатсияи иқтисодӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ноил шудан мумкин аст»1)<sup/>. Чунин аст муносибати давлати мо ба равобити хориҷии иқтисодӣ ва фарҳангӣ.

Иқтисоди миллӣ дар ҳайати худ чунин низомҳои зерсохтро дар бар мегирад:

  1. Давлат (ҳукумат, бонки миллӣ, нозироти андоз ва дигар мақомоти давлатӣ)
  2. Сохторҳои маъмуриву минтақавӣ (мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ )
  3. Созмонҳо (ширкатҳову ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ)
  4. Хоҷагии хонавода, фард (инсон чун иштирокчии амалҳои иҷтимоиву иқтисодӣ) Дар иқтисоди миллӣ унсури ибтидоӣ хочагии хонавода, оилавӣ, хочагии ҳар як фарди чомеъа мебошанд, ки ба бозор ҳам талабот ва ҳам таклифот (таклифоти қувваи корӣ, сармоя ва ғайра) пешкаш мекунанд. Фаъолияти инсон, ҳар як фарди чомеа чун субъекти хоҷагидорӣ, корманд, ё истеҳсолкунандаи мол ва хизмат, чун соҳибмулк ва ғайра – нишонаҳое мебошанд, ки мавқеи одамро дар иқтисод муайян мекунанд. Гузашта аз ин инсон, инчунин, ду намуд вазифаи дигарро иҷро мекунад: аввало, вазифаи мақсадгузориро, яъне ба субъектҳои хоҷагидорие, ки ба ҳайати онҳо дохил мешавад, ӯ мақсад мегузорад; дуюм, инсон дар худ талаботи ҷамъиятиро таҷассум намуда, табиатан ба низоми иқтисодии зинаҳои гуногун аз корхона сар карда то зинаи болоии иқтисоди миллӣ дархостҳо пешниход менамояд, ки талаботи мушаххаси ӯро қонеъ гардонанд, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дархости пардохтшаванда. Ҳамин тариқ ҳар фарди ҷомеа ду намуд вазифаи бо ҳам мухталиф (мақсадгузорӣ ва дархостпешниҳодкунӣ)-ро дар худ таҷассум менамояд.
  1. 1)Резидентњо кињоянд? Азбаски дар боло вожаи «резидент» ва «ѓайрирезидент» номбар шуд, мехостем шарњи онњоро биёрем.

    Вожаи «резидент» аз калимаи лотинии residentis бошанда, барои истиќомат омада – шањрванди ягон кишваре, ки дар давлати хориљї доимї зиндагї мекунад.

    Резидентњо чун воњиди иќтисодї – хољагињои хонавода, корхонањо, ташкилотњои мамлакати мазкур мешаванд, ки агар манфиатњои иќтисодии онњо марзи иќтисодии давлати мазкурро фаро гиранд.

    Резидентњои давлати мазкур – ин хољагињои хонавода, корхонањо, ташкилотњое мебошанд, ки агар онњо фаъолияти иќтисодиро дар њудуди марзи иќтисодии мамлакати мазкур дар давоми як сол ва зиёда аз он давом дињанд.

    Мафњуми резидент бо мафњуми шањрвандї ё мафњуми миллат баробар нест!

    Ба резидентњои мамлакати мазкур бештар шахсоне дохил мешаванд, ки дар дохили марзи њамин мамлакат истиќомат доранд, бидуни шахсоне, ки ба мўњлати кўтоњ (камтар аз як сол) омада мераванд – туристњо, артистњо, варзишгарон, олимњо, коргарони мавсимї ва ѓайра. Ба гурўњи резидентњо низ дохил намешаванд оилањои сафоратхонањои хориљї, намояндагињо ва дигар ташкилотњои дипломатии хориљї. Инчунин њайати њарбии давлатњои дигаре, ки дар мамлакати мазкур воќеанд, низ ба њайати резидентњо дохил намешаванд.

    Агар шањрвандони давлати мазкурро сафоратхонањои хориљии дар ин мамлакат воќеъ буда ба худ ба кор гиранд њам, ин шањрвандон статуси резиденти давлати мазкурро гум намекунанд. Бо ибораи дигар ашхоси мањаллї, ки ба сафоратхонањои мо дар хориља ба кор љалб карда мешаванд, резидентњои давлати мо њисоб намешаванд.

    Агар яке аз аъзои оила (яке аз намояндаи хољагии оилавї) резидентии худро дар ин давлат гум кунад, дар њолате, ки аъзоњои дигари оила дар ин давлат иќомат мекунанд, њамон шахс минбаъд аъзои хочагии оилавї њисоб карда намешавад. Ингуна ашхоси алоњида, ки дар хориља зиёда аз як сол иќомат дошта, муттасил кор мекунад, резидентии давлати худашро гум мекунад, њатто дар сурате ки агар корхонаи кор мекардагиаш корхонаи резидентии давлати худаш бошад.

    Кормандони низомї, хизматчиёни давлатї (аз љумла дипломатњо), ки ба анклавњои хориљии давлати мазкур ба кор ба тариќи киро љалб карда мешаванд, резидентњои давлати мазкур њисоб намешаванд.

    Донишљуёни хориљї резидентњои њамон давлате мебошанд, ки онњоро барои хондан фиристодааст, новобаста аз муњлати тањсил, агар бо шарте, ки онњо алокањои иќтисодияшонро бо давлати худ канда накунанд.

    Ашхосе, ки дар хориља муолиља мешавад, гарчанде мўњлати табобат аз як сол зиёд бошад њам, резиденти давлати худ боќї мемонад.

0 Загрузки

423
Нет комментариев. Ваш будет первым!