Сохтори иқтисоди миллӣ

Рушди самараноки иқтисоди миллӣ аз сохтори ӯ вобастагӣ дорад. Сохтор то чӣ андоза мукаммал бошад, ҳамон қадар ба рушди иқтисод мусоидат менамояд. Пас сохтор чист?

Сохторро дар бисёр ҳолатҳо ҳамчун сохт, таркибу таносуби дохилии ягон чиз (объект) мефаҳманд. Сохтори аҳолиро чун таркиби дохилии он аз рӯйи ҷинс, синну сол, ҳолати шуғл, сохтори воситаҳои истеҳсолотро аз рӯйи таркибу таносуби биноҳо, иншоотҳо, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва ғайра муайян мекунанд. Бо ҳамин усул сохтори талабот, сохтори маҳсулот, сохтори содироту воридот ва ғайра муайян карда мешавад. Ин дуруст аст, аммо сохтор – ин на танҳо таркиб, балки пайвастагӣ ва таносуби узвҳои дохилиро ифода мекунад. Таносуби дохилиро дар бисёр ҳолатхо бо фоиз ё коэффитсиент ифода мекунанд – ҳамчун ҳиссаи ҳар як узв, ҳар як унсур дар маҷмӯи додашуда. Аз тағйирёбии ҳиссаи намудҳои алоҳидаи таркибӣ самаранокӣ вобастагӣ дорад.

Сохтори иқтисоди миллӣ – ин пеш аз ҳама таркиби ӯ аз нуқтаи назари миқдор ва ҷобаҷошавии бахшҳо, соҳаҳо, корхонаҳои тахассусу тобеияти ҳаргуна, моликияти гуногун, минтакаҳову объектҳои марзии мамлакат ва дигар унсурхои таркибӣ. Таркиб ва таносуби маҷмӯи унсурҳои сохторӣ самаранокии иқтисоди миллиро муайян мекунад.

Сохтори иқтисоди миллӣ – таркиби дохилӣ ва пайвастагии соҳаҳо ва узвҳоро ифода намуда, на танҳо ҷиҳати миқдорӣ, балки ҷихати сифатии онро, вобаста ба таносубҳои дохилӣ инъикос менамояд. Сохтори иқтисоди миллӣ чун ифодакунандаи дараҷаи таркибёбии иқтисодиёт мутобиқи шароити замон арзёбӣ мешавад.

Такмили сохтор бо дарназардошти мукаммалшавии муносибатҳои истеҳсоливу иқтисодӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакат сурат мегирад. Ҳолати сохтори иқтисодро омилҳои дохилӣ ва беруна, захираҳои табиии кишвар ва тарзи истифодаи онҳо, инчунин, характери талаботҳои ҷамъиятӣ муайян мекунанд. Азбаски худи ин омилҳо тағйирёбанда ҳастанд, сохтори иқтисоди миллӣ низ бетағйир монда наметавонад.

Сохтор доимо дар ҳолати инкишофу тағйирёбӣ қарор дорад, ки онро ҷунбиши (лағжиши) сохторӣ меноманд,

Ингуна ҷунбиш дар шароити бозор бештар дар натиҷаи рақобати бозорӣ ба миён меояд: ҳамчун оқибати муфлисшавӣ баъзе корхонаҳо ё соҳаҳои иқтисодиёт фаъолияти истеҳсолии худро қатъ мегардонанд, аз рӯйи талаботи бозор баръакс корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бунёд мешаванд, ки фаъолияти онҳо сохтори истеҳсоли маҳсулот ва хизматро дар минтақа ба куллӣ тагйир медиҳад.

Ҳамин тариқ ҷунбиши сохторӣ метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад, ё ба манфиати пешравии иқтисодӣ, ё, баракс, сабаби монеъшавии он гардад. Бинобар ин дар фаъолияти иқтисодӣ, бахусус, таҳлили иқтисоди миллӣ санҷиши ҷунбиши сохторӣ зарур мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ингуна санҷиш муайян карда мешавад, ки дар иқтисодиёти кишвар чӣ навъ тағйиротҳои сохторӣ ба вуҷуд омадаанд ва онҳо ба натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии мамлакат чигуна таъсир бахшидаанд.

Дар қатори фишори бозорӣ, инкишофи сохторӣ дар мамлакат ба сиёсати иқтисодии давлат асос ёфта, аз рӯйи барномаҳои махсуси иқтисодии ҳукумат гузаронида мешавад.

Сохтори иқтисоди миллӣ, тавре ки қайд карда шуд, таносуби микдориро ифода мекунад, – таносуби байни соҳаҳо, байни гурӯҳҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ё дигар қисматҳои иқтисоди миллӣ. Аз рӯйи ингуна таносубҳо сохтори иқтисоди миллиро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

– сохтори соҳавӣ;

– сохтори минтақавӣ;

– сохтори такрористеҳсолӣ;

– сохтори умумииқтисодӣ;

– сохтори иҷтимоӣ.

Сохтори соҳавӣ таносуби байни соҳаҳои иқтисодиёти кишварро ба монанди саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва ғайра, яъне вазни хоси ҳар яки ин соҳаҳоро, масалан, дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё дар шумораи умумии кормандон муайян мекунад.

Сохтор дар дохили худи соҳаҳои иқтисодиёт, масалан, дар дохили худи саноати кишвар чун таносуби саноати энергетика, саноати масолеҳи бинокорӣ, саноати сабук ва дигарҳо дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ муайян карда мешавад. Масалан, дар дохили соҳаи кишоварзӣ вазни хоси зерсоҳаҳои он – зироаткорӣ (ғаллакорӣ, пахтакорӣ, сабзавоткорӣ), чорводорӣ (гӯсфандпарварӣ, чорвои калони шохдор, асппарварӣ ва ғайра) ҳисоб карда шуда, таъсири лағжиши сохторӣ ба натиҷаҳои иқтисодии кишоварзӣ – ҳаҷми маҳсулоти он муайян карда мешавад.

Сохтори минтақавии иқтисоди миллӣ таносуби минтақаҳои маъмурии мамлакатро, аз ҷумла вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, минтақаҳои ҷуғрофӣ (минтақаҳои шимолӣ, ҷанубӣ, кӯҳӣ, водигӣ ва ғайра) муайян мекунад. Ингуна таносубҳо хислатҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунандаи мамлакатро дар минтақаҳои алоҳида ва омилҳои тақсимоти объектҳои истеҳсолиро муайян мекунанд. Таносубҳои минтакавӣ аз рӯйи ҳаргуна нишондиҳандаҳо – истеҳсоли маҳсулот, шумораи аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, миқдори фондҳои истеҳсолӣ ё аз рӯйи дигар иқтидорҳои (нерӯҳои) истеҳсолӣ муайян карда мешаванд.

Аҳамияти сохтори такрористеҳсолӣ дар он аст, ки бо ёрии он таносуби бахшҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, хизматрасонӣ муайян карда шуда, тамоюли инкишофи ин соҳаҳо ва инчунин дурнамои онҳо аз рӯйи пешгӯиҳои илмӣ асоснок карда мешаванд.

Сохтори умумииқтисодӣ хоҷагии миллиро аз нуқтаи назари таносубҳои байни истеҳсол ва истеъмол, байни истеъмол ва андӯхт, аз рӯйи таносубҳои дигари иқтисодие, ки дар дохили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ҷой доранд, баррасӣ менамояд.

Сохтори иҷтимоии иқтисоди миллӣ дар шароити бозор таносуби бахши давлатӣ ва ғайридавлатиро аз рӯйи нишондиҳандаҳои гуногуни иқтисодӣ тахлил намуда, дар бораи инкишофи муносибатҳои бозорӣ, ҷараёни хусусигардонии моликият, суст гаштани инҳисороти давлат дар иқтисодиёт, маҳдудшавии фаъолияти инҳисорӣ ва равнақи соҳибкорию рақобат ва дигар ҷараёнҳои иқтисодӣ маълумот медиҳад. Сохтори иҷтимоӣ инчунин таносуби табақаҳои алоҳидаи аҳолиро аз рӯйи даромадҳои онҳо, таносуби мардуми камбизоат ва сербизоат, дигар ҷихатҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолиро баррасӣ намуда, маълумотҳои заруриро пешкаш менамояд.

Сохтори иқтисоди миллӣ таносубҳои номбаршударо ба тариқи вазни хоси ин ё он узв бо ифодаи фоиз, коэффитсиент, афзоиши мутлақ ё нисбӣ ва дигар нишондиҳандаҳои оморӣ муайян мекунад. Ин нишондиҳандаҳоро аз рӯйи ё маҳсулот, ё шумораи кормандон, ё арзиши воситаҳои истеҳсолот, ё ягон нишондиҳандаи дигари иқтисодӣ ҳисобу китоб менамоянд. Албатта ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳои ҳисобшуда аҳамияти хоси худро дорад, ҷиҳати алоҳидаи иқтисодиётро ифода менамояд. Бинобар ин муайянкунӣ ва назорати сохторӣ дар ҳар як ҳолат вазифаи мушаххаси иқтисодиро анҷом дода, дар сиёсати иқтисодии давлат нақши муҳимеро мебозад.

Адабиёт

  1. Раҳмонов Э.Ш. Интихобот – оғози марҳалаи сифатан нав дар эъмори ҷамъияти демократӣ. Суханронӣ дар маросими расмии савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ноябри соли 2006. – «Ҷумҳурият», 21 ноябри соли 2006.
  2. Раҳмонов Э.Ш. Шукри истиқлолияти давлатӣ, шукри сулҳу ваҳдати миллӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 8 сентябри соли 2006. – «Ҷумҳурият», 14 сентябри соли 2006.
  3. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2005-ум ва вазифаҳои минбаъдаи Ҳукумати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 30 январи соли 2006.- «Ҷумҳурият», 2 феврали соли 2006.

0 Загрузки

1.1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!