Давлат чун ниҳоди иқтисодии мамлакат

Давлат – яке аз ниҳодҳои иқтисоди миллӣ мебошад. Мавқеи давлат дар шароити бозор ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дар айни ҳол худи давлат чун субъекти хочагидорӣ низ амал мекунад. Нисбати иқтисоди миллӣ дар шароити ҳозира давлат якчанд вазифаҳоро ба ӯҳда дорад, ки муҳимтарини онҳо:

– аввало давлат салоҳиятдор аст, ки якпорчагии қаламрави иқтисоди миллии худро таъмин намуда, марзи давлатиро муқаррар ва ҳифзи онро тавассути қувваҳои ҳарбӣ, сохторҳои низомӣ, боҷу хироҷи гумрукӣ ва дигар усулҳои иқтисодиву маъмурӣ таъмин намояд; ҳаёти иқтисодиро тавре ташкил намояд, ки бе таваққуф пеш равад ва давлатро бо маблағҳои зарурӣ, ки сарчашмаи асосии он даромади миллӣ аст, таъмин намояд;

– муҳофизати манфиатҳои табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ. Дар ин ҷо давлат ҳамчун ҳимоягари манфиатҳои тамоми миллат ва бахусус қисми аъзоҳои ҷомеае мешавад, ки шароити бозор бо сабабҳои гуногун онҳоро кафолат намедиҳад. Сухан дар бораи аҳолии камбизоат, маъюбон, бекорон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ меравад;

– давлат дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳиягари «қоидаҳои бозӣ» шуда, як қатор тартиботу қонуниятҳоро, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои шаҳрвандӣ, ҷиноятӣ, андозситонӣ, қонуни зиддиинҳисорӣ, ҳифзи ҳуқуқи молистеъмолкунандагон ва ғайра ҷорӣ менамояд;

– яке аз вазифаҳои асосии давлат ташкили сохторҳои давлатие, ки назорати тартиботи муқарраршудаи фаъолияти иқтисодии ҷамъиятро назорат мекунанд ва иштирокчиёни саҳнаи ҷамъиятиро водор месозанд, ки ба «усулҳои бозӣ» риоя намоянд.

Масоили дахолати давлат ба фаъолияти иқтисодӣ, ба ҳаёти шаҳрвандон аз сиёсати иқтисодии давлат, аз модели эътирофшуда, аз низоми хоҷагидории ҷоришуда дар мамлакат пеш меояд ва дар таърихи иқтисодии ҷаҳон равандҳои печопечи ин масъала ба чашм мерасанд.

Ингуна дахолати давлатдорон ва ҳукуматдоронро дар таърих мушоҳида намуда, муҳаққиқон бо тааҷҷуб ёдовар мешаванд ки, масалан, дар Англия ҳангоми ба миён омадани мушкилоти фурӯши маҳсулоти саноати коркарди пашм (соли 1666) давлат барои раҳоӣ аз мушкилот ҳатто мурдагонро «истифода» намудааст. Ҳукумат ба аҳолӣ мурдагонро бе матои пашмин дафн намуданро манъ намуда, ба ашхосе ки аз иҷрои ин амр саркашӣ мекард, 5 фунт стерлинг (дар он давра ин маблағи кам набуд) ҷарима мебастааст. Дар китобҳои доир ба таърихи иқтисод ингуна ва аз ин ҳам ҳайратангез мисолҳои дахолати давлат ба ҳаёти иқтисодии шаҳрвандон кам нестанд. Табдилёбии масъалаи нақши давлат дар иқтисодиёт ба яке аз масъалаҳои марказӣ дар асри ХХ ба мушкилотҳои ба миёномада вобаста буд – хусусан душвориҳои идоракунии ҷараёни иқтисодиёт дар ҳолати бӯҳрон, тезутундшавии муаммоҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар дохил ва беруни давлатҳои алоҳидаи дунё. Иқтисодшиносон ва сиёсатмадорон дар ақидае ҳамфикр гаштанд, ки танҳо неруи давлатӣ қодир аст мушкилоти бозорро бо роҳи танзими қатъии давлатӣ ҳал намояд. Бунёди иқтисодиёти комилан давлатигардонидашуда дар як қатор кишварҳои дунё ба ҳамин ақида асос ёфта буд, дар дигар гурӯҳи давлатҳои дунё аз давлатигардонӣ худдорӣ намуда, ибрози ҳифзи моликияти хусусӣ ва механизҳои бозорӣ намудаанд. Назарияи олими маъруфи инглис Ҷон Мейнард Кейнс, ки дар илми иқтисод ҳамчун инқилоби бузург шинохта мешавад, дар давраи душвориҳои бӯҳрони иқтисодии солҳои 1929 – 1933, ки давлатҳои капиталистиро фаро гирифта буд, эҷод гашт. Маҳз Кейнс асосҳои назариявии танзими давлатиро ба миён гузошт. Зери таъсири ғояҳои ӯ консепсияҳои ҳозира бахшида ба мавқеи иқтисодии давлат густариш ёфтанд. Аммо дар байни иқтисодшиносон ҳамфикрии пурра бо назарияти Кейнс вуҷуд надорад. Яке аз ҳарифҳои ӯ иқтисодшиноси маъруф Фридрих Хайкс баҳси худро бар хилофи ақидаҳои Кейнс давом дорад. Бахусус дар кишварҳое, ки гирифтори бӯҳрони иқтисодиянд, барои раҳоӣ аз он дар ҷустуҷӯи роҳҳои судбахш ақидаҳои мухталифи олимонро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.

Мағзи гап дар он аст, ки давлат дар ин ҳолат чигуна бояд рафтор намояд: вай ба иқтисодиёт бештар дахолат намояд ё дар канор истад, дахолати давлат натиҷаҳои хуб медиҳад ё, баръакс, маҳдудияти ингуна дахолат самараноктар аст? Инҳо саволҳое мебошанд, ки дар давоми таърихи тӯлонии асри гузашта ҷавоби ягона пайдо накардаанд. Ривоятҳои зиёде ба миён омаданд, ки дурустии ҳам ин ва ҳам он роҳро нишон медоданд.

Дар мисоли Иттиҳоди Шӯравӣ мо метавонем ба таври қатъӣ ёдовар шавем, ки пешбарии иқтисодиёт тавассути дастгоҳи давлатӣ имкон дод як қатор вазифаҳои мушкили стратегӣ дар мамлакат ҳалли бомуваффақияти худро ёбанд. Аз ҷумла бунёди саноати вазнин ва электрикунонии мамлакат, бунёди нерӯи дифои абадқудрат, ҷорӣ намудани низоми таълими миёнаи ҳамагонӣ, хизмати бепули тиббӣ ба ҳамаи шаҳрвандон, таъмини аҳолӣ бо манзил, ташкили манбаи бунёди истеъмолии ҷамъиятӣ ва ғайра. Давлат тавассути механизми марказонидашудаи иқтисодӣ ингуна вазифаҳоро бо зудӣ анҷом медод. Аммо дар қатори дастовардҳои ҳосилшуда дар мамлакат камчинии маҳсулот, хизмат, самаранокии воқеии истеҳсолот, серобии бозори истеъмолӣ ба даст наомад.

Аз ин мисолҳо хулосае ба миён меояд, ки давлат дар шароити бозор нисбати иқтисодиёт мавқеи худро бояд аниқ намояд: ба корҳои шаҳрвандон, корхонаҳо, пешрафти иқтисодӣ дар он ҳолат дахолат кунад, ки агар худи механизмҳои бозорӣ аз ӯҳдаи он набароянд, аз масъалаҳои стратегӣ сарфи назар кунанд, ё ин ки бар хилофи манфиатҳои ҷомеа бошанд.

348
Нет комментариев. Ваш будет первым!