Робитаҳо ва муҳити  иқтисоди миллӣ

Дар байни бахшҳо ва унсурҳои ниҳодии иқтисоди миллӣ робитаҳо – алоқаҳои соҳавӣ, тахассусӣ ва технологӣ ҷой доранд. Ин робитаҳо мураккаб буда, ба тариқи мустақим ва ғайримустақим, бевосита ё бавосита, бо зарурати функсионалӣ ё дигар сабабҳои муайян сурат мегиранд. Ингуна робитаҳоро, ки дар дохили иқтисоди миллӣ шакли ҳамоҳангсозиро дар худ таҷассум намудаанд, ба чаҳор гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Гурӯҳи якӯм – гурӯҳи алоқаҳое, ки онҳоро бюрократӣ меноманд – робитаҳое мебошанд, ки дар байни зинаҳои гуногун ба расмият дароварда шудаанд. Онҳо асосан дар шакли робитаҳои вертикалӣ аз боло ба поён бо тартиботи расман муқарраршудаи ҳатмӣ ҷой гирифта, ба тариқи маҷбурӣ, итоатфарсо, дар бисёр ҳолатҳо бо истифодаи маблағи пулӣ амалӣ мешаванд.
  2. Гурӯҳи дуюм – робитаҳои бозории байни субъектҳои ҳуқуқии байни худ баробарҳуқуқ, ки асосан ба тариқи бастани қарордодҳои иқтисодӣ сурат гирифта, бештар бо воситаи маблағҳои пулӣ анҷом меёбанд.
  3. Гурӯҳи сеюм – робитаҳои услубию одобӣ, ки байни субъектҳои баробарҳуқуқ ба вуқӯъ пайваста ба эҳтиром, ҳамкориву ҳамдастӣ, ёрии ҳамдигар ё ба тариқи хайрхоҳӣ (эҳсонкорӣ) ба дигарон баҳри беҳбудии дигарон, гарчанде ҳатто ба зарари худ бошад, сурат гирифта дар бисёр мавридҳо чун меъёри муқаррарии ахлоқӣ ҷой мегиранд.
  4. Гурӯҳи чорум – доиршавии робитаҳои таҷовузкорона ба тарзи зӯрӣ, маҷбурсозие, ки на ба қонун ва на ба ахлоқ рост меояд, сурат гирифта, равобитро дар ин ҷо байни зӯр ва ашхосе, ки ба ин зӯрӣ тобеъ аст, ба миён меоранд. Ин робита ё бо истифодаи пул ё бе истифодаи он сурат мегирад.

Робитаҳои иқтисоди миллӣ асосан дар доираи марзи иқтисодӣ сурат мегиранд.

Марзи иқтисодӣ чист? Омӯхтани бехатарии иқтисоди миллӣ тақозо мекунад, ки дар қатори масоили марзи миллии (давлатии) мамлакат марзи иқтисодии он муайян карда шавад. Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозорӣ марзи давлатии мамлакат, ки аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ муайян карда мешавад, ба марзи (минтақаҳои) хоҷагидорӣ баробар нест. Бинобар он зарурати истифодаи мафҳуми «марзи (қаламрави) иқтисодӣ» ба миён омадааст. Мафҳуми «марзи иқтисодӣ» аз мафҳуми «марзи маъмурӣ» фарқ мекунад. Марзи иқтисодии мамлакат ба ғайр аз минтақаи маъмурӣ боз якчанд минтақаҳои дигарро дар бар мегирад, аз ҷумла фазои ҳавоӣ, обҳои минтақавиро.

Нисбати марзи иқтисодии мамлакат истифодаи мафҳумҳои резидент ва ғайрирезидент ҷоиз аст. Сухан дар бораи воҳидҳое меравад, ки дар минтақаҳои иқтисодии давлат дар хориҷи кишвар дорои ҳукми резидентӣ ҳастанд.

Марзи иқтисодии давлат – ин минтақаҳои ҷуғрофие мебошанд, ки дар доираи ҳуқуқии (юрисдиксияи) ҳукумати давлати мазкур қарор дошта, дар қаламрави онҳо қувваи корӣ, молу сармоя озодона гардиш менамоянд. Нисбати давлатҳои баҳрӣ ба марзи иқтисодӣ ҷазираҳои ба онҳо тааллуқдошта дохил шуда, ба мақомоти молиётӣ (фискалӣ) ва мақомоти танзими пулию қарзӣ тобеанд. Дар ин минтақаҳо гардиши молу қувваи корӣ байни ҷазираҳо ва хушкӣ бе ягон мамонияти гумрукӣ ё иммигратсионӣ сурат мегирад. Марзи иқтисодии давлат ба ғайр аз марзи ҳавоӣ ва марзи обӣ, инчунин қисми шелфи континенталиро (давоми зериобии қитъаи заминро), ки дар обҳои байналмилалӣ воқеанд ва нисбати онҳо мамлакат ҳуқуқи пурраи беистиснои моҳидорӣ ё истихроҷи канданиҳои фоиданокро дорад, дар бар мегирад.

Ба марзи иқтисодӣ анклавҳои1*марзӣ, ки дар қаламрави давлатҳои дигар воқеанд, низ дохил мешаванд. Ингуна анклавҳо, масалан, марзи пойгоҳҳои (базаҳои) ҳарбӣ, сафоратхонаҳо, консулхонаҳо, марказҳои (бошишгоҳҳои) илмӣ, хадамотҳои иттилоотӣ ва иммигратсионӣ ва ғайра ҳудуди муайяни марзии худро дошта, дар қаламрави давлати хориҷӣ воқеъ мебошанд. Ингуна замин ё ба давлати мазкур таааллуқ дорад ё ба иҷора гирифта шуда, ба мақсадҳои дипломатӣ, ҳарбӣ, илмӣ ё дигар мақсадҳо бо розигии расмии мақомоти давлатии мамлакати хориҷӣ истифода мешавад. Молу қувваи корӣ дар байни давлати мазкур ва анклавҳои хориҷӣ озодона гардиш доранд. Ғайр аз ин ба марзи иқтисодӣ минтақаҳои озод низ дохил мешаванд.

Марзи иқтисодии созмонҳои байналмилалӣ аз анклавҳои марзии дар зери юрисдиксияи онҳо буда иборат аст. Ин анклавҳо қитъаҳои муайяни замин ё иншоотҳои ба онҳо тааллуқдор ё ба иҷора гирифташударо дар бар гирифта, ба мақсадҳои тарафайн муайяншудаи давлатҳо истифода мешаванд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки марзи иқтисодии давлати мазкур анклавҳои ҳукуматҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқиро, ки дар қаламрави давлати мазкур воқеанд, дар бар намегирад, гарчанде, ки анклавҳо дар қаламрави марзи сиёсии он воқеъ мебошанд.

Дар маҷмӯи мафҳумҳое, ки дар назарияи иқтисоди миллӣ истифода мешаванд, мафҳуми «маркази манфиатҳои иқтисодӣ» истифода мешавад. Ин чӣ маъно дорад? Хар як воҳиди институтсионалии дар қаламрави мамлакат воқеъ буда маркази манфиатҳои иқтисодӣ дорад, агар ба шарте, ки дар қаламрави марзи иқтисодӣ ҷойгир шуда бошад ва биноҳои истиқоматӣ, иншоотҳои истеҳсолӣ дошта бошаду бо фаъолияти хоҷагӣ, тиҷоратӣ ё дигар амалиётҳои иқтисодӣ дар ҳаҷми калон дар давоми мӯҳлати тулонӣ машғул шавад. Мӯҳлати дароз – ин мӯҳлати на кам аз як сол ҳисоб мешавад.

Мафҳумҳои номбурда (марзи иқтисодӣ, анклавҳои хориҷӣ ва дигарҳо) дар Низоми ҳисоббарории байналмилалӣ мақбул гашта, дар ҷараёни таҳияи Тавозуни (баланси) пардохти давлат истифода мешаванд.

Муҳити иқтисоди миллӣ. Омӯхтани иқтисоди миллӣ тақозо менамояд, ки муҳити он низ баррасӣ гардад, зеро аз муҳити мавҷуда фаъолияти иқтисод вобастагии зич дорад.

Муҳити иқтисоди миллӣ ба якчанд гурӯҳҳо ҷудо мешавад:

  1. Муҳити иқтисодии беруна – муносибатҳо бо иқтисоди миллии давлатҳои хориҷӣ;
  2. Муҳити иҷтимоии дохили мамлакат;
  3. Муҳити табиии дохили мамлакат;
  4. Муҳити табиии беруна – кишварҳои хориҷӣ;
  5. Муҳити ҷамъиятии беруна – давлат, сиёсат, идеология, дину мазҳаб, фарҳанг, маърифат, расму русми миллӣ, арзишҳову меъёрҳои ҷамъиятии кишварҳои хориҷӣ.
  6. Муҳите, ки давлат нисбати субъектҳои иқтисодӣ фаъолияти танзимдарорӣ, қонунгузорӣ ва дигар чораҳои маъмурӣ меандешаду аммо худаш соҳиби моликият нест, ё ин ки фаъолияти соҳибкорӣ надорад.

Муҳити иқтисоди миллӣ доимо якранг боқӣ намемонад, тағйиротҳо бештар дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти давлат ба амал меоянд. Тағйирот дар ягон муҳити дохилӣ ё беруна ба вазъи дигар муҳитҳо низ таъсир мерасонад. Бинобар ин тағйирёбии муҳитро доимо санҷидан лозим меояд, чунки ин ба фаъолияти иқтисоди миллӣ таъсир мерасонад. Масалан, агар муҳити берунаро гирем, давлатҳои хориҷӣ ба бозори дохилии мамлакат бо молу хизматрасонии худ метавонанд рақобат кунанд, дар натиҷа корхонаҳои дохилӣ мол бароварда наметавонанд, аниқтараш фурӯхта наметавонанд, аз фоида маҳрум мешаванд, коргарон бекор мемонанд, иқтисодиёт аз ин зарар мебинад. Агар муҳити хориҷа муносибати дӯстона надошта бошад, зарурати мусаллаҳшавӣ ба миён меояду сабабгори хароҷотҳои зиёди ҳарбӣ мешавад, ки боиси пастшавии самаранокии иқтисод мегардад. Муҳити табиӣ омили муҳими пешравӣ буда, аз оқилона истифодаи он мамлакат комёбиҳои зиёдеро метавонад ба даст орад. Захирахои табиӣ боиси он мешаванд, ки мамлакат аз ҷиҳати истеҳсолу содироти ин ва он маҳсулот ё намуди хизмат дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро сазовор шавад.

1*Анклав (аз франс. enclave) –минтаќа ё ќисми минтаќаи як давлат, ки аз њама тараф бо заминњои давлати дигар ињота шудааст ва соњили бањрї надорад.

438
Нет комментариев. Ваш будет первым!