Ҳадафҳо ва самаранокии иқтисоди миллӣ
Саволе ба миён меояд, ки оё иқтисоди миллӣ ҳадафҳои худро дорад ё на? Саволи дигаре – оё ҳадафи иқтисод ва ҳадафи рушди ҷамъиятӣ яканд? Иқтисоди миллӣ ҳамагӣ як ҳадаф – ҳадафи асосӣ дорад ё ингуна ҳадафҳо якчанд намуд мешаванд?
Ба ингуна саволҳо ақидаҳои мухталиф ҷой доранд. Ба ақидаи мо иқтисоди миллӣ воситаи амали сохтани ҳадафи асосии ҷомеа мебошад. Ҷамъият мақсади худро аз рӯйи талаботи воқеии аҳолии кишвар, манфиатҳои миллии мамлакат, аз рӯйи имкониятҳову захираҳои мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, сиёсӣ, дараҷаи тараққиёт ва чанди дигар омилҳои таъсирбахш ба миён мегузоранд.
Мақсади ниҳоии рушди ҷамъиятӣ – некӯаҳволии мардуми мамлакат мебошад, инкишофи иқтисоди миллӣ маҳз барои ҳалли ҳамин масъалаи асосӣ равона мешавад. Некӯаҳволии аҳолии кишвар – ин на танҳо зиёд гаштани истеъмоли неъматҳои моддӣ, балки таъмини манфиатҳои маънавии онҳо – афзоиши истеъмоли маҳсулоти соҳаҳои хизматрасонӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ғайра. Мақсади ниҳоӣ дар назди иқтисоди миллӣ мақсадҳои мушаххаси ҳар як давраи (марҳилаи) тараққиётро пешкаш менамояд. Масалан, таъмин намудани ҷои кор, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, суратафзоии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, бунёди инфраструктураи нави бозорӣ, таъмини рақобатпазирии маҳсулоту рақобатпазирии умуман иқтисодиёти кишвар ва ғайра. Ҳадафҳои номбурда пасу пеш ба саҳна баромада, метавонанд якдигарро иваз кунанд, ҳадафхои нав ба нав ба миён оянд, ҳадафҳои дигар аз байн раванд. Аммо як ҳадафи асосӣ – манфиати мардум ин ҳадафи умумӣ ҳам барои хоҷагии мамлакат, тамоми ҷомеа ва ҳам барои мақомоти идоракунӣ дар ҳамаи зинаҳои он ҳатмӣ мебошад.
Самаранокии иқтисоди миллӣ бо ҳадафи асосии он зич алоқаманд буда, нишон медиҳад, ки то чӣ андоза натиҷаҳои фаъолият ба мақсад мувофиқ ҳастанд. Аммо барои он, ки андозаи самаранокӣ бо рақам тасаввур карда шавад, бояд ки нишондиҳандаҳои самаранокӣ истифода шаванд. Муқоисаи самараи иқтисодии бадастомада (бо ифодаи пулӣ) дар ягон воҳиди вақт бо масрафшавии захираҳо (маблағ, воситаҳои истеҳсолот, вақт, қувваи корӣ ва ғайра) – ин модели умумии ифодаи самаранокии иқтисодиёт мебошад. Самаранокӣ дар он ҳолат баланд ҳисобида мешавад, ки агар ба ҳар як воҳиди хароҷотҳои ҷамъиятӣ ҳар чӣ афзунтар натиҷаи иқтисодӣ (фоида, маҳсулоти умумии дохилӣ, даромади миллӣ) ба даст омада бошад, имкониятҳои имрӯза пурра истифода шуда, омилҳои зараровар бартараф шуда бошанд. Натиҷаҳои самаранокӣ метавонанд бо ифодаи пулӣ, моддӣ (натуралӣ) ва ҳатто иттилоотӣ ифода ёбанд.
Самаранокии иқтисоди миллӣ ба тарзи умумӣ ё ин ки дар миқёси бахшҳои алоҳидаи он муайян карда мешавад, масалан, бахшҳои истеҳсолӣ ё ин ки бахшҳои хизматрасонӣ. Ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин, ки як бахш бениҳоят босамара, бахши дигар бошад, баръакс самараи паст ба даст овардааст, дар дохили бахш сохаҳои алоҳида натиҷаҳои гуногуни самаранокиро ноил гаштаанд. Ингуна масъалаҳои таҳлилиро таҳқиқи таҳлилӣ бо усулҳои хоси худ баррасӣ менамояд.