Заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилии бунёдшавии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаккулёбии иқтисоди миллиро аз рӯйи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ таҳлил менамоянд.

Заминаи сиёсӣ масъалаи муқарраршавии ҳокимияти давлатӣ, низоми ҳокимияти сиёсӣ ва самтҳои сиёсати иқтисодии онро дар бар мегирад. Дар ин асос принсипҳои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гумрукӣ, арзӣ, сиёсати буҷетию андозгузорӣ, демографӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

Заминаву шароити сиёсӣ ба пешрафти иқтисоди миллӣ бевосита таъсири худро мерасонад – на танҳо бо ёрии омилҳои дохилӣ, балки омилҳои берунаи вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, ки низ аз заминаву вазъи сиёсӣ вобастагии қавӣ дорад.

Таъсири омилҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои хоҷагидории ҳар як мамлакати алоҳида бо чунин роҳҳо сурат мегирад:

  • аз рӯйи усулҳои сафарбаркунии омилҳои сиёсии пешрафти иқтисодиёт, аз ҷумла имкониятҳои сиёсии сафарбаркунии омма ба сӯи ҳадафҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат;
  • аз рӯйи кафолатҳои сиёсие, ки давлат пешкаш менамояд, аз ҷумла дар бобати ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷорӣ намудани барномаҳои мушаххаси дастгирии лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таблиғоти оқилонаи чораҷӯиҳои давлатӣ дар соҳаи ислоҳоти иқтисодӣ, табаддулотҳои сохтории пешрафти хоҷагӣ, ҷорӣ намудани тартиботи низомӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, беадолатиҳои иқтисодӣ, ришвахӯрӣ, дигар намудҳои суиистеъмолкуниҳои мансабӣ ва камбудиҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ.

Маълум аст, ки соҳибкорӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ – ин кори таваккалӣ аст. Таваккалӣ чунин маъно дорад, ки натиҷаи (фоида, даромад, самараи иҷтимои)-и дар оянда ба даст меомада (ба гирифтани он умедбасташуда) ҳеҷгуна кафолат надорад, баракс, хатари ноумедӣ, зарар, барбод рафтани сармоя ё ноил нашудан ба натиҷаи дилхоҳ ҷой дорад. Бинобар ин сармоягузор хоҳ аз дохили кишвар, хоҳ аз берун бошад ба ду омили асосӣ аҳамият медиҳад:

  • якум, то чӣ андоза иқтидори сармоягузорӣ дар хоҷагии мамлакати миллии мазкур ҷалбкунанда аст – кадом соҳаҳо, минтақаҳо, кадом намуди фаъолиятбарӣ, кадоми аз ҳарифони мавҷуда ва ғайра;
  • дуюм, аз ҷониби мақомоти сиёсӣ, пеш аз ҳама мақомоти давлати мазкур чигуна шарту шароитҳои фаъолиятбарӣ барои сармоягузорон пешкаш шудаанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи таваккалии сиёсӣ, вазъи рушди сиёсӣ меравад. Ин ду омили номбаршуда ба густариши сармоягузорӣ дар мамлакат, ҳаҷм, суръату натиҷабахшии он бевосита таъсир мерасонанд.

Омилҳои сиёсии ҷалбшавандагии иқтисоди миллии мамлакат барои сармоягузорон аз хориҷи кишвар аз хавотиркашии онҳо аз чунин эҳтимолияти ҳодисаҳои маъмуриву хоҷагии имконпазир ба чашм мерасад:

– хавотиркашӣ аз эҳтимолияти милликунонии моликияти хориҷиёни сармоягузор (резидентҳои хориҷӣ) бе пардохти ҷуброн, бе пардохти зарар аз амволи (сармояи) гузошташуда;

– хавотирӣ аз эҳтимолияти бекор кардани шартномаҳои консессионӣ оид ба коркарди захираҳои табиӣ;

– эҳтимолияти аз тарафи давлат бекор кардани тартиботи воридот ё содироти асъори хориҷӣ;

– хавотирӣ аз эҳтимолияти сар задани ҷанг ё бетартибиҳои шаҳрвандӣ бо фалаҷ шудани низоми хоҷагии мамлакат, ки аз ин сармоягузори хориҷӣ зарар мебинад.

Омилҳои номбаршуда ин эҳтимолиятест, ки барои сармоягузори хориҷӣ ба мамлакати дигар ба маблағи калон овардани сармоя ва ташкили фаъолияти соҳибкориро як қадар маҳдуд месозад, ба ҳар ҳол онҳо амалиёти худро бо дарназардошти ин ва дигар омилҳои эҳтимолӣ оғоз менамоянд. Ин ҳолат зарурати ба таври қатъӣ пешниҳод намудани кафолатҳои давлатиро дар муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ тақозо мекунад.

Ҳамин тариқ, барои инкишофи иқтисоди миллӣ дар қатори дигар заминаҳо заминаҳои сиёсӣ бояд, ки пурра истифода (муҳайё) шаванд, консепсияи тараққиёт, бартарият ё маҳдудиятҳои иқтисоди миллӣ аз рӯйи имкониятҳои заминаҳои сиёсии кишвар таҳия ва муқаррар гарданд.

Заминаҳои иқтисодӣ. Дар Тоҷикистон заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагии миллӣ бо заминаи сиёсӣ, яъне соҳибшавӣ ба истиқлолияти давлатӣ печ дар печ дар як давра ба миён омад.

Дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, навишта шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибият, истифода ва ихтиёрдории сарвати миллии республика ҳуқуқи том дорад. Замин, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои табиии республика сирф моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…

Объектҳои моликияти давлатӣ, бо молу мулки корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тобеи иттифоқ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолии онҳо, муомилоти фондҳо ва дигар амвол, системаҳои робитаҳои дохилӣ, нақлиёт, алоқа ва энергетика, картография ва геодезияи ҷумҳуриявӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои ҷудогона имконият медиҳад, ки дар ҳудудаш объектҳои моликияти муштарак, инчунин моликияти дигар ҷумҳуриҳои мустақил, давлатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида вуҷуд дошта бошанд»…

Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои махсус таъсис карда, сиёсати молия, қарз ва нархро мустақилона муқаррар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудудаш кори истихроҷ, коркард ва нигоҳдории тилло, дигар металлу сангҳои қиматбаҳоро мустақилона анҷом дода, ба он назорат мекунад ва захираи тилло, алмос ва дигар сангу металҳои қиматбаҳои худро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар захираи тилло, фондҳои алмос ва асъори ИҶШС саҳм дорад…»1)*

Заминаҳои иқтисодии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ба вазъи иқтисодие вобаста аст, ки дар он низоми хоҷагӣ амал мекунаду инкишоф меёбад. Вазъи иқтисодиро асосҳои қонунгузорӣ муайян мекунанд. Маҳз қонунҳо муносибатҳои моликият, инчунин шаклҳои ҳуқуқию ташкилии хоҷагидориро ба танзим медароранд. Кодекси граждании ҶТ, дигар қонунҳо, амали онҳо унсурҳое буданд, ки дар асоси онҳо иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккулёбии худ танзим гашт.

Заминаҳои ташкилии иқтисоди миллии мамлакат фаъолияти низоми хоҷагии мамлакатро дар бар мегирад, ки худ чун объекти мураккаб зоҳир гашта, аз ҷониби давлат идора карда мешаавад.

Заминаи ташкилӣ пеш аз ҳама ташкили идоракунии мамлакатро фаро гирифта, тавассути фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар навбати худ се шохаи ҳокимиятро дар бар мегирад, амалӣ мегардад. Ташакукулёбии ин се шохаи ҳокимият дар ҷумҳурӣ – ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷумҳурӣ асос ёфтааст. Дар шароити соҳибистиқлолӣ ташкили идоракунӣ дар мамлакат дар давраи кӯтоҳтарини таърихӣ табаддулотро пушти сар намуда, сохти нави давлатдорӣ, принсипҳои нави мустақилона ҳал намудани муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва геополитикиро дарёфт намуд, идоракунӣ ба худ нақши навро ороста, ба сифати баланди хадамоти давлатӣ ноил гашт, барои бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ муҳити нави соҳибкориро ба пеш овар д.

1) Ќарори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи эълон намудани истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон» аз 9 сентябри соли 1991, № 392 – Ахбори Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, с.1991, № 18, моддањои 238, 239).

451
Нет комментариев. Ваш будет первым!