Ҳадафҳо ва хусусиятҳои ҷоришавии муносибатҳои бозаргонӣ дар иқтисоди миллӣ
Сохибистиклолию ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ва гузариш ба бозор – ин ду чараёни бузург дар Тоҷикистон дар як давра ба миён омаданд. Ин ҷараёнҳо бе таъхир ва ба таври қатъӣ гузаронидани табаддулоти куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро ба рӯзномаи ҳаёти ҷомеа гузоштанд.
Маълум аст, ки иқтисоди бозорӣ барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ низоми нави хочагидорие мебошад, ки бар ивази хоҷагии плании марказонидашуда ҷорӣ гашт. Агар хоҷагии бозориро таърихан хоҷагии чандинасра ҳисобем, хоҷагии планӣ низ хоҷагие буд, ки дар давоми мӯҳлати тӯлонӣ дар мамлакати мо реша ронда, ҳамчун низоми ба худ хоси хоҷагидорӣ арзи вуҷуд намуда буд. Ивазшавии як низом ба низоми дигар – даст кашидан аз хоҷагидории планӣ, аз идоракунии мутамарказу усули амрдиҳиву маъмурӣ ва, дар айни ҳол, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ – табаддулоте буд, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти ҷамъиятиро фаро гирифт. Пеш аз ҳама тафаккури одамони шӯравиро, ки барои онҳо низоми нав – низоми капиталистӣ на танҳо бегона, балки дар натиҷаи таблиғоти тӯлонии сохти шӯравӣ ҳатто бохусумат буд. Бинобар ин давраи аввал душвориҳои бисёреро ба пеш овард – душвориҳои ташкилӣ, надоштани таҷриба, монеаҳои психологӣ ва ғайра.
Ба хотири ҳамаҷониба ва ба тарзи муташаккилона ҷорӣ намудани муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон ва ҳал намудани ҳамаи муаммоҳои иқтисодиву ташкилии он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995 – 2000, Барномаи миёнамӯҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1999 – 2002, Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, таҳияи стратегия, консепсияҳо, барномаҳои гуногунмӯҳлати тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.
Ҳадафи асосии табаддулоти иқтисодӣ дар мамлакат – ин гузариш ба низоми нави ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи бозорӣ, ки ба рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Вазифаҳои стратегии дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар марҳилаи аввали гузариш ба бозор, чӣ тавре ки дар Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995 – 2000 нишон дода шуда буданд, инҳо буданд:
– ташаккули низоми самараноки танзими давлатии иқтисодиёт;
– ташаккули иқтисодиёти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта ва муҳити рақобатдор дар асоси ислоҳоти муносибатҳо дар соҳаи моликият;
– ба вуҷуд овардани низоми пулию қарздиҳие, ки босамар амал мекунад;
– ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва таҷдидии иқтисодиёт;
– ноил шудан ба иқтисоди озод (кушода), муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва инкишофи иқтидори содиротии мамлакат;
– ташаккули низоми танзими воридот;
– ташкил намудани низоми самараноки ҳавасмандкунии меҳнат;
– пурзӯр намудани ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва инкишофи равобити хориҷӣ бо мамолики ҷаҳон.
Ҳадафҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ гашта, барои пурра ҷорӣ гаштани механизми бозории хоҷагидорӣ заминаҳои зарурӣ ба вуҷуд оварданд.
Гузариш ба бозор тақозо менамуд, ки асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои бозорӣ таҳия шаванд, бинобар дар давоми солҳои 1991—2006 аз ҷониби Шӯрои Олӣ, Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо таҳия ва тасдиқ гаштанд. Татбиқи онҳо имконият дод, ки дар мамлакат муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ бо тариқи мукарраршуда, маданӣ ҷомаи амал пӯшанд. Таҳия ва такмили қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ оид ба муносибатҳои бозорӣ давом дорад.
Инкишофи муносибатҳои бозорӣ ҳоло аз норасоиҳо хориҷ нест. Пеш аз ҳама дар соҳаи инкишофи соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ ҷуръат, ҷасорат ва як андоза таваккалиро талаб мекунад. Аз камбудиҳои имрӯза сухан ронда бояд гуфт, ки соҳибкорони мо кӯшишашонро бештар ба корҳои ғайриистеҳсолӣ – ба тиҷорат, ба сохтани хонаву қасрҳои зебо равона мекунанд, ҳол он ки соҳаи истеҳсолот асоси пешравии иқтисодиёт аст. Тоҷирони мо маблағҳояшонро пинҳон ё дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Қонунигардонии маблағҳо ҳаминро нишон дод, ки як қисми тоҷирон маблағҳояшонро дар бонкҳо нагузоштаанд ва имрӯз маблағҳои дар сандуқҳо мондаашонро истифода карда наметавонанд, масалан корхонаи азим сохта наметавонанд.
Шароити ҳозираи рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ба мавҷудияти мушкилотҳои амиқи марбут ба дастёбии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба бозор, аз қабили қобилияти пасти пардохтии аҳолӣ, болоравии хароҷоти нақлиётӣ ва дигар пардохтҳо, набудани дастрасӣ ба сарчашмаҳои ашёи хом, технологияҳои нав, сармояи қарзӣ иртиботи зич дорад. Таҳлили вазъи ҳозираи рушди соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки маҷмӯи мамониятҳои иқтисодӣ ва маъмуриву ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамчунин ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вуҷуд дорад. Истеҳсолкунандагони ватанӣ ба мушкилиҳои зиёде дар мавриди ба фурӯш расонидани молу маҳсулоти худ бо сабаби ракобатпазир набудани молашон нисбат ба молҳои воридшаванда, рӯ ба рӯ мешаванд.
Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, чораҷӯиҳои зайлро амалӣ сохт:
- Дар мамлакат ниҳоди (институти) моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҷорӣ гашт.
- Моликияти ягонаи давлатӣ, аз ҷумла фонди манзилии давлатӣ хусусӣ гардонида шуд.
- Ба ҳамаи корхонаҳо ва шаҳрвандон, аз ҷумла ба шаҳрвандони хориҷӣ озодии пурраи фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тиҷорати хориҷӣ дода шуд.
- Нархҳо озод гаштанд, ба истиснои номгӯи хурди онҳое, аз ҷониби давлат танзим карда мешаванд.
- Ташаккулёбии инфраструктураи бозорӣ (бонкҳои тиҷоратӣ, биржаҳо, мақомоти танзими зиддиинҳисорӣ, суғуртавӣ, мубодилаи арзи хориҷӣ ва ғайра).
- Таҷдиди корхонаҳои коллективӣ ва давлатии соҳаи кишоварзӣ (ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ).
- Қонунигардонии даромаду хароҷоти шахсии шаҳрвандон.
- Тасдиқи мустақилияти Бонки миллӣ, ҷорӣ намудани арзи миллӣ.
- Пулакӣ намудани қисми хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ, соҳаи маориф ва чанде дигар ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ.
- Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф гаштанд.
Ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳ ва даврае, ки нотинҷиҳои сиёсӣ ҷой дошт, сурат гирифт. Барномаҳои таҳия ва қабулгашта на ҳама вақт мӯътадил татбиқ мегаштанд, бинобар солҳои сипаригашта дар чаҳорчӯбаи ислоҳот – ин солҳои ҳам созандагӣ ва ҳам солҳои ҷанги шҳрвандию барқароркунии баъдиҷангӣ, ҳам ислоҳи хатогиҳо ба ҳисоб мераванд.
Ислоҳот дар ҷумҳурӣ дар асоси сиёсати нави давлати навбунёд сурат гирифта буд. Сиёсат – ин санъати идоракунии мамлакат, пешбарии корҳои давлатӣ, ин моҳияти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Сиёсати давлати мо дар асоси Конститутсияи мамлакат ташаккул ёфта, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифтааст, ки дар он чун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Аз ин хотир инкишофи муносибатҳои бозорӣ маҳз ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум ҳамчун ҳадафи асосӣ равона шудааст.
Адабиёт
- Раҳмонов Э.Ш. Шукри истиқлолияти давлатӣ, шукри сулҳу ваҳдати миллӣ. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 15-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 8 сентябри соли 2006. – «Ҷумҳурият», 14 сентябри соли 2006.