Усулҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ

Таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои ҳуқуқӣ, ташкилии техникӣ ва иқтисодӣ асос меёбад (нақшаи 11.2).

Ба усулҳои ҳуқуқӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи иттилоотӣ ба тартиб медароранд ва ҳуҷатҳои методӣ мансубанд. Самтҳои аз ҳама муҳимтарини фаъолият инҳоянд:

– такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ танзим менамоянд;

– дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқтар кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ, бартараф намудани зиддиятҳои дохилии қонунҳо;

– таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои дастрасии беиҷозат ба иттилоот, нусхабардории ғайриқонунии он, таҳриф ва истифодаи ғайриқонунӣ, пахши ғаразноки иттилооти нодуруст муқаррар менамоянд;

– мушаххастар кардани мавқеи агентиҳои хориҷӣ, васоити ахбори умум ва рӯзноманигорон, инчунин инвесторон ҳангоми ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ барои инкишофи инфраструктураҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ташкили базаи ҳуқуқӣ барои дар ҷумҳурӣ барпо намудани сохторҳои минтақавии таъмини амнияти иттилоотӣ.

Таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи усулҳоиташкилию техникиро тақозо менамояд, ки ба онҳо дохил мешаванд:

– ташкили системаҳои таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

пурзӯр намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи иттилоот, ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ додаанд;

– истифода ва назорати воситаҳои ҳифзи иттилоот, инкишофи системаҳои телекоммуникатсионӣ;

– ташкил намудани воситаҳои пешгирии роҳёбии беиҷозат ба иттилооти коркардшаванда ва ҳолатҳое, ки вайронкунӣ, нобудкунӣ, таҳрифи иттилоотро ба вуҷуд меоранд;

– ошкор намудани дастгоҳҳои техникӣ ва барномаҳое, ки барои кори мӯътадили системаҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ хатар доранд, пешгирӣ намудани ғасби иттилоот бо роҳҳои техникӣ;

– литсензиякунонии фаъолият дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот, стандартикунонии усулҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот;

– назорати амали ҳайати шахсӣ дар системаҳои ҳифзшудаи иттилоотӣ, тайёркунии кадрҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ;

    • ташкили системаҳои мониторинги нишондодҳо ва мушаххасоти амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои муҳимтарини фаъолияти ҷамъият ва давлат.

Таъмини амнияти иттилоотӣ бо усулҳои иқтисодӣ инҳоро дар бар мегирад:

    • таҳияи барномаҳои таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва муайян намудани тартиби маблағгузории онҳо;
    • такмили амалияи маблағгузории корҳо вобаста ба татбиқи усулҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию техникии ҳифзи иттилоот, ташкил намудани системаҳои суғуртаи эҳтимоли хатари иттилоотии шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ.

Воситањои њифзи

и т т и л о о т

Воситањо ва усулњои техникии њифзи иттилоот

Њифзи иттилоот бо воситањои љисмонї

Њифзи иттилооти махфие, ки дастрасшавиаш бе иљозат манъ аст

Љустуљў ва дарёфткунии техникаи гўшкунї, беиљозат њамроњкунї ба воситањои иттилоотї, беиљозат дастраскунии компутер ва техникаи дигар

Дуздии њуљљатњо, намунањои мањсулот, технологиия, калид, шифри махсус, навиштаљоти магнитї

Њифзи махсуси техникии бино аз гузоштани микрофон ва радио, аз беруншавии итилоот ба воситаи алоќаи симї ва шабакањои техникї

Шиносшавии ѓайрирасмї, бо роњи мушоњида, суратгирї, истифода аз бепарвогии кормандон

Аз роњ зада љалб намудан, тарсондан, тањдиди кормандон, мутахассисон барои додани иттилооти махфї, гўш кардани сўњбат.

Њифзи воситањои техникиикоркарди иттилоот боусули дастгоњи барномавии техникї, паролгузорї, огоњонидан ва омўхтани кормандон

Рустї соњибшудан ба иттилоот бо истифода аз воситањои техникї, барно-мањои махсуси компутерї, нест кардани иттилоот бо роњи афканиши электро-магнитї

Њифзи коммуникатсияњо симњои низоми алоќа роњњои алоќаи радио

Нақшаи 11.2. Восита ва усулҳои ҳифзи иттилоот

Бехатарии иттилоотӣ яке аз унсурҳои таркибии амнияти миллии ҷумҳурӣ буда, дар соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ хусусиятҳои худро соҳиб мебошад.

Дар соҳаи иқтисод. Ба таъсири таҳдиди амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод аз ҳама бештар дучор мешаванд:

  • системаи омори давлатӣ;
  • системаи қарзию молиявӣ;
  • системаҳои автоматикунонидашудаи иттилоотӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти ҷамъият ва далатро дар соҳаи иқтисод таъмин менамоянд;
  • системаи ҳисоби муҳосиботии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият;
  • системаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқол додани иттилооти молиявӣ, биржавӣ, андоз, гумрукӣ ва иттилоот дар бораи фаъолияти иқтисоди хориҷии давлат, инчунин корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ сабаби дар бозорҳои дохилии молу хизматрасониҳо пайдо шудани сохторҳои бисёри тиҷоратии ватанию хориҷӣ – тавлидкунандагон ва истеъмолкунандагони иттилоот, воситаҳои иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот гардид. Фаъолияти беназорати ин сохторҳо дар ташкил ва ҳифзи системаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигаҳдорӣ ва интиқол додани иттилооти омории молиявӣ, биржавӣ, андоз, гумрукӣ таҳдиди воқеии амнияти кишварро дар соҳаи иқтисод ба вуҷуд меорад. Таҳдиди ба ҳамин монанд ҳангоми ҷалби беназорати ширкатҳои хориҷӣ барои ташкили чунин системаҳо ба вуҷуд меояд, чунки дар ин ҳол шароити мусоид барои дастрасии беиҷозат ба иттилооти иқтисодӣ ва назорати раванди интиқол ва коркарди он аз тарафи хадамоти махсуси хориҷӣ, муҳайё мегардад.

Инкишоф наёфтани корхонаҳои соҳаҳои миллии саноатие, ки воситаҳои иттилоотонӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва ҳифзи иттилоотро истеҳсол ва кор карда мебароянд, воридоти васеи ин воситаҳоро ва дар айни ҳол таҳдиди ба вуҷуд омадани вобастагии технологии ҷумҳуриро аз давлатҳои хориҷӣ ба миён меорад.

Ба суботи иқтисодиёт таҳдиди ҷиддиро ҷиноятҳои компютерии вобаста ба дохил шудани шахсони ҷинояткор ба системаҳои компютерӣ ва шабакаҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздеҳ ташкил медиҳанд.

Нокифоягии базаи меъёрию ҳуқуқӣ вобаста ба ҷовобгарии субъектҳои хоҷагидор барои маълумоти нодуруст дар бораи фаъолияти тиҷоратии онҳо, дар бораи хосияти молу хизматрасониҳои истеҳсолкарда, натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ, инвеститсияҳо ва ғайра ба фаъолияти мӯътадили ин субектҳо мамониат мерасонад. Ҳамзамон зарари ҷиддии иқтисодӣ ба субектҳои хоҷагидорӣ мумкин аст дар натиҷаи ошкор намудани иттилооти сирри тиҷоратӣ дошта расонида шавад. Дар системаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилооти молиявӣ, биржавӣ, андоз, гумрукӣ аз ҳама бештар нусхабардории зиддиқонунии иттилоот, вайронкунии ғаразнок ё тасодуфии технологияи корҳо бо иттилооти дастрасӣ ба он иҷозат доданашуда, хатарнок мебошад.

Барои таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ дар соҳаи иқтисод чунин чорабиниҳои асосӣ метавонанд пешбинӣ шаванд:

  • пурзӯр намудани назорати давлатӣ аз болои воситаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилооти оморӣ, молиявӣ, биржавӣ, андоз ва гумрукӣ;
  • такмили системаҳои ҳисоботи омории давлатӣ бо мақсади таъмини боэътимодӣ, пуррагӣ ва ҳифзшавандагии иттилоот, ҷорӣ кардани ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони мансабдор барои коркард ва таҳлили иттилооти оморӣ, маҳдуд намудани тиҷоратикунии чунин иттилоот;
  • таҳияи усулҳои миллии сертификатсиякунии воситаҳои ҳифзи иттилоот ва воситаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилооти оморӣ, молиявӣ, биржавӣ, андоз ва гумрукӣ;
  • такмили усулҳои интихоб ва тайёркунии ҳайати коркунон барои кор дар системаҳои ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли иттилооти иқтисодӣ.

Дар соҳаи сиёсати дохилӣ объектҳои аз ҳама муҳимтарини таъмини амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ инҳоянд:

  • ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд;
  • сохти конститутсионӣ, ризоияти миллӣ, устувории ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • захираҳои кушодаи иттилооти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва воситаи ахбори умум.

Таъмини амнияти иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника хусусиятҳои худро дошта, чунин масъалаҳоро дар бар мегиранд:

– натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии бунёдӣ, ҷӯстуҷӯӣ ва амалии аз ҷиҳати иқтидор барои инкишофи илмӣ-техникӣ, технологӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат муҳим, аз ҷумла маълумоте, ки аз даст додани онҳо метавонад ба манфиатҳои миллӣ ва обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;

– кашфиёт, технологияи патенткарданашуда, намунаҳои саноатӣ, намунаҳои судманд ва таҷҳизоти озмоишӣ;

– кадрҳои илмӣ-техникӣ ва системаи тайёркунии онҳо.

Ба ҷумлаи таҳдидҳои асосии берунии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника инҳоро бояд мансуб донист:

– кӯшиши давлатҳои хориҷӣ барои дастрасии зиддиқонунӣ ба манбаъҳои илмию техникии Тоҷикистон барои истифодаи натиҷаҳои бадастовардашудаи олимони тоҷик ба манфиатҳои худ;

– ташкили шароитҳои имтиёзнок дар бозорҳои ватанӣ барои маҳсулоти илмӣ-техникии хориҷӣ ва талошҳои баъзе мамлакатҳо ва дар айни замон маҳдуд намудани инкишофи иқтидори илмӣ-техникии Тоҷикистон (хариди саҳмияҳои корхонаҳои пешқадам бо минбаъд аз нав ба шакли муайян даровардани онҳо, нигоҳдории маҳдудиятҳои содиротию воридотӣ ва ғайра);

– сиёсати баъзе мамлакатҳо, ки барои вайронкунии минбаъдаи фазои ягонаи илмӣ-техникии аз ИҶШС ба давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мерос мондааст аз ҳисоби тағйир додани самт ба мамлакатҳои ғарб, ба алоқаҳои илмӣ-техникии онҳо, инчунин коллективҳои илмии алоҳидаи бештар ояндадор, равона карда шудаанд;

– фаъолшавии фаъолияти корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва тиҷоратии хориҷӣ дар соҳаи ҷосусии саноатӣ бо ҷалб намудани разведка ва хадамоти махсус.

Ба ҷумлаи таҳдидҳои асосии дохилии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва текника инҳоро бояд мансуб донист:

– вазъи мушкили иқтисодии мавҷуда, ки ба пастшавии маблағгузории фаъолияти илмӣ-техникӣ, муваққатан коста шудани нуфузи соҳаи илмӣ-техникӣ, ба хориҷа ихроҷ шудани ақида ва коркардҳои пешқадам оварда мерасонад;

– қобилият надоштани корхонаҳои соҳаҳои миллии саноат дар заминаи комёбиҳои навтарини микроэлектроника, технологияи пешқадами иттилоотӣ истеҳсол намудани маҳсулоти илмии қобили рақобат, ки имконияти таъмини сатҳи кофии мустақилияти технологии Тоҷикистонро аз мамлакатҳои хориҷӣ диҳад, ки ин ба истифодаи маҷбурии васеи воситаҳои барномавию дастгоҳии хориҷӣ ҳангоми ташкил ва инкишофи сохторҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон, оварда мерасонад;

– мушкилоти асосии ҷиддӣ дар соҳаи ҳифзи патентии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникии олимони ватанӣ;

– мушкилии амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи иттилоот, махсусан дар кархонаҳои саҳоммикунонидашуда, дар муассисаҳои илмӣ-техникӣ ва ташкилотҳо.

Роҳи вақеии муқобилият ба таҳдидҳои амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника – ин такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи мазкур танзим менамояд ва усулҳои амалӣ намудани он мебошад.

Соҳаи ҳаёти маънавии мамлакат яке аз объектҳои муҳимтарини таъмини бехатарии иттилоотӣ буда, чунин ҳадафҳоро пешбинӣ мекунад: ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрвандон вобаста ба инкишоф, ташаккул ва рафтори шахсият, хабардоркунии озоди оммавӣ, истифодаи мероси маданӣ, маънавию ахлоқӣ, анъанаҳои таърихӣ ва меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, бо нигоҳ доштани сарвати мадании халқи Тоҷикистон, амалӣ намудани маҳдудиятҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба манфиати нигоҳдорӣ ва мустаҳкамии арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсондӯстӣ, саломатии шаҳрвандон, иқтидори маданӣ ва илмӣ, қобилияти мудофиавии давлат.

Ба объектҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаёти маънавӣ мансубанд:

  • қадру қимати шахсият, озодии виҷдон, аз он ҷумла ҳуқуқи озодона муайян намудани муносибати худ ба ин ё он дин ақидаҳо ва мувофиқи онҳо амал намудан, озодии фикр ва сухан (ба истиснои ташвиқ ё тарғибе, ки адоват ва бадбинии иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, миллатгароӣ ё мазҳабиро бармеангезанд), инчунин озодии эҷодиёти адабӣ, бадеӣ, илмӣ, техникӣ ва дигар намудҳои эҷодиёт ва омӯзиш;
  • озодии ахбори умум;
  • дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, сирри шахсӣ ва оилавӣ;
  • забони тоҷикӣ ҳамчун омили ягонагии маънавӣ ва эҳёи халқи сермиллати Тоҷикистон ва забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва робитаи байнидавлатии халқҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
  • забонҳо, арзишҳои ахлоқӣ ва мероси мадании халқиятҳо ва миллатҳои камшумори Ҷумҳурими Тоҷикистон;
  • объектҳои моликияти зеҳнӣ.

Самтҳои асосии таъмини амнияти иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳаёти маънавӣ инҳоянд:

      • дар Тоҷикистон инкишоф ёфтани асосҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ;
      • ташкили шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои амалӣ намудани фаъолияти эҷодӣ ва кори муассисаҳои маданӣ;
      • коркарди шаклҳои мутамаддин ва усулҳои назорати ҷамъиятии дар ҷамъият ташкил кардани арзишҳои маънавӣ, ки ба манфиатҳои миллии мамлакат ҷавобгӯянд, тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои тақдири он;
      • такмили қонунгузорие, ки муносибатҳоро дар соҳаи маҳдудиятҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танзим менамояд;
      • дастгирии давлатии чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва эҳёи мероси мадании халқ ва миллатҳои камшумори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
      • ташкили механизмҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо дар муқобили вайронкунии барқасдона ё беғаразонаи ин ҳуқуқу озодиҳои конситутсионӣ дар соҳаи ҳаёти маънавӣ;
      • манъи истифодаи вақти эфир дар васоити ахбори умуми электронӣ барои кирояи барномаҳое, ки зӯроврӣ ва бераҳмӣ, рафтори зидди ҷамъиятиро ташвиқ менамоянд;

Дар шароити соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ сол аз сол инкишоф меёбанд. Ингуна ҳамкориҳо қисми пайвастаи ташкилкунандаи робитаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва ғайра бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Хусусияти ин ҳамкориҳо аз шароити тезутундшавии рақобати байналмилалӣ дар бахши манбаъҳои технологӣ ва иттилоотӣ, ҳукмфармоӣ дар бозори фурӯш, ташкил намудани муносибатҳои байналмилалӣ вобаста ба яктарафа ҳал намудани масъалаҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ бармеояд.

Самтҳои асосии ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ инҳоянд:

  • манъ намудани таҳия, паҳнкунӣ ва истифодаи «яроқи иттилоотӣ»;
  • таъмини амнияти мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ, аз ҷумла бе осеб нигоҳ доштани иттилоот ҳангоми интиқоли он бо роҳҳои телекоммуникатсионии миллӣ ва роҳҳои алоқа;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлактаҳои ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дохилшуда барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои компютерӣ;
  • пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба иттилооти махфӣ дар шабакаҳои байналмилалӣ.

Дар ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти махсус дода мешавад.

1.2K
Нет комментариев. Ваш будет первым!