Мавқеи маҳсули эҷодӣ дар ҷаҳони муосир

«Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад.

<h3/>

Э.Раҳмонов

Маҳсули эҷодӣ дар ҷомеаи ҷаҳон торафт қадр пайдо карда, чун манбаи дастовардҳо хизмат мекунад. Тавлиди ғояҳои нав инсонро ба дурнамои нек, тараққиёт ва пешрафти илму техника, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ оварда мерасонад. Дастовардҳо ба ҷомеаи ҷаҳон ҳусни дигаре мебахшанд ва инсон мекӯшад, ки то ҳуқуқу манфиатҳои моликияти зеҳнии худро ҳифз намояд. Ин масъала дар шароити Тоҷикистон бениҳоят рӯзмарра буда, дар ин ҷода нахустин чораҳои амалӣ андешида мешаванд. «Дастовардҳои илмӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангии нав дар саросари ҷаҳон аз мо мавҷудияти потенсиали интеллектуалии бузургро тақозо доранд» – мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов.1)<sup/>*

Бехатарии зеҳнӣ дар таъмини бехатарии миллӣ мавқеи махсус ва рушдёбандаро дорост, зеро пешравии ҳар як давлат дар шароити имрӯза аз иқтидори зеҳнии мамлакат пайвастагии қавӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши инкишофи моликияти зеҳнӣ ва таъмини бехатарии он як қатор чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва таблиғотӣ амалӣ гаштанд. Мулоқоти мунтазами сардори давлат Э.Ш.Раҳмонов бо зиёиёни мамлакат, бо муаллимон, қабул ва татбиқи қонунҳои ҷумҳурӣ «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 2002), «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нишони мол ва хизматрасонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи омехта», «Дар бораи ихтироъ» (соли 2004), «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (соли 2004), қабул ва мавриди татбиқ қарор додани қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши моликияти зеҳниро дар бар мегирад, аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошад.

Мутахассисони дар мактабҳои олии мамлакат тайёршаванда, ки дар шароити иқтисодиёти рақобатпазирӣ фаъолият мекунанд, дар бораи бехатарии зеҳнӣ, ҳифзи натиҷаҳои илмӣ, комёбиҳои техникӣ бояд тасаввурот дошта бошанд. Дониши ҳадди ақал дар соҳаи моликияти зеҳнӣ иборат аст аз донистани:

  • моҳият, ташаккулёбӣ ва унсурҳои моликияти зеҳнӣ;
  • тарзи муайян намудани ихтироот ва дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ дар ҷараёни бунёди техника, технологияи нав ё маводу ашъёи нав;
  • тарзи барасмият даровардани дархост оид ба ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ;
  • усулу услуби истифодабарии дониш дар бахши моликияти зеҳнӣ барои пешгӯӣ намудани инкишофи илму техника, идоракунии иқтисодиёти корхона, соҳа, минтақа ва давлат.

Маводе, ки дар ин ҷо оид ба бехатарии моликияти зеҳнӣ пешкаш мешавад, маълумоти зарурии ибтидоие мебошад, ки донишҷӯён ба он ниёз доранд.

Маҳсули зеҳнӣ натиҷаи фаъолияти фикрӣ буда, дар айни ҳол дар эҷодкории бадеӣ дар соҳаи санъат ва дигар соҳаҳо низ зоҳир мешавад. Иттилоот дар бораи натиҷаҳои нави зеҳнӣ дар шаклҳои гуногуни забони табиӣ ё забони сунъӣ, дар шакли матн, матни бадеӣ, асари санъат, мусиқӣ, балет, расм, дар шакли овоз ва ғайра муҷассам мегарданд.

Дар шароити ҳозира иттилооти зеҳнӣ дар ҳар гуна намуди ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ, интиқол, дар шакли сурат, нусхабардорӣ дар рӯйи коғаз, сабти рақам, сабт дар дискет, диск ва ғайра зоҳир гардида, дар ҳамаи ҳолатҳо новобаста аз забон ё шакли пешбаришуда, онҳо дониши навро дар худ таҷассум менамоянд ва чун натиҷаи меҳнату дастовардҳои зеҳни арзёбӣ мешаванд.

Албатта ҳар гуна дастоварди меҳнати зеҳнӣ ба самараи хоси худ соҳиб буда, аз ҷониби одамон ба манфиати мушаххаси худ истифода мешаванд – чӣ дар соҳаи истеҳсолот ё тиҷорат, чӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ё қонеъкунии дархостҳои фарҳангии худ. Натиҷаҳои меҳнати фикрӣ, маҳсулоти зеҳние, ки ба арзиши муайяни истеъмолӣ соҳиб аст, дар шароити бозор мол ҳисоб мешавад ва нишонаҳои молро ба худ мегирад, аммо на ҳамаи донишҳои илмӣ, масалан тадқиқотҳои бунёдӣ мол шуда метавонанд.

Дар ҳамагуна ҳолат новобаста аз он, ки маҳсули зеҳнӣ ранг ё намуди мол гирифтааст, ё нагирифтааст, вай «соҳиб» дорад. Соҳибӣ ба моликияти зеҳнӣ имконият медиҳад, ки аз рӯйи ин гуна амвол ҳукмронӣ кунад, яъне метавонад фурӯшад, ба дигар мол иваз кунад, ба иҷора диҳад ва ғайра. Амволи зеҳнӣ чун унсури неъматҳои ғайримоддӣ монанди дигар муносибатҳои моликиятие, ки бо Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд, низ бояд мавриди танзим, тиҷорат, нархгузорӣ қарор гирад.

Маҳсули зеҳнӣ чун натиҷаи фаъолияти эҷодии зеҳнӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Шаклҳои зуҳурот – фотографӣ, типографӣ, электронӣ ва ғайра. Дар баъзе мавридҳо ин гуна моликият дар шакли ғайри ҷисмонӣ зоҳир мешавад. Масалан суруде, ки хонда мешавад ё лексияе, ки хонда мешавад, рақсе, ки раққоса ё раққос иҷро мекунад – ингуна иттилоот бештар дар хотири одамон сабт мешавад.

Истифодаи ҳуқуқи соҳибгардӣ имконият медиҳад, ки амволи зеҳнӣ бо роҳи нусхабардорӣ чун манбаи даромад истифода шавад, аммо ин ҳолат баъзе нишонаҳои монополиро дошта, дар мамлакатҳои ҷаҳон ба қадре маҳдуд карда мешавад – бо роҳи маҳдудкунии мӯҳлати амалкунии патент ё мӯҳлати ҳуқуқи муаллифӣ.

Таъмини бехатарии моликияти зеҳнӣ тақозо мекунад, ки объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ, объектҳои моликияти саноатӣ ба таври мушаххас таснифот карда шаванд.

Ҳуқуқи муаллифӣ ҳифзи асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат аз ҷумла монографияҳо, шеър, расм, асарҳои мусиқиро пешбинӣ мекунад. Ин гуна асарҳо тарзи гуногуни баёнот дошта, аз рӯйи матну мазмуни худ чун дастоварди эҷодӣ, арзёбӣ мешаванд. Ё ин ки китоби дарсие, ки дар он дониши муайян навишта шудааст, хусусияти муаллифро дарҷ намуда, бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифз мешавад.

Вақтҳои охир намуди маҳсули илмии техникӣ густариш ёфта, дар ҳолати вуҷуд доштани талабот, ҳамчун мол хариду фурӯш мешавад, ё ин ки чун саҳмия ба маблағи оинномавии корхона дохил карда мешавад. Дар ин ҳолат, албатта ин гуна маҳсулот пешакӣ ба қайд гирифта шуда, лоиҳаи депонентии он махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмӯи моликияти зеҳнӣ объектҳои моликияти саноатӣ ҷой дорад, ки ҳуқуқи истифодаи натиҷаҳои эҷодии характери илмию техникӣ доштаро дар бар мегирад.

Объектҳои анъанавии моликияти саноатӣ ихтироъкорӣ, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ, ё ин ки гузориши дизайнӣ, намуди берунаи молҳо ва маҳсулотро дар бар мегирад. Гузашта аз ин нишони мол, нишони хизматрасонӣ, номгӯи ҷои истеҳсоли мол, инчунин ҳифзнамоӣ аз рақобати бевиҷдонона ба объектҳои моликияти саноатӣ дохил мешавад.

Рушди ҷомеа дар кишвари мо дар ҳолате мебошад, ки барои бисёриҳо худи вожаи «моликияти зеҳнӣ» як қадар бегона метобад. Ҳатто моликияти саноатиро бо амволи ғайриманқул ба монанди завод, фабрика, иморат, бино, таҷҳизот, қубур, воситаҳои нақлиёт аралаш (омехта) мекунанд. Бинобар ин унсурҳои моликияти саноатӣ бояд мушаххас гардонида шаванд. Масалан, ихтироъ чун натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва унсури моликияти саноатӣ барои ҳифзи худ патентро соҳиб мешавад. Барои патентпазир гаштани ихтироъ вай бояд ба як қатор талаботҳо, масалан бо навбунёдии худ, ба сатҳи ихтироъ мувофиқ буданаш, дар худ унсури эҷодӣ доштанаш, барои дар истеҳсолот истифода шуда натавонистанаш ҷавобгӯ бошад. Ихтирое, ки дар соҳаи сохтани конструксияи нав, техникаи нав ҷой дорад, аз ихтирои технологӣ фарқ мекунад. Агар дар ҳолати аввал патентро ба маҳсулот диҳанд, дар ҳолати дуюм патентро ба усули истеҳсоли маҳсулот медиҳанд. Баъзе мешавад, ки патент дар айни ҳол ба ҳарду намуди ихтироъ дода мешавад. Ҳифзи ихтироъ бо патент ба соҳиби патент ҳуқуқи истисноиро дар мӯҳлати муайян пешниҳод мекунад – мӯҳлати бархурдоршавӣ аз ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулот бо технологияи патентшуда, истифода, фурӯши он.

Дар ҳайати моликияти саноатӣ ихтирои биотехнологӣ равнақ ёфта, ҳоло дар амалияи тандурустӣ, истеҳсоли озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра васеъ истифода мешавад. Биотехнология бо организми зинда – растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо вобаста мебошад. Инчунин бо ихтироъи маводи биологӣ чун тухмӣ, ҳуҷайраҳо, ферментҳо, плазмитҳо ва ғайра. Ин соҳа соҳаи тараққиёбанда ҳисоб мешавад, гарчанде ки баъзе усулҳои биотехнология аз давраи қадим, масалан, барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, нон, пиво, нонпазӣ, пивопазӣ, винотайёркунӣ, коркарди чарм ё чармгарӣ, селексияи ҳайвоноту наботот вуҷуд доштанд. Аммо биотехнологияи ҳозира то ба дараҷае инкишоф ёфта, имконияти натиҷаҳои чашмдоштро пешакӣ муқаррар мекунад. Масалан, дар соҳаи наслгирӣ чунин усулҳои сунъиро ба миён овардааст, ки истифодаи он организмҳоро бо нишонаҳои пешакӣ муайяншудаи наслӣ пайдо мекунад. Баъзе намудҳои ихтирои биологие, ки бо ҳосил намудани микроорганизмҳои нав вобаста аст, зарурати таҳияи шартномаи махсуси байналмилалиро ба миён овард. Тибқи он микроорганизмҳо ба сифати натиҷаи фаъолияти эҷодӣ дар дипозиторҳои махсуси байналмилалӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ингуна шартномае, ки будапештӣ номида шуда, нигоҳдории микроорганизмҳоро ба мақсадҳои патентгузорӣ пешбинӣ мекунад, соли 1980 дар Будапешт баста шуда буд.

Намунаҳои саноатӣ чун моликияти зеҳнӣ натиҷаҳои эҷодиёти бадеиро дар зоҳироти декоративии молҳои саноатӣ дар бар мегирад. Дар ин ҷо дар қатори ҷиҳати ороишдиҳии маҳсулот, намуди зоҳири нишонаҳои эргономикиро ба монанди қулай, яъне роҳатбахшии истифодаи маснуот, бехатарӣ мавриди истифода ва дигар хусусиятҳои сифатии маҳсулотро дар бар мегирад.

Ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, моликияти зеҳнӣ ва махсусан моликияти саноатӣ яке аз самтҳои пешрафти рушди иқтисодии ҳар як кишвар аст. Маркази миллии патенту иттилоот (ММПИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазорати иқтисод ва савдо таъсис ёфтааст, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтирокорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро таъмин мекунад.

Дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ метавонад барои ҳифзи объектҳои моликияти саноатии худ ба Идораи патентӣ ариза пешниҳод намояд ва дар асоси он ҳуқуқи гирифтани ҳуҷҷати ҳифзкунандаро соҳиб шавад. Аз рӯйи маълумоти аввали соли 2004 дар ҷумҳурӣ 357 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтироъ, 21 патент ба намудҳои саноатӣ, 17 шаҳодатнома ба моделҳои судманд ва 5606 шаҳодатнома ба нишонҳои молӣ дода шудаанд. Патент дар муддати 20 сол аз рӯзи пешниҳоди арзнома ба эътибор гирифта мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла соли 1995 ба Конвенсиияи патентии Евроосиёгӣ ҳамроҳ шудааст.

Тавре ки маълум аст, бо сабабҳои аён дар соли 1990 кишвар аз нигоҳи сарвати инсонӣ талафоти зиёд дид. Ду даври муҳоҷирати аҳолии русзабон (солҳои 1990-1994) боиси аз кишвар рафтани бештар аз 90 ҳазор коргарон ва мутахассисони баландихтисос гардид. Талафоти бебозгашти сарвати инсонӣ аз рӯйи ҳисобҳои тахминие, ки дар Барномаи рушди мамлакат то соли 2015 оварда мешавад, 2,4 млрд. сомониро ташкил додааст. Талафоти сарвати инсонӣ дар натиҷаи муҳоҷирати кории хориҷӣ метавонад бештар аз ҳама гаронтару вазнинтар бошад.

Аз рӯйи баъзе хулосаҳо то 25 %-и аҳолии қобили меҳнат барои дарёфти музди кор ба кишварҳои хориҷаи дуру наздик сафар намудаанд. Ин гурӯҳи одамон асосан аз шахсони дорои ихтисоси баланд ва аз синни 20 то 50 сола мебошанд. Гарчанде, ки онҳо дар хориҷа меҳнат карда ба ҷумҳурӣ маблағҳо ворид менамоянд, дар айни ҳол ин барои кишвари мо ҳам дарёфт ва ҳам талафот аст. Талафоти сарвати инсонӣ аз муҳоҷират аз рӯйи баъзе ҳисобҳо аз 6 то 8,25 млрд. доллари ИМА–ро ташкил медиҳанд. Ба ин нишондиҳандаҳо талафот аз нарасидани қувваи корӣ дар саноат, сохтмон, соҳаи хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дохил нестанд. Нарасидани қувваи кории баландихтисос, махсусан дар давраи ҳассоси корҳои кишоварзӣ, дар сохтмони деҳот, дар корҳои мелиоративӣ, бунёди иншоотҳои бузурги ҷумҳуриявӣ ва дигар соҳаҳо эҳсос мегардад.

240
Нет комментариев. Ваш будет первым!