Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва таснифоти он

Мафҳуми моликият дар назарияи иқтисод чун муносибати ҷамъиятие дониста мешавад, ки маънои азхудкунӣ ва тақсимоти неъматҳои моддиро мефаҳмонад. Моликият маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки неъматҳои моддиро ба субъекти муайян вобаста намуда ҳифз менамояд.

Ҳуқуқи моликият дар навбати худ се намуд ҳуқуқро дар бар мегирад:

  • ҳуқуқи соҳибгаштан, яъне амволи мазкурро пурра ихтиёрдорӣ намудан;
  • ҳуқуқи истифодабарӣ – яъне истифода ва истеъмоли амволи мазкур, инчунин гирифтани фоида аз истифодабарӣ;
  • ҳуқуқи амрдиҳӣ аз рӯйи амволи мазкур, яъне муайян намудани тақдири ҳуқуқии амвол бо роҳи пеш бурдани муносибатҳои амволӣ.

Амволи зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун намуди нави моликият дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми 3, фасли 5 Моликияти зеҳнӣ дарҷ ёфтааст. Дар қонунҳои вобаста ба моликият зеҳнӣ ба маънои натиҷабахшии фаъолияти кормандони илмӣ, зиёиён, барои тавсифи иқтидори илмию техникии мамлакат, корхонаи алоҳида истифода мешавад.

Амволи зеҳнӣ чун маҷмӯи ҳуқуқҳои афрод ва намуди нави муносибатҳое, ки ба моликият вобастаанд ва ба натиҷаҳои фаъолияти интеллектуалӣ ва эҷодӣ вобаста мебошанд, тавсиф мешавад.

Масоили моликияти зеҳнӣ дар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ сабт гардида, ҳуқуқи он ҳифз мешавад. Яке аз идораҳои бонуфуз – ин Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ)1)<sup/>* мебошад. Конвенсия дар бораи таъсиси ин Созмон, ки дар Стокголм 14 июли соли 1967 (бо дохил намудани тағйиротҳо 2 октябри соли 1979) қабул гардид, моликияти зеҳниро чун ҳуқуқдорӣ ба объектҳои мушаххас маънидод намуда, ба унсурҳои зайл вобаста менамояд:

  • асарҳои адабӣ, бадеӣ ва илмие, ки бо ҳуқуқи муаллиф ҳифз мешаванд;

– фаъолияти иҷрокунии ҳунарпешагон, сабти овоз, барномаҳои

  • радиошунавонӣ ва телевизионӣ, ки чун ҳуқуқи омехта ҳифз мешаванд;
  • кашфиётҳои илмӣ, ихтироот, намунаҳои саноатӣ, нишони мол, ки аз ҷониби ҳуқуқи патентӣ ва ҳуқуқи моликияти саноатӣ ҳифз мешаванд, инчунин ҳифз аз рақобати бевиҷдонона, ки тибқи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ҳифз мешаванд;
  • ба моликияти зеҳнӣ инчунин дигар ҳуқуқҳои вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ дар бахши истеҳсолӣ, илмӣ, адабӣ ва бадеӣ дохил мешаванд.

Ингуна таснифоти моликияти зеҳнӣ соли 2000-ум ба қарори СУМЗ тағйир дода шуд. Ба мафҳуми моликияти зеҳнӣ ҳар гуна намудҳои моликияте ворид гаштанд, ки агар онро чун зеҳнӣ маънидод кунанд ва ингуна моликият мавриди ҳифз қарор гирад. Яъне минбаъд мазмуни моликияти зеҳнӣ васеъ гардида, бо ихтирои илмию техникӣ, асарҳои адабӣ ё бадеӣ, нишони мол ва тамғаи корхонаҳои соҳибкор, намунаҳои саноатӣ ва нишондодҳои ҷуғрофӣ маҳдуд намешавад.

Дар вақтҳои охир ҳарчӣ бештар зарурати бунёди низоми ҳуқуқии ҳамаи намудҳои дастовардҳои зеҳнӣ ба назар мерасанд. Дар эъломияи умумиҷаҳонӣ оид ба моликияти зеҳнӣ (соли 2000-ум) зарурати гузариш аз танзими объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ ба танзими муносибатҳои васеи дониш ҷиҳати муносибатҳои ҳуқуқию шаҳрвандӣ вобаста ба фаъолияти зеҳнӣ пешниҳод гаштанд.

Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми III, фасли 5) мафҳуми моликияти зеҳниро чунин маънидод мекунад: «Моликияти зеҳнӣ ин ҳуқуқҳои амволӣ ва (ё) ғайриамволии шахсӣ нисбат ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, фардикунонии маҳсулот, корҳо ё хизматрасонии иҷрошаванда (воситаҳои фардикунонӣ) ва ҳамчунин объектҳои дигари ба онҳо баробаркардашуда мебошад.

Мазмун, асосҳои ба миён омадан, тартиби татбиқ ва қатъ намудани ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсӣ нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ бо ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муайян карда мешаванд».

Тибқи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. натиҷаҳои фаъолияти эҷодии зеҳнӣ:
  • асарҳои илмӣ, санъат ва адабиёт, аз ҷумла барномаҳо барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, барномаҳои компютерӣ ва маҷмӯи маълумот;
  • иҷро намудан, фонограммаҳо, ташкили намоиши эфирӣ ё намоиши кабелӣ;
  • ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ;
  • дастовардҳои селексионӣ;
  • топологияи микросхемаҳои интегралӣ;
  • маълумоти дорои сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ.
  1. воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни аҳдҳои гражданӣ, молҳо, корҳо ва хизматрасонӣ:
  • номи фирмавӣ;
  • тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ;
  • номи маҳалли истеҳсоли мол ва нишондоди истеҳсолӣ.
  1. натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ ва воситаҳои фардикунонии ба онҳо баробаркардашуда, ки мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.

Соҳиби ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ба натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ё воситаҳои фардикунонӣ ҳуқуқҳои мустасноие дорад, ки нисбати ҳама ва ҳар кас ҳифз карда мешавад. Ҳуқуқи истисноӣ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ё воситаи фардикунонии ваколатҳои амволӣ ва ғайриамволии шахсиро дар бар мегирад.1)<sup/>*.

Мафҳуми «Моликияти зеҳнӣ» дар Кодекси граждании ҷумҳурӣ таърифи нави худро ёфта бошад ҳам, ба тарзи маҳдуд маънидод мешавад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳайати худ дороиҳои (активҳои) ғайримоддиро низ дар бар мегирад. Ба ҳайати ингуна дороиҳое, ки арзишашон муайян гашта, ба сифати воҳиди ҳисобот пешбарӣ мешаванду дар фаъолияти хоҷагидорӣ бо гирифтани фоида истифода мешаванд, чунин объектҳои моликият ворид мешаванд:

  1. Ихтироъкориҳо ва намунаҳои саноатие, ки бо ҳуқуқи патентӣ ҳифз мешаванд.
  2. Объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи омехтае, ки бо ҳуқуқи муаллифӣ ҳифз мешаванд.
  3. Тамғаи мол, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаи мол, тамғаи хизматрасонӣ ва номи маҳалли истеҳсоли мол» ҳифз мешавад.
  4. Дастовардҳои селексионие, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионӣ» ҳифз мешаванд.

Ҳуқуқи амвол ба объектҳои номбаршуда дар ҳолати гардиш қарор дошта, дар асоси шартномаҳои муаллифӣ, литсензионӣ ва ғайра гардиш мекунанд.

Таснифоти номбурда, таснифоти саҳеҳ набуда, бояд чунин ҳуқукҳои ҷузъии объектҳои моликияти зеҳниро дар бар гирад:

  1. Ҳуқуқ ба ҳамагуна асарҳои илмӣ, адабӣ, санъат чун ҳуқуқи муаллиф.1)<sup/>*.
  2. Ҳуқуқи иҷроиш, басаҳнагузорӣ, сабти овоз, ба фазо баровардан ё ба тариқи кабелӣ паҳнкунӣ.
  3. Ҳуқуқи барномасозӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва базаи маълумотҳо.
  4. Объектҳои мулки зеҳние, ки ҳамчун объекти моликияти саноатӣ ҳифз мешаванд.
  5. Ҳуқуқи кашфиёт ва намунаҳои саноатӣ.
  6. Ҳуқуқи василаи инфиродбахшӣ, ба монанди – нишони мол, нишони хизматрасонӣ, унвони фирма ва ғайра.
  7. Ҳуқуқи дастовардҳо дар бахши селексионӣ, зотпарварӣ.
  8. Ҳуқуқи сирри тиҷоратӣ ва ноу-хау.1)<sup/>*.

Ҳуқуқи пешгирии рақобати бевиҷдонона.

Таснифоти объектҳои моликияти зеҳниро чун объектҳои анъанавӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ.
  2. Объектҳои моликияти саноатӣ.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқи омехта» асарҳои зерин дорои ҳуқуқи муаллифӣ шуда метавонанд:

  • ҳуҷҷатҳои расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, матнҳои дигари хусусияти қонунгузорӣ, маъмурӣ ва судӣ дошта), инчунин тарҷумаи расмии онҳо;
  • нишону аломатҳои давлатӣ (парчам, нишон, орденҳо, пул ва ғайра);
  • хабару маълумотҳои хусусияти иттилоотӣ дошта;
  • асарҳои эҷодии халқ.

Ҳайати объектҳои моликияти саноатӣ аз рӯйи Низомномаи конвенсияи Париж оид ба моликияти саноатӣ, ки соли 1883 қабул шудааст, таснифот мешаванд. Дар ин ҷо бояд эзоҳ дода шавад, ки :

  • ба ҳайати ихтироот усулҳои техникии ҳалли масъала дохил карда мешаванд;
  • ба гурӯҳи намунаи саноатӣ намунаи маснуот аз рӯйи намуди берунаи худ ва мувофиқат ба талаботҳои конструкторию бадеии маҳсулот маънидод мешавад;
  • нишони мол, нишони хизматрасонӣ, номгӯи фирмавии мол ё мавқеи ҷойгиршавии мол, нишонаҳо ва унвонҳоеро дар бар мегирад, ки барои молҳои якранг фарқкунанда бошанд, ё ин ки истеҳсолкунандаи онҳо аз якдигар фарқ кунад;

– дастовардҳои селексионӣ эҷоди навъҳои наботот ва зоти нави ҳайвонотро дар бар мегирад;

– иттилооти тиҷоратӣ, аз ҷумла ноу-хау, ки гарчанде ба объектҳои моликияти саноатӣ дохил карда мешавад, бояд чун объекти алоҳидаи хоси моликияти зеҳнӣ маънидод шавад.

Дар ин ҷо бояд зикр намуд, ки дар масъалаи моликияти зеҳнӣ Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ҷиҳати тиҷоратии ҳуқуқи моликияти зеҳниро баррасӣ намуда, дохил намудани ҳуқуқи вобаста ба «иттилооти пӯшида» (яъне иттилооти ба шахси сеюм дастнорас ва пинҳонӣ)- ро ба ҳайати моликияти зеҳнӣ муқаррар сохт.

Ҳуқуқи пешгирии рақобати бевиҷдонона ба гурӯҳи моликияти саноатӣ дар он асос дохил мешавад, ки санадҳои рақобати бевиҷдонона аксар вақт ҳуқуқвайронкунии объектҳои моликияти саноатӣ мешаванд.

Рақобати бевиҷдонона дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» дарҷ гардидааст.

Натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва василаҳои инфиродсозӣ объекти ҳуқуқӣ боистисно буда, истифодаи онҳо танҳо бо розигии соҳиби ин ҳуқуқ сурат мегирад. Маҷмӯи мулки зеҳнӣ новобаста аз намуди мушаххаси он хусусиятҳои умумиро дорост, яъне:

  1. ҳамаи онҳо дар натиҷаи фаъолияти зеҳнии кормандони мутаносиб ба вуҷуд меоянд;
  2. ҳамаи онҳо маҷмӯи ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ мебошанд;
  3. дар давоми мӯҳлати тӯлонӣ метавонанд истифода шаванд;
  4. метавонанд чун манбаи даромадорӣ хизмат кунанд;
  5. дар бозори моликияти зеҳнии мамлакат мавқеъ дошта бошанд.

Низоми миллии ҳифзи иншооти моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмию техникӣ дар ҷумҳурӣ, ки дар марҳилаи нави ташкил шудан қарор доранд, бояд минбаъд ҳар чӣ тезтар мукаммал гардонида шаванд.

  1. 1) Баъзе мафњумњои моликияти зењние, ки дар Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба он» оварда шудаанд:

    муаллиф – шахси воќеие мебошад, ки асар дар натиљаи мењнати эљодии ў офарида шудааст;

    асари аудиовизуалї – асаре, ки аз миќдори муайяни бо њам алоќаманди кадрњо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки биної ва шунавої (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоњњои техникии дахлдор таъин шудааст; асарњои аудиовизуалї аз асарњои кинематографї (синамої) ва њамаи асарњои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмњои телевизионї ва видеої, диафилмњо, филмњои слайдї ва ѓ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онњо;

    таљдиди асар – тањияи як ё якчанд нусхаи асар ё ќисме аз он дар њама гуна шакли моддї, аз љумла, дар шакли сабти овозї ва видеої: сабти асар барои нигањдории доимї ё муваќќатї, њамчунин ба хотираи дохилї ё берунии МЭЊ дохил кардани он низ таљдид ба њисоб меравад;

    фонограмма – њаргуна сабти сирф, овози иљроишњо ё дигар садоњоё инъикоси онњо, ба ѓайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалї дохил карда шудааст;

    таљдиди фонограмма – тањияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё ќисме аз он дар њар гуна шакли моддї, њамчунин нигањдории доимї ё муваќќатї дар хотираи МЭЊ ва дигар дастгоњњои компютерї;

    сабт – нигориши овозњо ва (ё) тасвирњо ё инъикоси онњо тавассути васоити техникї дар ягон шакли моддї, ки имконияти бисёркаратаи амалї сохтани дарк, таљдид ё дастрас кардани онњоро фароњам меорад;

    иљро – тавассути бозї, суруд, раќс дар шакли иљрои њаќиќї ё бо ёрии ягон василаи техникї (барномањои телевизион ва радио, телевизиони кабелї ва ѓ.) пешкаш кардани асар, фонограмма, иљро, намоиш; нишон додани кадрњои асари аудиовизуалї; иљрогар – актёр, овозхон, мусиќинавоз, раќќос (раќќоса) ё шахси дигаре, ки наќш иљро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханронї мекунад, асбоби мусиќї менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз љумла барномањои эстрада, сирк ё лўхтакї) ва ё ифодаи фолклорро иљро мекунад

    воситањои техникии њифзи њуќуќи муаллиф ва њуќуќњои вобаста ба онњар гуна дастгоњњои босамари техникї ва ќисмњои онњо, ки дастрасиро ба асар ё объектњои њуќуќњои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалњоеро, ки нисбати асар ё объектњои њуќуќњои вобаста ба он, ки аз љониби дорандагони ягон њуќуќи аз тарафи ќонун њифзшаванда иљозат дода шудаанд, пешгирї ва мањдуд мекунанд. ↑

  2. 1) Профессор Комилов С.Љ. ва Алиева Г.Ш. истифодаи мафњуми «ноу-хау»-ро шарњ дода менависанд, ки дар зери ин мафњум, амалан, донишњои техникї, таљриба ва асрори истењсолот фањмида мешавад. Агар дар кишварњои хориљї дар тавсифи таљрибаи истењсолї мафњуми «ноу-хау» истифода шавад пас дар кишварњои Иттињоди давлатњои мустаќил, яъне љумњурињои собиќ шўравї ба љои ин мафњумњои «таљрибаи пешќадам» ва «таљрибаи пешќадами истењсолї» истифода карда мешавад. Таърихи истифодаи ин мафњумро даст зада, онњо мефањмонанд, ки дар таљрибаи байналхалќии тиљоратї истилоњи «ноу-хау» якумин маротиба дар њуќуќи амрикої соли 1916 дар парвандаи Дюранд ба муќобили Браун истифода шуда, аз њамон сол бе тарљума ва айнан мавриди истифода ќарор гирифтааст. Аз соли 1953 ин истилоњ дар созишномањои байналмилалї ва адабиёти иќтисодї ба таври расмї истифода мешавад. Истилоњи «ноу-хау» (know-how) айнан маънои «чї тавр иљро кардан, донистан»- ро дорад.

    Мавќењои мухталиферо, ки дар адабиёти муосир тањти мафњуми «ноу-хау» љой доранд, тањлил намуда муаллифон дар маљмўъ чунин таърифи «ноу-хау»-ро пешнињод мекунанд: «Ноу-хау» – ин донишњо, таљриба ва малакањо дар соњаи кор карда баромадан (лоињасозї), азхудкунии саноатї, истењсолот, фурўш, истифодабарї, хизматрасонї, таъмири љориву асосї, такмил додани техникаи нав, инчунин донишњои ба онњо алоќаманд ва таљриба дар соњаи идора, иќтисодиёт, молия ва ѓайра мебошад, ки онњо метавонанд мавриди истифода ќарор гиранд ё арзише дошта бошанд».

    Комилов С.Љ., Алиева Г.Ш. Менељмент ва рушди фаъолияти нављорисозї (инноватсионї). Рисолаи илмї. – Душанбе: Маркази тадќиќоти стратегии назди Президенти Љумњурии Тољикистон, 2005, сањ. 60- 61. ↑

390
Нет комментариев. Ваш будет первым!