Ташаккулёбии моликияти зеҳнӣ ва усулҳои ҳифзи он
Сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки ба қадри имкон иқтидори зеҳнии мавҷуда самаранок истифода шавад. Гуфтан лозим аст, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1992 ҳамаи намудҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун моликияти давлатӣ қарор дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешуданд. Ихтироот бо шаҳодатномаи муаллифӣ ҳифз гардида, ба муаллифон имкон медод, ки ҳуқуқи унвонро гирифта соҳиби мукофот гарданд. Бо ҷорӣ намудани муносибатҳои бозаргонӣ ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар амалия шакли ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатиро соҳиб гашт. Ширкатҳои хусусӣ дар раванди инкишофи моликияти зеҳнӣ ва татбиқи стратегияи умумии тараққиёти ин бахш фаъол гардиданд.
Ҳуқуқӣ патентӣ. Ҳуқуқӣ патентӣ – ҳуқуқе мебошад, ки муносибатҳои бо ихтироот, моделҳои муфид, намунаҳои саноатӣ вобастаро танзим менамояд. Ин гуна муносибатҳо ғайримоддӣ буда, дар объектҳои моддӣ таҷассум намегарданд.
Байни ҳуқуқи патентӣ ва ҳуқуки муаллифӣ фарқияти принсипалӣ вуҷуд дорад. Агар ҳуқуқи муаллифӣ шакли асарро ҳифз намояд, патент натиҷаҳои техникии онро ҳифз мекунад. Дар ҳуқуқи муаллифӣ дар бораи арзиши асар масъала гузошта намешавад, ҳуқуқи муаллифӣ аз рӯйи бунёдшавии худи асар ба вуҷуд меояд. Дар ҳуқуқи патентӣ дар қатори навигарӣ зарурати исботи дараҷаи сифати техникии он ба миён гузошта мешавад.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки нахустин патент дар Англия соли 1449 аз ҷониби шоҳ Генрихи VI ба устое, ки тарзи тайёр намудани шишаи рангинро пешниҳод намудааст, дода шуда буд.
Қонуни нахустини патентӣ низ инчунин дар давраи шоҳ Яков Стюарт қабул шуда буд ва маҳз дар Англия аввалин патентҳо барои ҳуқуқи монополӣ мувофиқи «Статут дар бораи монополияҳо,1)<sup/>* ки соли 1623 қабул шуда буд ба одамон дода шуданд. Ин Қонун имконият медод, ки ҳар касе, ки навигарии техникиро эҷод ва истифода кунад, метавонист дар давоми 14 сол аз фоидаи ингуна навоварии худ бархурдор бошад.
Вожаи «патент» аз калимабандии «Letters Patent» (леттерс патент) бар меояд, ки маънои «грамотаи кушод»-ро дорад. Яъне тибқи тартиботи ҳамон давра ҳуҷҷатҳо бо мӯҳр тасдиқ намешуданд. Мӯҳр дар қисми поёнии варақи коғаз гузошта мешуд. Ҳоло дар дунё зиёда аз 11 млн. патентҳо вуҷуд доранд, ки барои 8 миллиони онҳо мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқиашон ба охир расидааст.
Патент афзалият, муаллифӣ ва ҳуқуқи истисноиро тасдиқ намуда, дар доираи қаламрави мамлакате, ки онро додааст, амал мекунад.
Дар қатори ихтироот моделҳои муфид (фоиданок) бахши муҳими моликияти зеҳнӣ мебошанд.
Дар ҳолатҳои аз ҷиҳати навоварӣ ва истифодаи саноатӣ эътироф карда шудани моделҳои муфид, онҳо ба шарту шароити патентбандӣ мувофиқ мешаванд. Моделҳои муфид бештар барои ҳифзи қарорҳои техникӣ вобаста ба қисмҳои он дода мешаванд. Дар қаламрави Федератсияи Руссия моделҳои муфид танҳо вақтҳои охир мустақилона ё алоҳида объекти хифз шуданд. Дар Руссия додани шаҳодатномаҳо барои моделҳои муфид аз соли 1994 сар шуда буд.
Моликияти саноатӣ яке аз қисмҳои таркибии моликияти зеҳнӣ буда, таърихи тӯлонии ташаккулёбии худро дорад. Пайдоиши он дар асри ХII дар як вақт бо пайдоиши худи саноат, илм, техника ба вуҷуд омадааст. Масалан, дар Англия дар асрҳои ХII-ХIV аз ҷониби ҳокимияти шоҳ ба ашхосе, ки ба ташкил намудани соҳаҳои истеҳсолот дар асоси технологияи нав машғул мешуд, имтиёзҳои махсус дода мешуд. Ингуна имтиёзҳо дар он ифода меёфтанд, ки соҳиби навоварӣ (технологияи нав) дар мӯҳлати муайян аз ҳуқуқи боистисно бархурдор буда, чун монополист амал менамуд. Маҳз мавқеи инҳисорӣ имконият медод, ки навоварӣ хароҷотҳои худро пӯшонад ва барои навоварон фоида биёрад. Давлат ҳам инчунин аз ин баҳра мебурд – технологияи нав ба мамлакат ворид мегашт.
Патент тавре, ки қайд карда шуда буд, танҳо ба ихтироъкори воқеӣ ва нахустин тавлидкунандаи маҳсулоти нав дода мешуд. Албатта, аз он давра моҳияти патенту ихтироъ ба таври куллӣ тағйир ёфт, васеъ гардид. Масалан қоидае ҷорӣ гардид, ки ихтироъ бояд муфассал ва пурраю возеҳ навишта шавад, то ин ки дар асоси он ҳуқуқҳои мушаххас ба соҳиби патент дода шаванд. Аммо зарур нест, ки худи соҳиби патент муаллифи воқеии навоварӣ бошад.
Дар байни намудҳои моликияти саноатӣ таърихи пайдоиши нишони мол ҷолиби диққат мебошад. Вай дар асрҳои қадим пайдо шуда, дар ибтидои худ шакли мӯҳри шахсиро дошт, ки ба маҳсулоти истеҳсолмешуда аз хишт сар карда то ҷавоҳирот чун нишони маҳсули муаллиф гузошта мешуд. Пайваста бо нишони мол ному шӯҳрати муаллиф, инчунин кафолати сифати баланди моли ӯ паҳн мегардид.
Аз асри XIX сар карда нишони мол ба мавқеи ҳозираи унвону вазъи ҳуқуқии худ соҳиб гашт. Бо зиёдшавии номгӯи молҳо, миқдори истеҳсоли онҳо, пайдо шудани истеҳсолкунандагони миллию байналмилалии молҳои якхела, намудҳо, навъҳо, хусусиятҳои ширкатии онҳо ва ғайра, афзоиши ҳаҷми хариду фурӯши онҳо, пайдо шудани молҳои «сохта» зарурати ҷорӣ намудани меъёрҳои махсуси ҳуқуқиро дар ин бахш ба миён овард. Дар Англия, масалан дар асри XIX чораҳои ҳифзи нишони мол ба тариқи амсоли судӣ ҷорӣ гашта, барои ҳифзи ҳуқуқи истисноии соҳиби нишони мол равона шуда буданд. Ашхосе, ки ҳуқуқи нишони молро дошт, аз ҳуқуқи пурра бархурдор буда, соҳибҳуқуқ буд. Истифодаи ин нишон барои ашхоси дигар манъ буд. Густаришёбии ин ҷараён дар асри ХХ талаботҳои навро ба миён овард. Масалан, барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқи нишони мол тартиби аз қайд гузаштан, пешбарии усулҳои нави истифодаи нишони мол бо роҳи литсензиякунонӣ ҷорӣ гашта, инчунин, қоидаҳои нави ҳифзи нишони мол ва ғ. пайдо шуданд.
Дар давраи шӯравӣ ва низоми марказонидашудаи иқтисодиёт ҳифзи патентии моликияти саноатӣ асоси ҳуқуқии кофӣ надошт. «Низомнома дар бораи ихтироъ ва такмилоти техникӣ» (соли 1931) чун тарзи асосии ҳифзи ҳуқуқи ихтирокорӣ шаҳодатномаи муаллифиро ҷорӣ намуд, гарчанде, ки патентгузорӣ расман бекор нашуда буд. Азбаски соҳибкории инфиродӣ вуҷуд надошт, истифодаи патент чун ҳуҷҷати имтиёздиҳӣ дар амалияи соҳибкорӣ аҳамияти худро гум карда буд. Гарчанде, ки низомномаҳо дар хусуси ихтироъкорӣ чандин карат иваз шуда бошанд ҳам, дар давраи шӯравӣ моҳияти онҳо якзайл буд.
Қонунгузориҳои миллие, ки дар давлатҳои ҷаҳон ба вуҷуд омада буданд, барои ҳифзи ҳуқуқии моликияти саноатии давлати хеш хизмат менамуданд, аммо бо сабаби гуногун будани онҳо проблемаи ҳамоҳангсозии онҳоро ба миён овард. Бинобар ин соли 1873 дар шаҳри Вена конгресс оид ба ислоҳоти патентӣ даъват гардида, дар он ҳукуматҳои давлатҳои гуногун дар масъалаи ҳифзи патентӣ ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват шуданд. Соли 1883 конфронсе, ки дар Париж барпо гардид, Конвенсияро оид ба ҳифзи моликияти саноатӣ қабул намуд, ки ба он 11 давлати ҷаҳон имзо гузошта буд. Минбаъд шумораи давлатҳои ба Конвенсияи Париж ҳамроҳгардида зиёда аз 100 давлатро ташкил кард. Собиқ СССР ба Конвенсияи Париж соли 1965 ҳамроҳ шуда буд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи соҳибистиқлолӣ фазои нави ихтироъкориро ба миён оварда бошад ҳам, бо сабабҳои маълум рушди навовариҳо, навҷорисозӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ гашт.
Дар ҷараёни пешрафти илмию техникӣ татбиқи навоварӣ (навҷорисозӣ) ҷараёни мураккаб ва масъулиятнок мебошад, ки танҳо дар натиҷаи ингуна татбиқ самараи воқеии ин ё он кашфиёт доир мегардад. Давраи татбиқи навоварӣ барои намудҳои ҷудогонаи он, ки давр ё сикл номида шуда, мӯҳлати аз лаҳзаи эҷодшавӣ то оғози истифодаи воқеиро дар бар мегирад, дар таърихи кашфиётҳо мӯҳлатҳои гуногунро аз сар гузаронидаанд.
Тавре, ки Комилов С.Ҷ ва Алиева Г.Ш. барои мисол ёдовар мешаванд, ин давра (мӯҳлат) барои кашфиётҳои алоҳида чунин ба назар мерасад:1)<sup/>*
Суратгирӣ – 113 сол (с.1727-1830);
Телефон – 56 сол (с.1820-1876);
Радио – 35 сол (с.1867-1902);
Радор – 10-15 сол (с.1925-1946);
Телевизион – 12 сол (с.1922 – 1934);
Лазер – 5 сол (с.1956 – 1961);
Нақшаҳои интегралӣ – 3 сол ( с.1958 – 1961).
Даври (сикли) пурраи навҷорисозӣ пайдарпайии зерини фаъолияти навҷорисозиро дарбар мегирад:
- тадқиқоти илмии бунёдӣ;
- тадқиқоти амалӣ;
- корҳои техникӣ (озмоишию конструкторӣ, технологӣ, корҳои лоиҳавию ташкилӣ);
- истеҳсолоти таҷрибавӣ;
- азхудкунии ибтидоии навовариҳо;
- паҳн шудани навҷорисозиҳо;
- истифодаи техникаи нав, усулҳои ташкил ва идора.