Таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар бозори моликияти зеҳнӣ
Дар шароити густаришёбии бозори сармояи зеҳнӣ ҳифзи бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ бениҳоят зарур буда, дар чунин самтҳо ифода меёбад:
– истифодаи оқилонаи иқтидорҳои зеҳние, ки дар дохили мамлакат вуҷуд доранд;
– истифода аз имкониятҳое, ки мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ аз хориҷи кишвар баргузор мешаванд;
– васеъ арзёбӣ намудани манфиатҳои мамлакат мавриди харидорӣ намудани литсензияҳои хориҷӣ аз нуқтаи назари самаранокии иқтисодӣ дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин дастоварҳо дар истеҳсолот;
– асосноксозии усули муайян намудани самараи навҷорисозӣ аз рӯйи истифодаи маблағ, вақт, мӯҳлати бозгардонии хароҷот, ноилшавӣ ба афзоиши даромад ва имконоти нави содиротӣ, рақобатпазирӣ ва ғайра.
Дар ҷаҳони имрӯза хусусияти пешравию инкишоф дар он ифода меёбад, ки дар истеҳсолот ва бахши хизматрасонӣ комёбиҳои илм, технологияҳои нави илмталаб барои тавлид намудани молҳои ба куллӣ нав, таҷдиди онҳо, кам кардани хароҷоти истеҳсол истифода мешаванд. Маҳсули зеҳнӣ ва ҳуқуқи соҳибшавӣ ҳукми молро ба худ гирифта, гардиш мекунанд. Дар кишварҳои мутараққии ҷаҳон то 70-85%-и афзоиши ММД ба ҳиссаи технологияи нав ё такмилёфта, маҳсулот, таҷҳизоти нав рост меояд. Дар бозори моликияти зеҳнӣ хариду фурӯши дороиҳои (активҳои) ғайримоддӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Мисолҳое, ки дар адабиёт оварда мешаванд, шаҳодати густариши ин тамоюл мебошанд: ширкати Нестле аз ширкати Ровнтре фирмаро бо нархи 5 млн. фунт стерлинг харидорӣ намудааст, ҳол он ки нархи дороиҳои моддии он ҳамагӣ 1 млн фунт стерлинг арзиш дошт.
Дар бозорҳои Ғарб тамоюле ба назар мерасад, ки дар нархномаи ширкатҳо активҳои ғайримоддӣ афзоиш меёбанд. Аммо дороиҳои ғайримоддӣ дар баланси корхона баъзе дарҷ мешаванд ё дарҷ намешаванд. Аз рӯйи мушоҳидаи Институти ҳифзи нишони моли Бритония дар давраи солҳои 1980 – 2000 дар ҳайати ҳаҷми фурӯши ширкатҳо активҳои моддӣ ҳамагӣ 30% -ро ташкил карда бошанд, боқимондаи он активҳои ғайримоддӣ буданд, аз ҷумла ноу-хау, патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, арзиши обрӯю эътибори ширкат, нишони мол ва ғайра. Дар ҳайати арзиши ширкати Бритиш Петролиум таносуби активҳои моддӣ ва ғайримоддӣ 29% ва 71%-ро ташкил мекунад. Дар ширкати Кока Кола ин таносуб дар ҳаҷми 4% ба 96% қарор дорад.1)<sup/>*
Инкишофи иқтисоди бозорӣ бе ташаккули бозори моликияти зеҳнӣ имконнопазир мебошад, зеро дар ҳазорсолаи нав боигарии асосии давлат на захираҳои табиие мебошанд, ки ҳоло ба охир мерасанд, балки маҳз натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ мегарданд.
Мутаасифона дар ҷараёни гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳое, ки мавриди хусусигардонӣ қарор гирифтаанд, танҳо аз рӯйи нархи дороиҳои моддӣ (воситаҳои истеҳсолот) фурӯхта шудаанд, яъне моликияти зеҳнии ин корхонаҳо ягон қадар ба ҳисоб гирифта нашудаанд.
Гуфтан лозим аст, ки дар шароити хоҷагии плании собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозори моликияти зеҳнӣ вуҷуд надошт. Ин шакли бозор дар Тоҷикистон танҳо дар шароити гузариш, ташаккулёбии инфраструктураи бозорӣ арзи вуҷуд намуда, ҳоло дар марҳилаи ибтидоии ташаккулёбии худ қарор дорад. Бозори моликияти зеҳнӣ бениҳоят суст инкишоф меёбад, чуноне ки бозори дигар унсурҳои инфрастуктураи бозорӣ ба монандӣ коғазҳои қиматнок ва ғайра. Дар айни ҳол душвориҳои нархгузории арзишҳои зеҳнӣ бартараф нашудаанд. Аз ҷониби дигар корхонаҳои дар асоси патент ташкилёфта то ҳол дар ҷумҳурӣ бунёд нагардидаанд. Азбаски патент мӯҳлати маҳдуди эътибори худро дорад, тӯлкашии давраи бунёди ин гуна корхонаҳо қурби патентро барбод медиҳад.
Дар Федератсияи Россия баъзе фирмаҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани натиҷаҳои амволи зеҳнӣ соҳиби даромади иловагӣ мегарданд. Масалан, ширкатҳое, ки бо технологияи баланд фаъолият бурда, кӯшиши ба бозори фондӣ баровардани саҳмияҳои худро доранд. Барои мисол ширкати Росбизнесконсалтинг 18 апрели соли 2002 дар бозори фондии Руссия нахустин бор саҳмияҳои худро ба миқдори 16 млн. адад саҳмия пешниход намуд, ки дар натиҷаи он талабот аз таклифот қариб 5 маротиба зиёд гардида, он ба миқдори 64 млн. доллар ба фурӯш рафт. Фирмаи номбурда технологияи иттилоотиеро ба фурӯш пешбарӣ намуда буд.
Дар бозори сармояи зеҳнӣ хариду фурӯши ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ҷой дорад, аз ҷумла бозори литсензияҳо мавқеи махсусро ишғол мекунад. Таърихи хариду фурӯши дастоварҳои илмию техникӣ дар асоси литсензия ба асри ХУIII рост меояд. Пайдоиши аввалин додугирифти литсензия дар ибтидо асосан дар бозори дохилии давлатҳои калон ба қайд гирифта шуда бошад, дар нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ ингуна савдо дар байни давлатҳо авҷ мегирад. Дар шароити ҳозира савдои байналмилалии литсензия асосан дар байни давлатҳои тараққикардаи саноатӣ байни худ (ИМА, мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва Япония), қисман байни давлатҳои тараққикарда ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ доир мегардад. Собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷараёни савдои литсензионӣ дар аввали солҳои 60-ӯми асри гузашта ворид гашта бошад ҳам, дар ин бахш низоми марказонидашуда ва тарзи назорати сахт ҷой дошта таҳти монополияи давлат қарор дошт. Дар давлатҳои ИДМ ташаккулёбии бозори мустақили савдои дохилӣ ва хориҷии литсензияҳо дар аввали солҳои 90-ӯм оғоз ёфт.
Намудҳои асосии литсензия. Дар амалияи бозори моликияти зеҳнӣ патентҳо кам хариду фурӯш шуда, асосан литсензияҳо фурӯхта мешаванд. Хусусиятҳои созишномаҳои литсензионӣ дар муқоиса аз дигар созишномаҳо аз инҳо иборатанд:
- созишнома доду гирифти предметҳоро дар шакли ғайримоддӣ чун ғояҳои техникӣ дар шакли хаттӣ, даҳонӣ ё басарӣ(бо дидан) пешбинӣ менамояд;
- соҳибии ҳуқуқи моликият ба соҳиби аввала боқӣ мемонад;
- созишнома ба мӯҳлати муайян баста мешавад;
- шартномаи литсензионӣ дар қаламрави муайян эътибор дорад;
- хусусияти нархгузорӣ дорад;
- шартҳои ноу-хау ва пардохт пешакӣ аниқ карда мешаванд.
Шартномаҳои литсензионӣ ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:
Шартномаи литсензияи кушода – ба ҳар каси хоҳишманд ҳуқуқи истифодаи моликияти зеҳнӣ дода мешавад.
Шартномаи литсензияи мустасноӣ
Шартномаи литсензияи беистисноӣ (оддӣ) ва ғ.
Нишони мол, нишони хизматрасонӣ яке аз кӯҳнатарин намуди тамғаи савдои мол мебошанд. Тамғаи мол ва нишони савдо асосан як маъно доранд, онҳо ба харидор имконият медиҳанд, ки моли фирмаи мазкурро аз моли дигар ширкатҳо фарқ кунад. Нишони молро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мекунад.
* * * *
Таъмини бехатарии зеҳнӣ ва истифодаи иқтидори зеҳнии мамлакат баҳри манфиатҳои миллии рушд водор месозанд, ки муаммоҳои дар ин бахш мавҷуда ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасли худро ёбанд. Бартариятҳо дар бахши моликияти зеҳнӣ бо вазифаҳои таъмини амнияти миллӣ дар мувофиқа бо ҳамдигар бояд баррасӣ шаванд. Дар ин ҷода вазифаҳои мушаххаси бамиёномада барои ҳалли худ таҳия ва татбиқи чанде чорабиниҳои амалиро тақозо мекунанд. Чунончӣ:
- таҳия ва татбиқи тадбирҳои давлатии стратегию барномавии таҳкимсозӣ ва ҳавасмандгардонии рушди соҳаи илм дар мамлакат, муҳайё намудани мавқеи имтиёзбахши кормандони ин соҳа;
- ташкили бозори навовариҳои илмӣ бо назардошти ҳалли масъалаҳои молиявию иқтисодӣ, ташкилӣ, қонунгузорӣ, дарёфти вариантҳои нави татбиқи он дар доираи инкишофи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мамлакат;
- чун унсури муҳими маҷмӯи боигарии мамлакат таҳти ҳифзи давлат қарор гирифтани моликияти зеҳнӣ бо соҳибгардии он ба арзиши мушаххаси худ;
- бо назардошти кори нав ва мураккаб будани нархгузории моликияти зеҳнӣ сараввал аз ҷониби мақомоти махсус ё гурӯҳи олимон таҳия намудани равиши (методикаи) аз ҷиҳати илмӣ асосноки нархгузорӣ дар ин бахш.
- Дар ин самт, бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ, чунончи Вазорати иқтисод ва савдо ё Кумитаи идораи амволи давлатӣ санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла, Тавсияномаи равишӣ оид ба муайян намудани нархи бозории моликияти зеҳнӣ таҳия ё тасдиқ карда шавад. Ингуна равиши арзёбикунӣ:
- бо услубу меъёрҳои байналмилалӣ бояд ҳамоҳанг ва мутобиқ бошад;
- ҳоло, ки ҳисоботи муҳосибавӣ дар ҷумҳурӣ дар марҳалаи ислоҳот- гузариш ба меъёрҳои (стандартҳои) байналмилалӣ қарор дорад, ҳисоби бухгалтерии арзиши моликияти зеҳнии корхонаҳо чун амволи корхона низ бояд ҷорӣ гардад. Аммо мутаасифона амалияи ингуна фаъолият ҳоло дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд наомадааст;
- барои асоснок намудани нархи моликияти зеҳнӣ зарур аст, ки дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ мутахассисони баланихтисоси мутобиқ тайёр карда шаванд. Ба ин хотир дар нақшаи таълимии бахшҳои дахлдори мактабҳои олӣ таҳия ва ҷорӣ намудани хондани фанҳои мутаносиб, чунончӣ, «Иқтисодиёти моликияти зеҳнӣ», «Нархгузории моликияти зеҳнӣ ва дороиҳои ғайримоддӣ», «Асосҳои фаъолияти патентӣ» ва амсоли онҳо ба мақсад мувофиқ мебошанд.