Моделҳои хоҷагидорие, ки дар ҷаҳон вобаста ба муносибатҳои молиявӣ вуҷуд доранд

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки моделҳои гуногуни хоҷагидорӣ вуҷуд доранд, ҳар яки онҳо аз рӯйи андозаи дахолати давлат ба корҳои иқтисодӣ, иштирок дар тақсимоту аз навтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ фарқ мекунанд. Масалан:

Модели саксонӣ, ки дар ИМА, Канада, Бритонияи Кабир густариш ёфтааст, ба соҳибкорӣ озодии васеъ муҳайё месозад;

  • Модели аврупои ғарбӣ, ки ба он Фаронса, Италия, Испания, Португалия дохил мешаванд, дахолати фаъоли давлатро тавассути банақшагирии индикативӣ, ҳиссаи баланди бахши давлатӣ дар иқтисодидёт пешбинӣ менамояд;
  • Модели ба иҷтимоиёт нигарон (Олмон, Австрия, Ҳолландия) – дар ин ҷо давлат бо таъкид ба иҷтимоиёт нигарон гаштааст;
  • Модели скандинавӣ(Шветсия, Дания, Норвегия)- баробарпоягии давлат ва бахши хусусиро тавсия намуда, ба иҷтимоиёт ба таври равшан нигарон аст;
  • Модели патерналистӣ, ки дар Япония вуҷуд дорад, танзими сахти давлатиро бо истифодаи анъанаҳо дар истеҳсолоти ҳозиразамон пешбинӣ менамояд.

Тавре, ки дида мешавад моделҳо гуногуншакл мебошанд. Аммо дар айни ҳол, масалан, дар ИМА дар ҳолати зоҳиран озодии соҳибкорӣ давлат ба маҳсулоти илмӣ ва мудофиавӣ дархост пешниҳод намуда, наздик 30% маҳсулоти фирмаҳои хусусиро харидорӣ мекунад. Дар Шветсия бошад давлат ба корҳои корхонаҳо дахолат намекунад, аммо дар бозори меҳнат, дар бахши иҷтимоӣ аз рӯйи принсипи «истеҳсолот хусусию локин рушди иҷтимоӣ – барои ҳама» фаъолият мебарад. Шуғли пурраи аҳолӣ таъмин шудааст, хароҷотҳои буҷет наздик 70% – и ММД-ро ташкил намуда ба инвеститсия, тандурустӣ, фонди нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ ва ғ сафарбар мешаванд.

Дар Кореяи Ҷанубӣ монополияи давлатӣ дар бахши молиявию қарздиҳӣ ҳукмфармо буда, барои содирот супоришҳои давлатӣ ва инчунин кӯмакпулӣ муқаррар карда мешаванд, хароҷотҳо назорат мешаванд, махсусан дар соҳаҳои содиркунанда; корхонаҳои азими кишоварзӣ ба тарзи маҷбурӣ ба сохторҳои алоҳида тақсим карда мешаванд; воридшавии сармояи хориҷӣ ва арзи хориҷӣ ба мамлакат таҳти назорати давлат қарор дорад.

Олмон давлати иҷтимоӣ ҳисоб меёбад: сеяки маблағи буҷет ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ равона карда мешавад. Давлат барои таҳсил, рушди маданӣ, пардохти иҷораи хонаву ҷой барои шахсони камбизоат, ба кӯдакон, ба оилаҳои ҷавон кӯмак расонда як қисми хароҷотро пардохт менамояд. Инсон дар ҳаргуна ҳолат ҳифз мешавад: аз бекорӣ, беморӣ, пиронсолӣ, ҳолатҳои бадбахтӣ суғурта мешавад. Корхона маоши кормандонашро сад дар сад аз рӯйи варақаи корношоямӣ дар мӯҳлати 6 ҳафта пурра пардохт мекунад, ғайр аз ин маблағи рухсатӣ, иловапулиро ба нафақа низ пардохт мекунад. Кормандон аз даромади худ 40% -ашро ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ медиҳанд, аммо кордиҳанда 50%-и онро ба онҳо бармегардонад. Ҳар як корхона ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ба қадри 30% маблағи давлат ҷудомекардаро масраф мекунад.

Дар ҷаҳони имрӯза тамоюли васеъшавии дахолати давлат ба иқтисодиёт ва дигар бахшҳои ҷомеа дида мешавад. Давлатҳои мутараққӣ байни худ гарчанде бо ташкили институтҳои сиёсӣ, моделҳои хоҷагидорӣ ва идоракунӣ фарқ кунанд ҳам, дар хусуси нақши давлат дар ҷомеа рафтори умумӣ дида мешавад. Давлат дар ҳама ҷо вазифаи танзими омилҳои истеҳсолот, танзими бозорҳоро пеш бурда, манфиатҳои миллии худро зимнан ҳифз менамояд. Яъне ақидаи ҷойдошта гӯё бахши хусусӣ назар ба мақомоти давлатӣ аз ӯҳдаи идораи мамлакат хубтар мебарояд, ё ин ки ба ҷои давлат мувозинати иқтисодиро таъмин мекунад, исбот нашуд. Бинобар ин нақши давлат, баръакс, ҳар чӣ фаъолтар мегардад.

244
Нет комментариев. Ваш будет первым!