Низоми бонкӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ. Нақши бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ
Дар таъмини бехатарии молиявию бонкӣ низоми бонкӣ нақши махсусро мебозад. Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ чун узви низоми бонкии умуммииттифоқӣ дар асоси дастур ва меъёрҳои Бонки давлатии ИҶШС ва бонкҳои махсусгардонидашудаи дар тобеияти он буда – Кассаҳои давлатии амонатгузории меҳнатӣ, Бонки давлатии сохтмон, Бонки давлатии савдои хориҷӣ фаъолият менамуд. Ислоҳоти низоми бонкии умумииттифоқие, ки аз 1 январи соли 1988 сар шуда буд, таъсиси бонкҳои махсусгардонидашуда ва тағйир додани вазифаҳои Бонки давлатии ИҶШС – ро пешбарӣ менамуд. Қисми вазифаҳо ба ӯҳдаи бонкҳои махсус вогузошта шуда буданд. Бонки давлатии ИҶШС чун бонки асосӣ ва маркази ягонаи эмиссионии мамлакат боқӣ монда, идоракунии марказонидашудаи низоми пулию қарзии мамлакат, ҳамоҳангсозии фаъолияти бонкҳои ИҶШС ва ташкили ҳисоббаробаркунии байни онҳо, иҷрои хазинавии буҷети давлатӣ, пеш бурдани сиёсати ягона дар бахши амалиётҳои арзӣ, муқаррар намудани қурби расмии арзҳои хориҷӣ ва дигар вазифаҳоро ба ӯҳда дошт. Бонкҳои махсусгардонидашуда бо фаъолияти маблағтаъминкунӣ, қарздиҳӣ, ҳисоббаробаркунӣ дар бахши иҷрои корҳои ҷории истеҳсолӣ ва сохтмону маблағгузории асосӣ машғул мешуданд.
Ҷараёни ташкили низоми бонкии дузинагӣ дар ИҶШС дар асоси қабули (моҳи декабри соли 1990) қонунҳои ИҶШС «Дар бораи Бонки давлатии ИҶШС» ва «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» сурат гирифта буд. Мувофиқи ин қонунҳо нахустин бор мустақилияти иқтисодии бонкҳо асоси ҳуқуқӣ пайдо намуд ва минбаъд бонкҳо аз рӯйи ӯҳдадориҳои давлат масъулият надоштанд.
Давраи аз июли соли 1990 то декабри соли 1991 давраи бесарусомонӣ дар фаъолияти бонкӣ буд, ки кашкашиҳову муқобилати байни Бонки давлатии ИҶШС ва бонки давлатии Россия ба фаъолияти бонкӣ ва муносибатҳои пулию қарздиҳии Тоҷикистон таъсири худро мерасонд. Ба туфайли таъсисёбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ноябри соли 1991) ва барҳамхӯрии сохторҳои иттифоқӣ Шӯрои Олии РСФСР эълон намуд, ки Бонки Марказии РСФСР мақоми давлатии танзими пулию қарздиҳӣ ва арзии мамлакат дар қаламрави Россия шуда, вазифаҳои Бонки давлатии ИҶШС-ро дар бахши интишори пул ва муайян намудани қурби арзӣ ба ӯҳда мегирад, инчунин ҳамаи амволи моддию техникӣ ва дигар захираҳои Бонки давлатии ИҶШС-ро пурра ба ихтиёри худ мегирад. Ҳамаи идораву ташкилотҳои дар ҳайати Бонки давлатии ИҶШС буда (дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ) низ ба ихтиёри Бонки Марказии РСФСР мегузаранд. 20 декабри соли 1991 Бонки давлатии ИҶШС барҳам дода шуда ҳамаи дороиҳо ва қарзу ӯҳдадориҳои (активу пассивҳои), инчунин ҳамаи амволи он ба ихтиёри Бонки Россия дода шуд. Аз ҳамон давра Тоҷикистон муносибатҳои бонкии худро бо Бонки Россия оғоз намуда, дар айни ҳол дар ҷодаи ташкил намудани фаъолияти мустақили бонкӣ дар шароити мустақили давлатӣ ва муносибатҳои нави бозорӣ ба корҳои амалӣ шурӯъ намуд.
Ҷадвали 13.1.
Нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон1 (интиҳои давра)
Солҳо | ||||
2003 | 2004 | 2005 | ||
1. | Шумораи бонкҳо | 15 | 12 | 12 |
1.1 | Бонкҳои давлатӣ | 1 | 1 | 1 |
1.2. | Бонкҳои ғайридавлатӣ | 14 | 11 | 11 |
1.2.1 | Бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ* | 8 | 6 | 6 |
2. | Шумораи шӯъбаҳо | 116 | 188 | 201 |
2.1 | Бонкҳои давлатӣ | 5 | 74 | 74 |
2.2. | Бонкҳои ғайридавлатӣ | 111 | 114 | 127 |
2.2.1. | Бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ | 75 | 21 | 26 |
3. | Сармояи умумӣ (ҳаз. сомонӣ) | -17020 | 146577 | 248658 |
3.1. | Бонкҳои давлатӣ | 4853 | 5050 | 17164 |
3.2. | Бонкҳои ғайридавлатӣ | -21873 | 141527 | 231494 |
3.2.1 | Бонкҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ2 | 59305 | 67855 | 103567 |
4. | Гурӯҳбандии бонкҳо аз рӯйи сармояи умумӣ | <td/><td/><td/>|||
4.1. | то 5 млн. сомонӣ | 8 | 3 | 1 |
4.2. | аз 5 млн. то 10 млн. сомонӣ | 3 | 5 | 3 |
4.3. | Зиёда аз 10 млн. сомонӣ | 3 | 4 | 9 |
5. | Шумораҳои ҷамъиятҳои қарзӣ | 4 | 5 | 7 |
5.1 | Сармояи умумӣ (ҳаз. сомонӣ) | 2373 | 4735 | 10817 |
5.2. | Гурӯҳбандии ҷамъиятҳои қарзӣ аз рӯйи сармояи умумӣ | <td/><td/><td/>|||
5.2.1 | то 5 млн. сомонӣ | 5 | 5 | 7 |
52.2. | Аз 5 млн. то 10млн сомонӣ | – | – | – |
1) Дар ҷадвал маълумот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ-бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, оварда мешавад; дар ҷадвал маълумот дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкие, ки дар марҳилаи ббарҳамхӯрӣ қарор доранд, ворид нашудааст.
2) аз ҷумла шӯъбаи бонки хориҷии «Тиҷорат».
Маъхаз: Бюллетени омори бонкӣ, июл, 2006/7 (132), саҳ.37.
Вазъи имрӯзаи фаъолияти самарабахши низоми бонкии ҷумҳурӣ натиҷаи такмилоти пайравонаи он дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи ҳам иқтисодиёт ва ҳам бахши бонкии кишвар мебошад. Дар айни ҳол аксарияти санадҳои меъёрии фаъолияти бонкии кишвар бо равишҳои эътирофшудаи байналмилалии бонкдорӣ мутобиқ гардонида шудаанд.
Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар таркиби худ Бонки Миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва 11 адад бонкҳои ғайридавлатиро дар бар мегирад. Бонкҳои калонтарини тиҷоратӣ – Агроинвестбонк, Ориёнбонк, Тоҷиксодиротбонк ва Амонатбонк мебошанд, ки наздик 85% ҳамаи дороиҳои бонкиро соҳиб буда ва 70% амонатгузориро амалӣ мекунанд.
Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии мамлакат буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси Олӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.
Фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», фаъолияти бонкҳои дараҷаи дуюм аз рӯйи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тобеъ мебошад, ки ин дар амалиёти зерин зоҳир мегардад:
1) – аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони он:
2) – аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи солона ва хулосаҳои аудиторӣ;
3) – аз тарафи Маҷлиси Олӣ муайян шудани ширкати аудиторӣ ё мақом барои санҷиши кори Бонки миллии Тоҷикистон;
- – ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шудани ҳисоботи солонаю нимсола ва лоиҳаи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, ки аз тарафи Бонки миллӣ таҳия гардидаанд.
Дар фаъолияти худ Бонки миллии Тоҷикистон ҳадафҳои зеринро раҳнамоӣ мекунад:
– ба даст овардан ва нигоҳ доштани суботи иқтидори харидории асъори миллӣ. Ин яке аз омилҳои бехатарии иқтисодии мамлакат мебошад. Ба ин хотир Бонки Миллии Тоҷикистон шароити бозорҳои пулӣ, қарзӣ ва асъориро, ки ба тараққии пай дар пай ва устувори иқтисодиёт ва ба хоҷагии ҷаҳон пайвастани он мусоидат менамояд, муқаррар мекунад ва нигоҳ медорад;
– тараққӣ додан ва таҳкими низоми бонкии ҷумҳурӣ;
– мусоидат кардан ба кори самаранок ва мунтазами низоми ҳисоббаробаркуниҳо.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонки захиравии мамлакат вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
1) сиёсати пулию қарзӣ ва асъори давлатро такмил медиҳад ва онро амалӣ мегардонад;
2) ҳамчун бонкдори давлат ва намояндаи молиявии он амал мекунад;
3) таҳлили иқтисодӣ ва пулиро аанҷом дода, дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад, натиҷаҳои таҳлилро ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад;
4) барои иҷрои амалиёти бонкӣ ба бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ лицензия (иҷозатнома) дода, фаъолияти онҳоро назорат ва танзим менамояд;
5) ба бонкҳо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз медиҳад;
6) низоми пардохтро дар ҷумҳурӣ назорат намуда, ба кори самараноки фаъолияти пардохткунии байнибонкӣ мусоидат менамояд;
7) ба таври монополӣ интишори пулро амалӣ менамояд ва гардиши онро ба роҳ мемонад;
8) захираҳои асъори давлатро нигоҳ медорад ва онҳоро идора мекунад;
9) тавозуни миллии пардохтро таҳия менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳое, ки Қонун дар бораи Бонки миллӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти он қарор додаанд, санадҳои меъёрӣ мебарорад, ки иҷрои онҳо барои идораҳои давлатӣ ва ҳокимияти иҷроия, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон барои амалӣ намудани вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ аз усулу воситаҳои зерин истифода менамояд:
1) муайян намудани меъёрҳои фоизӣ аз рӯйи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
2) меъёрҳои захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон ба депозит гузошташаванда (талаботи захиравӣ)
3) гузаронидани амалиёт дар бозори озод;
4) ба бонкҳои дараҷаи дуюм додани қарз;
5) танзими асъорӣ;
6) муқарраркунии аломатҳои афзоиши пули дар муомилот буда;
7) маҳдудкуниҳои бевоситаи миқдорӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми умумии қарзҳоро мувофиқи нишондодҳои сиёсати ягонаи пулию қарзии давлатӣ танзим менамояд. Бонк метавонад як ё якчанд намуд сатҳи фоизро аз рӯйи амалиёти гуногуни худ муқаррар кунад ва сиёсати фоизгузориро бе муқаррар намудани сатҳи фоиз гузаронад. Вай сиёсати фоизгузории худро барои таъсир расондан ба сатҳи фоизҳои бозорӣ ба хотири мустаҳкамсозии асъори миллӣ истифода мекунад.
Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯйи принсипи мустақилияти бонки миллӣ дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад. Мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия ҳақ надоранд ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва воҳидҳои он дар амалӣ намудани ваколатҳои қонунан ба зиммааш гузошташуда дахолат намоянд. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти он аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якдигар аз амалҳои тахминшаванда, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, давра ба давра машваратҳо мегузаронанд.
Бонки Миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи бахши давлатӣ, адои қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъияти низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати ягонаи пулию қарзии давлатӣ тавсияҳо медиҳад.
Бонки миллӣ метавонад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пӯшонидани камчинии буҷети давлатӣ ва мақсадҳои дигар қарз диҳад (дар доираи на зиёда аз 10 фоизи қисми даромади буҷет), хизматрасонии қарзи давлатиро ба анҷом расонад (бо роҳи гузаронидани амалиёт доир ба ҷойгиркунии вомбаргҳои давлатӣ, адокунӣ ва пардохти фоизи онҳо). Бонки мазкур аз мақомоти давлатӣ депозитҳоро қабул мекунад, амалиёти хазинавиро анҷом медиҳад, вазифаи агенти молиявии давлатро дар доираи хизматии худ қарор медиҳад. Иҷроиши хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро бо ёрии бонкҳо таъмин менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дигар қонунҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд.
Ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзими асъор инҳо дохил мешаванд:
– баровардани санадҳои меъёрӣ оид ба танзими муомилоти асъор, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонкҳо ва дигар ташкилоти кредитӣ ва мақомоти давлатӣ сурат мегирад;
– додан ва бозхонди литсензияҳо, назорат ва танзими фаъолияти муассисаҳое, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, аз ҷумла бонкҳо;
– муайянкунии меъёрҳои муомилоти асъорӣ барои муассисаҳое, ки бо мубодилаи асъор машғуланд, аз ҷумла бонкҳо;
– муайянкунии тарзи муқаррар намудани қурби асъори миллӣ нисбати асъори дигар.
Мақсади асосии танзими бонкӣ ва назорат нигоҳдории суботи низоми бонкӣ, ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон ва кредиторон мебошанд. Бонки милии Тоҷикистон ба фаъолияти фаврии бонкҳо ва дигар ташкилоти қарзӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории ҷумҳурӣ пешбинӣ кардааст.
Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳои барои ҳамаи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, бурдани ҳисоби бухгалтерӣ, таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи бухгалтерӣ ва омориро муқаррар мекунад. Вай дорои ҳуқуқи истисноии интишори пули коғазӣ (банкнот) ва танга мебошад.
Пайдоиш ва ба арсаи муносибатҳои иқтисодӣ баромадани бонкҳои тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба иқтисоди бозорӣ вобаста аст. Дар давоми солҳои истиқлолият даҳҳо бонкҳои тиҷоратии мавқеи гуногундошта ба вуҷуд омаданд, ки аз инкишофи муносибатҳои бонкии кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон охири соли 2005 11 адад бонки ғайридавлатӣ, аз ҷумла 6 адад бонк бо иштироки сармояи хориҷие, ки дар ҳайати онҳо як адад филиали бонки хориҷии «Тиҷорат» амал мекард. Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №8 аз соли 1992 дар заминаи Саридораи кассаҳои давлатии амонатгузорӣ ташкил ёфта, аз 27 январи соли 1999 статуси бонки давлатиро гирифтааст.
Дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ҷолиби қайд аст, ки ҳиссаи иштироки шахсони воқеӣ дар сармояи оинномавии бонкҳои тиҷоратӣ дар соли 2003 яку якбора ба 42,2% афзуд, ки ин натиҷаи қонунигардонии маблағҳои пулии аҳолии мамлакат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи қонуникунонии маблағҳои пулии онҳо» мебошад.
Дар давоми солҳои охир чанде аз бонкҳои дараҷаи дуюм ва инчунин ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда бо сабабҳои гуногун, бештар бо сабаби муфлисшавӣ аз фаъолият бозмонда, ҳоло арзи вуҷуд надоранд, қисми дигар ба дигар бонкҳо табдил дода шудаанд.
Самтҳои асосии такмили фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ – нигоҳ доштани сатҳи таваррум, беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, такмили усулҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили бозорҳои коғазҳои киматнок, афзоиши муомилоти ғайринақдии пул, фаъолноксозии амалияи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёт дар фаъолияти имрӯзаи Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат чун вазифаи барномавӣ амалӣ мегарданд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар амалӣ сохтани чораҷӯиҳо оид ба дастгирии соҳибкорони миёна ва хурд тавассути пешниҳоди қарзҳои хурд марҳилаи наве дар ташаккули инфраструктураи бозорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Фаъолияти низоми бонкӣ дар таъмини бехатарии иқтисоди мамлакат аз бисёр омилҳо иборат аст. Пеш аз ҳама аз фаъолгардонии кори бонкҳо дар чорчӯбаи рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи ниҳодҳои бонкӣ чун такягоҳи сохтории таъмини молиявии рушд, фаъолгардонии қарздиҳии бахши воқеӣ, бахусус соҳаи саноати кишвар, истифодаи оқилонаи захираҳои қарзӣ.
Фазои рақобатнок дар бозори хизматрасонии бонкӣ, бахусус дар соҳаи ҷалби амонатҳои шахсони воқеӣ ва хизматрасонии интиқоли пул аз хориҷи кишвар инкишоф меёбад.
Дар қатори дастовардҳои назаррасе, ки дар инкишофи низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ ҷой доранд, ҳоло ҳам доираи фаъолияти бонкӣ дар мамлакат маҳдуд буда, на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда дар ин ҷода пурра истифода мешаванд.
Алҳол омилҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди устувори низоми бонкии кишвар монеъ мешаванд. Ба ин гурӯҳ омилҳои зайл дохил мешаванд:
- ташаккул наёфтани бозори фондии (пулии) фаъолу мукаммал;
- нокифоя будани дараҷаи идоракунии корпоративии ташкилотҳои молиявӣ ва сатҳи начандон баланди ҷиҳозонии техникии онҳо;
- сатҳи пасти монетизатсия;
- вуҷуд доштани хавфи нисбатан баланди қарздиҳии дарозмуддат ба бахши воқеии иқтисодиёт, пурра ҳал нагардидани масъалаҳои асосии қонунгузорӣ дар бораи гарав;
- сатҳи пасти сармоякунонии низоми бонкӣ;
- нокифоягии асосҳои методологӣ ва заминаи техникӣ барои инкишофи бозори байнибонкии асъор.
Накши давлат дар соҳаи танзими фаъолияти бонкӣ дар асоси сиёсати пешгирифтаи давлат доир гашта самтҳои асосии зеринро дар бар мегириад:
– фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бозори хизматрасонии бонкӣ дар заминаи рақобати солим;
– дар асоси принсипҳои иқтисоди бозорӣ истифодаи усулҳои ғайримустақими (иқтисодии) таъсиррасонӣ;
– дар заминаи меъёрҳои қонунгузорӣ таъмини истифода нашудани низоми бонкӣ дар амалиётҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла шустани даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва маблағгузории терроризм;
– дастгирии хизматрасониҳои бонкӣ барои соҳибкорони хурду миёна дар бахши ҷорӣ намудани хизматрасониҳои васею гуногун, қарздиҳии чаканаи истеъмолӣ ва ипотека (қарздиҳии манзилӣ) бо таъсиси дар оянда бонки махсуси ипотекӣ;
– мутобиқ намудани амалиётҳо бо филизоти қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо меъёрҳои ҷаҳонӣ.
Давлат дар сиёсати худ оид ба низоми бонкӣ муносибатҳои тарафайнро (байни ҳокимияти марказию маҳаллӣ ва ташкилотҳои бонкӣ) дар заминаи талаботи қонунгузорӣ ва принсипи шаффофият муқаррар намуда, ба дахолати маъмурии ҳокимият роҳ намедиҳад.
Ба хотири такмили минбаъдаи низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ Бонки миллӣ Стратегияи миёнамӯҳлати рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2009 таҳия намуда, лоиҳаи онро ба муҳокимаи васеъ пешкаш намудааст. Мутобиқи Стратегияи мазкур натиҷаҳои рушди низоми бонкии мамлакат дар се нишондиҳандаи асосӣ пешбинӣ мешаванд:
нишондиҳандаи якум – нисбати дороиҳои низоми бонкӣ ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД). Ин нишондиҳанда, ки дар Тоҷикистон дар сатҳи бениҳоят паст қарор дошт, дар солҳои 2001- 2005 аз 9,1% ба дараҷаи то 22,3% афзоиш ёфтааст. Мақсад гузошта мешавад, ки соли 2009 ин нишондиҳанда ба 31% расонида шавад;
нишондиҳандаи дуюм –нисбати сармояи тавозунии бонкҳо ба ММД. Ин нишондиҳанда, ки солҳои 2001-2005 аз 2,0% то 3,9% афзоиш ёфта буд, дар давраи пешбинишуда бояд ба сатҳи 5,5% расонида шавад;
нишондиҳандаи сеюмсатҳи монетизатсия мебошад, ки чун нисбати маблағи пулии дар муомилот буда ба ММД муайян карда мешавад, бояд ба 12-15% расонида шавад. Ин сатҳ чун нисбати нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул1)<sup/>* (НВҲП) ба ММД соли 2005 ба 7,4% баробар буд (соли 2003 – 8,47%, соли 2004 – 7,08%)2)<sup/>**
Афзоиши сармояи бонкҳо асосан аз ҳисоби капитализатсия ва фоида, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ таъмин карда мешавад.
Таъмини бехатарии бонкӣ равишҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни баҳодиҳии онҳо истифодаи чораҳои назоратиро бо дарназардошти хавфҳо ва таъсири онҳо ба устувории ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ менамояд. Дар ин бахш такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ барои назорати хавфҳое, ки ҳангоми қарздиҳӣ ба шахсони бо бонк алоқаманд ба вуҷуд меоянд, зарур мебошад. Пешниҳодоти роҷеъ ба тасдиқи ҳатмии шӯрои мудирони ташкилоти қарзӣ мавриди додани қарз ба шахсони алоҳида, роҳ надодан ба қарздиҳии имтиёзии шахсони алоқаманд шоёни дастгирӣ мебошад. Татбиқи назорати якҷояи бонкӣ ба фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, аз ҷумла таҳлили хавфҳое, ки дар ташкилотҳои қарзӣ дар доираи муносибатҳои тарафайн бо шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба миён меоянд, низ аз ҷумлаи тадбирҳои таъмини бехатарӣ мебошанд.
Дар лоиҳаи Стратегияи пешкашшуда ба масъалаи таъмини бехатарӣ ва ҳифзи системаҳои иттилоотӣ дар заминаи консепсияи таҳияшудаи бехатарии технологияи иттилоотӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шудааст. Таҳкими низоми бонкӣ дар ин ҷода аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ташкил намудани системаҳои мониторинги истифодаи технологияи муосири хизматрасонии фосилавии бонкӣ, аз ҷумла таъсиси интернет-технологияҳо, ҳифзи онҳоро бо дарназардошти талаботи бехатарии иттилоотӣ пешбинӣ менамояд.