Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар муносибатҳои минтақавии кишвар

«Имрӯз потенсиали захираҳои Тоҷикистон ва зербинои қонунгузории мавҷуд, ки ба шароит ва талаботи иқтисоди ҷаҳонии нав созгорӣ доранд, кишвари моро ба минтақаи мусоид барои сармоягузорӣ табдил додаанд. …Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ҳамаи ононеро, ки мехоҳанд ба фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бипардозанд, замонат медиҳад».

Э.Ш. Раҳмонов

Қабул ва мавриди истифода қарор ёфтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (соли 2004) иқдоме мебошад, ки барои инкишофи муносибатҳои минтақавию байналмилалии кишвар мусоидат менамояд. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқию иқтисодии таъсис, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, масъалаҳои маблағгузорӣ ва фаъолияти соҳибкориро дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад.

Гарчанде, ки таъсисдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ зарурати воқеӣ дорад, амалӣ намудани ин иқдом бе бунёди асосҳои ҳуқуқии он, бе омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ муяссар намешавад. Маълум аст, ки ҷараёни ҳамгироӣ, либерализатсия ва васеъшавии иқтисоди миллии давлатҳо барои инкишофи равобити хоҷагии ҷаҳонӣ ва самарабахшии тақсимоти байналмилалии меҳнат имкониятҳои навтарини беҳамто фароҳам овард. Давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнат роҳхои ғайрианъанавии иштироки худро пешкаш менамоянд – модели нави тараққиёти иқтисоди миллиро, ки ба бозори хориҷӣ нигаронида шудааст, интихоб менамоянд.

Дар инкишофи иқтисодии давлатҳо махсусгардонии содиротӣ яке аз тадбирҳои стратегияи содиротӣ ба ҳисоб рафта, дар ташкили минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ифода меёбад. Хадафи асосии ташкили онҳо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, инкишофи содирот, афзоиши воридшавии даромади арзӣ, ба даст овардани таҷриба ва технологияи навин, беҳсозии баланси пардохти мамлакат ва бо ҳамин роҳҳо инкишофи иқтисоди миллиро таъмин намуд, ба хоҷагии ҷахон ворид шудан мебошад.

Таъсисёбии минтақаҳои махсуси иқтисодӣ (ММИ) дар мамлакатҳои ҷаҳон ҳоло зуҳуроти ҳар чи бештар густаришёбанда мебошад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар охирҳои солҳои 90 – уми асри гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 1200 намудҳои гуногуни ин хел минтақаҳо вуҷуд доштанд, аз ҷумла: наздик 400 минтақаҳои озоди тиҷоратӣ; 400 бошишгоҳҳои илмию техникӣ; 300 адад минтақаҳои истеҳсолию содиротӣ ва зиёда аз 100 минтакаҳои таъиноти махсусдошта (марказҳои туристӣ, минтақаҳои истироҳатӣ (рекреатсионӣ), марказҳои оффшорӣ ва ғайра). Дар марказҳои оффшорӣ (МО) одатан бизнеси бонкӣ, суғуртавӣ ҷамъ оварда шуда, бо ёрии онҳо амалиёти воридотиву содиротӣ, инчунин амалиёт бо амволи ғайриманқул содир мешаванд. Ба хизмати ингуна марказҳо миҷозҳо ба ин хотир муроҷиат мекунанд, ки дар онҳо сифати баланди хизматрасонӣ ҷой дошта, дараҷаи баланди махфӣ нигоҳ доштани сирри бонкӣ ва тиҷоратӣ риоя мешавад, қонунҳои имтиёзноки андозбандӣ ва савдои беруна ҷорӣ мешаванд.

Шаклҳои фаъолиятдории минтақаҳои махсуси иқтисодӣ бениҳоят гуногун мебошанд. Умуман таърифи ин минтақаҳоро чунин ифода кардан мумкин аст:

ММИ як қисми сарзамини миллие мебошад, ки дар он ҷо мустақилии васеи ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, дар баъзе ҳолатҳо берун аз доираи гумрукии давлат реҷаи (режими) махсуси идоракунӣ ҷорӣ карда шуда, барои фаъолиятбарии соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ шароитҳои имтиёзноки иқтисодӣ фароҳам оварда мешаванд.

Номгӯи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ бениҳоят гуногун аст. Дар ҷаҳони имрӯза наздик 30 намуди онҳо вуҷуд доранд, ки аз байни онҳо минтақаҳои зайл бештар густариш ёфтаанд:

– минтақаҳои тиҷоратии бебоҷ;

  • минтақаҳои озоди гумрукӣ;
  • минтақаҳои озоди тиҷоратӣ;
  • минтақаҳои тиҷоратии хориҷӣ;
  • минтақаҳои содиротиву истеҳсолии бебоҷ;
  • минтақаҳои озоди содиротӣ;
  • минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • минтақаҳои озоди истеҳсолӣ;
  • минтақаҳои мусоидбахши иқтисодӣ;

– минтақаҳои саноатии ба содирот

нигаронидашуда;

  • минтақаҳои озоди саноатӣ;
  • минтақаҳои соҳибкорӣ;
  • минтақаҳои соҳибкории муштарак;
  • марказҳои оффшорӣ;
  • маркази молиявии оффшори байналхалқӣ;
  • маркази туристӣ;
  • минтақаҳои тараққиёти техникию иқтисодӣ;
  • минтақаҳои инкишофи технологияи баланд ва нав;
  • минтақаҳои ҷорикунии техникӣ;
  • бошишгоҳҳои (парки) илмию саноатӣ;
  • минтақаҳои озоди бонкӣ;
  • навоҳии экологию иқтисодӣ;
  • ноҳияҳои кушода.

Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки минтақаҳои номбаршуда дар холати соф, яъне пурра ба унвонашон мувофиқ кам вомехӯранд, дар аксар вақт ҳар яки онҳо нишонаҳои минтақаҳои дигарро дар худ таҷассум мекунанд. Дар кишварҳои дунё унвонҳои мухталифи ингуна минтақаҳо истифода мешаванд. Масалан, дар Россия ва чанде дигар ҷумҳуриҳои ИДМ мафҳумҳои «минтақаи озоди иқтисодӣ», «минтақаи озоди савдо», «минтақаи озоди гумрукӣ» вомехӯранд, дар Литва «минтақаи озоди соҳибкорӣ ва савдо», дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Украина мафҳуми «минтақаи махсуси иқтисодӣ», «минтақаи озоди (махсуси) иқтисодӣ», дар Курияи Ҷанубӣ «минтақаи озоди содирот», «минтақаи озод», дар Туркия «минтақаи озоди савдо», дар Япония «технополисҳо» истифода мешаванд. Дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ «минтақаҳои озоди саноатӣ», дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ минтақаҳо бо унвони «шаҳрҳои бандар», «бандаршаҳр» вомехӯранд. Истифодаи ин ё он навъи минтақаи озоди иқтисодӣ дар кишварҳои дунё аз сиёсати минтақавии ҳар як давлати мазкур нисбати минтақаи тааллуқдори худ вобаста аст.

Дар доираи минтақаҳои озоди иқтисодӣ «минтақаҳои озоди савдо» воҳидҳои минтақавие мебошанд, ки аз ҳудуди минтақаи миллии гумрукӣ берун воқеъ буда, дар онҳо ҳаргуна корҳои тиҷоратии вобаста ба хариду фурӯш, амборкунӣ, борпечкунӣ, тағмагузорӣ, коғазпечкунӣ, назоратгузаронии сифат ва ғайраро нисбати молҳои хӯрокаи воридмешуда ё содирмешуда, инчунин ҳаргуна хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва миёнаравиро анҷом медиҳанд.

Ҳамагуна навъҳои минтақаҳои озоди савдо дар бандарҳои баҳрӣ ва дарёҳо, фурудгоҳҳо, дар истгоҳҳои наздисарҳадии роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгард ташкил карда мешаванд. Дар ингуна ҷойҳо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ имкон доранд бемонеа амалиётҳои гумрукӣ, воридотиву содиротии молро анҷом диҳанд. Дар Олмон, Фаронса, Бритонияи Кабир, Булғор, Румин, Нидерланд ва як қатор давлатҳои Аврупоие, ки дар онҳо анҷом додани хариду фурӯши мол тавассути баҳр ва дарё анъанаи таърихии чандинасра мебошад, даҳҳо бандаршаҳрҳое ҳастанд, ки ба худ статуси минтақаи озоди иқтисодиро гирифтаанд. Бинобар ин барои ифодаи ин навъ муносибатҳо мафҳумҳои «бандарҳои озоди савдо», «минтақаҳои озоди бандарӣ», «бандарҳои озод» ва ғайра дар давоми садсолаҳо арзи вуҷуд менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Халқии Чин аз соли 1984 14 адад «шаҳрҳои наздибаҳрии озод» вуҷуд доранд. Чунин ақида ҳукмфармо мебошад, ки дар ҳамагуна минтақаҳои озоди иқтисодӣ маблағгузориҳои асосӣ ва дигар хароҷотҳо дар муддати кӯтоҳтарин талофӣ мешаванд, инфраструктураи лозимӣ бо зудӣ бунёд гашта, ободонии мавзеъ босуръат анҷом меёбад.

Дар «минтақаҳои саноатии истеҳсолӣ» корхонаҳои истеҳсолии таъиноти содиротӣ бунёд карда мешаванд. Онҳо дар асоси маҳсулоти нимтайёр ё қисмҳои эҳтиётии воридотӣ кор карда, маҳсулоти тайёри ниҳоиро барои фурӯш дар хориҷи кишвар ё ба хотири ивазкунии маҳсулоти воридотшавандаи бозори дохилӣ истеҳсол мекунанд. Амалан дар ингуна корхонаҳо амалиёти васлкунии (ҷамъкунии) маҳсулоти тайёр дар асоси қисмҳои воридшаванда ҷой дошта, маҳсулоти ниҳоии тайёршуда бештар ба хориҷа ба фурӯш пешкаш мешавад. Бинобар ин ингуна минтақаҳоро «минтақаҳои коркарди саноатӣ», дар баъзе мавридҳо «минтақаҳои истеҳсолкунанда» ё «минтақаҳои озоди содиротӣ» низ номгузорӣ мекунанд. Фаъолияти ингуна минтақаҳо ба фаъол гардондани таҷдиди сохтори иқтисоди миллӣ равон гашта, дар мамлакатҳои Африка, Америкаи Лотинӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ васеъ густариш ёфтаанд. Умуман минтақаҳои истеҳсолию саноатӣ аз рӯйи таъиноти маҳсулоти истеҳсолменамудаашон метавон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кард:

  • минтақаҳои ивазкунандаи воридотие, ки бештар барои бозори дохилӣ нигаронида шудаанд;
  • минтақаҳои ба содирот нигаронидашудае, ки бештар барои бозори беруна маҳсулот истеҳсол мекунанд;
  • минтақаҳое, таъиноти маҳсулоташон омехта буда, чӣ ба бозори хориҷӣ ва чӣ ба бозори дохилӣ якзайл нигарон мебошанд.

Минтақаҳои саноатию тиҷоратӣ, тавре ки аз унвони онҳо мушоҳида мешаванд, ба худ фаъолияти истеҳсоливу тиҷоратиро пайваст намудаанд. Ин навъ минтақаҳо дар ИМА вусъат ёфта, дар онҳо тартиботи қайди рухсати воридшавӣ, қоидаҳои гумрукӣ, молиявию қарздиҳӣ, арзӣ ҷорӣ мебошанд, ки ба манфиати фароҳам овардани шароити мусоид барои резидентони минтақаи мазкур равона шудаанд. Ҳоло ингуна таҷриба дар шакли «минтақаи истеҳсолот ва савдои озод» дар як қатор давлатҳои ҷаҳон ҷорӣ мешавад.

Яке аз навъҳои афзалиятноки ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ – минтақаҳои техникию илмӣ мебошанд, ки дар онҳо дар қатори кормандони илмии кишвар мутахассисони хориҷӣ дар соҳаи мушаххаси илму техника барои таҳқиқи самтҳои муайяни илмӣ ҷалб карда шуда, аз имтиёзҳои молиётӣ ва молиявию қарзӣ бархурдор карда мешаванд. Ингуна минтақаҳо дар давлатҳои гуногун ҳархела номгӯй мешаванд, масалан, дар ИМА – «боғи техникӣ» («технопарк»), дар Япония «шаҳрчаи техникӣ» («технополис»), дар Россия ва дигар давлатҳои ИДМ – «шаҳрчаи олимон» («наукаград»). Дар давлатҳои навини саноатии Осиёи Ҷануби Шарқӣ, ки ингуна минтақаҳо зуд густариш меёбанд, «боғи илмӣ»(«научный парк») номгузорӣ шудаанд. Минтақаҳои номбурдаи пайваста ба рушди илм дар ин давлатҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд: аз буҷети давлатӣ барои бунёди инфраструктура маблағгузорӣ шуда, ҳаргуна имтиёзҳои андозбандӣ ва қарздиҳиро пешбинӣ менамоянд, ки ба рушди фаъолияти навҷорисозӣ ва самаранокии фаъолияти илмию техникӣ дар самтҳои ҷудогона равона шудаанд. Дар ин ҷо ҷолиби қайд мебошад, ки баъзе хусусиятҳои миллии таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ иброз гарданд. Дар ИМА аз ҳисоби ҷалб намудани олимон аз дигар мамолики ҷаҳон бо якҷоягӣ аз олимони худи мамлакат иқтидори нави сифатан баланду соҳибтақвияти илмӣ таъсис дода мешавад, ки барои ҳалли масъалаҳои душвортарини илмӣ қодир мебошанд. Дар ин ҷо сухан на танҳо дар бораи тақвияти илмӣ, балки дар бораи усули нави рушди соҳибкорӣ дар самти илм меравад. Шаҳрчаҳои технологии Япония (технополисҳо) як намуди ғункунии иқтидори зеҳнӣ буда дорои имконоти беназири илмию техникӣ мебошанд.

Дар қатори намудҳои гуногуни минтақаҳои озоди иқтисодие, ки дар ин ҷо номбар шуданд, нақши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фароғату туристӣ дар минтақаҳое, ки дорои табиати нодир, иқлими хоса барои истироҳат, муолиҷа, варзиш, анъанаҳои фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихӣ мебошанд, афзоиш меёбад. Минтақаҳои озоди иқтисодие, ки хусусияти муштарак дошта бо иштироки ду ва зиёда давлатҳои ҷаҳон таъсис дода мешаванд, шакли нави минтақасозӣ буда, шояд дар оянда ба имконияти вусъатёбии васеъ соҳиб шаванд.

Минтақаҳои махсуси иқтисодӣ метавонанд ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта бошанд – моликияти давлатӣ, хусусӣ ё омехта (ҳам давлативу ҳам хусусӣ). Намуди омехтаи ингуна минтақаҳо дар ҷаҳон бештар вомехӯрад. Дар ҷараёни инкишоф минтақаҳои махсуси иқтисодӣ аз марҳалаи соддаи худ – тиҷорати озод оғоз ёфта, ба минтақаҳои содиротию истеҳсолӣ, сониян ба бошишгоҳҳои техникӣ, марказҳои оффшорӣ1)<sup/>* ва дар охир, ба минтақаҳои экологию иқтисодӣ ва минтақаҳои тахассуси хурди махсусгардонидашуда сабзида мерасанд.

Дар Тоҷикистон дар самти ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» асосҳои ташкилию ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар қаламрави кишвар муайян намуда, пешбинӣ менамояд, ки дар ин минтақаҳо низоми махсуси гумрукӣ, молиявию асъорӣ ва андозбандӣ, тартиби соддашудаи воридшавӣ, иқомат ва хориҷшавии резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки бо Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ муайян шудаанд, инчунин дигар низомҳое, ки ба ҷалб намудани сармоя, ҳавасмандкунии инкишофи соҳибкорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои озоди иқтисодӣ нигаронида шудаанд, муқаррар карда мешаванд.

Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои фаъолияти соҳибкорие мебошанд, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон тибқи тартиби пешбинишудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд, инчунин филиалҳои шахсони ҳуқуқии хориҷие низ мебошанд, ки дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракуниро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки онро роҳбар сарварӣ мекунад, иҷро менамояд. Тартиби фаъолияти ин маъмурият дар Низомнома оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад. Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Маъмурияти минтакаҳои озоди иқтисодӣ чунин ваколатҳо дорад:

  • базаи иттилоотию таҳлилии дурнамои инкишофи самараноки минтақаи озоди иқтисодиро ташкил мекунад;
  • барномаҳоро оид ба рушди минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия ва амалӣ намуда, онҳоро такмил медиҳад;
  • манфиатҳои истеҳсолкунандагону истеъмолкунанда-гонро ҳимоя мекунад;
  • ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодиро таъмин менамояд;
  • барои ҷалб намудани инвеститсияҳои ватанию хориҷӣ ва дигар захираҳо шароити мусоид фароҳам меоварад;
  • риояи низоми ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодиро назорат мекунад ва барои ворид намудани тағйироти зарурӣ ба ин низом ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунад;
  • дигар ваколатҳоро, ки дар доираи қонун пешбинӣ шуда, барои тезонидани рушди самараноки муносибатҳои бозорӣ равона гардидаанд, амалӣ менамояд.

Иҷрои санадҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи салоҳияти он қабул гардидаанд, дар қаламрави минтақа барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд, ҳатмӣ мебошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ қисми алоҳидаи (маҳдуди) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳудуди он на фақат низоми махсуси гумрукию андозӣ, балки тартиби соддакардашудаи рафтуомади ғайрирезидентҳо ва меъёрҳои имтиёзноки истифодаи захираҳои табиӣ амал мекунад. Ингуна минтақаҳо дар ҷумҳурӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:

  • ба ҷомеаи иқтисодии ҷаҳонӣ самараноктар ҷалб намудани иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он;
  • таъмини шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ, технология ва таҷрибаи идоракунӣ;
  • рушди иқтидори иқтисодии минтақа дар заминаи ҳамгироии инвеститсияҳои хориҷӣ бо воситаҳои пулию моддии ташкилоту корхонаҳои ватанӣ, ки ба шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд;
  • ташкили инфраструктураи истеҳсолӣ ва иҷтимоии ҳозиразамон;
  • ғанӣ гардондани бозори дохилӣ бо маҳсулот ва молҳои таъиноти истеъмолӣ ва истеҳсолӣ;
  • беҳдошти шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шаклҳои гуногуни функсионалии минтақои озоди иқтисодӣ ташкил карда шаванд. Шакли функсионалӣ мувофиқи мақсади таъсис ва самти фаъолияти инвеститсионӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад фаъолияти истеҳсолӣ, илмию технологӣ, воридотӣ, содиротӣ, савдо, сайёҳию истироҳатӣ, инвеститсионӣ, биржавӣ, суғуртавӣ, бонкӣ ва намудҳои дигари фаъолият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инкишоф ёбад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд фарогири вазифаҳое бошанд, ки онҳо хоси якчанд шаклҳои функсионалии минтақаи озоди иқтисодиянд.

Чун ҷузъи минтақаҳои озоди иқтисодӣ минтақаи озоди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки дар он моли хориҷӣ дар қаламрави сарҳади дахлдор дар минтақаҳои озоди гумрукӣ бо роҳи пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва истифода бурда мешаванд. Минтақаҳои озоди гумрукӣ ҳамчун қаламраве, ки дар он низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ амал мекунад, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Дар ҳудуди минтақаи озоди гумрукӣ таҳти низоми махсуси гумрукӣ моле иҷозат дода мешавад, ки барои ташкили минтақаи озоди гумрукӣ зарур аст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номгӯи молҳои барои ташкили минтақаи озоди гумрукӣ зарурӣ тибқи Низомномаи минтақаи озоди гумрукӣ муқаррар карда мешавад.

Дар минтақаи озоди гумрукӣ иҷрои амалиёти истеҳсолӣ ва амали дигари тиҷоратӣ бо мол, ба истиснои фурӯши чаканаи онҳо, бо шарти риояи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси гумрук ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Дар сиёсати иқтисодии давлати Тоҷикистон ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бархурдорӣ аз манфиатҳои он яке аз масъалаҳои муҳим ҳисоб мешаванд.

Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов иброз доштанд, «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ воситаи муҳими ҷалби инвеститсия ба ҳудудҳои алоҳидаи кишвар ва рушди иқтисодии онҳо мебошад…

… Аз фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мақсади мо рушди соҳаҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, истифодаи самароноки сарватҳои табиӣ, таъмини рушди беҳтари тқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои ниёзманд мебошад. Барои ташкили минтақаҳои махсуси саноатӣ ва сайёҳӣ дар мамлакат имкониятҳои васеъ мавҷуданд ва онҳоро ба манфиати мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ самарабахш истифода намудан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд»1)<sup/>*

469
Нет комментариев. Ваш будет первым!