Фаъолияти созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ дар ҳалли муаммоҳои бехатарӣ дар ҷаҳон
Ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи бехатарии иқтисодӣ, аз ҷумла бехатарии озуқаворӣ бетараф нест. Гузашта аз ин масъалаи таъсиси низоми байналмилалии бехатарии озуқаворӣ дар аввали солҳои 70-ӯми асри гузашта ба миён омада буд. Ин низом бояд огоҳонидани пешакии норасоии озуқа, бунёд намудани захираҳои миллии озуқаворие, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳанг сохта мешаванд, ба давлатҳои мӯҳтоҷ расонидани кӯмаки озуқа, афзоиш додани ҳиссаи давлатҳои рӯ ба тараққиро дар ҳаҷми савдои хориҷии маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ менамуд. Сухан дар бораи таъмини бехатарии ҷаҳонии озуқа меравад, ки ин ба устувории бозори ашъёи кишоварзӣ вобаста аст. Дар таъмини бехатарӣ нақши институтҳои молиявии байналмилалӣ – Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бунёди Байналмилалии Асъор, Барномаи рушди СММ мунтазам меафзояд.
Созмонҳои байналмилалии иқтисодие, ки дар давраҳои гуногун таъсис ёфта амал мекунанд, дар ҳалли муаммоҳои бехатарии озуқавории ҷаҳон нақши хосаро соҳиб мебошанд. Ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти ин созмонҳо гуногун буда, ҳайати онҳо чунин созмонҳоро дар бар мегирад:
- Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид – ФАО (Food and Agriculture Organization of the United Nationals);
- Барномаи ҷаҳонии озуқа;
- Шӯрои умумиҷаҳонии озуқаворӣ;
- Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ;
- Созмони байналмилалӣ оид ба шакар;
- Шӯрои байналмилалӣ оид ба ғалла;
- Кумитаи (байналмилалӣ) оид ба кӯмаки озуқа;
- Иттиҳоди (алянси) байналмилалии кооператсия;
- Созмони умумиҷаҳонии савдо – СУС (WTO).
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ («ФАО») яке аз созмонҳои бузурги байниҳукуматӣ ва бонуфуз буда, ҳоло дар ҳайати Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунад. Ин Ташкилот дар Канада моҳи октябри соли 1945, яъне то таъсисёбии худи СММ ба вуҷуд омада буд. Бунёдшавии ин ташкилот ба даврае рост омада буд, ки дар ҷаҳон зарурати чораҷӯӣ намудани тарзи босамараи истеҳсол ва тақсимоти маводи озуқа аён гашта, махсусан дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ва баъдиҷангӣ бениҳоят рӯзмарра шуда буд. Ҳоло ба ҳайати аъзогии ФАО зиёда аз 180 давлати ҷаҳон шомил мебошанд.
Ташкилоти номбурда ду ҳадафи асосиро чун стратегияи худ пешкаш намудааст: таъмини бехатарии озуқаворӣ ва истеъмоли мутавозуни бамеъёр аз як тараф; аз тарафи дигар – таъмини доир намудани консепсияи рушди босуботи кишоварзӣ, ки дар айни ҳол чун кафолати ноилшавӣ ба ҳадафи аввала мебошад.
Ташкилот асосан чор вазифаро ба дӯши худ дорад:
1. Ба сифати форуми байналмилалӣ барои доир намудани машварати давлатҳои шомил хизмат мекунад;
2. Ба ҳукуматҳои дахлдор дар масъалаҳои сиёсати озуқаворӣ маслиҳатҳо медиҳад;
3. Ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳн намудани иттилоот;
4. Ҳамкории техникӣ дар бахши ваколатҳои худ.
Ба хотири иҷрои вазифаҳои худ ФАО дар чунин самтҳо фаъолият мебарад:
- таҳияи барнома ва лоиҳаҳое, ки ба беҳсозии маводи хӯрока, аз байн бурдани гуруснагӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии махсусан мардуми деҳот равона шудаанд;
- пешкаш намудани технологияи нави соҳаи кишоварзӣ ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ, дар онҳо ташкил намудани тадқиқоти бахши кишоварзӣ;
- расонидани ёрии фавқулодда дар доираи барнома ва лоиҳоҳои махсуси ФАО, ки дар якҷоягӣ бо дигар идораю ташкилотҳои СММ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ маблағгузорӣ мегарданд;
- бо якҷоягӣ бо ПРООН амалӣ намудани барномаҳои ҳамкории техникӣ ва расонидани ёрӣ ба аҳолии деҳоти мамлакатҳои қафомонда.
Маблағҳои ФАО дар давраи аз солҳои 90-ум сар карда барои иҷрои чунин барномаҳо сафарбар шуда буданд:
- Нақшаи ёрӣ барои бехатарии озуқаворӣ;
- Пешгирии талафоти озуқаворӣ;
- Рушди тухмипарварӣ;
- Рушди байналмилалии чорвопарварӣ барои гӯшт;
- Рушди байналмилалии саноати шир;
- Мубориза бар зидди малах;
- Қарздиҳии кишоварзӣ;
- Моҳипарварӣ дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ;
- Хоҷагии ҷангал ва рушди ҷамоатҳои маҳал ва ғайра.
ФАО дар навбати худ бо як қатор ташкилотҳои дигари СММ дар самти бехатарии озуқаворӣ ҳамкорӣ мекунад.
Барномаи ҷаҳонии озуқа –БОҶ (World Food Program.) Барномаи мазкур дар асоси резолютсияи Ассамблеяи ХУ1 Генералии СММ ва конференсияи ФАО дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳо таъсис ёфта буд. Барномаи байналмилалии мазкур фаъолияти худро оид ба кӯмакрасонии озуқаворӣ дар низоми СММ чун созмон пеш мебарад. Кори худро соли 1961 ба тариқи таҷриба оғоз намуда, аз соли 1966 ба асоси доимӣ гузашта буд.
Барномаи озуқа дар фаъолияти ФАО мавқеи муҳимро дорост. БОҶ – ин бунёди озуқаворӣ ва маблағҳои пулие мебошад, ки онро давлатҳои алоҳидаи ҷаҳон барои расондани кӯмак ба кишварҳои ба он мӯҳтоҷ ҳиссагузорӣ намудаанд. Қисми зиёди озуқаворие, ки Барнома дар ихтиёри худ дорад, маҳсулоти аз давлатҳои гуногун ҷамъовардашуда мебошад. Захираҳои Барнома барои иҷрои лоиҳаҳое истифода мешавад, ки бо ёрии онҳо талаботи фавқулодда ба озуқаворӣ ва бехатарии озуқавории ҷаҳон аз рӯйи тавсияи СММ ва ФАО таъмин мешаванд. Штаб-квартираи ин Барнома дар Рим воқеъ буда, давлатҳое, ки ба Барнома саҳмгузорӣ мекунанд – ИМА, Япония, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Нидерланд, Бритонияи Кабир мебошанд. Маблағе, ки соли 1998 дар Барномаи мазкур ҷамъ оварда шуд, 1,7 млрд доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Аз ҳисоби БОҶ соли 2000 ба 83 млн нафар аҳолии ҷаҳон аз давлатҳои гуногун ба миқдори 3,5 млрд. тонна озуқа кӯмак расонида шуда буд. Аз аввали фаъолияти худ БОҶ аз рӯйи зиёда аз 100 лоиҳаи кӯмакрасонии рушд барои 120 мамлакати рӯ ба тараққӣ ба маблағи зиёда аз 5 млрд. доллар кӯмаки озуқаворӣ расонд. Кӯмак ба давлатҳое расонида мешавад, ки дар онҳо дар натиҷаи камбизоатӣ, қашшоқӣ, офатҳои табиӣ, ҷанг, муноқишаҳои шаҳрвандӣ ва ғайра вазъияти хатарноки озуқа ба вуҷуд омадааст. Соли 1995 БОҶ ба панҷ давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Арманистон, Грузия, Молдавия, Озорбойҷон ва Тоҷикистон ба маблағи 120 млн. доллар ёрии техникӣ расонда буд.
Шӯрои умумиҷаҳонии озуқаворӣ – ШУО (World Food Council), ки соли 1974 таъсис ёфта буд, соли 1994 фаъолияти худро бо сабаби дигаргунсозии сохтории Котиботи СММ қатъ намуд. Шӯрои мазкур дар давоми солҳои фаъолияти худ чун механизми ҳамоҳангсоз барои ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли озуқаворӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, хариду фурӯши озуқа ва кӯмакрасонии озуқа дар низоми СММ нақши арзандаеро бозида буд.
Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ –ББРК (International Fund for Agricultural Development –IFAD) ташкилоти байниҳукуматие мебошад, ки чун идораи махсусгардонидашудаи СММ бо тавсияи Конфронси умумиҷаҳонии озуқаворӣ дар асоси резолютсияи ҷаласаи ХIХ Ассамблеяи Генералии СММ соли 1977 таъсис дода шуда, ҳадафи худро маҳз барои сафарбаркунии захираҳои иловагӣ барои рушди кишоварзӣ дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ равона намудааст. Дар аввали соли 2000 160 давлати ҷаҳон аъзои ин Бунёд буданд.
Бунёди мазкур лоиҳа ва барномаҳоеро, ки барои такмили низоми истеҳсоли озуқаворӣ ва таҳкими институтҳои дахлдор дар доираи стратегияҳои миллии давлатҳо пешбинӣ мекунанд, маблағгузорӣ менамояд. Бунёд сиёсати худро асосан ба мушкилоти қашшоқӣ дар деҳот равона намуда, маблағҳои худро ба тариқи қарзҳои имтиёзноке пешкаш мекунад, ки дар давоми 50 сол бо дарозкунии мӯҳлати пардохт ба муддати 10 сол бо хизматрасонии қарз ба қадри 1% пардохт карда мешаванд. Бунёд инчунин қарзҳои муқаррарӣ низ медиҳад, ки мизони фоизашон 8% буда, дар мӯҳлати 15-18 сол баргардонида мешаванд. Қарзҳое, ки бо дарназардошти шартҳои мобайнӣ дода мешаванд, мизони фоизашон 4% буда, дар давоми 20 сол баргардонида мешаванд.
Маблағҳои аввалияи Бунёд, ки зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, аз ҳиссагузории давлатҳо ба вуҷуд омада буданд: аз давлатҳои тараққикарда 567,3 млн.доллар; аз давлатҳои рӯ ба тараққии аъзои ОПЕК 435,5 млн. доллар; аз дигар давлатҳои тараққикунанда – 19,3 млн.доллар.
Дар солҳои фаъолияти худ Бунёд, тибқи маълумотҳои соли 2000, ба 115 давлати ҷаҳон аз қитъаҳои Африка, Осиё ва Америкаи Лотинӣ аз рӯйи 578 лоиҳа ба маблағи умумии 7 млрд. доллар маблағгузорӣ намудааст.
Созмони байналмилалӣ оид ба қанд – СБҚ (International Sugar Organization). Созишномаи байналмилалӣ оид ба қанд соли 1937 оғоз ёфта, фаъолияти он чандин карат қатъ ва барқарор гардида буд. Чунончи, бо саршавии Ҷанги дуюми ҷаҳон созишномаи соли 1937 қатъ гардида, соли 1954 созишномаи нав ба мӯҳлати 5 сол аз ҷониби 23 давлати ҷаҳон ба имзо расида буд. Соли 1959 давлатҳои аъзо созишномаеро ба имзо расонданд, ки он ҳамагӣ 2 сол вуҷуд дошт, зеро давлатҳои ҳавасманд дар масъалаи квотаи содиротӣ ба хулосае наомаданд.
Танҳо соли 1993 Созишномаи байналмилалии нав, ки Конфронси СММ дар Женева баррасӣ намуда буд, амалӣ гашт. Вазифаҳои асосии созмони нав оид ба қанд густариши ҳамкории байналмилалӣ дар бахши истеҳсол ва савдои хориҷии қанд, мубодилаи иттилоот ва доир намудани машварати байниҳукуматии давлатҳо ба хотири муайян намудани сиёсати миллии онҳо оид ба ин масъалаҳо мебошанд. Инчунин мусоидат намудан ба таъмини лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби фонди СБҚ маблағггузорӣ мешаванд, аз ҷумлаи вазифаҳои созмони қанд мебошад. Ҳоло 46 давлати дунё ба аъзогии ин созмон шомиланд.
Азбаски қанд чун намуди асосии озуқа ба «сабати истеъмолӣ» дохил мешавад, мавқеи он дар таъмини бехатарии озуқавории давлат намоён аст. Бинобар ин давлатҳои содиркунандаи қанд вазъи бозори ҷаҳониро бодиққат меомӯзанд ва аз рӯйи тамоюли назаррас сиёсати худро доир ба истеҳсол ва истеъмоли қанд арзёбӣ мекунанд.
Шӯрои байналмилалӣ оид ба ғалла1)<sup/>*.
Некӯаҳволии аҳолии ҷаҳон, таъмини бехатарии озуқавории он ва устувории бозори ҷаҳонии ғалла аз вусъатёбии ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фаъолияти чунин ташкилотҳои байниҳукуматӣ ба монанди Шӯрои байналмилалӣ оид ба ғалла ва Кумитаи кӯмакрасонии озуқа вобаста аст.
Ба ҳайати Шӯрои байналмилалӣ оид ба ғалла давлатҳое дохил мешаванд, ки бо содирот ё воридоти ғалла машғул мебошанд. Давлатҳои содиркунандаи ғалла – Австралия, Арабистони Саудӣ, Аргентина, Венгрия, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Туркия, Қазоқистон мебошанд. Давлатҳои воридкунандаи ғалла – Алҷазоир, Боливия, Ватикан, Миср, Иордания, Ироқ, Куба, Корея, Ҳиндустон, Марокаш, Норвегия, Покистон, Панама, Федератсияи Россия, Тунис, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, Шветсария, Япония мебошанд.
Кумита оид ба кӯмаки озуқа
Ин Кумита соли 1995 мувофиқи Конвенсияи оид ба кӯмаки озуқаворӣ таъсис ёфта буд. Ба ҳайати ин Кумита Австралия, Аргентина, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Канада, Япония, Норвегия, Шветсария, шомиланд. Ҷаласаҳои Кумитаи ёрирасонии озуқа ба тариқи ҷаласаҳои пӯшидаи давлатҳои донор ва ҷаласаҳои кушода бо иштироки мушоҳидакунандагони даъватшуда, аз ҷумла ташкилотҳои байналмилалие, ки бо ёридиҳии озуқаворӣ машғуланд, ба монанди Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Созмони умумиҷаҳонии савдо (WTO).
Кумитаи оид ба кӯмаки озуқа дар доираи Конвенсияи савдои ғалла ба ҳамкории байналмилалӣ дар ҳамаи соҳаҳои ғалла ва савдои он, рушди бахши ғалла, устувории бозори ғалла ва таъмини бехатарии озуқавории ҷаҳон мусоидат мекунад.
Иттиҳоди (алянси) байналмилалии кооператсия
Ин алянси байналмилалӣ кооперативҳоро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт муттаҳид сохта, мақсад дорад, ки дар ҳалли муаммои озуқаворӣ ҳамкории ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ доир гардад. Аз ҷумлаи кооперативҳо наздик 40% аъзоҳои онҳо бо фаъолияти кишоварзӣ ва моҳидорӣ машғуланд, 25% дар соҳаи истеъмол фаъолият мебаранд. Алянс нақши кооперативҳоро дар таъмини бехатарии озуқаворӣ ба назар гирифта, ба омода сохтани Конфронси ҷаҳонӣ оид ба озуқаворӣ шурӯъ намуданд.
Созмони умумиҷаҳонии савдо –СУС (World Trade Organization –WTO)
СУС соли 1995 бо ташаббуси ИМА таъсис ёфта буд. Соли 2001 аз байни давлатҳои ҷаҳон 142 давлат аъзои ин Созмон гардиданд. Ҳоло наздик 30 давлат, аз ҷумла Федератсияи Россия, Тоҷикистон барои ворид гаштан ба ин Созмон гуфтушунид мебаранд. Штаб – квартираи Созмон дар Женева воқеъ буда, мақоми олии СУС, ки барои қабул намудани қарор масъул аст, Конфронси вазирон мебошад. Ба салоҳияти Конфронси мазкур ҳамаи масъалаҳои асосии вобаста ба савдои байналмилалии мол ва хизматрасонӣ дохил мешаванд. Дар байни доиргардии ҷаласаҳои Конфронс вазифаҳои онро Шӯрои Генералии СУС иҷро мекунад.
СУС дар заминаи дигар созмони умумиҷаҳонӣ, ки ГАТТ ном дошт, таъсис ёфта буд. Дар бозори ҷаҳонии молҳо СУС нисбат ба ГАТТ ваколатҳои васеъ дорад. Созмони навбунёд ба асосҳои нави ҳуқуқии байналмилалӣ соҳиб буда, ба ҳалли ҳамаи муаммоҳои мубодилаи тиҷоратӣ, аз ҷумла бо масъалаҳои андозбандии гумрукӣ машғул мешавад. Қоидаҳои наве, ки дар СУС ҷорӣ гаштаанд, на барои ҳамаи давлатҳо якзайл муфид мебошанд. «Хатаре вуҷуд дорад, – чунин иброз доранд В.С. Балабанов, Е.Н.Борисенко дар китоби худ, – «Россия мавриди воридшавиаш ба СУС манфиатҳои ватании кишоварзиашро қурбон мекунад… Бояд, ки асосҳои ҳуқуқии ҷорӣ намудани ҷубронпулӣ барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ таҳия карда шавад…».1)<sup/>*.
Ю.Хромов менависад, ки воридшавии Россия ба СУС аз ҷиҳати ду нишондиҳанда – пастшавии боҷи гумрукӣ ва дар ин асос сабукшавии воридоти мол ба бозори кишвар назаррас мебошад. Пастшавии боҷи гумрукие, ки аз 12-13% то 7-8% пешбинӣ мешавад, гарчанде ҳаҷми савдоро афзоиш диҳад ҳам, боиси кам гаштани воридшавии маблағ ба буҷет мешавад. Пастшавии сатҳи боҷбандии воридотӣ (дар ин ҷо наздик 5%) рақобатпазирии молҳои воридшавандаро афзоиш медиҳад. Ин ҳолат истеҳсолоти ватаниро халалдор сохта, ба кам шудани фоидаи онҳо оварда мерасонад.2<sup/>*
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ Созмони Милали Муттаҳид чун бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ ба пешравии миллӣ дар ҳамаи самтҳо мусоидат намуда, дар ҷумҳурӣ 17 адад оҷонсии (агентии) худро таъсис намудааст. Бо ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ин мақомот нерӯҳои башардӯсти ҷаҳониро ҷал намуда, барои истиқрори сулҳ, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, баргардондани фирориён, ба роҳ мондани иқтисодиёти харобгашта, барқарор ва эъмори роҳҳо, пулҳои нав ва инфраструктура, таҳкими сулҳу осоиш, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд. Вобаста ба проблемаҳои рӯзмарра ба хотири пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, такмили сохторҳои давлатӣ, таъмини ҳуқуқи инсон, танзими солими фаъолияти воситаҳои ахбори умум ва ҳизбҳои сиёсӣ Барномаҳои СММ таҳия ва амалӣ гаштанд.
Оҷонсиҳои СММ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, инҳо мебошанд:
Барномаи рушди СММ (ПРООН);
Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ);
Барномаи Ҷаҳонии Озуқа (ВПП);
Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ (ФАО);
Бюрои СММ оид ба таҳкими сулҳ (БООНСМТ);
Комиссияи СММ оид ба фарҳанг (ЮНЕСКО);
Барномаи муттаҳидаи СММ алайҳи пешгирии ВНМО/БНММ;
Ташкилоти байналмилалии меҳнат (МОТ); Ташкилоти байналмилалии муҳоҷирот (МОМ);
Хазинаи нуфузи аҳолӣ (УНФПА);
Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ);
Хазинаи Инкишофи Занҳо (ЮНИФЕМ);
Раёсати СММ алайҳи нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ (УНП ООН);
Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо (УВКБ);
Котиботи байнисоҳавӣ оид ба кам кардани хатари офатҳои табиӣ (ИСДР);
Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ;
Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ).
Ҳар яки аз ин ташкилотҳо вазифаҳои хоса дошта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми назаррас гузоштаанд. Фаъолияти агентиҳои номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин ҷараён гирифт.
Барномаи рушди СММ («ПРООН»). Аз соли 1997 самти амали худро тағйир дода аз ёрии моддии сирф башардӯстона ба кӯмак барои рушди тараққиёти устувори иқтисод гузашт, ки ин ба Ҳадафҳои олии СММ дар арафаи ҳазорсолаи нав бештар мувофиқат мекунад. Барномаҳои БР хеле гуногун буда, аз ҷумла дастгирии соҳибкорӣ, дастрас намудани оби ошомиданӣ, беҳбудии кори ҳамаи соҳаҳо, ҳифзи муҳит, истифодаи оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ, таъминӣ шаҳри Душанбе бо оби ошомиданӣ, пешгирӣ ва кӯмак дар мавриди офатҳои табиӣ, пешгирии ВНМО/БНММ (СПИД) ва ғайраро дар бар мегирад. Яке аз онҳо, ки барои ҳифзи ҳаёти сокинони минтақаи сарҳадӣ равона шудааст, тозакунии минаҳо дар сарҳади Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Афғонистон мебошад. Барномаи дигар бо идора ва беҳдошти сарвати табиӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ вобаста буда, ба он равона шудааст, ки дар мувофиқа бо ҳукумат сатҳи камбизоатиро то соли 2015 ду баробар кам намояд, барои ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зиёд шудани маҳсулоти содиротӣ мусоидат кунад.
Бюрои СММ оид ба таҳкими сулҳ («БООНСМТ»). Барои пойдории сулҳ ва ҳамкории осоиштаи ҳизбҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ додааст. Ҳадафҳояш густариши наҷобатҳои демократӣ, ҳамкории бунёдкоронаи нерӯҳои сиёсии ҷомеа буда, барномаҳои он барои ҳифзи ҳуқуқи инсон махсусан ҷавонон, бештар васеъ намудани имкониятҳои сохтори давлатии ҳифзи ҳуқуқ, марказҳои маърифатӣ равона шудааст.
Барномаи муттаҳидаи СММ алайҳи пешгирии ВНМО/БНММ. Ин Барнома ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи созмонҳоро алайҳи пешгирии ин беморӣ чун хадафи худ карор дода, фаъолияти онҳоро дар 4 ҷанба- пешгирии паҳншавии беморӣ, кӯмак ва ғамхории ичтимоӣ ба қурбониён ва беҳтар кардани муносибати ҷомеа ба онҳо, кам кардани омилҳои иқтисодӣ- иҷтимоии беморӣ, такмили ихтисоси пизишкон равон месозад.
Комисияи СММ оид ба фарҳанг («ЮНЕСКО»). Хидмадҳои ин оҷонсии машҳур ба ҳама маълум аст: ҳифзи садҳо ёдгориҳои таърихии маданияти ниёгон, рушди санъатҳои амалӣ, ҷашнҳои зиёди бузургдошти илму адабиёти тоҷик, Ҷашни бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700- солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
Ташкилоти озуқа ва кишоварзӣ («ФАО»). Ин созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз низоъҳои сиёсӣ ва офатҳои табиӣ барқарор намудан ва тараққӣ додани кишоварзӣ, чорводорӣ ва моҳипарвариро ҳадафи худ қарор дода, аз соли 1997 сӣ барномаро дар ҳаҷмӣ 9 млн. доллар амалӣ намуд, барои пешгирии бемориҳои чорво, тухмии картошка, пажӯҳиши захираҳои об, ислоҳоти замин ва ғайра саҳми сазовор гузошт.
Ҳазинаи нуфузи аҳолӣ («УНФПА»). Ҳадаф: дастрасии хадамоти тиббӣ барои беҳдошти саломатии репродуктивӣ, тавлиди бехавф барои модарон, пешгирии безурётӣ ва бемориҳои сирояткунанда тавассути алоқаи ҷинсӣ. Солҳои 1994-1999 дар доираи барномаи минтақавии Осиёи Миёна дар ҳаҷми 2,5 млн. доллар, солҳои 2000-2004 дар ҳаҷми 4 млн. доллар корҳоро анҷом дод. Барномаи навбатие, ки то соли 2009 пешбинӣ шудааст, ба афзоиши солими аҳолӣ, имкониятҳои иқтисодии занҳо мусоидат мекунад. Дар айни ҳол мардҳо ва махсусан наврасон низ ба он шомил мешаванд.
Котиботи баӣнисоҳавӣ оид ба кам кардани хатари офатҳои табиӣ («ИСДР»). Бо барномаи таҳқиқотию маърифатии «Дониш ва огоҳӣ барои пешгирии офатҳои табиӣ» амал мекунад. Бо ташаббуси вай 10 донишгоҳи Осиёи Миёна ҳолатҳои табииро дар минтақа тадқиқ мекунанд, бо муҳандисон сохтмони ба офатҳои табиӣ тобоварро меомӯзанд, аз хатари эҳтимолӣ ба сокинон, аз он ҷумла, кӯдакон, сари вақт хабар дода, роҳҳои чораҷӯиро тавассути китобу маълумотномаҳо, намоишномаҳои театрӣ ва радио мефаҳмонанд.
Раёсати СММ алайҳи нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ («УНП ООН»). Ҳадафи он пешгирии интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ буда, таҳкими сарҳад, пешгирии интиқол ва шароити нобуд сохтани маводи мухаддир, сохтани фазои ягонаи итилоотӣ, беҳдошти стратегияи миллии назорати сарҳадӣ, санҷиши лабараторӣ, дасгирии постҳои алоҳидаи назорати сарҳадӣ ва ғаӣра мебошад.
Хазинаи Тараққиёти Занҳо («ЮНИФЕМ»). Ин созмон барномаҳоеро дастгирӣ мекунад, ки барои ҳимояи ҳуқуқи занҳо дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ равона шудаанд. Аз соли 2003 ба амалӣ намудани Лоиҳаи «Хуқуқ ба замин ва бехатарии иқтисодии занҳо» оғоз намуд. Бо ин восита дар асоси сиёсати давлат оид ба ислоҳоти замин баробарии занҳоро дар истифода ва дастрас намудани замини барои хоҷагидорӣ ҷудокардашуда таъмин мекунад.
Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо («УВКБ»). Фаъолияти ин Раёсат аз соли 1993 сар карда барои ба ватан баргардонидани беш аз 50 ҳазор нафар гурезаҳои тоҷик аз ИДМ ва Афғонистон бениҳоят назаррас буд. Беш аз 25 ҳазор манзили тахрибдида, 9 мактаб, 11 бемористон 4 сохтори обтаъминкунӣ, 3048 обкашаки дастиро аз нав сохта, барои рушди соҳаи кишоварзӣ низ саҳм гузошт. 23 стансияи насоси обро таъмир, 26,772 км канали обгузарро тоза, 22 осиёби орду шоликӯб бунёд намуд, барои иҷораи 1204 га замин, тақсимоти маводи тухмӣ ва нурӣ, беҳбудии хадамоти ветеринарӣ мусоидат кард. Инчунин ба зиёда аз 10 ҳазор гурезаҳои афғон кӯмаки моддӣ расонда, 2077 оиларо дар ҳаӣати 8952 нафар ба Афғонистон баргардонида шуданд. Кор бо онҳо идома дорад. Буҷаи умумии ваӣ аз соли 1993 32 млн долларро ташкил дод.
Барномаи Ҷаҳонии Озуқа («ВПП»). Ин Барнома дар Тоҷикистон 5 дафтари кории саҳроӣ дорад. Дар аввал ба фирориёни иҷборӣ, аз соли 1994 ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ – нафақахӯрон, маъюбон, ятимон, модарони танҳо, фирориён кӯмаки башардӯстона расонд. Минбаъд барои рушди устувори иқтисодии оилаҳои камбизоат барномаҳои наверо бо унвони «Озуқа барои кор» ва «Иҷораи замин» ҷорӣ намуд. Яъне кӯмак ба шарте ба ҳоҷатмандон дода мешавад, ки бо коркарди замини кишт, парвариши паррандаву чорво, занбури асал, бунёди боғу ҷӯӣҳо машғул шаванд. Дар солҳои 1993 – 1996 ба маблағи 60,6 млн доллар озуқа эҳдо гардид. Беш аз 1 миллион нафар ҳар сол кӯмак мегирифтанд. Барномаи он аз июли соли 1999 то соли 2001 0,5 миллион нафарро фаро гирифт.
Дар ҷавоб ба даъвати Президенти Э.Раҳмонов оид ба расонидани кӯмак бо сабаби хушксоли ВПП. Барномаи нави фаврӣ сохта, якҷоя бо барномаи «Озуқа барои барқароркунии кишоварзӣ» ба 1,2 млн нафар сокинони деҳот кӯмак расонд. Алъон барномаи хосаи ВПП ба оилаҳои аз озуқа танқисӣ кашидае ёрӣ мерасонад, ки дар минтақаҳои камзамин қарор доранд ва ба кори барқарор кардани сохтори истеҳсолии он барои таъмини доимии озуқа ба онҳо мусоидат мекунад.
Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ. Аз Бонки байналмилалии таҷдид ва тараққиёт (МББР), Оҷонсии бисёрсоҳаи маблағгузории кафолатнок («МАР»), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ («МЦУИС») таркиб ёфтааст. МАП ба 81 давлате кӯмак мерасонад, ки сатҳи даромади миллиашон ба ҳар нафар аз 925 доллар кам аст. Қарзҳои вай имтиёзнок буда, дар мӯҳлати хеле дароз – 40 сол баргардонида мешаванд, дар соли аввал ягон фоиз надорад. Аз соли 1996 инҷониб 19 лоиҳа ба маблағи 333 млн доллар қабул шудааст. Маблағгузории ғайриқарзии бонк барои барқарор намудани сохторҳои кишоварзӣ, тандурустӣ бехатарии иҷтимоӣ, бартараф кардани офатҳои табиӣ ва ғайра равона шудааст. Диққати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои коркарди меъёрҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи қарздиҳии хурд ва лизинг, омӯзиши соҳибкории хурду миёна, шаклҳои нави хоҷагии фермерӣ, кишоварзӣ, савдо, муҳити маблағгузорӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра равона шудааст. Хаҷми умумии кӯмаки молиявии МАР барои солҳои 2006 – 2009 79 млн СДР муайян шудааст. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ тавассути барномаҳои умумии Осиёимиёнагӣ низ амал намуда, ҳамроҳ бо ҳукумат ва дигар созмонҳо мушкилоти қарзҳои ҷамъшудаи соҳаи пахтакорӣ, бозори васоити истеҳсолии он, инкишофи минбаъдаи соҳаро меомӯзад. Такмили ихтисоси кормандони вазоратҳоро ба роҳ монда, барои беҳтар кардани муҳити қарздиҳӣ ба Тоҷикистон ва ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, зиёд шудани маҳсулоти содиротӣ кӯмак мерасонад.
Ташкилоти байналмилалии муҳоҷирот (МОМ). Солҳои 90 – ум ба муҳоҷирони иҷборӣ ёрии фаврии моддӣ расонида, барои ба ватан баргардондани беш аз 8 ҳазор муҳоҷирони тоҷикистонӣ ва 10 ҳазор муҳоҷирони афғон ба ҷои зисти доимиашон мусоидат кард. Аз соли 2000 барномаҳои он муҳоҷирони меҳнатӣ, ислоҳотии соҳа, такмили ихтисоси кормандони вазоратҳои дахлдор, хадамоти назорати гумрукиву сарҳадӣ, омода сохтани намунаҳои нави барги раводид (-виза), мушкилоти нав – хариду фурӯши одамонро дар бар гирифт, беш аз 60 нафар ба ватан баргардонида шуданд ва дар Душанбею Хуҷанд барои қурбониёни ин рӯйдод марказҳои барқароркунии тиббию иҷтимоӣ таъсис гардид.
Дар навоҳии Зарафшон, Рашд, Хатлон ба оилаҳое, ки сарварашон зан мебошад, дар сурати истифода бурдани маблағҳои аз муҳоҷирати меҳнатӣ воридшаванда барои ташкили соҳибкории хурду миёна 50 фоизи масрафро ба тариқи қарзҳои имтиёзнок медиҳад. Барои пешригии бемориҳои сироятии ВНМО/БНММ дар байни муҳоҷирати меҳнатӣ ва оилаҳои онон намоишномаҳои театрӣ, филм таҳия карда намоиш медиҳад. Дар навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Айнӣ, Ҳисор ҳолатҳои қишри заминро меомӯзад, омӯзиши ҳолатҳои табиӣ ва халосӣ аз офатҳоро ба сокинон омӯзонда, барои эъмори бинои ба зилзила тобовар ва азнавсозии биноҳои бунёдашон суст омӯзиши касбии сохтмончиёнро ба роҳ мондааст.
Хазинаи Кӯдакони СММ («ЮНИСЕФ»). Ин ташкилот дар ҳамкории зич бо сохторҳои ҳукуматӣ дар чор самт- ҳифзи саломатии модару кӯдак, соҳиби маълумоти умумӣ шудани ҳама, таҷрибаи ҳаётӣ ҳосил кардани наврасону ҷавонон ва ҳимояи онҳо аз бемориҳои сирояткунандаи ВНМО/БНММ, малярия ва ғайра, ислоҳоти сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳимояи кӯдакон амал мекунад, ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаи ин созмон барои барномаи солҳои 2005-2009 якҷоя бо саҳҳомонаш 12 миллиону 643 долларро ташкил медиҳад.
Хазинаи Байналмилалии Асъор («МВФ»). Ҳадафҳо: кам кардани сатҳи камбизоатӣ, мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ. Қарзҳои вай ба мӯҳлати даҳ сол бо 0,5 фоиз дода шуда, 5,5 соли аввали он имтиёзнок мебошанд. МВФ ба ҷумҳурӣ солҳои 1996-ум 22 млн. доллар, солҳои 1997-98 наздики 20 млн. доллар, солҳои 1998-2001-ум 104 млн. доллар ва солҳои 2002-2005 наздики 55 млн. доллар ёрии молиявӣ расонд, ки барои барқароркунии иқтисодиёт, кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди соҳа равона шуд.
Ташкилоти байналмилалии меҳнат («МОТ»). Ин созмон дар доираи барномаҳои минтақавӣ амал карда, барои беҳбудии ҳаёту фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва аҳли оилаи онҳо, аз байн бурдани меҳнати вазнини кӯдакон, алайҳи одамрабоӣ барои меҳнати сахти маҷбурӣ фармудан, омӯзонидани касбу шуғли сазовор ба собиқ ҷанговарон, маърифати ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва ғайра мебошад. Имрӯз лоиҳаҳои вай барои беҳбудии шароити меҳнат бо мақсади рушди иқтисоди маҳаллӣ, бехатарии меҳнат дар деҳот, бартараф кардани меҳнати вазнини кӯдакон равона шудааст. Бо ин ният курсҳои зиёди касбомӯзиро ташкил намуда, силсилаи намоишномаҳои телевизионӣ, намоишномаи театрӣ, даҳҳо китобу дастурҳоро омода намудааст.