Самтҳои танзими зиддиинҳисорӣ дар кишварҳои хориҷӣ

<h5/>

Сиёсати зиддиинҳисории давлат дар ҷаҳон таърихи тулонӣ дорад. Ҳадафи асосии ингуна сиёсат – ташкили шароити мусоид барои инкишофи рақобати бозорӣ мебошад. Дар давлатҳои хориҷӣ шаклҳои босамараи муқобилият алайҳи амали инҳисории корхонаҳо ва маҳдудкунии рақобат истифода мешаванд.

Дастгирии рақобат дар он ифода меёбад, ки аз ҷониби давлат шароити ҳокимияти инҳисорӣ маҳдуд гардонида мешавад. Ба ин хотир давлат роҳҳои мустақим ва ғайримустақими таъсиррасониро истифода мекунад.

Чораҷӯиҳои давлати доир ба пешгирии амалиётҳои инҳисорӣ ба тариқи қонунгузориҳои дахлдор сурат мегирад. Таърихан ду намуди танзими зиддиинҳисориро ҷудо мекунанд – низоми америкоӣ ва низоми аврупоӣ.

Мувофиқи низоми америкоӣ ҳамаи намудҳои инҳисориёт ғайриқонунӣ ҳисобида мешуданд, аз рӯйи низоми аврупоӣ бошад гайриқонунӣ танҳо амалиёте ҳисобида мешуд, ки дар он суиистеъмолкунии инҳисорӣ ҷой дошта бошад.

Ҳар як давлат барои муайян намудани инҳисороти иқтисодиёт нишондиҳандаҳои худро истифода мекунад. Дар бисёри давлатҳо фирмае, ки аз 40 то 70 % ҳиссаи бозорро ишғол мекунад, монополия ҳисобида мешавад.

Низоми сахти зиддиинҳисории америкоӣ дар охири асри Х1Х ба амал омад, ки бо қабул намудани қонун «Дар бораи ҳимояи савдо ва саноат аз маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ ва инҳисорӣ» ном дошта бо унвони муаллифи он чун «Қонуни Шерман»1)<sup/>* машҳур аст. Қонуни мазкур ҳаргуна амалиёти инҳисориро қатъиян манъ намуда, барои қонуншиканӣ ҷаримабандиро (ба маблағи то 5 ҳазор доллар) пешбинӣ менамуд. Дар ҳолатҳои махсус роҳбарони корхонаҳои инхисорӣ ба мӯҳлати то як сол аз озодӣ маҳрум карда мешуданд.

Моҳияти қонуни мазкур дар он набуд, ки монополияҳо пурра манъ карда шаванд, балки аслан дар он буд, ки дар ҷомеа эҳсосоти ҳуқуқие пайдо шавад, эҳсосоте, ки амалиётҳои инҳисориро манфӣ арзёбӣ мекунад. Қонуни Шерман низомеро низ дар бар мегирифт, ки зидди монополияҳо равона шуда буданд, масалан, ба давлат додани ҳуқуқи мусодираи молу мулки корхонаи инҳисорӣ, ё ба шахси аз амалиёти инҳисорӣ ҷабрдида пардохти секаратаи зарар ва ғайра.

Инкишофи қонунгузории америкоии зиддиинҳисорӣ бо қабули қонуни нави лоиҳаи Клейтон (соли 1914) вобаста буд. Қонуни мазкур мафҳуми «амалиёти ғайриқонуниро» ҷорӣ намуд, ки аз рӯйи он амалиёти шахси бо тиҷорат машғулбуда ғайриқонунӣ хисобида мешуд, агар дар ҷараёни савдо ягон намуди тағйирдиҳии нархҳо ба харидорони гуногуни молҳо ҷой дошта бошад – амалиёте, ки дар натиҷаи он, рақобат суст гашта, заминаи пайдошавии монополия ба миён меомад. Минбаъд қонунгузории америкоӣ торафт фаъолияти инҳисориро сахт маҳдуд менамуд, маблағи ҷарима ба қадри чандин миллион доллар хеста, маҳрумкунӣ аз озодӣ ба якчанд сол дароз карда шуда буд. Амали қонун ба соҳаҳои хизматрасонӣ ва иттилоот низ паҳн карда шуд.

Ҳоло дар ИМА барои қонуншикании зиддиинҳисорӣ масъулияти ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст: аз корпоратсияхо ба қадри то 10 млн. доллар ва аз шахсони мансабдор то 350 ҳазор доллар ҷарима ситонида шуда, ба мӯҳлати то се сол онҳо аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Маблағи ҷарима ва мӯҳлати маҳрумкунӣ аз озодӣ таи солҳои амали қонунҳои зиддимонополӣ дар натиҷаи чандин карат тағйир ёфтанашон хело зиёд карда шудаанд.

Қонунгузории аврупоӣ дар бобати маҳдудкунии инҳисорӣ аз қонунгузории америкоӣ фарқ дорад. Вай асосан суиистеъмолкуниро аз ҳокимияти инҳисорӣ манъ менамояд. Чунончи, дар қонунгузории англисӣ дар чунин санадҳо ба монанди «Қонун дар бораи тиҷорати боадолат», «Қонун дар бораи фаъолияти маҳдудгардидаи тиҷоратӣ» ингуна қоидаҳо дарҷ шуда буданд. Қонунгузорӣ барои бастани созишномаҳое, ки рақобатро маҳдуд месозанд, иҷозат медод, аммо ингуна созишномаҳо аз ҷониби мақомоти махсуси он давлат – Директорати куллӣ оид ба тиҷорати боадолат бояд ба қайд гирифта шаванд. Бо ин роҳ шарту шароити созишномаи басташуда, ки дар он шояд тамоюли инҳисориангез ҷой дошта бошад, ба рақибони дахлдор ошкор мегардад.

Комиссияи доир ба монополияҳо, ки дар назди Вазорати савдои Бритонияи Кабир таъсис дода шудааст, ҳар як ҳодисаи бо ҳам муттаҳидшавии ширкатҳоро аз нуқтаи назари имконоти ба миён омадани вазъияти монополистӣ таҳлилу таҳқиқ менамояд. Ингуна вазъият дар он ҳолат имконпаазир ҳисобида мешавад, ки агар 1/3 ҳиссаи маҳсулот ё хизматрасонӣ дар ихтиёри як нафар ҷамъ оварда шавад, ё ин ки маблағи дороиҳои (активҳои) аз ҷониби вай харидащуда аз 5 млн. фунт стерлинг зиёд бошад. Аммо ингуна муттаҳидшавии ширкатҳоро Комиссияи номбурда танҳо дар ҳолати ба манфиатҳои ҷомеа мухолиф будани он ғайриқонунӣ меҳисобад.

Таҷрибаи қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо дар шароити ҳозира таваҷҷӯҳи махсусро ба худ ҷалб мекунад. Қонун дар бораи рақобат дар он ҷо ҳамаи ҳолатҳои маҳдудкуниеро, ки дар муомилаи тиҷоратии давлатҳои аъзои Иттиҳод ба миён меоянд, мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Самтҳои асосии ин Қонун қаблан назорати муттаҳидшавӣ (ғуншавӣ) бошад, пас аз он ҷиҳатҳоеро ба монанди муқаррар намудани нархҳои ягона ва шарту шароити якхелаи фурӯш, маҳдудкунии ҳаҷми истеҳсол, фурӯш ва ғайра, танзим менамояд.

Дар Иттиҳоди Аврупо вобаста ба ҳамгироии иқтисодиёти миллии 15 давлати ба бозори ягона воридшуда, ки дар он ҷо молу хизматрасонӣ ва сармояву қувваи корӣ озодона интиқол мешаванд, сиёсати рақобатбарӣ ба он равона шудааст, ки ба ҷои маҳдудияту халалрасонии давлатии бартарафшуда маҳдудкунию халалдоркунии бахши хусусӣ пайдо нашавад. Чораҳои сиёсати дастгирии рақобат дар санадҳои махсуси ин иттиҳод – Шартномаи Рим ва Қонуни Шӯрои Иттиҳоди Аврупо доир ба назорат аз рӯйи фаъолияти соҳибкорӣ пеш бурда мешаванд. Санадҳои мазкур фаъолияти давлатҳои аъзои Иттиҳодро танзим менамояд. Тибқи Қонуни номбурда ҳаргуна созишномаҳои махфии байни корхонаҳо новобаста аз шакли моликият, ки рақобатро маҳдуд сохта ба савдои байнидавлатии аъзои Иттиҳод таъсир мерасонанд, манъ карда шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Федеративии Германия қонуне, ки соли 1957 қабул шуда буд, масъулияти давлатро оид ба таъмини рақобат муқаррар намуда, таҷрибаи хоси фаъолияти зиддиинҳисориро пешбарӣ мекунад. Қонун моҳиятан зидди маҳдудкунии рақобат равона шуда, мухтасар «Қонун дар бораи картелҳо» ном гирифтааст. Ҳадафи он – дастгирии рақобат чун институти иқтисодӣ мебошад. Дар қатори қонуни номбурда низомҳое мавҷуданд, ки пеши роҳи рафтори ношоистаи корхонаҳоро дар муборизаи рақобатӣ мегиранд. Ба ин хотир соли 1990 қонун бар зидди ракобати бевиҷдонона ҷорӣ шудааст. Қонуни олмонии зидди маҳдудкунии рақобат чунин самтҳоро дар бар мегирад: манъ намудани созишбандӣ, забоняккуние, ки рақобатро маҳдуд месозанд; назоратбарӣ аз рӯйи суиистеъмолкунии имконпазири корхонаҳое, ки дар бозори мол ҳукмфармоӣ мекунанд; санҷиши ҳолатҳои муттаҳидшаваии корхонаҳо ва ғайра. Қонун дар бораи картелҳо қарордодҳое, ки байни корхонаҳо ё ширкатҳо ба хотири ба даст овардани ҳадафи умумӣ бо роҳи кам кардани /маҳдудкунии/ истеҳсоли маҳсулот ё маҳдудкунии бозори мол ва хадамот, ки « шартномаҳои картелӣ» ном гирифтааст, аз рӯйи вуҷудаш ғайриқонунӣ меҳисобад. Ингуна созишномаҳо бештар масъалаи нарх, миқдори маҳсулоти ба бозор ё ба ягон минтақаи алоҳида баровардамешударо фаро мегиранд.

Дар Япония соли 1947 қонунҳое қабул гаштанд, ки ба сиёсати давлатии мубориза бар зидди инҳисорот ва ҳавасмандгардонии рақобат асос гузоштанд. Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар он ҷо бо иштироки экспертҳои америкоӣ таҳия гашта, таҷрибаи мусбати америкоиро дар худ таҷассум намуда бошанд ҳам, дар баъзе самтҳо аз қонунгузории зиддитрестии америкоӣ пеш гузаштанд. Ҷолиби қайд аст, ки асосҳои қонунгузории ҷопонӣ аз бисёр ҷиҳат дорои аҳамияти умумӣ буда, истифодаи он дар ҳаргуна давлати инҳисоротӣ ҷоиз мегардад. Тибқи онҳо сиёсати зиддиинҳисорӣ бояд ба ҳалли якчанд вазифаҳо равона карда шавад, аз ҷумла – роҳ надодан ба инҳисороти як истеҳсолкунанда ё доираи хурди онҳо, пешгирии имконияти ба амал омадани маҳдудиятҳои беадолат дар амалиётҳои тиҷоратӣ, ба вуҷуд омадани вазъи инҳисорӣ дар бозор.

Вазъияти инҳисорӣ бо якчанд нишонаҳо арзёбӣ мешавад. Чунончи:

– агар дар бозори мол ё хизматрасонӣ (дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 50 млрд. иен ва зиёда аз он) ҳиссаи як истеҳсолкунанда аз 50% ва аз ин зиёд, ё ин ки ҳиссаи ду истеҳсолкунанда аз 75% зиёд бошад;

– агар ба соҳаи мазкур воридшавии истеҳсолкунандагони нав душвор гашта бошад;

– ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи муайян баланшавии нарх яку якбора беасос, новобаста аз тағйирёбии талаботу таклифот, ҷой дошта бошад, ё ин ки нархҳо нисбат ба шароити бавуҷудомада, пешрафти техникӣ, арзоншавии арзиши аслии маҳсулот кам паст фуроварда шаванд;

– агар меъёри фоидаи ин ё он истеҳсолкунанда (истеҳсолкунандагон) ё хароҷоти молфурӯшӣ ва хароҷоти идоракунӣ аз меъёри миёнаи соҳа чанде баланд бошанд.

Барои вазъияти бавуҷудомадаро чун вазъияти инҳисорӣ арзёбӣ намудан зарур нест, ки ҳамаи ин шартҳо дар як вақт ҷой дошта бошанд, мавҷудияти чандтои аз онҳо кифоя аст. Барои пешгирӣ намудани вазъияти монополӣ, маҳдудоти ё додугирифти беадолат қонунгузорӣ чораҳои заруриро пешбинӣ менамояд. Масалан, ширкатҳои холдингие, ки фаъолияти асосии худро бо аксияҳои фирмаҳои дигар пеш бурда амалиёт мекунанд, манъ карда мешаванд. Онҳо бо ин роҳ мақсад доранд, ки аз болои кори дигар фирмаҳо назорат баранд. Ширкатҳои ғайримолиявии дорои 10 млрд. ва аз ин зиёд иен сармоя, ё дороии (активҳои) соф ба қадри 30 млрд иен ва аз ин зиёд гирифтани аксияҳои дигар корхонаҳо ба маблағи зиёда аз ҳаҷми сармоя ва активҳои худашон манъ карда мешавад. Ташкилотҳои молиявӣ (бонкҳо, ширкатҳои суғурта, ширкатҳои бо коғазҳои қиматнок амалиётбаранда ва ғ.) на бояд зиёда аз 5% пакети аксияҳои ширкатҳои саҳомии миллиро молик бошанд. Ба шахсони алоҳида ва ташкилотҳо (фирмаҳо) харида гирифтани зиёда аз 10% аксияҳо якбора аз ду ва зиёда ширкати байни худ рақобаткунанда, агар ин ба сустшавии рақобат оварда расонад, қатъиян манъ карда шудааст. Мутобиқи қонун бо ҳам якҷояшавии ширкатҳо роҳ дода намешавад, агар ин рақобатро маҳдуд кунад ё ин ки натиҷаи ҳамкории беадолатона бошад. Тарзи ҳамкорӣ дар иҷрои вазифа низ аз тарафи қонун ба тартиб дароварда шудааст: ашхосе, ки дар як ширкат вазифаи роҳбарикунандаро ба ӯҳда дорад, ҳуқуқ надорад дар фирмаи бо вай рақобаткунанда, чигуна ки набошад, ягон вазифаро иҷро намояд.

Дар қонунияти зиддиинҳисорӣ масъалаҳои монеият ба якбора баланкунии нарх, ё баракс пасткунии нарх, санадҳои махсус доир ба монополияҳои табиӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар ҳамаи кишварҳои мутараққӣ низоми махсуси назоратбарӣ аз рӯйи фаъолияти инҳисорӣ вуҷуд дорад, қонунгузории зиддимонополӣ амал мекунад ва мақомоти махсуси давлатӣ таъсис дода шудаанд: дар ИМА – Комиссияи Федералии тиҷорат, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон – Раёсати федералӣ оид ба корҳои картелҳо, дар Булғория – Комиссияи зиддимонополӣ, дар Бритонияи Кабир – Раёсати савдои боадолат, дар Полша – Кумитаи зиддимонополӣ ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2005 – Кумитаи давлатӣ оид ба демонополизатсия, инкишофи рақобат ва соҳибкорӣ дар заминаи се сохтор – Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба демонополизатсия ва рушди рақобат, Кумитаи корҳо оид ба муфлисшавии корхонаҳои назди Вазорати иқтисод ва Раёсати соҳибкории хурд ва хусусии Кумитаи амволи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда буд.

Қонуни Федератсияи Русия «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ», ки соли 1991 қабул шуда буд, танзими зиддиинҳисориро ҷорӣ намуда, минбаъд бо қабули як қатор санадҳо ва меъёрҳо таҳким ёфт. Инчунин мақомоти махсус таъсис дода шуд: Кумитаи давлатии Федератсияи Россия доир ба сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии сохторҳои нави иқтисодӣ; аз соли 1997 – Кумитаи давлатии зиддимонополии Федератсияи Россия; аз соли 1998 – Вазорати Федератсияи Россия доир ба сиёсати зиддимонополӣ ва дастгири сохторҳои нави иқтисодӣ; аз соли 1999 – Вазорати Федератсияи Россия доир ба сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ; соли 2005 ин вазорат ба Хадамоти зиддимонополии федералии Федератсияи Россия табдил дода шуд.

Қонунгузории Русия ба қонунҳои аврупои пайравӣ намуда, на худи фаъолияти инҳисориро, балки суиистеъмолкуниро аз мавқеи монополӣ дар бозор манъ мекунад. «Мавқеи ҳукмфармо дар бозор» – ин мавқеи боистиснои субъекти хоҷагибаранда дар бозори молҳои муайян, ки ба он имконият медиҳад ба рақобат таъсир расонда, ба кори дигар субъектҳо мушкилот ба миён орад ва фаъолияти иқтисодии онҳоро душвор гардонад. Аз рӯйи чунин ақида қонуни мазкур ба он равона шудааст, ки ба монополистҳои бозор таъсир расонад. Мавқеи ҳукмфармо мавқее мебошад, ки дар он ҳиссаи субъекти хоҷагидорӣ дар бозор аз сатҳи ҳудудие, ки онро ҳар сол Кумитаи зиддимонополӣ муайян мекунад, зиёд бошад.

Аз мавқеи ҳукмфармо дар бозор Қонун «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ» дар он ҳолат суиистемолкунӣ мешуморад, ки агар молҳо аз муомилот ба хотири ба таври сунъӣ ба миён овардани камчинии мол ё баландшавии нархҳоро ба миён орад; ба ҳамкорони худ шарту шароити ногуворро пешниҳод кунанд, ё ба созишномаҳо чунин шартҳои наверо дохил намоянд, ки бо ин онҳоро дар вазъияти нобаробар гузошта, барои ба бозор ворид гаштани субъектҳои дигар монегӣ ба миён оварад, ё санадҳои муқарраршударо оид ба тартиби нархгузорӣ вайрон кунад ва ғ.

Самти дигари таҳқиқи фаъолияти инҳисорӣ дар Русия созишномаҳое мебошанд, ки барои маҳдуд намудани рақобат равона шудаанд. Ба онҳо созишномаҳое, ки ба муқаррар намудани нарх, тарифҳо, кам кардани нарх, ё иловакунӣ ба нарх, пардохти иловагӣ, нархмонии иловагӣ, қаллобӣ дар нархгузории музояда, забоняккунӣ дар бобати тақсимоти бозор дохил мешаванд. Намуди дигари созишномаҳое, ки манъ карда мешаванд – созишномаҳое мебошанд, ки монополистон бастани аҳдномаро бо ин ё он гурӯҳи харидорон ё фурӯшандагон рад намуда, бо ин усул онҳо роҳи бойкоткуниро пеш мегиранд.

Қонуни зиддиинҳисории Русия ҳаракатҳоеро манъ мекунад, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ бо санадҳои дахлдор инҳисоротро ба миён оварда, рақобатро маҳдуд мекунанд. Сохторҳои ҳокимият набояд ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ берун аз қонун ин ё он манъкуниро муқаррар кунанд, барои ин ё он минтақа моливазкуниро аз як минтақаи мамлакат ба минтақаи дигар манъ кунанд, ё барои дар навбати аввал воридкунии мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ дастур диҳанд, барои таъсис додани субъектҳои нави хоҷагидорӣ монегӣ намоянд, беасос барои субъектҳои алоҳида имтиёзҳои андозбандӣ ё имтиёзҳои дигарро муқаррар намоянд. Махсусан ба кормандони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ манъ карда мешавад, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ мустақилона машғул шаванд, инчунин дар моликияти худ корхона дошта бошанд, дар мақоми субъектҳои хоҷагидорӣ соҳиби ягон вазифа бошанд. Ҳамаи ин унсурҳо дар қонун ишора гашта, манъ шудаанд.

Яке аз бандҳои Қонуни зиддиинҳисории Русия дар қатори мубориза бар зидди вазъияти ҳукмфармо мубориза бар зидди рақобати бевиҷдонона мебошад. Паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ё нодуруст, ғалат, ки ба субъекти хоҷагидорӣ зарари моддӣ ва маънавӣ мерасонад, молистеъмолкунандаро гумроҳ месозад, доир ба ҷои истеҳсоли мол, сифати он, рекламаи нодуруст дода истеъмолкунандаро ба иштибоҳ меандозад. Худсарона истифода намудани номгӯй ва молпечонии мол, намуди зоҳирии субъектҳои дигари хоҷагидорӣ, истифода, гирифтан ва фош кардани иттилооти илмию техникӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратиро бе розигии соҳиби он истифода намудан аз ҷумлаи қонуншиканиҳои инҳисорӣ дониста мешаванд.

Хусусияти таҷрибаи Русия истифодаи танзими мустақими зидди инҳисорӣ мебошад. Дар қатори ин роҳи ғайримустақим низ ҷой дорад, ки онро ҳоло кам истифода мекунанд.

293
Нет комментариев. Ваш будет первым!