Лоихасозии системаи хуччатгузории иктисоди

Мафхуми якрангкунии системаи хуччатгузори.

Лоихасозии системаи якрангшудаи хуччатгузории САИ.

Махсусияти лоихасозии шакли хуччатхои ибтидои.

Махсусияти лоихасозии хуччатхои ахбори натичави.

Мафхуми якрангкунии системаи хуччатгузори.

Системаи хуччатгузори кисми асосии таъминоти ахбории берунимошинии САИ ба хисоб меравад ва дар раванди идоракунии объекти иктисоди истифода бурда мешавад. Зери мафхуми хуччат мачмуи маълумотхои муайяне, ки барои халли масъалахои иктисоди истифода бурда мешавад ва дар барандаи мошини мувофики шакли мукараршуда чойгир аст, фахмида мешавад. Хуччат хамчун аломати махсуси забони иктисоди нигох дошта мешавад, ки дорои шакли ягона, мукаддима ва барандаи модди мебошад ва хусусиятхои зеринро дар бар мегирад:

полифунксионали (бисёрмасъалаги), яъне хуччат метавонад барои ичрои масъалаи бакайдгирии ахбор оиди холатхои элементхо ва равандхое, ки дар системаи иктисоди ба амал меоянд, барои коркард, нигохдории ин ахбор ва барои ирсоли он дар масофа мебошад;

дорои кувваи юридики (хукуки), ки бо имзои шахсони масъул дурустии ахбори дар хуччатбударо тасдик мекунанд.

Системаи хуччатгузори – ин мачмуи хуччатхои шакли алокаманддошта, ки доимо дар раванди идоракунии объекти иктисоди истифода бурда мешаванд, мебошад. Хусусияти фарккунандаи системаи хуччатгузории иктисоди ин гуногуншаклии хуччатхо мебошад, ки бо аломатхои зерин гурухбанди карда мешаванд:

ба дарачаи расми (хуччатхои шакли тасдикшуда ва тасдикнашуда);

ба инъикоси мархилаи истехсолот (истехсолот, савдо ва гайрахо);

ба дарачаи идоракуни (сатхи давлати, вазорати, мутахиди, корхонаю

ташкилотхо);

ба функсияи идоракунии муайян (пешгуи кардан, банакшагири, хисобот,

назорат, тахлил, идоракунии фаври);

1

нисбати системаи иктисоди (дохили, беруни);

нисбати САИ (хуччатхои коркардшаванда ва коркарднашаванда);

нисбати масъала (хуччатхои аввалиндарача, хосила ва натичави);

ба тарзи тартибдихи (хуччатхои бо даст тартибдодашуда; ба таври

нимавтоматики, ки кисми маълумотхо ба хуччат аз маълумотнома ба таври автомати ва кисми дигараш дасти ба воситаи тугмачахо (клавиатура) дохил карда мешавад; гирифтани автоматики, ки ба воситаи МЕХ амали мегардад);

бо мухлатнокиашон (солона, квартали, мохона ва гайра);

бо фавригиашан (фаври ва гайри фаври).

Системахои хуччатгузорие мавчуданд, ки ба САИ-и гайриавтоматикардашуда мансубанд ва бо микдори зиёди гуногуншаклии хуччатхо; бо хачми калони селоби хуччатхо ва мушкилии онхо; бо таксимкунии ахбори хуччатхо ва амалхо барои коркарди онхо ва чун окибат, бо эътимоднокии пасти натичаи гирифташуда фарк мекунанд. Коркарди хуччатхо дар чунин системахо зиёда аз 40%-и вакти кории коргарони идораро мегирад.

Барои соддакунии системаи хуччатгузори ду равандро истифода мебаранд:

– гузаронидани якрангкуни ва стандартикунии хуччатхо;

– чори намудани техналогияи гайрикогази, ки дар истифодабарии хуччатхои электронию технологияхои ахбории нав ва коркарди онхо асос ёфтааст.

Таркиби хар як равандро меомузем. Якрангкунии хуччатхо ба воридкунии шаклхои ягонаи хуччатхо амали гардонида мешавад, ки дар натичаи якрангкунии синтаксиси ва семантики ба вучуд меоянд. Хамин тавр, ягонаги дар номгузории нишондихандахо ворид карда мешавад ва дар вохиди ченкуни ва терминхо низ ворид карда мешаванд, ки дар натичаи ин системаи якрангшудаи хуччатгузори ба амал меояд.

Системаи якрангшудаи хуччатгузори – ин мачмуи хуччатхои ба хам алокаманд, ки ба тартибу талаботхои ягона чавобгу буда, дорои маълумотхои зарури барои идоракунии кулли объектхои иктисоди мебошад. Ба дарачахои идоракуни, ки барои он системаи якрангшудаи хуччатгузори ташкил карда мешавад, ба системаи хуччатгузории байнисохави, ки дар тамоми ташкилотхои кишвар истифода бурда мешавад, сохави, ки танхо дар ташкилотхои сохаи муайян истифода бурда мешаванд

2

ва системаи хуччатгузории дарачаи локали, яъне хатми барои истифодабари дар чорчубаи ташкилот ё муассисахо мебошад, таксим мешавад.

Айни замон системахои якрангшудаи хуччатхои зерин дар дарачаи байнисохави ташкил карда шудаанд:

– стандартхо ва шартхои техники;

– хуччатгузории лоихави-конструктори ва технологи;

– лоихасозии хуччатгузори ва сохтмони капитали (сармояви);

– хуччатгузории накшави;

– хисоботхои омори;

– хуччатгузории хисоботи ибтидои;

– хуччатгузории ибтидоии молияви ва хисоботи;

– хуччатгузории бухгалтерии ташкилотхои бучети ва иттиходияхо;

– хуччатгузории ташкилию таъиноти;

– хуччатгузории таъминоти моддию техники;

-хуччатгузории нархмуайянкунию савдо.

Хамаи намудхои системаи якрангшудаи хуччатхо бояд ба талаботхои зерин чавобгу бошанд:

– хуччатхое, ки дар таркиби системаи якрангшудаи хуччатхо дохиланд, бояд бо

назардошти алокамандии САИ ташкил карда шаванд;

– системаи якрангшудаи хуччатхо бояд ахбори пурраро дошта бошанд, барои

идоракунии оптималии объекте, ки ин система барои он ташкил шуда аст;

– системаи якрангшудаи хуччатхо бояд ба самти истифодаи техникаи

хисоббарор барои чамъ кардан, коркард ва ирсоли ахбор равона карда шавад;

– системаи якрангшудаи хуччатхо бояд алокамандии ахбори САИ-ро дар

сатххои гуногун таъмин намояд;

– хама хуччатхое, ки ба таркиби системаи якрангшудаи хуччатхои ташкилкардашуда дохиланд ва хама реквизитхо дар онхо бояд кодгузори карда шаванд бо истифодаи классификаторхои байналмиллили, системави ё локали.

3

Лоихасозии системаи якрангшудаи хуччатгузории САИ.

Дар вакти ташкили системаи хуччатгузори дар САИ лоихасоз бояд мукилотхои зеринро хал намояд: сохтани лоиха ва якрангкунии хуччатхои нав; хуччатхоеро чудо кунад, ки дар САИ бе таъгирот истифода бурда мешаванд; дар системаи мавчудбуда он хуччатхоеро дарёфт намояд, ки онхоро якранг кардан лозим аст.

Дар рафти лоихасози се зинаи корро чудо кардан мумкин аст:

– сохтани шаклхои нави хуччатхо;

– якрангкунии тамоми системаи хуччатгузори;

– ташкили тарзи истифодабарии системаи хуччатгузори барои истифодабарандагон.

Таркиби хар як кори ин зинахоро меомузем.

Дар зинаи якум шаш амал ичро мешавад. Таркиби амали якум «муайянкунии таркиби нишондихандахои натичави» аз он вобаста аст, ки кадом шакли хуччат лоихасози мешавад. Хуччатхои ибтидои ва натичавиро аз хамдигар чудо мекунанд, ки таркиби онхо пас аз коркарди хамаи масъалахо муайян карда мешавад. Бо вучуди ин аввал шакли натичавии хуччатхо лоихасози карда мешаванд, баъд шакли ибтидоии онхо.

Дар холати ичроиши амали дуюм «Муайянкунии таркиби нишондихандахои ибтидои» таркиби пурраи нишондихандахои ибтидои – аввала ба вучуд меоянд, ки дар базаи онхо нишондихандахои натичави асос меёбанд ва дар шакли хуччатхои натичави инъикос мегарданд.

Дар холати ичроиши амали сеюм «Таксими нишондихандахо ба шакли хуччатхо» мукаддимаи шакли натичави ва ибтидоии хуччатхо муайян карда мешаванд. Таксими нишондихандахо ба шаклхо бо нишондихандахои монанди семантики ва бо алгоритми хисоби нишондихандахои натичпви амали гардонида мешаванд. Агар лоихасоз шакли натичавии хуччатхоро созад, пас алгоритми равиши нишондихандахои он асоси мебошад. Мисол, дар як хуччати натичави дохил намудани «Ведомости додани мол аз анбор дар як мох» нишондихандахои гурухи

навбати: «хачми моли аз анбор бо накладной додашуда», «нархи мол», «арзиши молхои бо накладной додашуда», «натичаи арзиши молхои дар як мох додашуда бо ракамгузори» ва «ба хама анборхо» мешаванд.

Агар лоихасозии шакли хуччатхои ибтидои бошад, пас критерияи асоси наздикии семантикии нишондихандахо бо хисоб меравад, ки тахти он мавчудияти намудхои умуми ва мазмуни таркиби реквизитии ин нишондихандахо фахмида мешавад. Мисол, дар хуччатхои ибтидои «Накладной барои додани мол» бо дохилкунии нишондихандахои зерин дуруст хисобида мешавад: «хачми моли аз анбор то мухлати муайян додашуда бо ракамгузори», «нархи моли ин намуди ракамгузори», «арзиши моддии дар мухлати муайян додашудаи ин намуди ракамгузори».

Дар холати ичроиши амали чахорум «Интихоби намуди баранда» барои хуччат ичро карда мешавад. Агар хуччатхо ибтидои бошанд, пас баранда когаз буда, форматаш А4 ё А5 мебошад. Агар лоихасозии хуччатхои натичави бошад, пас намуд ва шакли додани ахбори натичави аз характери масъалаи халшаванда вобастаги дорад. Мисол, агар масъалаи обу хаво хал шавад, дар холати гирифтани натичахое, ки тарзхои коррелятсиони ё регресионии тахлилро мегузаранд, пас барандаи асоси экрани МЭХ ба шумор меравад ва дар он графикхо ва барандаи когази дода мешаванд.

Агар масъалаи моделсозии математики дода шуда бошад, пас ахбор дар экран ё рулони когази дода мешавад. Дар холати хал кардани масъалаи амалиёти идоракуни бошад, барандаи асоси экран ба хисоб меравад. Ба сифати интихоби баранда мумкин аст, ки нишондихандахои кафолатноки нигохдории ахбор, дурустии ахбор ва сифати истехсоли масолех баромад мекунад.

Дар холати ичрои амали панчум «Муайянкунии тарзи дохилкунии ахбор ба хуччатх» тарзи дохилкунии ахбор интихоб карда мешавад, ки он аз тарзи хондани ахбор аз хуччатхои ибтидои: бо тарзи визуали ё автомати. Агар тарзи автомати истифода бурда шавад, пас тачхизоти хонанда ва намуди шрифтро барои дохилкунии ахбор ба хуччат интихоб мекунанд. Айни замон намудхои зерини шрифтхо мавчуданд:

6

кодгузоришуда, ки дар онхо акси реквизит аз код чудо карда шуда аст (мисол, айни замон штрих-кодхо бисёр истифода бурда мешаванд);

стилизатсияшуда, ки дар акси рамзи онхо код мавчуд аст;

нормализатсияшуда, масъалан, шрифтхое, ки дар конвертхои почта истифода бурда мешаванд;

кайдхои графики.

Таркиби ичроиши амали шашум «Лоихасозии шакли хуччатхо» аз намуди хуччати лоихашаванда вобастаги дорад.

Дар зинаи дуюм корхои якрангкунии хамаи хуччатхо ичро мешаванд. Барои ин бояд таркиби пурраи системаи хуччатгузориро пайдо карда тахлил намуд, зерсистемаи масъалагии номгузории хуччахоро тартиб додан, хислати хуччатхоро дарёфт кардан (мавсими тартибдихи, намуди вазифа, сурога, шумораи нишондихандахо, зуддии истифодабари), аз хуччатхои ибтидои нишондихандахои истехсоли ва нишондихандахое, ки чанд маротиба ба МЭХ ворид карда шудаанд, нест кардан, воридкунии терминалогияи ягона бор охи тартибдихии лугат (тезаурус), тартибдихии вохидхои ченкунии ягона, гузаронидани таснифот ва кодгузории хуччатхо, муайянкунии шаклхои истифодашаванда ва шаклхои ягонаи хуччатхоро сохтан.

Дар зинаи сеюм хуччатгузории терминали ва тарзи истифодаи он тартиб дода мешавад, ки тарзи пуркуни, додугирифт, истифодабари ва нигохдории хуччатхо, накшаи гардиши хуччатхо, инъикоси хамаи амалиётхое, ки дар хуччатхо ичро мешаванд, аз тартибдихи хуччат то супоридани онро ба архив нишон медихад.

Махсусияти лоихасозии шакли хуччатхои ибтидои.

Хуччати ибтидои барои инъикоси чараёнхо дар кабати молияви, ки ахбори доимию амалиётиро дар бар мегирад ва барои ичроиши вазифахои иктисоди, коркарди масъалахои идоракуни зарур аст. Ба шумораи шартхои асоси барои хуччатхои ибтидои лозим инхоро дохил намудан мумкин аст: пурра ва басанда будани ахбор барои ичрои масъала, кафолатноки ва саривактии ахбори чамъоваришаванда. Гайр аз ин ахбори ибтидои бояд дар хуччат бо чунин тарзе

7

гузошта шавад, ки минбаъд онро дар МЭХ коркардкуни осон шавад.

Дар лоихасозии шакли хуччатхои ибтидои бояд принсипхои зеринро ба назар гирифт:

– вучуд надоштани ахбори доими дар хуччатхои ибтидои, ки барои онхо файлхои худи сохтан лозим аст;

– набудани кисмхои нишондихандахо дар хуччатхо;

– чудо намудани реквизитхое, ки як ё якчанд маъно дар хуччат доранд, яъне чудокунии реквизитхои якмаъно ва бисёрмаъно дошта;

– чудо намудани реквизитхои маълумотномави, реквизитхои гурухи ва реквизит—асосхо;

– шахсияти сохтор, яъне аз руи хосият калон бояд пеш аз хурд ояд (мисол, номгузории муассиса номгузории сех номгузории участка);

– дурустии пай дар пайи реквизитхо дар хуччат бо амсилаи чойгиркунии ахбор дар экрани МЭХ ва дар файлхо.

Раванди тартибдихии хуччатхои ибтидои дар хар ташкилот хусусияти хоси худро доранд ва дар пай дар пайи зайл ичро мешаванд:

  1. Муайянкунии таркиби пурраи реквизитии хар як хуччат.
  2. Таснифи реквизитхо: якмазмуна ва бисёрмазмуна; ба барандагони мошини гузаранда ва нагузаранда.
  3. Баркароркунии итоати реквизитхои хуччатхои аввала.
  4. Интихоби ягон намуди хуччати ибтидои.
  5. Амалигардонии чо ба чогузории реквизитхо ба шакли интихобшуда дар мувофикат бо таснифи гузаронидашуда.
  6. Ичроиши баназаргирии хачми хуччат бо дарназардошти хатхои амуди ва уфуки ва хачми майдонхо.
  7. Интихоби формати барандаи когази.
  8. Сохтани накшаи хуччат ба шакли лозими.
  9. Чудо кардан бо хатти гафс реквизитхоеро, ки ба барандагони мошини мегузаранд.
  10. Тартибдихии муковаи хуччатхо бо дарназардошти лугат-тезаурус.

Чун коида, як катор шакли хуччатхо истифода бурда мешаванд. Мисол, шакли чадвали бо он фарк мекунад, ки дар он ба хар як намуди реквизит танхо як маънои таалук дорад ва онхо ба таври горизонтали чойгиранд. Шакли анкетави (ба таври саволу чавоб) хам барои реквизитхои дорои як маъно истифода бурда мешаванд, вале ин чамъи реквизитхо ба таври вертикали чойгиранд. Шакли таблисави барои реквизитхои дорои чанд маъна истифода бурда мешаванд, ки дар он сутунхо намуди реквизитхо ва сатрхо маънои намуди реквизитхоро инъикос менамояд.

Чун коида, барои хуччатхои ибтидои, ки дар онхо реквизитхои дорои як маъно ва бисёр маъно чойриганд,шакли комбинатсияшуда истифода бурда мешавад ва он аз се кисм иборат аст:

I – кисми сарлавхави, ки ба реквизитхои дорои як маъно таалук доранд ва ба худ гурухи маълумотхоро ва гуруххои аломатхоро барои коркарди мошини кабул менамояд.

II – кисми таркиби, ки дар худ гурухи реквизитхои бисёрмаъногаро тачассум менамояд ва барои истифодабарандаю коркарди мошини ташкил шуда аст ва ба худ гурухи нишонахои маълумотномави, гуруххои нишондихандахо ва гурухи реквизитхои асосиро кабул мекунад.

III – кисми ташкили, ки дар он чун коида имзои шахсони масъул чойгир аст.

Махсусияти лоихасозии хуччатхои ахбори натичави.

Дар натичаи халли масъала нишондихандахои натичави ба амал меоянд, ки онхо бояд дар барандаи модди гузаронанд, то ки барои истифодабаранда кулай бошад. Аз баски хуччати натичави барои амалигардонии чараёни идоракуни истифода бурда мешавад, пас он бояд ба талаботхои зерин чавобгу бошад:

– пуррагии ахбор, яъне хуччатхои натичави бояд дар худ нишондихандахои ибтидои ва натичавиро дошта бошанд;

– микдори нишондихандахои натичави бояд бо микдори холати гуруххо баробар бошад (микдори хулосахо бояд ба микдори калидхои чо ба чо гузошта баробар бошанд);

– саривактии таъмини ахбори ба коргарони идоракуни;

– дурустии ахбори додашуда;

9

– хониши хуб (соддагии сохтори шаклхо, дорои матни хуб дар муковаи хуччатхо);

– набудани нишондихандахое, ки ба коркарди дасти таалук доранд.

Принсипхои зерини сохтори хуччатхои натичавиро фарк кардан мумкин аст:

– чудо кардани се кисм дар хуччат;

– чудокунии реквизитхои якмаъноги, яъне онхо дар хуччат як маъно доранд ва бисёрмаънога, ки онхо дар хуччат бисёр маъно доранд;

– чудо кардани реквизитхои гурухи, ки дар кисми дуюм чойгир карда мешаванд ва дохилкунии ин реквизитхо бо тартиби аз калон ба хурд;

– чудо кардани реквизитхои асоси ва пай дар пай чойгиркунии онхо ва мукобили онхо реквизитхои гурухи чойгиранд, ки аз руи онхо хулоса бароварда мешавад (яъне аз асосхои аввала ба натичави, дар байни натичавихо бошад аз руи зиёдшавии хулоса чо ба чо карда мешаванд);

– агар хуччат дар як вараки стандарти чойгир нашавад, пас барои таксимкунии сатрхо ва гузаронидани сатрхои бокимондаи хуччат, кисми дуюми он бо реквизитхои кисми сеюм ба вараки дигар мегузаранд ва хачми варакахо стандарти мешаванд (дар холати чунин гузариши сатрхо сарлавхаи накшахо гузаронида намешаванд, танхо ракамхои каторхо мегузаранд).

1.14K
Нет комментариев. Ваш будет первым!