Мафҳум ва предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ

Низоми ҳуқуқӣ ҳар як давлат аз соҳаҳои ҳуқуқ иборат мебошад ва ҳар як соҳаи ҳуқуқ предмети батанзимдарории худро дорад. Предмети соҳаи ҳуқуқ ин ҳамаи он муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқии ин соҳаи ҳуқуқи ба танзим дароварда мешаванд.

Предмети ҳуқуқи соҳибкориро се гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ ташкил медиҳанд:

  1. Гурӯҳи аввал ва гурӯхи асосиро муносибатҳои соҳибкорӣ ё ба таври дигар, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, ташкил медиҳанд.

Мувофиқи б.3 м. 1 КГ ҶТ дар зери мафҳуми фаъолияти соҳибкорӣ фаъолияти мустақил ва ба таввакали худ амалишавандае фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун бақайдгирифташуда ба амал бароварда шуда, мақсади онҳо равона карда шудааст баҳри мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат.

Аз ин рӯ барои оне, ки фаолият ҳамчун фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда шавад ӯ бояд нишонаҳои зерин дошта бошад:

  • Мустақилияти фаъолияти соҳибкорӣ. Мустақилияти соҳибкор ин мустақилона аз ҷониби соҳибкор бе ягон дахолат қабул намудани қарор, интихоби самти рушди фаъолият, усули соҳибкорӣ ва ғ. мебошад. Мустақилияти фаолияти соҳибкориро дар илми ҳуқуқи соҳибкорӣ шартан ба мустақилиятии молумулкӣ ва ташкилӣ ҷудо менамоянд. Мустақилияти молумулкӣ ин доштани молумулке мебошад, ки асоси иқтисодии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳад. Дар зери мустақилияти ташкилӣ бошад мустақилияти соҳибкорро ҳангоми қабули қарор оиди машғул шудан ба соҳибкорӣ, интихоби намуди соҳибкорӣ, шакли ташкили-ҳуқуқии он мебошад.
  • Таваккал. Фаъолияти соҳибкорӣ бо таваккал алоқамандии зич дорад. Ҳангоме, ки соҳибкор қарор қабул менамояд, ки намуди муайяни фаъолияти соҳибкориро ба амал мебарорад ва аз он фоида ба даст меорад, ӯ пешгӯи аниқ карда наметаваонад, ки оё фаъолияти соҳибкор бо барор анҷом меёбад ё не, ё ки ӯ ба фоидаи дар наазрдоштааш сазовор мегардад ё не, яъне натиҷаи фаъолияти соҳибкор муайян нест. Аз ин рӯ ӯ таваккал менамояд.
  • Мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молумулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат. Мунтазам ба даст овардани фоида мақсади асосии соҳибкор мебошад, ки маҳз ба хотири фоида ӯ ба ин фаъолият машғул мешавад.
  • Ва охирон нишона ин машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи шахсоне, ки ба сифати соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд. Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ҳамчун соҳибкор ғайримкон мебошад. Тартиби бақайдгирии давлатӣ дар қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муайян карда шуааст.
  1. Гурӯҳи дуюми муносибатҳои ҷамъиятиро, ки аз ҷониби меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ ба танзим дароварда мешаванд, муносибатҳои ҷамъиятие ташкил медиҳанд, ки бо ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ алоқамандии зич доранд. Ин намуд муносибатҳо хусусияти ғайритиҷоратӣ дошта, пояи асосии машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро ташкил медиҳанд. Ин муносибатҳо оиди бақайдгирии давлатии шахс ҳамчун соҳибкорӣ инфиродӣ, оиди ташкил ва қатъи шахсони ҳуқуқӣ, фиалили ва намояндагии онҳо, гирифтани иҷозатнома, сертификатҳо ва ғйраҳо мебошанд.
  2. Давлат ба хотири амалӣ ва ҳифз намудани манфиатҳои оммавии ҷомеа ба фаъолияти соҳибкорон таъсир мерасонад. Мисол барои таъмин кардани рақобати солим давлат метавонад фаъолияти соҳибкореро маҳдуд намояд, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфарморо ишғол кардааст. Ин гурӯҳи муносибатҳо гурӯҳи сеюми муносибатҳои ҷамъиятиеро ташкил медиҳанд, ки ба предмети батанзимдарории ҳуқуқи соҳибкорӣ дохил мешаванд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи соҳибкорӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат аст, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва муносибатҳои ба он алоқамандии зичдоштаро, инчунин муносибатҳои ҷамъиятии алоқаманд бо батанзимдарории давлатии соҳибкорӣ бо мақсади таъмини манфиати давлат ва ҷамъиятро ба танзим медарорад.


417
Нет комментариев. Ваш будет первым!