Иктисоди милли – низоми бисёрзинаи хочагии мамлакат

Муқаддимаи фан. Иқтисоди миллӣ – низоми бисёрзинаи хоҷагии мамлакат. Малтаб ва вазифаҳои фанни иқтисоди миллӣ.

С 1. Мафҳум, моҳият ва шарҳи иқтисоди миллӣ

С 2. Таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллиимуосир

С 3. Тавсифи хислатҳои иқтисоди миллӣ

C4. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ва усулҳои ҳисобкуниион

С 5. Маҷмӯимаҳсулоти миллӣ ва дигар нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисоди миллӣ

Саволи1. Иқтисод дар шароити имрӯза яке аз мафҳумҳоисермасриф ба шумор меравад. Ин мафҳум аз калимаи юнонии «экономика» гирифташуда маънояш санъати идоракунии хоҷагии хонавода мебошад ва аслан муносибатҳоихоҷагидориро ифода менамояд.

Иқтисод пеш аз ҳама маҷмӯи истеҳсоливу хоҷагидорииҷомеа мебошад. Иқтисоди корхона, иқтисоди миллӣ, иқтисоди хурд ё макроиқтисод,иқтисоди қафомонда, иқтисоди пӯшида ё кушода ва ҳоказо -ин ибораҳое мебошанд,ки муносибатҳои гуногуни хоҷагидориро ифода менамоянд. Пайдоиш ва инкишофи инмуносибатҳо ба асари инкишофи ҷомеаи башарӣ ҷой дошта, марҳилаҳои гуногунитаърихиро аз сар гузаронидаанд.

Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳоимарказии макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣВасилий Леонтьев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигаралоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд.

Иқтисоди миллӣ аз гурӯҳи равандҳои хоҷагидориимамлакат буда, муносибатҳои хоси иқтисодиро дар худ таҷассум менамояд. Низоми иқтисодимиллӣ истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро дар миқёси хоҷагиимамлакат дар бар гирифта, моҳияти худро дар шакли маҷмӯи хоси тақсимоти захираҳоимаҳдуди иқтисодӣ зоҳир менамояд.

Иқтисоди миллӣ – маҷмӯи иқтисодиёти мамлакатбуда, дар заминаи истиқлолияти сиёсӣ ва дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллӣташаккул меёбад. Таъмини истиқлоли воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, низом ва фарҳангиикишвар бо ҳифзу равнақи муносибатҳо бо ҷомеъаи мамолики олам, бунёди ҷумҳурииозод, мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва пешрафта, ташаккули фазоиягонаи иттилоотӣ дар саросари кишвар – ин омилҳое мебошанд, ки таҳкими иқтисодимиллиро устувор месозанд.

[амин тариқ иқтисоди миллӣ ифодакунандаиманфиатҳои иқтисоди миллие мебошад, ки ба маънои манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаисокинони давлати миллӣ новобасти аз миллаташон мебошад.

Азбаски иқтисоди миллӣ мафҳуми мураккаб аст,шарҳи онро мехостем батафсилтар баён намоем:

1. Иқтисодиётимиллӣ маҷмӯи узвҳои бисёрзинаи соҳаҳои гуногун мебошад, ки бо робитаҳои бисёрҷабҳаииқтисодии худ ба ҳамдигар пайваст гашта, чун организми ягона амал мекунад. Соҳа бошад –ин гурӯҳи корхонаҳои тахассусиякхела дошта ё намуди алоҳидаи фаъолияти инсон дар доираи ягонкори якхела, истеҳсолимаҳсулоти (хадамот)-и якхела мебошад. Соҳаҳо – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт,алоқа, соҳаҳои хизматрасони ва ғайра дар навбати худ ба соҳаҳои ҷузъӣ –зерсоҳаҳоҷудо мешаванд.

2. Иқтисодимиллӣ – чун услуб ё механизми хоҷагидорӣ дар мамалакат мебошад, ки он бафаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дахл дорад, ки ҳамчун низомибатартибдаровардашуда амал мекунанд. Онҳо байни худ алоқаҳои истеҳсолӣ ва ғайристеҳсолӣдошта, дар ҷараёни истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои модди,хизматрасони ва арзишхои маънави иштирок мекунанд. Фаъолияти онхо дар дохилихочагии миллӣ ба тарзи субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ сурат гирифта, равияигуногуни фаъолиятдорӣ ва статуси хоси ҳуқуқӣ доранд: корхонаву идoраҳои давлатӣ ва маҳалӣ, корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳоисаҳомии навъҳои гуногун, бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ғайра.

3. Иқтисодимиллӣ – ҳамчун маҷмӯи ҷараёнҳои дар ҷомеа вoқеъгаштаиистеҳсолот, тақсимоту истифодаи захираву неъматҳои моддии мамлакат ва инчунинмуносибатҳои ҷамъиятии байни одамон, ки дар рафти ин ҷараён пайдо мешаванд. Ингуна муносибатҳо ба таври объективӣ, яъненовобаста аз хоҳишу талаботи одамон ба вуҷуд меоянд ва онҳоро «муносибатҳои истеҳсолӣ»меноманд. Муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун таҳкурсии иқтисодии ҷомеа дар худ чорунсури асосиро дар бар мегиранд –истеҳсолот, тақсимот, истеъмолот ва мубодила.[ар яки ин унсурҳо дар дохили иқтисоди миллӣ мавқеи хосро соҳиб буда, чун ҷараёнитабиӣ ва объектҳои мустақили идоракунӣ бо ҳам пайваста амал мекунанд.

4. Иқтисодимиллӣ –ифодакунандаи низоми бозори миллӣ. Хоҷагиимиллӣ дар дохили худ ба тариқи гурӯҳбанди бозорҳои махсусро тавлид менамояд–бозори мол, бозори сармоя, бозори хизмат, бозори меҳнат, бозори арзӣ, бозоривоситаҳои истеҳсолот, бозори моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Инкишофи иқтисоди миллӣба такмилёбии бозори дохилии худ мусоидат менамояд.

5. Хоҷагиимиллӣ, чун маҷмӯи иқтисоди дохили кишвар ва иқтисоди беруни мамлакат. Мафҳуми иқтисоди миллӣ дар ҳайҳати худ на танҳоиқтисоди дохилӣ, балки чараёнҳои иқтисодии мамлакатро берун аз марзи он дар бармегирад. Дар ин чо сухан дар бораи фаъолияти резидентҳо (аз калимаи лотинии қӯzidӯntis–бошанда, барои истиқомат омада –шаҳрванди ягон кишваре, ки дар давлати хориҷӣдоимӣ зиндагӣ мекунад)-и давлaтимазкур берун аз қаламрави мамлакат, истифодаи иқтисодии омилҳои истеҳсолӣ(сармоя, қувваи корӣ, воситаҳои истеҳсолот) ба давлати мазкур таалуққдоштамеравад, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеъ мебошанд. Ингуна ҷараёнҳои иқтисодӣ миллӣтанҳо дар шароити иқтисоди кушод пурра доир гашта, аз маҳдудияти қаламрави миллӣ озод мешаванд.

6. Иқтисодимиллӣ –ифодакунандаи низоми бозори миллӣ. Хоҷагиимиллӣ дар дохили худ ба тариқи гурӯҳбанди бозорҳои махсусро тавлид менамояд–бозори мол, бозори сармоя, бозори хизмат, бозори меҳнат, бозори арзӣ, бозоривоситаҳои истеҳсолот, бозори моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Инкишофи иқтисоди миллӣба такмилёбии бозори дохилии худ мусоидат менамояд.

7. Иқтисодимиллӣ –чун маҷмӯи иқтисодиёти минтақаҳои мамлакат. Иқтисодиёти мамлакат дар дохилихуд иқтисодиёти воҳидҳои марзиву маъмурии идоракунӣ (вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо),воҳидҳои марзиву иқтисодии ҷуғрофӣ ва ғайраро муттаҳид менамояд. Гарчанде ҳаряке аз воҳидҳои минтақавӣ дар қаламрави худ мустақил амал мекунанд, аммо дар яквақт онҳо узви ҷудoнашавандаимарзии мамлакат буда, якпорчагии онро таъмин месозанд.

8.Иктисоди миллӣ чун узви иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. Чуноне, ки дар боло қайд карда шуд, ҳеч як давлати дунё берун аз ҳамкорибо дигар давлатҳо пеш рафта наметавонад. Тақсимоти байналмилалии меҳнат, ки дарҷаҳон вуҷуд дорад, тақозо менамояд, ки давлатҳо афзалияти ингуна тақсимотроистифода намоянд, равобиту ҳамкориҳои иқтисодии худро бо ҷаҳони хориҷ густаришдиҳад. Дар ин гуна маврид иқтисоди миллӣ хоҳу нохоҳ ба иқтисоди ҷаҳонмепайвандад. [оло дар ҷараёни густариши ҷаҳонисозӣ(глобализатсия) иқтисоди миллии давлатҳо чун қисми таркибӣ, ба ҳайси бахше азхоҷагии ҷаҳонӣ мубаддал гаштаанд. Воқеан меъёрҳои ҳуқуки байналмилалӣ дармуносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ афзун гашта, муҳити иқтисодиеро ба миёноварданд, ки дар он қоидаҳо, принсипҳо, сдандартҳо ва арзишҳои умумӣ пешомадаанд.

9. Иқтисодимиллӣ –чун низоми муайяни дониш, шохаи илми иқтисод, фанни махсуси таълимии иқтисодиётдар диёри мо вобаста ба давраи нави давлатдори мебошад. Фанни иқтисоди миллӣ вазифаҳои хоси худродошта, бо фанҳои дигари иқтисодӣ алоқамандии зич дoрад. Омӯхтани иқтисодиёти кишвар на танҳо бахотири пайдо намудани тасаввуроти илмӣ дар бораи иқтисодиёти мамлакат, балкиинчунин, чун равияи тарбияи ватанпарварӣ ва донистани иқтисодиёту муаммоҳои он,омодасозиву сафарбаркунии худ барои ҳалли мушкилотҳои Ватан сарчашма мегирад.(алоқамандии байни иқтисоди миллӣ ва макро, мезо, ва микроиқтисодиёт).

Саволи2. Бояд қайд намуд, ки асоси иқтисоди миллирокорхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳоигуногунро иҷро мекунанд. Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст. Соҳаи истеҳсолӣ – ин маҷмӯисоҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ин соҳа дохил мешавад:саноат, кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол. Соҳаиистеҳсолӣ ба истеҳсолоти моддӣ (истеҳсолоте, ки воситаи истеҳсолот ва предметҳоиистеъмолӣ истеҳсол мешавад) ва ғайримоддӣ (соҳаи илм, санъат, маданият, маориф,тандурустӣ ва ғ.) ҷудо карда мешавад.

Соҳаи ғайристеҳсолӣ –соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда,балки дар тақсимоти он ширкат меварзад (соҳаҳои мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳоидинӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд).

Дар адабиётҳо таркиби истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, соҳавӣва таркиби минтақавии иқтисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таркибиистеҳсолӣ – тақсимоти истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодииасоси инъикос мекунад, ки аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигарфарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳоимоликият ифода намуда ба таркиби иҷтимоӣ сектори давлатӣ, коллективӣ, хусусӣ,соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд.

Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳоигуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркибисоҳавии иқтисоди милли соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳодохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошад.

Таркибиминтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳоиистеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад, ки асосан ба таркибиминтақави ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан дар ҷумҳурӣ ноҳияҳоишимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказӣ) ва ноҳияҳои БадахшониКӯҳиро ҷудо намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳаргуна иқтисоди миллӣ инҳомебошанд:

-таъмин намудани суръати бештари афзоиши ҳачмиистеҳсолоти миллӣ, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

-таъмин намудани дараҷаи устувори наpхҳо, ба хотири паст паст намудани беқурбшавиипул (дар соли 2008 он 18-20 %-ро ташкил дод) ва таъмини мувозинати тақозоюарза;

-таъмин намудани содироти бештар ба хотириафзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъминии ҷиҳати мусбиитавозуни пардохт. Масалан агар дар соли 2007 ба миқдори 1,5 млрд. долл. молсодирот шуда бошад, пас 2,5 млрд. долл. воридот карда шуд.

-таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолии ба хотиритаъмини ҳамаи аҳолии бо музди кор (музди миёни музди кор дар соли 2007 20сомониро ташкил медиҳад), ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда.

Саволи3. Характери миллӣ гирифтани иқтисодиёти кишварба он имконият медиҳад, ки якчанд хислатҳои навро соҳиб бошад. Чун организмиягона вай чунин нишонаҳоро дар бар гирифта амал мекунад:

Якум, фазои ягонаи иқтисодӣ, ки дар асоси қонунгузорииягона, воҳиди ягонаи пулӣ, низоми умумии қарзию пулӣ ва молиявӣ ташаккулёфтааст;

Дуюм, алоқаҳои пайвастаи иқтисодии байнисубъектҳои хоҷагидор, ки дар доираи умумии такрорситеҳсоли кишвар ба вуҷудомадааст;

Сеюм, мавҷудияти маркази ягонаи мустақилиидора, танзим ва ҳамоҳангсозии иқтисодиёт, ки аз мақомоти қонунгузорӣ ва иҷрояимарказӣ иборатанд;

Чорум, вуҷуд доштани маҳдудияти марзӣ, ки бомарзи кишвар муайян мешавад.

Дар муқоиса бо иқтисоди ҳукми миллӣ надошта иқтисодимиллӣ якчанд хислатҳои хоса –хислатҳои табииро пайдо мекунад, ки танҳо даршароити соҳибистиклолии давлатӣ воқеъ гашта, аз шароити нави сиёсию иҷтимоӣ,ангезаи масъулияти давлатӣ аз руи натиҷаҳои хоҷагидрорию роҳбарӣ ба миён меояд.Гарчанде, ки ин хислатҳо сараввал ба чашм ноаёнанд, аммо дарк намудани онҳотакозои идоракунии оқилонаи иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар бораи онҳо мебоядботавсилтар нақл намоем:

Хислати якпорчагӣ –иқтисоди миллӣ дар худ ягонагиву тамомиятродорад. Ин хислат дар он ифода меёбад, ки тaғйироти ягон узви алохидаи иқтисод ба узвҳоидигар бетаъсиp монданаметавонад. Иқтисодиёт бо ин хислати худ, ташбеҳи вобастагии узвҳоро ба ҷамъиятиинсониро мемонад, ки ба ин маъное, ки агар дар ягон бахши иқтисодӣ тaгйиротҳои куллӣ ба вуҷуд ояд –пешравӣ ё қафомониба миён ояд – ин ҳодисаҳо дарҳол ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисоди миллӣтаъсир нарасонда намемонанд. Якпорчагӣинчунин маънои онро дорад, ки вазъи умумии иқтисоди миллии мамлакат бафаъолияту натиҷаҳои кори субъектҳои алоҳида, сохтору рафтори онҳо бе чуну чаротаъсир мерасонад.

Хислати иерархии иқтисоди миллӣ дар он аст, ки дар сохторҳоидохилии он низоми иерархӣ ҷой дорад–сохторҳову унсурҳои он аз боло ба поён ҷойгир шуда, аз ин рӯ тартиботи зинагииитоаткунии (ташкилоту одамон) аз руйи мартаба ва мансаб, яъне «зинаҳои иерархӣ»сурат мегирад.

Хислати ҳамгироӣ (интегративӣ) – хислате мебошад, ки дар худи қисматҳоидохилии иқтисоди миллӣ вуҷуд надорад. Имконияти ҳамгироие, ки ба иқтисоди миллӣмансуб аст – ин қобилияти он барои муттаҳид сохтани қисмҳои ҷудогонаи низоми иқтисодӣ,имкониятест, ки дар натиҷа самараи пайвастагию ҳамкориро ба вуҷуд меорад. Иқтисодимиллӣ аз ин хислати худ истифода намуда, соҳиби самараи ҳамгироӣ мегардад.

Дар қатори хислатҳои зикргардида иқтисоди миллӣякчанд хислатҳои дигареро низ дорост: якум ин ки иқтисоди миллӣ низоме мебошад,ки доимо дар ҳолати ҳаракат, тағйирёбӣ ва ҷараёни инкишоф қарор дорад; дуюм, инки иқтисоди миллӣ метавонад низоми дохилӣ ё беруна, низоми кушода ё пӯшидадошта бошад. Аз ин рӯ ибораҳои гуногун арзи вуҷуд доранд: иқтисоди дохилӣ, иқтисодимиллӣ, иқтисоди озод, иқтисоди пӯшида, иқтисоди мушоҳиданашаванда ва ғ.

Саволи 4. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол вахизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоромаҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуманнатиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи СММ истифодакарда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки яке аз ҳамингуна нишондиҳанда Маҷмӯи Маҳсулоти Миллӣ (МММ) мебошад.

МММ – ин арзиши бозории мол ва хизматҳоемебошанд, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як солистеҳсол намудаанд.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ вобаста банарх, ки омили асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро баноминалӣ ва ҳақиқӣ ҷудо менамоянд.

МММ номиналӣ – ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳоисоли базавӣ мебошад. МММ ҳақиқӣ– ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.

[амин тавр, муносибати байни МММ номиналӣ ваМММ ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон дода –дефлятори МММ номидамешавад:

МММ-и номиналӣ

ДМММ= ————————- х 100 %;

МММ-и ҳақиқӣ

Вобаста ба шуғл МММ-и имконпазир ва воқеиро аз хамдигар фарқ мекунанд.МММ-и имконпазир гуфта – ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштанибекории даврӣ меноманд. МММ-и воқеӣ – ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангомиҷой доштани бекории даврӣ меноманд.

МММ бо ду усул ҳисоб карда мешавад: аз рӯи хароҷотҳова аз рӯи даромадҳо.

Мувофиқи усули якум МММ бо формулаи зерин ҳисобкарда мешавад:

МММ=С+Jg+G+Nх, кидар ин чо С-хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввал,хӯрока, пӯшока ва молҳои истифодаашон дурудароз), Jg –маблағгузории умумӣ (барои сохтмон, хариданитаҷҳизот, коғазҳои қиматнок ва ғ.), G –Хароҷотҳоидавлатӣ (барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ) ва Nх –содироти соф.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз руиформулаи зерин сурат мегирад:

МММ=даромад аз меҳнат (музди кор) +даромад азмоликият +фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо +рента +фоизи қарз +андозҳои ғайримустақим+истехлок (амортизатсия) +дивидент.

Даромад аз меҳнат – шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, кидар шакли музди кор зоҳир мегардад ва онро корхонаҳо ба коргаронашон медиҳанд. Даромадаз моликият – ин даромади соҳаи (сектори)-и хусусӣ аз сармоя мебошад. Фоидаикарз ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчунандоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивидент ва ба фоидаи тақсимнашаванда, кибарои сармоягузори истифода шуда ба МММ дохил мешавад. Рента ин фоидае мебошад, ки азистифодаи амвол хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Фоизиқарз – ин даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки ба ивази истифодаисарморяашон соҳиб шудаанд. Андозхои ғайримустақим –андозҳоемебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хитзматҳояшон пардохтмекунанд.Дивидент –даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаиумумии шаркатҳо ҷудо карда мешавад. Истехсолок–маблағхое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав карданисармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Саволи 5. Дар иқтисодиёт дар баробари маҷмӯи маҳсулотимиллӣ (МММ) нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро(ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – ин арзишитамоми молу хизмаҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол кардашудаанд. Фарқияти асосии нишондиҳандаҳои МММ ва ММД инҳо мебошанд:

-МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро,ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолиятисармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил намешавад.

-ММДнатичаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад,инъикос накарда, баръакси МММ, натичаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохиликишвар, дар худаш инъикос мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисми МММ-ро маҳсулотеташкил мекунад, ки сармояи милли дар хориҷа ба вуҷуд овардааст ва як қисмиММД-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояихориҷӣ дар кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин агар МММ ва ММД зиёд шавад,пас ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкоронихориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хизматҳо истеҳсол намудаанд.

Даромади миллӣ (ДМ) – ин маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотроменоманд. Бояд кайд намуд, ки дар адабиётҳо барои муайян намудани ДМ азконсепсияи марксистӣ ва неоклассикӣ истифода мекунанд. Мувофики консепсияимарксистӣ даромади миллӣ ин арзиши нав ба вучҷдовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳатК. Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро истифодакардааст: ДМ=V+m, яъне сармояи гардон (музди кори коргарон)+арзиши илова.

Мувофики консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағиистеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисобнамудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:

ДМ = МММХ – Аz, ки дар ин чо ДМ-даромади миллӣ; МММХ –маҷмӯимаҳсулоти миллии холис; Аz – андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудомекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда. Даромадимиллии истеҳсолшуда – ин маҷмӯи арзиши молу хизматҳои нав ба вуҷудовардашудамебошад. Даромади миллии истифодашуда – ин даромади миллии истеҳсолшуда боистиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол вадигар намуди зарарҳо мебошад.

Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматҳоин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад. Дар бахши макроиктисодӣбарои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дарихтиёрбуда истифода мебаранд.

Даромади шахсӣ (ДШ) – ин суммаи ҳамаи даромадҳоаст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣмондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансфертӣ дохилмешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад.Аз ҳамин ҷиҳат ДШ аз руи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ДШ = ДМ – ҳисcаҷудокуниҳо бо фонди суғуртa – андоз ба фоидаи ширкатҳо – фоидаи тақсимнашудаиширкатҳо + пардохтҳои трансфертӣ.

Даромади дар ихтиёрбуда – ин даромадест, кибаъд аз супоидани андоз аз даромад боқӣ мемонад, яъне ДДИ =ДШ-ААД (андоз аздаромад).

1.39K
Нет комментариев. Ваш будет первым!