Инфрастохтори иқтисоди миллӣ
С 1. Моҳият ва вазифаҳои инфрасохтори иқтисодимиллӣ
С 2. Таснифот (гурӯҳбанди)-и инфрасохтор
С 3. Тавсифи соҳаҳои инфрасохтории нaқлиёт, алоқа ва энергетикӣ
С 4. Муаммоҳо ва роҳҳои баландбардоштанирушди соҳаҳои инфрасохторӣ
Cаволи 1.Мафҳуми инфрасохтор аз калимаи лотинии infқa –зер,поён stқғktғқa –сохтор,буда маънояш зерсохтор ва ё сохтори ёрирасон мебошад.
Дар ибтидои асри ХХ ин калимаро дар соҳаи ҳарбӣҳамчун калимаи иншoотҳои ҳарбӣ(базаҳои ҳарбӣ, анборҳои воситаҳои моддӣ, майдонҳои ҳарбӣ) истифода мешуд.Баъди солҳои 40-уми асри гузашта ин мафҳумро дар илми иқтисодиёти ғарб истифодамебурданд. Дар ибтидо ҳамчун комплекси соҳаҳои хоҷагӣ, ки ба саноат ва хоҷагии қишлоқхизмат мерасонанд, ифода гашта буд. Ба мурури солҳо ин мафҳум васеъ гашта акнунӯ на танҳо соҳаҳои истеҳсолотро, балки соҳаҳои иҷтимоиётро дарбар мегирад.
Дар айни ҳол ба соҳаҳои инфрасохтори иқтисодимиллӣ дохил мешаванд: сохтмони роҳҳо, каналҳо, бандаргоҳҳо, купрукҳо, аэропорт,хочагиҳои барқӣ, нақлиёт, алоқа, таъминоти об ва канализатсия, анборҳо, иншоотҳоиварзишӣ, иншоотҳои варзишӣ, илм ва маориф, тандурустӣ ва умуман корхонаҳое, киба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
[амин тавринфрасохтори иқтисоди миллӣ –маҷмӯи соҳаҳои иқтисодӣ, корхонаҳо ва ташкилтҳоемебошанд, ки шароитҳоро барои амалӣ гардонидани истеҳсолот ва фаъолияти одамонташкилу таъмин менамояд. Яъне ба инфрасохтори иқтисоди миллӣ объектҳои моддӣ-техникӣ,ки фанкцияҳои асосиро дар соҳаҳои гуногун таъмин мекунад, дохил мегардад.Бояд қайд намуд, ки аз мафҳуми инфрасохтор духусусияти он бармеояд: 1) Инфрасохтор барои таъмини иҷроиши функсияҳо дарякчанд соҳаҳо равона карда мешавад, яъне у дорои хусусияти байнисоҳавӣ мебошад.Аз ин ҷо бармеояд, ки у функсияҳои интегратсионӣ (ҳамгироӣ) байни соҳаҳои истеҳсолот,ноҳияҳо, давлатҳоро иҷро мекунад; 2) Инфрасохтор неъматҳои моддӣ истеҳсолнамекунад ва у функсияҳои таъминотиро иҷро мекунад. Хулоса, инфрасохтор соҳаиалоҳида иқтисоди миллӣ, ки ба истеҳсолот ва фаъолияти одамон хизматмерасонад.
Саволи 2. Инфрасохторро аз рӯи аломатҳояшба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:
I. Аз рӯи аломати фаъолияти одамон: инфрасохтори истеҳсолӣ (фаъолияти истеҳсолӣ,истеҳсоли неъматҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли неъматҳои истеъмолӣ). Умуманинфрасохтори истеҳсоли маҷмуи соҳаҳое, ки истеҳсоли воситаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоливоситахои истеъмолиро дар ҷараёни интиқол, гардиш, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулотшароитҳои умумӣ фароҳам меорад.
Вазифаи чунин инфрасохтор ташкил намуданишароитҳои зарурӣ барои нигоҳдории ҷараёни такрористеҳсолӣ ҷамъиятӣ мебошад. Вақт,мӯҳлати муомилотро дар ҷараёни истеҳсолот кӯтоҳ мекунад, гарчанде ки дар ин чомаҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол карда нашавад, аммо меҳнати сарфакардашуда ба арзишиаслии маҳсулот таъсир мерасонад ва даромади миллӣ зиёд мегардад. Ба инфрасохториистеҳсолӣ дохил мешавалд: нақлиёт (коммуникатсияи нақлиётӣ), хоҷагии энергетикӣ(коммуникатсияи энергия), алоқа (коммуникатсияи ахборотӣ), таъминоти об ваканализатсия, таъминоти моддӣ-техникӣ ва ғ.
Ба инфрасохтори иҷтимоӣ дохил мешаванд –фаъолиятҳоииҷтимоӣ, тақсимот ва муомилот, хизматрасониҳои истеъмолӣ, тандурустӣ, идора,маориф, илм, таъминоти об, санитария ва хоҷагии манзилиюкоммуналӣ ва ғ.
II. Дар айни ҳолл чунин шаклҳои инфрасохтор дарназария кор карда шудааст: инфрасохтори истеҳсолӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ,инфрасохтори бозорӣ, инфрасохтори туризм ва варзиш, инфрасохтори илмӣ-техникӣ,инфрасохтори ҳарбӣ ва ғ.
III. Инфрасохтор аз рӯи масштаб ба намудҳои зерин ҷудокарда мешавад: инфрасохтори байналхалқӣ, инфрасохтори давлатҳо, инфрасохтори ноҳияҳо,инфрасохтори шаҳракҳо, инфрасохтори маҳалҳо ва ғ.
Ташкилёбии инфрасохтор худ аз худ фоиданамеорад. Чӣ қадаре ки дараҷаи инкишофи инфрасохтор баланд бошад, ҳамон кадарзудтар сармоя дохил гардида қувваи корӣ дохил мегардад, рушди иқтисодӣ мафзояд,сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд мегардад. Ва баръакс чӣ қадаре, ки инфрасохтор сустба роҳ монда бошад, ҳамон кадар истеҳсолот суст инкишоф меёбад ва зиндагиимардум вазнинтар гардида мардум маҷбур мешаванд ба ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳоиРоссия, давлатҳои Араб, давлатҳои Ғарб ва ғ. сафар кунанд.
Саволи 3. Рушдиинфрасохтор (нақлиёту алоқа), энергетика ва саноат дар Тоҷикистон имкон медиҳад,ки барои рушди устувор ва баланди иқтисодии кишвар ва тавассути он паст карданисатҳи камбизоатии аҳолӣ асосҳои моддӣ фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон рушди онҳобарои афзоиши шуғли дохилӣ шароит фароҳам оварда, дастрасӣ ва сифатихизматрасониҳои ҳам худӣ ва ҳам дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро барои аҳолӣ(таъминот бо об, санитария, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экология) баландмебардорад, ки онҳо мустақиман ба сатҳи татбиқи ҳамаи вазифаҳои рушд дар Тоҷикистоналоқаманд мебошанд.
Нақлиёт соҳаиалоҳидаи иқтисоди миллӣ буда маҷмӯи интиқоли роҳҳо, тамои намудҳои воситаи нақлиёт,иншоотҳо, ки ҷараёни ҳаракати одамон ва боркашониро таъмин мекунанд. Элементҳоимуҳими инфрасохтори Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан (беш аз 80 фоиз аз ҳаҷмиумумии муомилоти моли савдои хориҷӣ, тақрибан 50 фоизи сафари муҳоҷирини меҳнатӣба Россия, ҳамлу нақли беш аз се як қисми ҳамаи молҳо), автомобилӣ (беш аз 95фоизи боркашониҳои дохилӣ) ва нақлиёти авиатсионӣ, инчунин соҳаи алоқаиборат мебошад.
Дар давраи баъд аз Шӯравӣ фаъолияти Роҳиоҳани Тоҷикистон (РОТ) таҳтиислоҳоти ночиз қарор гирифта, барои барқарорсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба маблағгузории назаррас эҳтиёҷ дорад. Мутобиқи маълумоти мавҷудадар солҳои 1995-2002 маҳсулнокии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сабаби ду маротибатаназзул ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақл ва 20 фоиз афзоиш ёфтани кормандон то 60 фоизкам гардид. Сатҳи ҳосилнокии меҳнат низ ба як коргари Роҳи оҳани Тоҷикистоннисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар мебошад.
Истифодабарандагон аз сифати пасти хизматрасонӣвобаста ба фарсуда гардидани воситаҳои ҳаракат, ҳолати бади санитарии вагонҳо,нокифоягии самти ҳаракат ва сарборӣ азият мекашанд. Аз сабаби вазъи ногувор вагузаштани мӯҳлати истифода аксари локомотивҳо ва вагонҳо бояд аз ҳисоббароварда шаванд. Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон 85 фоизи ҳамлу нақл тавассути вагонҳоиширкатҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад. Аз 950.7 км. роҳи мавҷуда мӯҳлатитаъмири асосии 142 км.роҳ гузаштааст. Аз ин рӯ, бо вуҷудизиёни зиёд, суръати ҳаракати поездҳо дарбаъзе қитъаҳо то 15-20 км/ соат паст мегардад. Системаи сигнализатсия, алоқа васистемаи огоҳонӣ, таҷаммӯъ ва маҳдудгардонӣ хеле кӯҳна ва фарсуда аст. Байнистансияҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хати алоқа ва таъминоти барқ вуҷуд надорад.
Вобаста ба хусусиятҳои ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистоннақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақлидохилӣ нақши муҳим дошта, ҳамчунин якеаз истеъмолкунандагони асосии маҳсулоти нафт ба ҳисоб меравад. Дар кишвар бешаз 30 ҳазор км. роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад, ки солҳои1960-1990 ба истифода дода шуда, беш аз 16 ҳазор км. онҳо маҳаллӣ ва идоравӣмебошанд. Ҳамаи роҳҳои автомобилгард таъмири асосиро тақозо менамоянд, аммо ҳаҷмимаблағҳои мавҷуда барои пурра барқарорсозии онҳо нокифоя мебошад. Нақлиётибайналмилалии автомобилӣ барои ҳамлу нақли борҳои на он қадар калон ба масофаикӯтоҳ ва миёна, инчунин самтҳое, ки хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан вуҷуднадорад, ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло нақлиёти автомобилӣ камтар аз 5 фоизи ҳамаиҳаҷми ҳамлу нақли берунаро анҷом медиҳад, ки яке аз сабабҳои он аз ҷумла маҳдуд будани борҳои интиқолшавандамебошад. Вале то дараҷаи муайян истифодаи хизматрасонии вобаста ба ҳамлу нақлиавтомобилии беруна аз сабаби баланд будани тарифҳо паст гардидааст. Ҳамлу нақлиавтомобилӣ аз Хуҷанд ба кишварҳои Бенилюкс нисбат ба ҳамлу нақл аз Тошканд ду рӯззиёдтар ва барои ҳар як тонна 50 доллари ШМА гаронтар мебошад (аз ҷумла бодарназардошти пардохтҳои ғайрирасмӣ).
Дар ҳамлу нақл тавассути нақлиёти ҳавоӣ Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» афзалият дорад, ки асосан бо базаитайёраҳои кӯҳна, хадамоти ёрирасон (базаи таъмир, тринажёр ва системаи таълим),инфраструктураи фурӯдгоҳҳо, инчунин хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ваиншооти статсионарии кӯҳна фаъолиятменамояд. Сатҳи истифодаи тайёраҳо вобаста ба хароҷоти баланд ва афзоиши нархбарои сӯзишворӣ ниҳоят паст буда, аз ин рӯ ҳоло ҷиҳати иваз намудани онҳо ботайёраҳои истеҳсоли кишварҳои ғарб тадбирҳо андешида мешаванд.
Алоқа –маҷмӯи коммуникатсияҳои намудҳои гуногун барои интиқолиахборот мебошад ва чунин намудҳоиалоқа вучуддоранд: почтавӣ, алоқаи электрикӣ –радио,телевизион, кабелӣ, телефонӣ ва г.Бахшиалоқа бо дарназардошти ғунҷоиши ками нақлиётӣ, меҳнатталабии зиёд васатҳи баланди дурнамои инкишофи бахши мазкур дар бозори ҷаҳонӣ барои рушдиминбаъда ояндадор ба назар мерасад. Дар айни замон корҳо оид ба иваз намуданистансияҳои ҳаммонанди телефонии кӯҳна ба стансияҳои нави автоматии рақамӣ ивазкарда шудаанд. Сатҳи шабакаҳои насбшудаи ҳамаи САТ-и дар ҷумҳурӣ ба рақамӣивазшуда 91,2 фоизро ташкил медиҳад.
Минтақаи пахши барномаи телевизиони миллӣ 98фоизи аҳолиро фаро мегирад. Алоқаи почта дорои шабакаи васеи корхонаҳо буда,вале аз сабаби зиёноварӣ таҳти дотатсияи давлат қарор дорад.
Энергетика. Рушдиояндаи Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста мебошад, ки дар иқтисоди кишварзахираҳои энергетикӣ то чӣ андоза самарабахш истифода мегарданд. Рушди энергетика имкон медиҳад на танҳо ҳаҷмва сифати хизматрасонӣ барои дигар бахшҳои истеҳсолӣ, ки дар айни замон аз сабаби норасоии қувваи барқ бо иқтидоринопурра фаъолият мекунанд, афзояд,инчунин ба баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасонии энергетикӣ барои аҳолӣмусоидат хоҳад кард.
Системаи электроэнергетикии кишвар воқеан аз сезерсистемаҳои алоҳида иборат аст, ки дар Вилояти Суғд, дар Ҷануби кишвар (аз ҷумлаВилояти Хатлон, ш.Душанбе ва НТБ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуданд.Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, аз ин ҷо 55 фоизи захираҳоиминтақаи Осиёи Марказӣ сарчашма мегиранд. Захираҳои умумии имконпазиригидроэнергетикии кишвар 527 млрд кВт.соат дар як сол мебошад (асосан дар ҷанубикишвар). Сатҳи имрӯзаи истеҳсоли қувваи барқ аз нерӯи аз нигоҳи техникӣ истифодабоб 6.5 фоизро ташкил медиҳад. Дар сохторибаланси сӯзишворию энергетикии кишвар захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 90 фоизмебошад. Нерӯи назаррасигидроэнергетикии кишвар имкон медиҳад, ки содироти қувваи барқ ва рушди истеҳсолотиэнергияталаб зиёд карда шавад.
Дар айни замон дар як сол 16.5-17 млрд кВт.соатқувваи барқ истеҳсол мешавад, ки тақрибан99 фоизи он обӣ мебошад. Қисми асосии ин қувва дар НОБ-и Норак истеҳсолмегардад, ки он дорои обанбори ҳаҷман хурд буда, имкон намедиҳад, ки иқтидорҳоимавҷуда пурра истифода бурда шаванд. Афзалияти асосии қувваи барқе, ки дарНОБ-и Норак истеҳсол мегардад, ин арзиши аслии он мебошад (0.3 сенти ШМА), ки ҳанӯздар давраи Шӯравӣ хароҷоти инвеститсионии он пӯшонида шуда буд.
Саволи 4. Проблемаҳоиасосии инфрасохтор аз инҳо иборатанд:
· дур қарор доштан аз баҳр, ба минтақаҳо ҷудобудани кишвар, ки дастрасии иқтисодиро ҳам байни минтақаҳо ва ҳам байни бозорихориҷӣ маҳдуд месозад;
· нопурра татбиқ намудани ислоҳотиинститутсионалӣ ва иқтисодӣ, номукаммалии системаи идоракунии давлатӣ;
· мавҷудиятимонеаҳои назарраси маъмурӣ барои рушди бахши хусусӣ, маҳдуд буданихизматрасонии ташкилотҳои нақлиётию экспедиторӣ;
· афзоишинарх барои ҳалли энергия, заминаи сусти моддию техникӣ, ки бо вуҷуди имкониятҳоиниҳоят маҳдуди буҷетӣ ҷиҳати барқарорсозӣ ва рушд ба воситаҳои назарраси молиявӣэҳтиёҷ дорад.
Бо дарназардошти проблемаҳои зикргардида ва мақсадҳоиСМР/СПКСК вазифаҳои рушди инфраструктура (алоҳида вобаста ба нақлиёт ва алоқа)дар давраи солҳои 2007-2009 инҳо муайян гардидаанд: (1) гузаронидани ислоҳотиинститутсионалӣ; (2) баланд бардоштани самарабахшии истифодаи захираҳои мавҷуда;(3) пешниҳоди лоиҳаҳои татбиқшаванда ва нави инвеститсионӣ.
Гузаронидани ислоҳотиинститутсионалӣ ҷиҳатитаҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои анҷом додани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллииҳокимияти иҷроия дар бахши инфраструктура, баланд бардоштани нерӯи онҳо,инчунин кам кардани монеаҳои маъмурӣ андешидани маҷмӯи тадбирҳоро пешбинӣменамояд. Ба Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ фароҳам овардани мақоми мустақил ва муҳайёсохтани ҳавасмандгардонӣ барои оддигардонии дастрасии ширкатҳои нақлиётии хориҷӣба бозори миллӣ дахолати давлатро ба бозори хизматрасониҳои нақлиётиибайналмилалӣ маҳдуд гардонида, имкон медиҳад ҳаҷм ва сифати чунин хизматрасониҳобаланд бардошта шавад. Бо дарназардошти сатҳи баланди хароҷоти давлат бароитаъсиси объектҳои нави нақлиётӣ омӯзиши масъалаи истифодаи пулакии қитъаҳои алоҳидаироҳҳои автомобилгард ва шояд ҷорӣ намудани он имкон медиҳад, ки хароҷоти давлатқисман пӯшонида шавад.
Вазифаи баланд бардоштани самарабахшии истифодаизахираҳои мавҷудаи инфраструктура ҷиҳати дар шароити маҳдуд буданиимкониятҳои давлат беҳтар ташкил намудани баҳисобгирӣ ва истифодаи судмандиамволи давлатӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мазкур оид ба инвентаризатсияи(шиносномадиҳии) объектҳои нақлиётӣ ва мушаххасгардонии ҳуқуқи моликият ба онҳо,ки дар навбати аввал ба азнавташкилдиҳии корхонаҳои кишоварзӣ ва ба миёномадани роҳҳои автомобилгарди «бесоҳиб» алоқаманданд, тадбирҳоро дар бармегирад. Ҳамзамон мутобиқи Стратегияи хусусигардонӣ таҳия ва татбиқи нақшаҳоиинфиродии азнавташкилдиҳии корхонаҳои бузурги инфраструктурӣ – Роҳи оҳани Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҶСК «Телерадиоком» пешбинӣ гардидааст.
Вазифаи пешбурди лоиҳаҳои татбиқшаванда ва навиинфраструктуравии инвеститсионӣ ниҳоят муҳим мебошад. Он ба арзёбиииҷрои корҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард нигаронида шудааст, ки ҳам дастрасиидохилии байниминтақавӣ ва ҳам баромади кишварро аз бумбасти нақлиётӣ таъминменамояд. Дар он вобаста ба афзоиши нарх ба маҳсулоти нафт гузаронидани нақлиётба манбаҳои алтернативии энергия дарназар дошта шудааст, ки ба беҳбуди таъмини нақлиёт бо сӯзишворӣ мусоидат хоҳадкард. Ҳамчунин дастгирии фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» оид ба беҳбуди заминаи моддию техникӣ пешбинӣ мегардад. Масъалаҳоисохтмони роҳи автомобилгард бо Афғонистон, ки дастрасиро ба Эрон ва Покистонтаъмин менамояд, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Як гурӯҳи тадбирҳо бапешбурди лоиҳаҳо дар бахши алоқа марбутанд.
Барои таъмини баланд бардоштани самарабахшииистифодаи захираҳои мавҷуда ҷиҳатиазнавташкилдиҳии корхонаҳои азими энергетикӣ -«Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз»тадбирҳо пешбинӣ гардиданд. Татбиқи барномаҳои сохтмони НОБ-ҳои хурд имкон медиҳад,ки ноҳияҳои дурдасти кишвар бо сатҳи баланди камбизоатӣ бо қувваи барқ беҳтартаъмин карда шаванд. Махсусан ба масъалаҳои кам кардани талафоти энергетикӣ,инчунин талафот аз ҷониби истеъмолкунандагон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад.
Тавсеаи дастрасӣ ба шабакаҳои тақсимкунандаи ҶШК«Барқи Тоҷик» имкон медиҳад, ки истифодабарандагони нав низ бо қувваи барқтаъмин гарданд. Сохтмони объектҳои нави энергетикӣ (НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва 2,навбати аввали НОБ-и Роғун) дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи инвеститсионӣимкон медиҳад таъминоти истифодабарандагон бо қувваи барқ (махсусан дар фаслизимистон) ниҳоят беҳбуд ёбад, инчунин қувваи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистонсодир карда шавад. Дар назар дошта шудааст, ки имконпазирии ба ангишт гузаронидани таъминот бо гармӣ мавридиомӯзиш қарор гирад ва як лоиҳаи инвеститсионӣ дар бораи сохтмони стансияиангиштии барқӣ пешниҳод карда шавад.
Барои пешбурди (пешниҳоди)лоиҳаҳои амалкунанда ва нави инвеститсионии энергетикӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Тадбирҳои пешбинигардида на танҳо ба таҷдид,инчунин ба баланд бардоштани самарабахшии объектҳои амалкунандаи гидроэлектроэнергетикӣ,инчунин сохтмони НОБ-ҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои ангишт нигаронида мешаванд. Сохтмони хати интиқолибарқи «Ҷануб-Шимол» имкон медиҳад, ки вобастагии Вилояти Суғд аз содироти қувваибарқ камтар гардад. Ҳамзамон пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмонихатҳои интиқоли барқи содиротӣ барои дигар кишварҳои минтақа имкон медиҳад, кибозори фурӯши қувваи барқи зиёдатии истеҳсолшаванда тавсеа ёбад.