Моҳият ва омилҳои рушди иқтисоди миллӣ
С 1. Мафҳуми назариявии рушди иқтисодӣ ва намудҳоион
С 2. Сарчашмаҳо, омилҳо ва тамсилаҳо (моделҳо)-ирушди иқтисодӣ
С 3. Танзими давлатии рушди иқтисодӣ
С 4. Рушди иқтисодӣ ва экология
САВОЛИ 1. Рушди иктисоди яке аз масъалахоимарказии назарияи муосири иктисоди ба хисоб меравад. Тавассути тагироти онро бадарачаи инкишофи иктисоди милли ва сатхи зиндагии ахоли бахо медиханд.
Дар илми иктисоди, акидаи ягона оид ба таърифирушди иктисоди вучуд надорад. Рушди иктисоди мувофики консепсияи микдори вамикдорию сифати таъриф дода мешавад.
Мувофики консепсияи якум рушди иктисоди гуфтаафзоиши микдории хачми мачмуи махсулоти миллиро (ММД ва ДМ)-ро меноманд.Мувофики консепсияи дуюм рушди иктисоди гуфта ин такмилдихии микдорию сифатииистехсолот ва зиёдшавии хачми махсулоти чамъиятиро меноманд, ки дар халлимасъалаи махдудияти захирахо ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахолии кумакмекунанд.
Асосан се шакли рушди иктисодиро аз хамдигарфарк мекунанд: эсктенсиви, интенсиви ва омехта.
Рушди иктисодии экстенсиви – ин афзоиши хачми МММ аз хисоби истифодаиомилхои иловагии истехсолот мебошад. Дар холати чой доштани ин шакли рушдииктисоди, афзоиши махсулот дар асоси афзоиши коргарон ва зиёд кардани иктидориистехсолот ба даст меояд, аммо истехсоли махсулот ба сари хар як коргар бетагирмемонад.
Рушди иктисодии экстенсиви – ин афзоиши хачми мачмуи махсулоти милли азхисоби истифодаи самаранок ва мукаммал намудани омилхои истехсолот (хусуантехникс ва технология) мебошад. Аз чумла истифодаи кувваи кори тахассуснок,захирахои камхарч ва технологияи пешкадам ба таъмини чунин рушди иктисодимусоидат мекунанд.
Рушди иктисодии омехта –ин афзоиши хачми МММ азхисоби зиёд намудани шумораи омилхои истехсолот ва такмили техникаю технологиямебошад.
Мохияти асосии рушди иктисоди дар принсипиакселератор ифода меёбад, яъне бо афзоиши МММ даромади ахоли, пасандоз вамаблаггузори зиёд шуда, боиси бори дигар афзоиш ёфтани хачми истехсолотмегарданд. Бояд кайд намуд, ки рушди иктисоди на хама вакт бехтар шуданишароити зиндагии ахолиро нишон медихад. Масалан, афзоиши МММ мумкин аст, ки азхисоби афзоиши истехсолоти харби сурат гирифта боша два агар дар ин холатистехсоли чизхои истеъмоли зиёд нашуда бошад, пас сатхи зиндагии ахолии баланднамешавад. Гузашта аз ин бо афзоиши МММ мухити зист бештар ифлос мешавад,инчунин масъалаи махдудияти захирахои табии бештар ифлос мешавад, инчунинмасъалаи махдудияти захирахои табии барои наслхои оянда низ ба миён меояд.
САВОЛИ 2. Дар адабиётхои иктисоди мафхумхоисарчашмахо ва омилхои иктисодиро аз хамдигар чудо мекунанд. Ба сарчашмахоирушди иктисоди захирахои иктисоди ва ПИТ дохил карда мешаванд. Захирахоииктисоди (захирахои табии, мехнати, модди, молияви) мачмуи омилхои истехсолотроифода менамоянд. Ба омилхои истехсолот мехнат, замин (бо канданихои фоиданок)ва сармоя дохил мешаванд. Хар яке аз ин омилхо хусусияти ба худ хос дошта барушди иктисоди таъсири худро мерасонанд.
Сарчашмаи дигари рушди иктисоди ин прогрессииилмию техники, яъне такмили технология ва шаклхои идоракунии истехсолотмебошад. Бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулхои нави идоракунииистехсолот мебошад. Бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулхои навиидоракунии истехсолот, истифодаи навоварихои илмию техники, истехсоли махсулотиМилли зиёд мешавад, яъне рушди иктисоди ба вучуд меояд.
Ба рушди иктисоди омилхои гуногун таъсирмерасонанд, ки онхоро ба омилхои арза,омилхои такозо ва омилхои манфитаксим кардан мумкин аст.
Ба омилхоиарза инхо дохил мешаванд:
-шумора ва сифати захирахои табии (замин, канданихои фоиданок, иклим ваг.), яъне то чи андозае, ки шароитхои табиии кишвар хубтар бошанд то хамонандоза имкониятхои бештари таъмини рушди иктисоди вучуд дорад. Инчунин баомилхои арза шумора ва сифати кувваи кори, дарачаи технологияи дар истехсолотистифодашаванда ва г. низ дохил мешаванд.
Ба омилхоитакозо омилхое дохил мешаванд, ки мачмуи такозоро зиёд мекунанд, аз чумла:музди кор, яъне бо зиёд будани он такозо низ зиёд мешавад; сиёсати фиксалиидавлат, яъне афзоиши меъёри андоз ба даромад боиси камшавии музжи кори хакики,мачмуи такозо ва пастравии истехсолот мегардад; майли нихои ва пасандоз, кихангоми афзоиш, боиси камшавии мачмуи такозо ва зиёдшавии мачмуи арзамегардад.
Ба омилхои манфи дохил мешаванд, ки ба мачмуиарза ва мачмуи такозо таъсири манфи мерасонанд. Аз чумла: бекурбшавии пул, кибоиси баландшуданип нархи сармоя ва паст шудани нархи мехнат мешавад; афзоишибекори, боиси паст шудани сифати кувваи кори, афзоиши андозхо ва кам шудани МММмегардад; касри буча, ки боиси кам шудани маблаггурии давлати, кам шуданихарочотхои ичтимоии давлат гардида афзоиши МММ-ро бозмедорад, сатхи нокифояиракобат, сатхи пасти мухити сохибкори ва инвестисиони, паст гардидани сатхисармояи инсони, нокифоягии татбики ислохолот дар махалхо ва гайрахо.
Вобаста ба истифодаи омилхои дар болономбаршуда моделхои гуногуни рушди иктисоди сохта мешаванд, ки холо се шаклион: тамсилаи бисёромила, дуомила ва якомиларо чудо мекунанд.
Тамсилаибисёромила таъсиррасонии хамаи омилхои номбаршудароинъикос менамояд. Дар сурати таъсири мусбии ин омилхо имкониятхои истехсолииистехсолкунандагон васеъ мешавад, ки ин ба рушди иктисоди оварда мерасонад. Ингунна тамсиларо намояндагони мактаби неолассики пешниход намудаанд.
Тамсилаидуомила танхо бо назардошти мехнат ва сармоя сохтамешавад. Аз чумла тамсилаи Солоу, Тамсилаи Денисон ва гайрахо. Дар асоси интамсила олими амрикои Денисон нишон медихад, ки аз се ду хиссаи (2/3) афзоишимахсулот аз хисоби хосилнокии мехнат ва аз се як хисасаи он (1/3) аз хисобимехнат сурат мегирад.
Тамсилаиякомила бо назардошти сармоя сохта шудааст. Ин гуннатамсиларо Ч. Кейнс, Р. Харрод ва Е. Домар пешниход намудаанд. Мувофики интамсила афзоиши хачми махсулот дар натичаи афзоиши сармоя ва мабблаггузори бавучуд меояд ва такозою даромад низ аз афзоиши мабблаггузори ва майли нихои баистеъмол вобаста мебошанд.
САВОЛИ 3. Чорабинихои махсус оид ба таъминирушди устувори иктисоди ва муътадил гардонидани инкишофи иктисоди, яке азвазифахои асосии танзими давлатии иктисодиёт ба хисоб меравад. Бо ин максаддавлат ба сарчашмахои рушди иктисоди таъсир мерасонад.
Асосан барои танзими рушди иктисоди давлатбештар ба хачми сармояи асоси, бо тавасути афзоиши маблаггузори таъсир мекунад.Сиёсати давлати бо ду рох афзоиши сармояи асосиро таъмин карда метавонад: 1) борохи афзоиши пасандози давлати, 2) бо рохи афзоиши пасандозхои хусуси.
Пасандози давлати ин фарки байни даромад вахарочотхои давлати мебошад. Дар холатимавчуд будани ксри буча маблаггузори каммешавад, бинобар хамин сиёсати фиксалии давлат бояд имтиёзхои муайянро хангомирёнидани андоз аз даромади фирмахои калон дар назар дошта бошад, то ин киафзоиши маблаггузориро таъмин кунад.
Пасандозхои хусусиро давлат ба воситаи доданиимтиёзхои муайян ба фондхои нафакави ва додани имтиёзхо ба гуруххои муайяниичтимои зиёд карда метавонад.
Самти дигари танзими давлатии рушди иктисоди инхавасманд намудани прогрессии илмию техники бо усулхои зерин мебошад:
-афзоиши тадкикотхои илми;
-инкишофи низоми патенти, ки ба сохибашмонополияи мувакатии навовариро медихад;
Аз хисоби бучаи давлати молиякунонии як катортадкикотхои фундаментали ва гайра.
Хамин тавр максади асосии танзими давлати рушдииктисоди ин афзоиши маблаггузори мебошад, ки барои таъмин намудани он дар илминазарияи иктисоди аз пешниходхои намояндагони мактаби неклассики ва мактабикесиани истифода мебаранд. Неколассикхо инкишофи истехсолотро ба паст карданимеъёри андозхо вобаста мекунанд. Ба акидаи онхо пастшавии меъёри андозхо боисиафзоиши пасандоз, маблаггузори ва МММ мегардад.
Чон Кейнс ва чонибдорони у барои афзоишимаблаггузори зиёд кардани харочотхои хукумати ва паст кардани меъёри фоизикарзро пешниход намудаанд.
САВОЛИ 4. Мафхуми «экология» дар адабиётхоииктисоди на хамчун илми алохида истифода карда мешавад. Бештари иктисодшиносондар зери мафхуми «экология» вазъи буронии мухити табии зистро мефахманд.Камбудии чунин фахмиш иборат аз он аст, ки мухити табии зист на хама вакт дархолати бухрон карор дорад. Аз хамин чихат мафхуми экология (дар маънои махдуд)сифати унсурхои таркибии мухити табиии зистро ифода мекунад. Ба унсурхои мухититабии зист об, хаво, замин, захирахои табии, иклим ва гайра дохил мешаванд, кионхоро омилхои экологи низ меноманд.
Ба акидаи муаллифи истилохи экология олиминемис Геккель экология –илми биологие мебошад, ки конуниятхои зиндагигузаронииорганизмхоро дар мухити табии ва инчунин тахти таъсири омилхои антропогенимеомузад.
Бояд кайд намуд, ки дар баробари афзоишиистехсолот, бехтаргардонии сифати унсурхои мухити табиии зист низ яке азшартхои мухимтарини мавчудияти инсоният ба хисоб меравад. Аммо дар байниафзоиши истехсолот ва бехтар шудани мухити табии зист, зиддияти махсус вучуддорад ва ин зиддият дар он асос меёбад, ки бо афзоиши истехсолот, мухити табиизист, ифлос шуда унсурхои он барои истифодабари гайриимкон аст. Аз тарафи дигарбошад, паст шудани сифати унсурхои мухити зист ба рушди иктисоди таъсири манфирасонида суръати афзоиши онро бозмедоранд (мисол).
Хусусияти дигари ин зиддият аз он иборат аст,ки бо афзоиши суръати рушди иктисоди, барои бехтар намудани мухити табии зистшароити бештаре фарохам меояд, яъне натичаи афзоиши даромад маблаггузори дарсохаи мухити зист бештар шуда, иншоотхои нави тоза намудани обу хаво, гузаришба технологияи кампартов ва бепаровро ба даст оварда мумкин аст.
Азбаски рушди иктисоди ва сифати унсурхоимухити табии зист шарти асосии мавчудияти чамъият ба хисоб мераванд, бинобархамин инсон наметавонад яке аз онхоро интихоб намояд. Аз хамин чихат таъминирушди иктисоди ва бехтар намудани сифати мухити табии зист дар як вакт, яке азвазифахои асосии чамъият ба хисоб меравад. Дар назарияи иктисодии муосирафзоиши хачми истехсоли мол ва хизматхо, ки боиси паст шудани сифати унсурхоимухити табии зист намегардад –рушди иктисодии устувор номида мешавад.