Таносубҳои иқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 1. [олати ҳозира ва нишондиҳандаҳои асосиитараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 2. Мушкилоти баробарсозии рушти иҷтимоию иқтисодииминтақаҳои ҷумҳурӣ

С 3. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодимамлакат дар асоси иттилооти оморӣ

С 4. Таъмини рушди иҷтимоию иқтисодиикомплексии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои марзӣ

Саволи1. [олати ҳозираииҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаргуниҳои фазои иқтисодироҷараёнҳои мураккаби ҳамзамон ба вуқӯъоянда муайян месозанд, ки аз инҳоиборатанд: ташаккулёбии фазои нави геополитикӣ ва иқтисодӣ баъди пош хурдани ИҶШС, оқибатҳои муноқишаҳои мусаллаҳона, гузариш ба иқтисодибозаргонӣ. [амаи ин ҷараёнҳои мураккаби бо ҳам печида ба тағйирёбии рушди иҷтимоиюиқтисодии минтақаҳо таъсири қобили мулоҳиза гузоштааст.

Тағйирёбииаҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ. Тоҷикистон бо сатҳи баланди шиддати ҷараёнҳоидемографии худ, махсусан, бо суръати нисбатан баланди афзоиши табиии аҳолӣ фарқмекунад. Аммо аз ибтидои солҳои 90-ум сар карда бо вуҷуди нигоҳ дошта шуданиифодаи мусбӣ, коҳиши назарраси афзоиши табиии аҳолӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣба мушоҳида мерасад.

Дар давраи солҳои 1991-2000 коҳишинисбатан бештари афзоиши табиии аҳолӣ дар ВМКБ рӯй додааст.

[оло афзоиши табиии нисбатан зиёдтари аҳолӣдар вилояти Хатлон ва нисбатан камтар – дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди он ҳиссаи вилояти Хатлон дар шумораи умумииаҳолӣ дар давраи якчанд сол бетағйир боқӣ монда аз ҳама зиёдтар мебошад, зероба он равандҳои муҳоҷират низ таъсир мерасонанд.

Cарфи назар аз он, ки муҳоҷират ба хориҷ зиёдаст, дар тамоми минтақаҳо шумораи аҳолӣ бо суръати баланд афзоиш меёбад. Фишоридемографӣ ба иқтисодиёт зиёд мегардад.

Тағйрёбии истеҳсолоти саноатӣ. Соҳаисаноат дар ибтидои солҳои 90-ум дар тавлиди маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ,ташаккулёбии даромади миллӣ ва баланси захираҳои меҳнатии ҷумҳурӣ вазни қиёсииназаррас дошт. Аммо дар солҳои минбаъда мавқеи саноати ҷумҳури хеле сустгардид.

Аз соли 1990 то соли 1998 дар ҷумҳурӣба касодӣ дучор омадани истеҳсолоти саноатӣ мушоҳида мегардад, вале суръати ондар минтақаҳои ҷумҳурӣ суръати гуногун дошт. Таназзули аз ҳама бештари истеҳсолотисаноатӣ дар ВМБК ва шаҳри Душанбе ба назар расид. Боиси таназзул ҳамвазъияти мураккаби иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣгардида буд. Ба соҳаҳои аз ҳама бештар зарардида соҳаҳои мошинасозӣ, саноати сӯзишворӣ,химиявӣ, чӯбкоркунӣ, инчунин металлургияи сиёҳ ва саноати масолеҳи бинокорӣмансубанд. Ва мутаносибан минтақаҳое, ки дар он ҷо корхонаҳои ин соҳаҳо ҷойгиршуда буданд, таназзули аз ҳама бештарро дучор омаданд, ки дар солҳои 1996-1997махсусан зиёд гардида буд.

Дар солҳоиохир бо мақсади таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо нон ҳаҷми истеҳсоли ғалла зиёд кардамешавад.

Дучандкам будани ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД назар ба ҳиссаи он дар шумораи қувваикорӣ аз он сабаб аст, ки ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи паст қарордорад. Дар давраи солҳои 1991-2000 истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣаз ҷумла, – гӯшт, шир, сабзавот ва полезиҳо, хеле коҳиш ёфт.

[иссаи ҳаҷмимаҳсулоти кишоварзие, ки дар бахши ғайридавлатии иқтисод истеҳсол мегардад, то66,4%, аз ҷумла – маҳсулоти зироаткорӣ – 61% ва чорводорӣ – 91,8% расонидашудааст. Бинобар ин, дар ояндаи наздик баланд бардоштани самаранокии хоҷагиҳоихурду миёнаи деҳқонӣ(фермерӣ) имкон хоҳад дод, ки на танҳо ҳосилнокӣ ва даромадҳозиёд карда шавад, балки дар ҳоли истифода бурдан аз технологияи меҳнатталаб қувваиизофаи корӣ низ ба кор машғул карда шавад.

Сармоягузориҳо.Суръатгирифтани рушди бахшивоқеии иқтисодиёт аз бисёр ҷиҳаттавассути ҷоннок гардондани равандҳои сармоягузорӣ муяссар мешавад. Вале то ҳолмасъалаи бағоят муҳим- камбуди сармоя мебошад. Сармоягузорӣ дар бахши воқеииистеҳсолот дар ҳаҷми ночиз сурат мегирад. Қисман ин аз он сабаб аст, ки то ҳолбонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ натавонистаанд, ки пасандозҳои аҳолиро барои даргардиш даровардан ҷалб созанд.Ба ғайр аз ин, сатҳи фоиданокии корхонаҳо ҳанӯздар сатҳи паст боқӣ мемонад. Ва дар натиҷа манбаъҳои дохилии сармоягузориҳо маҳдудмемонанд.

Соҳаи иҷтимоӣ.Сатҳимузди кор дар ҷумҳурӣ хеле паст аст ва бо ифодаҳои воқеӣ дар давраи солҳои1991-2000 якбора коҳиш ёфт. Музди кори миёнаи моҳона дар соли 2000 8,5 доллариШМА-ро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 1995 – 8,8 доллар буд. Ба болои коҳишёфтани музди кор, қудрати харидории доллари ШМА низ коҳиш ёфт.

Саволи 2.ИқтисодиётиҶумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъҳои зиёди минтақавӣ таркиб ёфтааст, аз ин рӯ, пешбурдани сиёсати макроиқтисодии минтақавӣ, ки барои ҳалли мушкилоти вобастаба мавҷуд будани тафовут дар фазои иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардидааст, бағоятмуҳим мебошад.

Баробарсозиирушди иҷмоию иқтисодии минтақаҳо ба он маъно нест, ки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣсоҳаҳои гуногуни иқтисод ва намуди фаъолиятҳо баробар ҷойгир карда шаванд,балки ба он маъност, ки тафовутҳои байниминтақавӣ дар сатҳи инкишофи иқтисодӣ,зиндагонии аҳолӣ кам карда шаванд. Баробар сохтани рушди иҷтимоию иқтисодииминтақаҳои ҷумҳурӣ ба инкишоф ёфтани бозори умумимиллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Маълумаст, ки дар даврони шӯравии инкишофи ҷумҳурӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ бамасъалаи роҳ надодан ба тафовутҳо дар сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ диққати ҷиддӣдода мешуд. Бо вуҷуди он тафовутҳо байни минтақаҳо дар нишондиҳандаҳои муҳимтаринииҷтимоию иқтисоди мавҷуд буданд. Вале бо оғоз ёфтани ислоҳоти бозаргонӣ тафовутҳобайни минтақаҳои ҷумҳури бо суръат афзоиш ёфтанд.

Тамоиолҳоитафовутпазирии (ноҳамгунии) минтақаҳо бо ёрии нишондиҳандаҳое арзёбӣ кардамешаванд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагониро баён месозанд.

Сатҳирушди иқтисодии кишвар ва минтақа тавассути сарватҳои андӯхтаи миллӣ муайянкарда мешавад. Аммо маълумоти омории минтақавӣ танҳо баъзе унсурҳои сарватимиллиро инъикос менамояд ва аз ин рӯ имкон намедиҳад, ки тадқиқотҳои муқоисавиибайниминтақавӣ анҷом дода шавад.

Дар солҳоиохир низоми омории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисобҳои миллӣ гузаштаистодааст, ки мутобиқи он ба сифати муайянкунандаи асосии рушди иқтисодӣ дарсатҳи миллӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар сатҳи минтақавӣ – ҳаҷми маҷмӯимаҳсулоти минтақавӣ гирифта мешавад. Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълумотҳоирасмиро аз рӯи сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ интишор медиҳад, аммо маҷмӯи маҳсулотиминтақавӣ бинобар мавҷуд будани мушкилоти хусусияти методӣ дошта, ҳанӯз ҳисобукитоб карда намешавад. Ба ғайр аз ин, дар ин маълумотнома нишондиҳандаҳои зиёдедохил карда мешаванд (ба монанди ҳисоби миёнаи душидани шир, ҳисоби миёнаитухмоварии мурғҳо, ҳисоби миёнаи тароши пашм), ки аслан барои доираи хеле тангимутахассисон лозиманд, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои зиёди хеле муҳим барои умумиҷомеа, дар бар гирифта намешаванд.

Дар натиҷа,дар ҷумҳурӣ маълумотро дар бораи даромадҳои воқеӣ ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ,бекории воқеӣ, бахши ниҳонии иқтисод, миқёси ҷараёнҳои пулӣ ва ғайра, пайдокардан ғайримумкин аст.

МинтақаҳоиҶумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳам фарқмекунанд.

Аз рӯимиқдори маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ тафовути байни минтақаҳои ҷумҳурӣхеле назаррас аст. Ин тафовутҳо ба таври равшан дар шакли сутунҳои нақшаи баёнӣнишон дода шудаанд. Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣдар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Турсунзода) ва миқдори аз ҳама камтар – дарвилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасад.

Барои арзёбии тафовутҳои минтақавӣкоэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда ҳисоб карда шуд, ки дар соли1991-50,9%, дар соли 1995-68,9% ва дар соли 2000-90,0%-ро ташкил медод.

Бӯҳронииқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум беистисно тамоми минтақаҳои ҷумҳурирофаро гирифта буд, вале дар ҳар минтақа он хусусиятҳои хоси худро дорад.

Дар соли 1998 шумораи ноҳия ва шаҳрҳои ҶумҳурииТоҷикистон, ки дар онҳо тағйирёбии истеҳсолот ба миқдори ҳисоби миёна (фосилаи55-85%) наздик будааст, фақат 7,3% – шумораи умумии онҳоро ташкил медод.Вазъият дар оғози соли 2000 як андоза беҳтар гардид, вале ҳанӯз қатъӣ не. Дарсоли 1998 дар муқоиса бо соли 1995 миқдори минтақаҳои ба таназзули амиқгирифторшуда афзоиш ёфт (аз 53,65 то 65,85%), минтақаҳои нисбатан тағйирёбиимуносиб дошта коҳиш ёфтааст (аз 25 то 27%).

Агарнишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатии соли 2000-ро бо соли 1991 бо муқоисагирем, гирифтор будани 63,4% ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба касодии истеҳсолии ҷиддӣаён мегардад.

Инчунинтафовутҳо аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ мавҷуданд.

Миқдориаз ҳама бештари истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар вилояти Суғд ва аз ҳамакамтар дар ВМКБ ба даст оварда шудааст.

Минтақаҳоиҷумҳурӣ аз рӯи сатҳи музди кор ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Коэффитсентивариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда дар соли 1991- 11,8%- ро ташкил медод, дарсоли 1995– 21,8%, ва дар соли 2000 – 54,5%, яъне тафовут зиёд мегардад. Ба табақаҳотақсим шудани минтақаҳо дар нақшаи 3 баён ёфтааст. Дар соли 1991 фарқи байнисатҳи ҳадди аксар ва ҳадди ақал аз сатҳи ҳисоби миёнаи умумиҷумҳуриявии муздикор 1,4 каратро дар соли 1991, 2,4 карат – дар соли 1995, 3,4 карат – дар соли1999 ташкил додаст, аммо дар соли 2000 ин нишондиҳанда як андоза коҳиш ёфт 3,2каратро ташкил дод.

Яке азомилҳои тафовути минтақаҳо аз рӯи сатҳи музди кори миёнаи моҳона – мавҷудбудани фарқ дар таркиби соҳавии иқтисоди минтақаҳо ба шумор меравад.

Дар соҳаиистеҳсолӣ музди кори аз ҳама камро коркунони соҳаи кишоварзию ҷангалпарварӣ вамузди кори нисбатан баландро коркунони дар саноат машғул буда доштанд.

Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсоли музди кори азҳама баландро коркунони муассисаҳои қарздиҳанда ва суғурта ва аз ҳама пастродар системаи тандурустӣ мегиранд.

Ба ҳамин тариқ, сатҳи нисбатан баландимузди кор дар ноҳияҳое вуҷуд дорад, ки дар онҳо саноат, инфраструктураибозаргонӣ тараққӣ ёфта ба соҳибкории муштарак шароит фароҳам омадааст (шаҳри Душанбе,баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ).

Сатҳи нисбатан пасти музди кор дарминтақаҳоест, ки аз ҳама бештар дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зарар дидаанд (ноҳияҳоиалоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон), инчунин ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати мавқеиҷуғрофӣ аз марказ ҷудо ва дурдаст (ноҳияҳои ВМКБ) мебошанд.

Саволи 3.Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодатмедиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври умум ба минтақаи мушкилотдор мансубдонистан мумкин аст, зеро аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳурисатҳи пасти рушд ба назар мерасад, ки дар миқдори зиёди корхонаҳои аз кор мондава дараҷаи баланди камбизоатии аҳолӣ ифода меёбад. Дар навбати худ дар дохили ҷумҳурӣминтақаҳое ҷудо шуда меистанд, ки нишондиҳандаҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодиихеле паст доранд.

Дар соли2001 аз моҳи апрел то июн аз тарафи муаллимони ДДМТ дар доираи лоиҳаи баландбардоштани сифати тайёркунии мутахассисон пурсиши аҳолӣ дар минтақаҳои алоҳидагузаронида шуд.

Натиҷаҳоипурсиши аҳолии ҷумҳурӣ нишон додаанд, ки яке аз иллатҳои асосӣ дар Тоҷикистонкамбизоатӣ мебошад ва барои мубориза бо он, албатта, сабабҳои онро ҷустуҷӯкарда, роҳҳои ҳалли муносиби онро ёфтан зарур мебошад.

Дар ҳамаиноҳияҳое, ки пурсиши аҳолӣ гузаронида шуд, аксарияти шахсони пурсидашуда басифати мушкилоти асосии ноҳия – мушкилоти таъмин бо шуғл, даромади ночиз, мавҷуднабудани ҷойҳои корӣ, шароити бади маишӣ (набудани об, нерӯи барқ ва газ) – ронишон медоданд.

Аз рӯи ақидаипурсидашудагон сабаби асосии бекорӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ мавҷуд набудани ҷойҳоихолӣ, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури– паст будани сатҳи музаи кордар корхонаву муассисаҳои амалкунанда мебошад.

93,3% аҳолиа пурсидашудаи ВМКБ кор кардам дарбахши давлатиро афзал мешуморанд, дар вилояти Хатлон 65% дар НТҶ – 64% ва дарвилояти Суғд 41%.

Муздикор манбаи асосии даромад дар байни аҳолии дар пурсиш иштироккардаи вилояти Суғд,ВМКБ ва вилояти Хатлон мебошад, дар ноҳияҳоитобеи ҷумҳурӣ даромадҳои аз хоҷагиҳои ёрирасон бадастоянда ҳамчун манбаи асосӣ ҷудокарда шуданд.

Басаволи «Вазъи моддии оилаи Шумо нисбати солҳои пеш беҳтар гардид?» дар ВМКБ танҳо 6,6%, дар вилояти Суғдва НТҶ – 12%, дар вилояти Хатлон 37,5% пурсидашудагон ҷавоби мусбат додaанд.

Хизматрасониитиббӣ дар НТҶ танҳо ба 20% аз шумораи пурсидашудагон, дар вилояти Суғд – 22,5%,дар ВМКБ – 40%, дар вилояти ХатлоН 57,5% дастрас мебошад.

Пасткардани камбизоатӣ, ки қисми бештари аҳолии минтақаҳои пурсиш гузаронидашуда баон мубтало гаштаанд аз қарорҳои давлат, инчунин соҳибони ширкатҳои хусусӣ ва ғайридавлатиидигар, ки дар минтақаҳо воқеанд, вобастагӣ дорад. Пурсиш нишон дод, кикамбизоатӣ аз ҳама бештар дар табақаи нафақахӯри аҳолӣ мушкилот ба вуҷудовардааст. Нафақахӯрон метавонанд кор карда даромади иловагӣ гиранд, вале ин баҳама муяссар намегардад.

Эҳтимолидучори камбизоатӣ шудан ба андозаи баланд шудани сатҳи маълумотнокӣ ва мақоми иҷтимоиюкасбии сардори оила коҳиш меёбад. Сатҳи камбизоатӣ дар байни ҷавонон ва оилаҳоисинну соли калонтар (аз 46 сола боло) аз ҳама баландтар аст, вале дар оилаҳоисинну соли миёна нисбатан паст мебошад. Вобаста ба ҳайати оила, сатҳи камбизоатӣ,махсусан, барои одамони солхӯрдаи танҳо, одамони танҳои синну соли қобили кор,инчунин оилаҳое, ки се ва аз он бештар кӯдак доранд, зиёд аст. Омилимуайянкунанда инчунин шумораи шахсони ба оила даромад оваранда ба ҳисобмеравад.

Дар Тоҷикистончунон, ки аз пурсиши аҳолӣ маълум гардид, музди кор ҳанӯз қисмати асосиидаромади оила мебошад, зеро пардохтҳои интиқолии давлат хеле ночизанд вабарномаи хусусигардонӣ, ки ба ҳарчи зудтар тағйир додани шаклҳои моликиятнигаронида шудааст, ҳеҷ гуна маблағ наоварда истодааст. Таркиби хароҷоти оила ҳамонокоҳишёбанда боқӣ мемонанд, он мтвофиқи маълумоти тадқиқотҳо саросар аж хароҷотиэҳтиёҷоти дараҷаи аввал иборат буда ба коҳиш ёфтани сифати зиндагӣ (истифода азхизматрасониҳо, фарҳанг, маориф ва ғайра) оварда расонидааст. Вазъиятро дар ҳоле,ки касе кафолати эмин будан аз инфлятсия, бекорӣ, зӯровариро надорад, аслан ҳамчунбенаво шудани халқ қаламдод кардан мумкин аст. Вазъият дар ин бобат боз бештарбоиси нигаронӣ мегардад, агар афзоиши бемислу монанди фарқ дар байни аҳолӣ аз рӯидаромадҳо ва таъминоти моддӣ, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ ва костагӣ ёфтани бехатариишахсии шаҳрвандон ба назар гирифта шавад. Дар ин мавридҳо сарфи назар кардани ҷиҳатҳоипсихологӣ аз ҷумла, тағйироти ҳузновари тарзи зиндагонии мардум дар системаиарзишҳои устувори иҷтимоӣ мумкин нест, ин боиси ба дараҷаи баланд шиддатнокгардидани минтақаҳои мушкилотдор мешавад. Ба табақаи камбизоат дар қаторисокинони деҳот ва «гурӯҳҳои осебпазир» инчунин табақа ва гурӯҳҳое аз аҳолӣ низдаромадаанд, ки пештар ба гуруҳҳое дохилбуданд, ки даромади миёна ё бештар аз миёна доштанд – аз қабили духтурҳо,муаллимон, кормандони илмӣ, хизматчиёни давлатӣ.

Минтақаҳодар қатори мушкилоти умумӣ дорои мушкилоти танҳо ба онҳо хосбуда низ ҳастанд,аз ин рӯ хусусиятҳои хоси минтақаҳоро дар назар гирифтан зарур аст. Вазифаиаввалиндараҷаи рушди минтақаҳо ба эътидол овардани инкишофи иҷтимоию иқтисодӣмебошад, вале вазифаи стратегӣ таъмин намудани рушди комплексӣ ба воситаи амалӣ гардонидани бартариятҳоимутлақ ва нисбӣ мебошад, ки ҳар кадом минтақаи ҷумҳурӣ дорад.

Барои таҳия намудани асосҳои сиёсати иҷтимоӣдар минтақаҳо маълумотҳои оморие бояд мавриди таҳлил қарор дода шаванд, кивазъияти иҷтимоиро баён месозанд. Дар аксар мавридҳо нишондиҳандаҳои марбут башуғли аҳолӣ, даромадҳо ва инфраструктураи иҷтимоӣ истифода мегарданд.

Мутаассифона, маълумоти оморие, ки доир ба ҷумҳурӣнашр мешавад, дар ҳаҷми пурра равандҳои иҷтимоиро инъикос намесозад, аз ҷумламаълумотҳо дар бораи даромадҳои воқеӣ, ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ дар ноҳияҳои алоҳидаинтишор намеёбанд, ҳадди ақали барои рӯзгузарони зарурӣ бо дарназардошти хусусиятҳоиминтақавӣ ҳисоб карда намешавад, маълумот дар хусуси шиддатнокии бозори кор ноқисаст.

Саволи4. Таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии комплексии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо вадигар воҳидҳои марзӣ муҳимтарин вазифаи мақомоти идоракунии давлатӣ дар маҳалҳоба шумор меравад. [укуматҳои маҳаллӣ ҳамчун мақомоти комилҳуқуқи давлатӣ нақшиасосиро чун субъекти танзимкунандаи давлатии рушди минтақа адо намуда, назоратифаъолияти корхонаву ташкилотҳои шакли гуногуни хоҷагидорӣ доштаро дар соҳаиистифодаи замин, ҳифзи табиат, сохтмон, истифодаи захираҳои меҳнатӣ, истеҳсолимолҳои ниёзи мардум, хизматрасониҳои иҷтимоию фарҳангӣ, маишӣ ва ғайраро ба аҳолӣба амал мебарорад.

Рушди комплексии иҷтимоиву иқтисодии минтақа дар заминаи истифодаи аз дидгоҳи иқтисодӣасоснок кардашудаи манбаъҳои моддӣ, табиӣ ва захираҳои меҳнатии минтақаташаккул додани рушди мувофиқагардидаи соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва соҳаихизматрасонӣ ва бар ҳамин асос фароҳам овардани шароити иқтисодии зиндагонӣ вамаишати аҳолиро дар назар дорад.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳалли инвазифа дар давраи пеш дар чорчӯбаи нақшаҳои минтақавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ҳамчунҷузъи таркибии системаи ягонаи банақшагирии хоҷагии халқ сурат мегирифт.

Гузариш ба низоми бозаргонӣ, яъне дасткашидан аз банақшагирӣ ва идоракунии мутамарказ шароит ва манбаи захираҳоро бароирушди комплексии минтақаҳои алоҳида кулан тағйир дод. Азбаски нақшаи ягонаи хоҷагиихалқ вуҷуд надорад ҳамчунин нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои алоҳиданиз вуҷуд надоранд. Вале ин маънои онро надорад, ки дар шароити бозаргонӣидоракунии давлатии раванди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳова воҳидҳои дигари ҳудудӣ зарурат надоштабошад.

Таъмини рушди комплексии иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар шароитивусъат ёфтани муносибатҳои бозорӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти минтақавииидоракунӣ – ҳукуматҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди иҷтимоиюиқтисодии комлексии воҳидҳои маъмурии ҷумҳурӣ бояд бо назардошти меъёрҳоизерин сурат гирад:

  • афзудани ҳиссаи ҳар кадом вилоят, шаҳр ва ноҳиядар беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисодии рушди тамоми кишвар;
  • ноил шудан ба рушди мувофиқгардида ва бо ҳамдигармутобиқат кунондашудаи соҳаҳои хоҷагии минтақа;
  • истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзионҳо;
  • истифодаи пурра аз захираҳои меҳнатӣ ва таъминнамудани шуғли муносиби онҳо;
  • таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳоииндекси рушди инсонӣ.

Ислоҳоти иқтисодӣ дар низоми иқтисодимиллии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳо дахолат накарда наметавонист.Минтақаҳо дар рушди иқтисодӣ аз усулҳои соф маъмурии идоракунии ба усулоибозорӣ гузашта шаклҳои демократии таъсиррасонӣ ба ҷараёни иқтисодӣ (хоҷагӣ) –ро ба асос гирифтанд ва мақоми субъектҳои воқеии иқтисодиро пайдо намуданд, киметавонанд сиёсати иҷтимоию иқтисодии худии рушди минтақаро ташаккул диҳанд.

332
Нет комментариев. Ваш будет первым!