Рушди босуботи иқтисодӣ –асоси пешрафти ҷамъияти башарӣ

С 1.Заминаҳои пайдоиши мафҳуми тараққиёти босубот

С 2. Мафҳумитараққиёти босубот ва шарҳи ботавсили он

С 3.Меъёрҳо (индикаторҳо)-и тараққиёти босуботи иқтисодӣ

С 4.Самтҳои асосии тараққиёти босубот дар ҶТ

САВОЛИ 1. Дар шароити ҳозира модели анъанавии иқтисодиимамлакатҳои тараққикардаро бо сабаби бо баъзе аз меъёрҳо ба мақсад мувофиқнабудаш, барои дигар кишварҳо ба сифати намуна истифода бурдан ба мақсад мувофиқнест. Ин ҳолат дар бисёре аз ҳуҷҷатҳои СММ ва дигар маърузаҳое ки дар конфронсҳоибайналхалқӣ мегузарад доимo баррасӣкарда мешавад. Дар он аз он ҷумла қайд карда мешавад, ки модели тараққиёти ғарбдигар ба мақсад мувофиқ набуда, ягона роҳҳои ҳалли муаммоҳои глобалӣ –ин тараққиётибосубот мебошад. Аз ин гуфтаҳо он чиз гувоҳӣ медиҳад, ки истифодаи захираҳоитабиӣ ва ҳаҷми ифлосшавӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакатҳои тараққикарда нисбатидавлатҳои рӯ ба инкишоф қариб 50 маротиба зиёд мебошад. Барои бадастории сатҳитараққиёт ва истеъмоли мамлакатҳои пешқадам барои ҳамаи кишварҳои дунё зарураст, ки истифодаи захираҳои табии ва миқдори ифлосиҳоро ба миқдори 10 маротибазиёд намоянд, ки дар ин ҳолат маҳдудияти захираҳо ва мураккаб гардидани муаммоҳоиэкологӣ ғайримкон аст (дар бораи муаммоҳо).Масалан, агар мамалакатҳои рӣ ба тараққӣ хоҳанд, ки тарзи зиндагии мамлакатҳоитараққикардаро дошта бошанд, он гоҳ зарурият пайдо мешавад, ки истифодаи захираҳоисӯзишвориро бо 10 маротиба, сатҳи истифодаи захираҳои минералиро тахминан ба200 маротиба зиёд намоянд.

ҳолати мураккаб гардидани проблемаҳои экологииистифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфии он ба муҳити зист бисёре аз роҳбарониҳатто мамлакатҳои иқтисодашан тараққикардаи дунёро ба ташвиш даровардааст. Дарин бораи вице-президенти ИМА А. Гор дар солҳои 1993-2000, дар китоби «Замин дарпалаҳои тарозу. Экология ва руҳи одамӣ» (1992) чунин менависад: «дар шароити ҳозиратараққиёти иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат ба муҳити зист харобиовар аст, ки ин ҷараёнрӯз то рӯз ба табиат ва дар ниҳояти кор ба тараққиёти башарӣ таъсири манфиихудро расонида истода аст».

САВОЛИ 2. Дар ташаккули консепсияи тараққиёт боназардошти маҳдудиятҳои эколoгӣ чӣ азҷиҳати назариявӣ ва чӣ аз ҷиҳати амалӣ маърузаи Комиссияи байналхалқӣ бо муҳитизист ва тараққиёт «Ояндаи умуми мо» (с 1987), ки бо супориши СММ таҳти раисииХ.Г. Брундтланд гузашт, мақоми муҳимро ишғол намуд. Мақсади асосии маърузакоркарди барномаи глобалии тағиротҳо дар тараққиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт. Дармаъруза стратегияи дарозмуддат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки тараққиётибосуботи иқтисоди ҷаҳониро ба мӯҳлатҳои зиёд пешбини мекард пешниҳод карда шуд,ки дар он роҳҳо ва воситаҳои истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ дар маддиаввал меистод. Хулосаҳо ва пешниҳодҳои комиссияи байналхалқӣ аз тарафиАссамблеяи Генералии СММ баҳои мусбиро гирифт. Ба ҷумлаи чунин чорабиниҳоКонфронси СММ дар бораи муҳити зист ва тараққиётро дохил кардан мумкин аст, кион соли 1992 дар Рио-де-Жанейро баргузор гардид. ҳуҷҷати муҳиме ки дар инконфронс баррасӣ гардид ин барномаи «Тартиби рӯз барои асри ХХ1» буд, ки азтарафи 179 давлати дунё қабул гардида ки дар худ таҷассумкунандаи барномаиглобалии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии башарӣ барои садсолаи оянда буд.

Асоси ташаккулёбии навъи сатҳи экологӣ-иқтисодӣ,чи хеле ки дар хулосаҳои маъӯза қайд мегардад ин бояд тараққиёти босубот бощад.Дар ҳозира дар адабиётҳо бештар аз 60 мафҳуми тараққиёти босубот вуҷуд дорад,ки миёни онҳо таърифе ки аз тарафи комиссияи Г.Х. Брундтланд мебошад ба мақсадбештар мувофиқ аст. Онро бо чунин тарз шарҳ метавон намуд: «тараққиёти босубот– ин чунин тарзи тараққиёт мебошад, ки талаботи ҳозираи аҳолиро қонеъ намуда,аммо талаботи насли ояндаро таҳти хатар намемонад». Он аслан ду мафҳуми асосиродар бар мегирад:

1) мафҳуми талабот, аз он ҷумла талабот, бароиарзи вуҷуд доштани табақаи қашоқи аҳолӣ, ки бояд предмети аввалиндаҷаи пешбурдиҷамъият бошад;

2) мафҳуми маҳдудият, ки ҳолати технологӣ ваташкилии ҷамъиятро бо назардошти ҳифзи муҳити зист, ки барои қонеъ намуданиталаботи имрӯзаю ояндаи ҷамъият равона карда шудааст дарбар мегирад.

Инчунин бояд онро низ қайд намуд, ки мафҳумҳоигуногуни тараққиёти босубот низ вуҷуд дорад, ки ҷиҳатҳои муҳими иқтисодии онромуайян мекунад, ки миёни онҳо метавон ҳолатҳои зеринро ҷудо намуд:

-тараққиёте мебошад, ки хароҷотҳои зиёдатиробарои насли оянда талаб намекунад;

-тараққиёте ки ҷиҳатҳои манфии истифодабариизахираҳоро кам мекунад (минимизирует);

– тараққиёте ки такрористеҳсоли васеъи захираҳоиистеҳсолиро барои оянда қонеъ мегардонад;

-тараққиёте аст, ки тақозо мекунад инсоният аз ҳисоби фоизикапитали табиӣ зиндаги намояд, ба мисли оне ки дилхоҳ инсони боақл аз ҳисобифоизи маблағе ки дар бонк дар гардиш ҳаст зиндагии худро пеш мебарад.

САВОЛИ 3. Бояд кайд намуд, ки гузариш батараккиёти босубот такозо менамояд, ки омилхои экологиро ба каторинишондихандахои иктисоди-ичтимои дохил намояд, ки ин чараён метавонад бовоситаи индикаторхои тараккиёти босубот амали гардонида шавад. Онхо бояд ба барномахои байналхалки ва миллиитараккиёти босубот дохил карда шаванд, ки на танхо таракиёти иктисоди, балкисатхи хифзи мухити зистро низ арзёби карда тавонанд.

Бояд кайд намуд, ки бисёре аз нишондиҳандаҳоимакроиктисодии анъанави (ММУ, МММ, ММД, даромад ба ҳар сари аҳолӣ) тараққиёти иқтисодиробаҳогузорӣ карда, аммо ҳалли проблемаҳои экологиро мaҳдуд менамояд. Ин ҳолат баон оварда мерасонад, ки ба назар гирифтани танҳо нишондиҳандаҳои иқтисодӣметавонад дар ниҳояти кор сабаби ғайриокилона истифодабарии захираҳо ваифлосшавии муҳити зист гарданд. Бо ақидаи олими амрикоӣ, иқтисодчӣ-экологГерман Дели, то он вақте ки меъёри беҳдошти сатҳи зиндагии одамон нишондиҳандаҳоимакроиқтисодии анъанавӣ мебошад дар роҳи тараққиёти иқтисодӣ ва умуман тараққиётибашари монеъаҳои бузург вуҷуд доранд. Бозор факат самаранокиро ба назаргирифта, аммо адолатнокӣ ва босуботиро ҳис карда наметавонад.

Чӣ хеле ки дар боло қайд карда шуд, дарконфронси СММ дар бораи муҳити зист ва тараққиёт баргузор гардид (с. 1992 дарРио-де-Жанейро), аз тарафи 179 давлати дунё қабул гардида ки дар худ таҷассумкунандаибарномаи глобалии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии башарӣ барои садсолаи ояндабуд қайд гардид, ки индикаторҳои босубот бояд ба критерияҳои зерин ҷавобгӯбошанд:

-бояд имконияти истифодабарӣ дар дараҷаи бузург(макроуровень) ва масоҳати миллӣ доштабод;

-ҷиҳатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро доштабошанд;

-бояд бо воситаи нишондиҳандаи ҳам миқдорию ҳамсифатӣ ҷавобгӯ бошанд;

-бояд ба системаи омори миллӣ такя карда тақозоихароҷотҳои зиёдатиро ба ҷамъи ахборот ва ҳисобҳо надошта бошад;

-бояд шафофиятии ҳодисаҳо баръало ба мушоҳидарасад;

– ба талаботҳо ва меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯбошанд.

ҳамин тавр индикаторҳои тараққиёти босубот азинҳо иборат астанд:

Энергогунҷоиш (3,6 кг у.т. /руб. ВВП), фондғунҷоиш,ҳисоби экологӣ, аудити экологӣ, коэфисиенти азнавкунии фонҳои истеҳсолӣ (1,2%), партовҳои ифлосиҳо ба муҳити зист ба воҳиди ММД (80,3 кг/тыс. руб. ММД),партовҳои ҷисмҳои сахт аз сарчашмаҳо (2,8 млн. т), партовҳо ва ифлосиҳо ба воҳидиММД (0,143 метри кубӣ/млн. сомонӣ. ММД) ва ғайраҳо.

САВОЛИ 4. ҳамин тавр фикру ақидаҳои дар болоовардашударо таҳлил намуда самтҳои муҳимтари тараққиёти босуботро қайдменамоем, ки миёни онҳо чунин самтҳоро метавон ҷудо намуд:

-истифодаи оқилонаи захираҳо (замин, об, ҳаво,олами ҳайвоноту наботот ва ғ.);

– экологикунонии ҷараёни истеҳсолот (гузариш батехнологияи кампартов ва бепартов, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон боусули биологӣ, мaҳсулотиаз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғ.);

-молиякунонии ҷараёни истеҳсолот (додани қарзҳои имтиёзнок ва фоизашонпаст, ҷоннок намудани сармоягузориҳои давлатӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣва ғ.);

-таъмини технологияи инноватсионӣ (истифодаимасалан нурҳои офтоб, стансияҳои бодӣ, яъне табдил додани захираҳои табиӣ ба иқтисодӣ,ҷорӣ намудани намудҳои нави обмонӣ);

– гузариш ба технологияи энергия ва ҳифзкуниизахираҳо, муҳофизати муҳити зист ба хотири истеҳсоли мaҳсулоти рақобатпазир;

-баланд бардоштани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва сатҳинекӯаҳволии халқ (бо ҷои кор таъмин намудан, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва қашоқӣ,сатҳи бекорӣ, баланд намудани маош ва ҷоннок намудани соҳаҳои иҷтимоӣ);

-мукаммал гардонидан ва рушди моликияти зеҳнӣ.

ҳаминтавр, дар ҳолати комплексии ҳалли чорабиниҳои зерин метавонад рушди тараққиётибосуботи иқтисодӣ ба қадре ҳам бошад таъмин гардад.

400
Нет комментариев. Ваш будет первым!