Бахши иҷтимоӣ, тавсифи соҳаҳои он ва хусусиятҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бозор
С 1.Тавсиф ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ. Хусусиятхои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар деҳот
С 2.Муаммоҳои камбизоатии аҳолӣ, вазъ ва проблемаҳои он дар Тоҷикистон
С 3.Масъалаҳои ҳифзи иҷтимои дар барномаҳои давлатӣ (Стратегияи паст кардани сатҳикамбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Стратегияи миллиирушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015)
С 4. Таъмини суботиэкологӣ – омили муҳими ба рушди иҷтимоӣ мусоидаткунанда
Саволи 1. Ислоҳотисистемаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имкон медиҳад маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоиюиқтисодӣ, ки ба ҳифзи аҳолӣ аз бекорӣ, баландравии нарх, беқурбшавии даромадҳоимеҳнатӣ нигаронида шудаанд, татбиқ гардад. Бо дарназардошти ҳамин самтҳоиафзалиятноки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ он самтҳое ба ҳисоб мераванд, ки мустақиман басатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад: шуғл, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа,кумаки суғуртаи иҷтимоӣ. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз системаи суғуртaидавлатии иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа, шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқиоила, кӯдак, расонидани кумаки суроғавии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир вакамбизоат иборат мебошад. Таҳлили вазъи системаи ҳифзи иҷтимоӣ нишон медиҳад,ки проблемаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд: дар сиёсати иҷтимоӣ нигоҳ доштаниметодология, усул ва муносибатҳое, ки то давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣистифода мегардиданд; ноустувории молиявии системаи ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаидавлати иҷтимоӣ ва таъминот бо нафақа;паст гардидани ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ, ки ба хизматрасонии кумаки иҷтимоӣравона карда мешаванд; мавҷуд набудани шаффофияти ҳаракати воситаҳои молиявиисистема; хароҷоти баланди маъмурӣ барои идоракунии система; мушкилии механизмирасонидани кумаки суроғавии иҷтимоӣ; мавҷуд набудани сиёсати мақсаднокидемографӣ; ҳифзи нокифояи иҷтимоию ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон; маҳдудбудани таъминоти иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ (омори иҷтимоӣ); номутобиқатииташкили таъминоти маъюбон, пиронсолон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд бастандартҳои умумиқабулгардида; мавҷуд будани теъдоди зиёди бахшҳои «ниҳонӣ»;сифати пасти нерӯи меҳнатии кишвар ва рақобатпазирии он.
Бо дарназардошти мақсадҳо ва афзалиятҳоиСтратегияи миллии рушд ва СПКСК вобастаба проблемаҳои бахш вазифаҳои зайл муайян гардиданд: (1) бозсозииинститутсионалии системаи ҳифзи иҷтимоӣ; (2) ташаккули системаи устуворимолиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъминот бо нафақа; (3) таъсиси заминаитадқиқоти методологӣ, мониторинг ва танзими бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ;(4) ташкили мусоидат ба шуғли аҳолӣ; (5) таъсиси системаи самарабахши кумакисуроғавии иҷтимоӣ; (6) баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ;(7) таъсиси системаи ягонаи бисёрсатҳҳаи идоракунӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак.
Масъалаҳои мазкур бояд чунин ҳал карда шаванд:
· тағйирдодан ва таҷдиди заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, ки таъсисимеханизми маҷмӯии асосноксозиро барои ҳамаи субъектҳои (иштирокчиёни) системаисуғуртаи давлатии иҷтимоӣ таъмин менамояд;
· таҷдидиназар намудани системаи имтиёзҳо ва афзалиятҳо, тафриқагузории (дифференсатсияи) онҳо, муайян намудани манбаи захираҳоимолиявӣ ва кам кардани ҳаҷми истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои маҳдуди молиявӣ;
· баҳисобгириисифатии ҳуқуқи нафақаи шахсони суғурташуда, ҷорӣ намудани технологияи баҳисобгирииинфиродикардашуда;
·гузаронидани пешбиниҳои мунтазами тағйирёбии (оқибатҳои) иҷтимоию демографиирухдиҳанда, ки ба буҷети давлатии кишвар таъсир мерасонанд.
Татбиқи тадбирҳои маҷмӯи ба ҳам алоқамандиаввалиндараҷа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар дурнамои миёнамӯҳлат(2007-2009) имкон медиҳад, ки чораҳои зерин амалӣ гардад: самарабахшииидоракунии воситаҳои пулии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва системаи нафақа дар маҷмӯъбаланд бардошта шавад; теъдоди шахсони суғурташуда дар системаи суғуртаидавлатии иҷтимоӣ афзоиш ёбад; афзоиши воридоти саҳмҳои суғурта таъмин гардад;сатҳи бекорӣ паст карда шавад; сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардошташавад; андозаи музди меҳнат, нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ баланд бардошташавад, ин ки имкон медиҳад дар давраи пешбинишаванда сатҳи камбизоатӣ то 10-12фоиз паст карда шавад.
Саволи 2. Сарфиназар аз методикаи интихобгардидаи ҳисоби сатҳи камбизоатӣ амиқан рӯ батаназзул аст. Мисол, маълумоти мавҷуда (бо ҳисоби сатҳи умумии камбизоатиимутлақ нисбат ба сатҳи даромади ниҳояти нодорӣ дар асоси ҒS$2.15 ва ҒS$1.08 ТҚХдар як рӯз) нишон медиҳад, ки аз соли 1999 инҷониб сатҳи камбизоатӣ аз 87 фоиздар соли 2003 то 64 фоиз ва мутобиқи маълумоти арзёбӣ (баҳодиҳӣ) дар соли 2004то 57 фоиз паст гардид. Нодории аз ҳад зиёд ду маротиба камтар шуда, аз 36 фоиздар соли 1999 то 18 фоиз дар соли 2003 паст фаромад. Бо дарназардошти равандирушд эҳтимол меравад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷараёни солҳои 2005 ва 2006 низпаст гардидааст, вале сатҳи дақиқи паст гардидани камбизоатиро метавон танҳодар соли 2007, вобаста ба таҳлили нақшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян кард.Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 1999-2004 аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисодӣалоқаманд аст, ки натиҷаи суботи макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвармебошад. Вале, сарфи назар аз дастовардҳои зикргардида, Тоҷикистон бо сатҳи ММДбарои ҳар як нафар аҳолӣ дар ҳаҷми 337.5 доллари ШМА дар соли 2005 ҳанӯз ҳам яке аз ҷумҳуриҳои камбизоаттариндар минтақа боқӣ мемонад.
Дар сатҳи минтақавӣ паст гардидани камбизоатӣ аз 12 то26 фоиз ба мушоҳида расид. Дар НТҶ сатҳи нисбатан босуръати паст гардидани камбизоатӣ (26 фоиз) ба қайдгирифта шудааст, ҳол он, ки дар дигар минтақаҳои кишвар ин суръат амалан думаротиба камтар буда, нишондиҳандаи пасттарин – 12 фоиз дар шаҳри Душанбе бамушоҳида мерасад. Нишондиҳандаҳои нодории аз ҳад зиёд дар Вилояти Мухтори КӯҳистониБадахшон бештар кам гардидааст.Хусусияти тафриқаи минтақавӣ асосан ба фарқияти сатҳи даромад, арзиши рӯзгузаронӣва сатҳи умумии рушди иҷтимоию иқтисодии ин ё он минтақа алоқаманд мебошад. Ҳамчуниндар дохили минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ фарқияти назаррас ба мушоҳидамерасад, ки ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияҳо (ҷойгиршавӣ дар пастхамиҳо, маҳалҳоикӯҳӣ), наздик ба ҳудуди шаҳрҳои калон ё марказҳои саноатӣ, тамоилҳо дар соҳаикишоварзӣ ва ғайра) алоқаманд мебошад. Мисол, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣдар Вилояти Суғд барқарорсозии корхонаиалоҳидаи саноатӣ; дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки минтақаи алоҳидаикӯҳӣ ва камаҳолӣ мебошад, фароҳам овардани кумаки башардӯстона, рушди бахшихусусӣ ва афзоиши маблағгузарониҳои хусусӣ; дар НТҶ (маҳали ҷойгиршавии Заводиалюминий) рушди саноат, афзоиши шуғл ва тавсеаи соҳаи кишоварзии ғайрипахтакорӣмусоидат намуд. Мутобиқи нишондиҳандаҳои мутлақ, аксарияти мардуми камбизоатдар вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиндагӣ мекунанд, ки 65 фоизи тамоми аҳолии Тоҷикистонрофаро мегиранд. Ба ин минтақаҳо 72 фоизи аҳолии камбизоат ва 75 фоизи аҳолии ниҳоятнодор рост меояд, ки муҳимияти дар ин ду вилоятҳои сераҳолӣ мутаваҷҷеҳ сохтаниазму талошро тақозо менамояд.
Сарфи назар аз афзоиши назарраси суръати пастгардидани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо, камбизоатӣ ба тавриафзалиятнок хоси деҳот мебошад. Дарсоли 2003 65 фоизи аҳолии деҳот бо дороии камтар аз 2.15 доллари ШМА ТҚХ (таносуби қудрати харидорӣ) дар як рӯз зиндагӣмекард, ҳол он ки дар шаҳрҳо ин нишондиҳанда 59 фоизро ташкил дод. Вале сатҳипаст гардидани камбизоатӣ дар солҳои 1999-2003 нисбат ба шаҳрҳо (14 фоиз)бештар дар деҳот (19 фоиз) ба мушоҳидарасид. Дар соли 2004 фарқияти камбизоатӣ байни шаҳр ва деҳот боз ҳам пасттаргардида, айни замон чандон назаррас намебошад (мутобиқи арзёбиҳо камбизоатӣ даршаҳрҳо 58 фоиз ва дар деҳот 57 фоизроташкил медиҳад). Камбизоатӣ дар шаҳрҳо аз бисёр ҷиҳат ба мавҷуд набудани ҷойҳоикорӣ ва гирифтани маош дар иқтисодиёти расмӣ ва дар деҳот бошад- аз сабабидаромади паст, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин дастрасии нокифоя бахизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, таъминот бо об ва ғайра)алоқаманд мебошад.
Таъсири самараи рушди иқтисодӣ ба паст кардани сатҳикамбизоатӣ дар деҳот бештар аст.Беш аз70 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва аксари аҳолии камбизоат дар деҳот зиндагӣмекунанд. Чандирии сатҳи камбизоатӣ вобаста ба рушди иқтисодиёт дар деҳотнисбат ба шаҳрҳо баландтар буда, мутаносибан 0,71 ва 0,61-ро ташкил медиҳад. Ин дар маҷмӯнишон медиҳад, ки таъсири дигаргуниҳоисохторӣ дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар бахши пахтакорӣ ва ислоҳоти заминбарои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири нисбатан муассир мерасонад.
Нишондиҳандаҳои демографӣ ба сатҳи камбизоатӣтаъсири мустақим мерасонанд. Чуниннишондиҳандаҳо ба монанди андозаи хоҷагиҳои ҳавлигӣ, теъдоди атфол, ҷинс васинну соли аъзои ҳавлӣ ҳангоми арзёбии сатҳи камбизоатӣ омилҳои муайянкунандамебошанд. Мисол, дар муқоиса бо сатҳи миёнаи камбизоатӣ дар кишвар (64 фоиз),хатари камбизоатшавии онҳо нисбат ба хоҷагиҳоиҳавлигии дорои ду кӯдак ё камтар аз онду маротиба бештар аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ (10 фоиз дар 7 соли охир) бароисистемаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ боиси шароитҳои хоси маҳдудсозандамегардад, ки бе ин ҳам бо ниҳояти имкониятҳои хеш фаъолият мекунанд. Омилҳоидемографӣ ба бозори меҳнат низ таъсирмерасонанд, ки дар он аз ҳоло афзалияти пешниҳодҳо нисбат ба талабот ба мушоҳидамерасад.
Саволи3. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 барои таҳияи барномаи дарозмӯҳлати иҷтимоиюиқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли2015 (минбаъд-СМР) ташаббус зоҳир намуд ва бо дарназардошти он Стратегияимиёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 дар ҶумҳурииТоҷикистон таҳия гардид.
Вобаста ба ин амали СПКСК инчунин ба мақсад ва афзалиятҳои Стратегияимиллии рушд (ислоҳоти идораи давлатӣ;рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо; рушди нерӯи инсонӣ) асос ёфта, бароидар Тоҷикистон ташаккул додани давлати демократию пешрафта нигаронида шудааства дар он ҳамаи аъзои ҷомеа метавонанд аз дастовардҳои сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣбаробар баҳравар бошанд.
Фаъолияти дар доираи СПКСК пешбинигардида натиҷаҳова сабақҳои вобаста ба татбиқи ҲСПКСК дар солҳои 2002-2006 андӯхтаро ба инобатмегирад.
Ба мисли Стратегияи миллии рушд амали СПКСК барои рушди 12 бахши (самти) ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида шудааст, кивобаста ба нақш ва мавқеи онҳо дар таъмини рушди устувор ва самарабахши иқтисодиёт,баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ ба аҳолии камбизоат шартан ба себлок муттаҳид карда шудаанд:
(а) Блоки функсионалӣ, ки шароитҳои дахлдориинститутсионалии рушдро таъмин намуда, бахшҳои зайлро дар бар мегирад: ислоҳотиидоракунии давлатӣ; рушди макроиқтисодӣ; беҳбуди фазои инвеститсионӣ, инкишофибахши хусусӣ ва соҳибкорӣ; ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
(б) Блоки истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣшароитҳои моддиро таъмин намуда, бахшҳои зайлро муттаҳид месозад: амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши аграрӣ;рушди инфраструктура, энергетика ва саноат;
(в) Блоки иҷтимоӣ, ки дастрасии васеъро бахизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои рушди ҷомеа таъминнамуда, бахшҳои зеринро дар бар мегирад: рушди системаи тандурустӣ; рушди системаи маориф ва илм; тавсеаи дастрасӣба таьминот бо об, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; такмили ҳифзи иҷтимоииаҳолӣ; таъмини баробарии гендерӣ; таъмини суботи экологӣ.
Стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои рушди қабулгардидава таҳияшавандаи давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ барои татбиқи СПКСК тағйири тамоил (самт) карда хоҳанд шуд (аз ҷумлаБИД).
СПКСК яке аз воситаҳои муошират бо ҳамаи тарафҳоиманфиатдор, аз ҷумла бизнес ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳоибайналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ – донорҳоиТоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷмедиҳад, ки вазифаҳо ва амали СПКСК ҳангоми таҳияи барномаҳои кумаки техникӣ вамолиявӣ ба кишвар ба инобат гирифта шаванд.
Ҳар як вазифаи СПКСК дар шакли номгӯи амалимушаххас, бо дарназардошти мӯҳлатҳои муқарраргардидаи татбиқ, иҷрокунандагон ваманбаи маблағгузорӣ, инчунин омилҳои миқдорию сифатӣ ифода гардидааст. Номгӯимушаххаси фаъолият дар соҳаи рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки ба СПКСКасос ёфтааст, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда мешавад.
Cаволи 4. 1.Масъалаҳои суботи экологӣ мустақиман ба вазифахои нисбатан мухим алоқамандбуда, гурӯҳи мақомоти ба ҳам алоқаманди давлатӣ азм доранд иҷрои ин мақсадҳородар Тоҷикистон таъмин намоянд.
Қонунгузории экологии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣинкишофёфта буда, вале дар аксари қонунҳо механизми татбиқ вуҷуд надорад ва вобаста ба сабабҳои маҳдудиятҳои ҳамоҳангсозиибайниидоравӣ он бо қонунгузориҳои дигар вазорату идораҳо мутаносиб гардониданашудааст.
2. Вазъи мавҷуда ҳам ба назорати сифати муҳитизист ва ҳам ба ҳолати он таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа бад гардиданисифати хок (мутобиқи арзёбӣ то 97.9 фоизи заминҳои кишоварзӣ таҳти бодлесӣ қарордошта, беш аз 15 фоизи заминҳои обёришаванда шӯр ё ботлоқӣ шудаанд), ҷараёни беҷангалшавӣ,култиватсия, аз ҳад зиёд чаронидани чорво, коркарди беиҷозати нишебиҳои кӯҳсор,ба таври кушод истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок ба мушоҳида мерасад. Миқдоризиёди кӯлҳои хатарноки кӯҳсор ва обанборҳо бесуботии экологиро боз ҳам амиқтармегардонанд.
3. Вазъи нигаҳдошт ва нобуд кардани партовҳониз ташвишовар аст. Махсусан маҳали гӯр кардани партовҳо аз нигоҳи экологӣ ниҳоятхатарнок мебошад (дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 22 маҳали гӯр кардани партов мавҷудаст, ки 8 адади он дар ҳолати ногувор қарор дошта, таҷдиди бетаъхирро тақозоменамояд). Обҳои зеризаминӣ аз сабаби истифодаи аз ҳад зиёди пору, пеститсидҳова партови обҳои аз обёрӣ ниҳоят менирализатсияшуда соҳаи кишоварзиро ифлосменамоянд. Аксари нуқтаҳо ва бунгоҳҳои машғули мониторинг фаъолият намекунанд.Воситаҳо барои таъмини корҳои экологӣ, ки дар ҳамаи лоиҳаҳои татбиқшавандаиинвеститсионӣ пешбинӣ гардидаанд (то 3 фоиз аз арзиши онҳо), мутобиқи таъинот истифода бурда намешаванд.
4. Ҳангоми ҳалли вазифа оид ба пешбурди сиёсатиэкологии кишвар мутобиқи воқеияти мавҷудаи иқтисодӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоте,ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати экологӣ масъуланд, татбиқи тадбирҳои фаврӣоид ба маҳдудсозӣ ва барҳамдиҳии таъсири маҳалҳои гӯр кардани маводи радиоактивӣва токсикии мавҷуда, ба талаботи қонунгузории ҳифзи табиат мутобиқ гардониданивазъи полигонҳо барои нигаҳдошти партовҳои дурушти маишӣ мушкилоти зиёде пешмеояд.
5. Бо дарназардошти ҳамин проблемаҳои асосиисуботи экологӣ аз инҳо иборатанд:
· нокифоягии нерӯи мақомоте, ки барои таҳия вататбиқи сиёсати экологӣ ва танзимисистемаи нуқтаҳо ва бунгоҳҳои мониторинги экологӣ, бунгоҳҳои мониторинги пиряхҳо,сарбандҳо ва обанборҳо, таҳия ва таъсиси махзани маълумот оид ба муҳити зистдар ноҳияҳои таҷрибавӣ масъуланд;
· дараксари қонунҳои амалкунанда ё аз нав таҳияшавандаиҳифзи табиат мавҷуд набудани механизми татбиқи онҳо;
·наандешидани тадбирҳо оид ба коркард ванобуд сохтани маводи ниҳоят хатарноки химиявӣ, сохтмони полигонҳо ҷиҳати ҷойгирониипартовҳои токсикӣ, гӯр кардани заҳрхимикатҳоикорношоям ва барои истифода манъгардида;
· сатҳина он қадар баланди татбиқи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба ҳифз ва истифодаисамарабахши захираҳои обӣ, пешгирии таназзули захираҳои замин, гуногунии биологӣва ифлосшавии ҳавои атмосфера;
· мавҷуданабудани системаи мониторинги экологии истеҳсолӣ;
· сатҳинокифояи ташкили корҳои барқарорсозии ҷангал, камтар зоҳир намудани таваҷҷӯҳ баҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ.
6. Бо дарназардошти мақсад ва афзалиятҳои СМР/СПКСК, инчунин ба инбат гирифтани проблемаҳои бахш дар доираи бахши «Таъминисуботи экологӣ барои солҳои 2007-2009» вазифаҳои асосии зайл муайян гардидаанд:(1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ ва такмили заминаи қонунгузорӣ; (2)пешбурди лоиҳаҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ.
7. Бояд ба инобат гирифт, ки пролбемаҳои суботиэкологӣ дар доираи СПКСК ҳамчун мавзӯи ҳамаҷонибабаррасӣ мегардад.
8. Тадбирҳои пешбинишавандаи вобаста бапешбурди сиёсати экологӣ мутобиқи вазъимавҷудаи иҷтимоию иқтисодии кишвар, мутаносибгардонии функсияҳо ва таҳкими нерӯимақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати экологӣ масъуланд, инчунин таҳкимизаминаи қонунгузории сиёсати экологӣ ба вазифаи 1 «Гузаронидани ислоҳотиинститутсионалӣ ва такмили заминаи қонунгузорӣ» дохил шудаанд. Ҳамчунин дарназар дошта шудааст, ки баҳисобгирии маблағҳои барои эҳтиёҷоти экологӣпешбинишуда, аз ҷумла вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба роҳ мондашавад.
9. Вазифаи 2 пешбарии лоиҳаҳои амалкунанда ватаҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсиониро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинӣменамояд. Тадбирҳои андешидашуда ба таъмини суботи экологӣ дар Тоҷикистон,пешгирии партови маводи зараровар ба муҳити зист, ки ба саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити зисттаъсири зараровар доранд, нигаронида шудаанд. Ҳамзамон дар доираи фаъолиятидигар бахшҳо (энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ғайра) оид ба паст карданитаъсири онҳо ба муҳити зист тадбирҳо пешбинӣ мегарданд. Махсусан ба пешбурдитуризми экологӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардидааст.
10. Татбиқи тадбирҳои барои солҳои 2007-2009пешбинишуда дар соҳаи муҳити зист имкон медиҳад, ки то охири соли 2009:
· майдонизамини ҷангалзор 5 фоиз афзоиш ёбад;
· майдонизаминҳое, ки барои мақсадҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ҷудо гардидаанд, 3 фоизафзоиш ёбад;
· майдонизаминҳо ва чарогоҳҳои таназзулёфта 5 фоиз кам карда шавад;
· партовиобҳои ифлос ба обҳои рӯизаминӣ ва объектҳои обии зеризаминӣ 7-9 фоиз кам кардашавад;
· партовиманбаъҳои статсионарӣ ва сайёри ифлоскунанда ба атмосфера 4 фоиз кам кардашавад;
· полигонҳобарои нигаҳдошти партовҳои дурушти маишӣ, партовгоҳҳо ва мавзеи гӯр карданимаводи зараровар ба талаботи қонунгузории ҳифзи табиат мутобиқ гардонида шавад;
· барқарорсозӣва рушди системаи мониторинги экологӣ анҷом дода шавад.