Соҳаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва нақши онҳо дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат
С 1. Муаммоҳо, тамоюл ва самтҳои фаъолияти хизматрасониҳои соҳаи
маориф
С 2. Рушди хизматрасонихои сохаи тандурустӣ ва нақшион дар инкишофи
иқтисодӣва иҷтимоии ҷумҳурӣ
С 3.Тавсеаи дастрасӣ ба таъминоти об, санитария вадигар хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ
С 4. Таъмини баробарии гендерӣ. Афзалиятҳоимеханизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ дар ҷумҳурӣ
Саволи 1. Ҳамчуномили муҳими рушди инсон маориф барои ноил гардидан ба як қатор мақсадҳои иҷтимоӣ,иқтисодӣ, сиёсӣ ва башардӯстона нақши муҳимро ба ҷо меорад. Идоракунии системаимаориф дар сатҳои марказӣ ва маҳаллӣ бо мақсади сабукгардонии дастрасиигирифтани маълумоти хушсифат ва ноил гардидан ба баробарии гендерии ҳамаи қишрҳоиаҳолӣ ба ислоҳоти бунёдӣ эҳтиёҷ дорад. Ислоҳот ҳамчунин мутобиқи талаботи бозорбаланд бардоштани нерӯи мақомоти идоракунии бахши маориф ва беҳбуди ташкилипешниҳоди хизматрасониҳои соҳаи маорифро пешбинӣ менамояд.
Проблемаҳои мавҷудаи соҳаи маориф инчунин ба маҳдудгардидани нерӯи банақшагирӣ ва идоракунии захираҳои мавҷуда, афзалияти тобеиятиидоравӣ дар сиёсат, маҳдуд будани омор, бесамарии усулҳои истифодашавандаиарзёбии натиҷаҳои таълим ва дигар заминаҳои методӣ алоқаманд мебошад. Дар натиҷадар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар, инчунин дар хориҷа тарбияимутахассисон вобаста ба ихтисосҳое, ки ба онҳо талабот вуҷуд надорад, суратмегирад, ҳол он ки нокифоягии мутахассисон вобаста ба ихтисосҳои алоҳида эҳсос мегардад.
Вобаста ба сатҳи пасти музди меҳнат муддати тӯлонист,ки нарасидани шумораи омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ эҳсос карда мешавад(ҳарчанд беш аз нисфи хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимӣ дорои тахассуси«муаллим» мебошанд). Сатҳи тахассуси нерӯи кадрии мавҷуда, аз ҷумла дармуассисаҳои олии таълимӣ низ ниҳоят паст аст. Ин бо вайрон кардани ҳама гуна принсипҳоимаънавию ахлоқӣ боиси пардохтҳои ғайрирасмӣ мегардад.
Мутобиқи дурнамо теъдоди хонандагон дарсистемаи маълумоти миёнаи умумӣ то соли 2015 метавонад то 40 фоиз афзоишёбад. Бо чунин суръат соҳаи маорифи мавҷудабарои қонеъгардонии эҳтиёҷоти афзояндаи кишвар ба кадрҳои соҳибихтисос қодирнамебошад. Ҳоло дар бахши маориф норасоии шадиди синфхонаҳо эҳсос гардида,вазъи биноҳои муассисаҳои таълимӣ ғайриқаноатбахш аст. Мутобиқи арзёбӣ айнизамон барои беш аз 600 ҳазор хонандагон ҷойи нишаст намерасад, 87 фоизимактабҳои таҳсилоти умумӣ шароити дахлдори санитарӣ надоранд. Дар 26 фоизи мактабҳо системаи гармидиҳӣ, дар 24 фоизимактабҳо хати об ва дар 35 фоизи мактабҳо ташноб вуҷуд надорад. Дар муассисаҳоитаҳсилоти умумӣ инчунин технологияҳои муосири электронӣ, компютерҳова дастраси ба Интернет намерасад ва истифодаи онҳо низ аз сабаби нарасидани мутахассисон ва сари вақтинтиқол надодани қувваи барқ боз ҳам мушкилтар мегардад.
Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми хароҷоти давлатӣбарои соҳаи маориф аз 8,9 фоизи ММД дар соли 1991 то 3.5 фоиз дар соли 2005таназзул ёфт ва мутобиқи арзёбӣ ин хароҷот ҳамагӣ тақрибан 30 фоизи эҳтиёҷотизаруриро қонеъ мегардонад. Вобаста ба ин бахши маориф беш аз пеш ба пардохтҳои ғайрирасмӣва кӯмаки байналмилалӣ вобаста мегардад. Сарфи назар аз маҳдудиятҳои маблағҳоибуҷетии ҷудошаванда, ҳангоми банақшагирӣ ва маблағгузорӣ афзалиятҳои маълумотимиёнаи умумӣ нокифоя ба инобат гирифта мешавад.
Дар соҳаи маориф то ҳол монеаҳои зиёди маъмурӣмавҷуд буда, механизмҳои оқилонаи шарикии давлатию хусусӣ ва иҷтимоӣ вуҷуднадоранд, ки иштироки бахши хусусиро дар фаъолияти вобаста ба таҳсилот, бахусустаҳсилоти томактабӣ ва олии касбӣ бозмедорад.
Мутобиқи афзалиятҳои дарозмӯҳлати бахши маорифдар сиёсати бахшӣ оид ба самтҳои зерин фаъолият пешбинӣ гардидааст.
1.Ислоҳотиинститутсионалӣ ва иқтисодии соҳаи маориф, кибарои амали намудани ин фаъолият халли чорабинихое зерин дар мадди аввалмеистад: ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи ҳамаисатҳҳо, ки барои таҳия, татбиқ ва танзими фаъолият дар ин бахш масъуланд, оидба истифодаи самарабахши захираҳои мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд; муқаррар намудани стандарти кафолатноки таълимии ҳаддиақали аз нигоҳи молиявӣ асоснок ва мутобиқи он такмили қонунгузорӣ пешбинӣ гардидааст.Мустақилияти муассисаҳои таълимии ҳамаи сатҳҳо баланд бардошта мешавад; оид бахизматрасонии таълимӣ аз ҷониби бахшҳои хусусӣ, аз ҷумла тавассутисоддагардонии расмиёти давлатӣ (иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, аккредитатсия),пеш аз ҳама дар таҳсилоти томактабӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ тадбирҳо андешида мешаванд; бодарназардошти имкониятҳои молиявии давлат ва рушди демографӣ стандартҳои ҳамаисатҳҳои маориф таҷдиди назар гардида, мӯҳтавои китобҳои дарсӣ ва воситаҳоитаълимӣ нав карда мешаванд. Барои таъмини хонандагони мактабҳо ва онҳое, ки дардигар зинаҳои маориф таълим мегиранд, аз ҷумла китобҳои дарсӣ ба забонҳои аҳолииаз нигоҳи этникӣ хурди кишвар таҳия ванашр карда мешавад; оид ба татбиқи як қатор барномаҳои зайл пешниҳод манзурмегардад: ҷорӣ намудани системаи ягонаи идоракунии маориф; пайваст карданимуассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет; ҷорӣ намудани технологияи кредитиитаълим дар муассисаҳои олии таълимӣ; баланд бардоштани сатҳи иттилоотониихонандагон оид ба ҳуқуқи инсон, санитария, гигиена ва тарзи ҳаёти солим; баландбардоштани тахассуси омӯзгорон; бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ – вобастаба таълими тахассусӣ ва рушди маълумоти миёнаи умумӣ бо дарназардошти эҳтиёҷотикадрии кишвар. Ба сифати яке аз тадбирҳои имконпазири мубориза алайҳи коррупсиядар назар дошта шудааст, ки мутобиқи мақсад будани давра ба давра гузаштан баимтиҳони ягонаи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
2. Баланд бардоштани нерӯи бахши маориф, ки ондар мачмуъ чихатхои зеринро метавон чудо намуд: ҷиҳатимуносибгардонии мӯҳтавои нақша ва барномаҳои таълимӣ, методикаи бозомӯзӣ ватакмили ихтисос дар донишкадаҳои такмили ихтисоси муаллимон, инчунин баландбардоштани тахассуси кадрҳои омӯзгорӣ чораҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд. Бароиомодагии касбӣ ва бозомӯзии аҳолии калонсол ва муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста баминтақаҳо татбиқи барномаи махсус дар назар дошта шудааст; оид ба фароҳамовардани муҳити таьлими мусоид ва бехатар барои саломатии кӯдакон тадбирҳоандешида мешаванд. Ҳамзамон оид ба сохтмон ва барқарорсозии мактабҳо, таҷҳизониионҳо бо таҷҳизоти таълимию лабораторӣ, инчунин барқарорсозӣ, таъмир ва эҳёисистемаи обтаъминкунӣ ва гармидиҳиимактабҳо ва сохтмони ташноб мутобиқи талаботи гендерӣ ва санитарӣ маҷмӯичорабиниҳо тасдиқ карда мешавад; анҷом додани инвентаризатсия ва татбиқимониторинги ҳолати инфраструктураи мактаб (бино, иншоот ва системаи коммуналӣ) ва заминаи моддию техникӣ (мебел, асбобу анҷомиварзишӣ, фонди китобхона) барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст;дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи мақсад будани таъсиси нуқтаҳои таълимифосилавӣ, бо баромад ба захираҳои иттилоотии таълими методии марказҳои донишгоҳҳомавриди омӯзиш қарор дода шавад; бо мақсади осонгардонии гирифтани маълумотиибтидоӣ, миёнаи махсус ва маълумоти олии касбӣ муқаррар намудани имтиёзҳо бароикӯдакони ятим ва қисми аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир, махсусан духтарон,бо муқаррар намудани стипендияҳои иҷтимоӣ ва кӯмаки суроғавӣ пешбинӣ мегардад;барои баланд бардоштани транспарентӣ, тобеияти ҳисоботӣ ва ба инобат гирифтаниэҳтиёҷоти маҳаллӣ механизми интихоби ҷавононе, ки тибқи квотаи Президент бамуассисаҳои олии таълимӣ дохил мешаванд, беҳтар карда мешавад. Имкониятҳои муқаррарнамудани стипендияҳои ииҷтимоӣ ба духтарон аз оилаҳои камбизоат, ки дармуассисаҳои олӣ таълим мегиранд, омӯхта шуда, барои барқарорсозии хобгоҳҳоидонишҷӯён маблағҳо дарёфт мегарданд; ҷиҳати ҳавасмандгардонии додани кредитҳобарои сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавони мактабҳои деҳот пешниҳодтаҳия мегардад: барои фарогириипешазмактабии омодасозии кӯдакон, аз ҷумла бо дарназардошти шарикии давлат вабахши хусусӣ дар рушди системаҳоимуассисаҳои таълимии томактабӣ, татбиқи барномаҳо оид ба таҳкими заминаи моддиютехникии бахши маориф, ҷалби инвеститсияҳои ғайрибуҷетӣ ва рушди муассисаҳоитаълимии томактабии хусусӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ мегардад.
Саволи 2. Системаитандурустӣ дар шароити нави иқтисодӣ наметавонад бе суръатбахшии назарраси ислоҳотсудманд арзёбӣ гардад. Хароҷоти умумии давлатӣ барои бахши тандурустӣ дар соли 1991нисбат ба ММД 4.5 фоиз ва дар соли 2005 то 1.3 фоиз паст гардид. Ин вазъ соҳаи тандурустиро беш аз пеш ба пардохтҳоихусусии ғайрирасмӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин ба кумаки хориҷӣ мӯҳтоҷмесозад. Мисол, пардохтҳои хусусӣ 70 фоизи ҳамаи хароҷот, хароҷоти буҷетӣ 16фоиз ва кумаки донорӣ 14 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин сатҳи пасти тахассус ва нарасиданикормандони соҳаи тиб, махсусан дар деҳот ба мушоҳида мерасад. Ин баномукаммалии механизмҳои идоракунии захираҳои инсонӣ, сатҳи пасти музди меҳнатикормандони соҳаи тиб, инчунин сатҳи баланди аз кор рафтани мутахассисон алоқамандмебошад. Проблемаҳо инчунин аз сабаби бад гардидани таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва техникаимуосири тиббӣ, ҳолати мавҷудаи биною иншоот боз ҳам мушкилтар мегардад.
Аз сабаби зиёд будани монеаҳои маъмурӣ вадастгирии нокифояи давлатӣ шабакаҳои муассисаҳои хусусии тиббӣ суст инкишофмеёбанд, ҳол он ки метавонистанд як қисми талаботро ҷиҳати хизматрасониҳои тиббӣ қонеъ гардонанд.Умуман, проблемҳои асосии системаи тандурустӣ аз инҳо иборатанд: номукаммалиисистемаи идоракунии тандурустӣ, ки дар навбати худ боиси таҳлили нокифояисиёсат ва банақшагирии хизматрасониҳо, иқтисодиёти тандурустӣ, захираҳои инсонӣ,инчунин идоракунии системаҳои иттилоотонӣ мегардад; суръати на он қадарназарраси ислоҳоти системаи тандурустӣ, маҳдуд сохтани иштироки бахши хусусӣ ҷиҳатифароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ; нокифоягии захираҳои молиявӣ ваистифодаи бесамари маблағҳои мавҷуда, инчунин сатҳи пасти саҳми маблағгузориидавлатӣ дар хароҷоти умумӣ барои тандурустӣ. Дар натиҷа муассисаҳои тиббиитандурустӣ ва хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявиютехникӣ ниҳоят заиф мебошанд ва ин дар навбати худ дастрасии аҳолии камбизоатроба кумаки тиббӣ ва воситаҳои асосии доруворӣ маҳдуд месозад; доштани иттилоотинокифоя ва риоя накардани асосҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим аз ҷониби аҳолӣ,аз ҷумла дастгирии саломатии репродуктивӣ, ҳифзи модару кӯдак, пешгирии паҳншавиибемориҳои сироятӣ.
Ҳамаи проблемаҳои дар боло зикргардида пеш аз ҳамабоиси фавти модару кӯдак, авҷи бемориҳоисироятӣ (бемориҳои сил, вараҷа, гелментоз ва ғайра) мегардад, ки бо ибораидигар метавон «бемориҳои камбизоатӣ» номид. Бо дарназардошти проблемаҳоизикргардида ва мақсадҳои СМР/СПКСК вазифаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд: 1)баланд бардоштани самарабахшии системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ; 2) баландбардоштани нақши бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ; 3)беҳбуди ҳифзи саломатии модару кӯдак; 4) мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, вараҷа,сил ва дигар бемориҳои сироятӣ; 5) беҳбуди тарбияи кадрҳо ва таҳкими заминаимоддию техникии системаи тандурустӣ.
Барои баланд бардоштани самарабахшии системаиидоракунӣ ва маблағгузорӣ маҷмӯи чорабиниҳо пешбинӣ гардиданд, ки ба беҳбудиистифода ва афзоиши маблағгузории давлатӣ, ҷалби захираҳои иловагӣ, инчунинфароҳам овардани шароитҳои мусоид барои истифодаи нерӯи бахши хусусӣ нигаронидашудаанд. Ҳамчунин татбиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии ҶумҳурииТоҷикистон то соли 2015 пешбинӣ гардидааст (2005). Стратегия татбиқи механизмимаблағгузори, тағйир додани системаи маблағгузории кумаки тиббии бистарикунонӣ,ки ба принсипи барои ҳар як ҳолати муолиҷа,ба методи гурӯҳҳои клиникию хароҷот асос ёфтааст, инчунин таҷдиди сохторишабакаҳои КАТС ва хадамоти бистарикунониро дар бар мегирад.
Чорабиниҳои зикргардида дар навбати аввал бабаланд бардоштани самарбахшӣ ва шаффофияти истифодаи захираҳои давлатӣ, робитаизичи маблағгузорӣ ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, тақсимивоситаҳои молиявӣ бо дарназардошти аҳолии дар муассисаҳои табобатию профилактикӣсабтшуда ва мушаххасоти минтақавӣ/маҳаллӣ,инчунин ба муассисаҳои тандурустӣ фароҳам овардани имконият ҷиҳати аз нав тақсимнамудани захираҳои сарфагардида барои беҳбуди фаъолият ва асосноксозӣнигаронида шудааст. Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ тавассути ҷорӣнамудани системаи нави пардохти музди меҳнат гузаронида мешавад, ки дар навбатихуд минбаъд аз муассисаҳои тандурустӣ азкор рафтани кормандонро пешгирӣ мекунад. Барои ҳалли вазифаи якум ҷорӣ намуданиБарномаи заминавии расонидани кумаки тиббию санитарӣ пешбинӣ мегардад. Дарбарномаи мазкур навъ, ҳаҷм ва тартиби расонидани кумаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар доираи воситаҳои пешбининамудаибуҷети давлатӣ муайян гардидааст. Барнома тартиби пардохти хизматрасониитиббиро ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам аз ҳисоби ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт)пешбинӣ менамояд, ки дар доираи барномаи заминавӣ иловатан аз ҳаҷми маблағгузориикафолатноки ройгони кумаки тиббию санитарӣ расонида мешавад. Барномаи мазкурдар ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ гардида, минбаъд метавонад дар тамомикишвар татбиқ карда шавад. Хулоса, татбиқи тадбирҳои зикргардида дар бахшитандурустӣ имкон медиҳад, ки то соли 2009 сатҳи фавти модарону кӯдакон вабемориҳои сироятӣ паст гардида, баъзе сироятҳои бо ваксина идорашаванда аз байнбурда шаванд.
Саволи3. Мақсади бахши мазкур аз таъсиси механизмҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ бароитатбиқи давраи аввали барқарорсозии системаи мавҷудаи обтаъминкунӣ, санитариява хизмарасонихои комуналию-манзили (ХМК) иборат мебошад. Бояд иштироки ҷомеаишаҳрвандӣ ва бизнес дар ислоҳоти ХМК таъмин карда шавад. Вазифаи асосии индавраи ислоҳот дар аҳолӣ ташаккул додани ҳисси моликият ва манфиатдорӣ бароиидоракунии фонди манзил хоҳад буд.
2. Дар Тоҷикистон асосан обҳои рӯизаминӣ вазеризаминӣ истифода мегардад, ки нисфи он ниҳоят дурушт буда, минерали зиёддорад. Дар маҷмӯ 87 фоизи аҳолии шаҳрҳо ва 20 фоизи аҳолии деҳоти Тоҷикистонобро аз системаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ истифода мебаранд, ки ҷавобгӯистандартҳои оби нӯшокӣ намебошад. Ин проблемаҳо ба вазъи душвори таъминоти об,санитария ва ХМК алоқаманд аст, ки ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот эҳсосмегардад.
Иншооти канализатсионии ҷумҳурӣ танҳо ба 23фоизи аҳолии шаҳр ва 5 фоизи аҳолии деҳот дастрас мебошад. Дар аксар нуқтаҳои аҳолинишинҷамъоварӣ ва нобуд кардани партовҳои дурушти маишӣ анҷом дода намешавад. Дарраванди хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ як қисми иншооти обтаъминкунӣ, санитариява ХМК бесоҳиб монданд. Парокандагии идоравӣ боиси он гардид, ки дар бахш байни сохторҳои мухталиф оид ба таҳия вататбиқи сиёсат ҳамоҳангсозӣ анҷом дода намешавад.
3. Мақсади асосии ислоҳот дар бахши мазкур азон иборат аст, ки то охири соли 2009 чунин дастрасӣ таъмин гардад: (1) ба оби нӯшокӣ,ки ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатӣ (ГОСТ) мебошад- 96 фоиз аҳолии шаҳр ва51 фоиз аҳолии деҳот; (2) ба хизматрасониҳои асосии санитарию гигиенӣ – 47фоизи аҳолии шаҳр ва 37 фоиз аҳолии деҳот.
4. Проблемаҳои асосии бахши обтаъминкунӣ,санитария ва ХМК аз инҳо иборатанд: дар бахш функсияҳо оид ба таҳия ва танзимисиёсат ба зиммаи мақоми ягонаи идоракунии давлатӣ гузошта нашудааст, ҳамоҳангсозӣбайни мақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсат дар бахш масъуланд, вуҷуднадорад, барномаҳои маҷмӯӣ ва нақшаҳо, аз ҷумла барои барқарорсозии шабакаҳоиобтаъминкунӣ, санитария ва ХМК нигаронида шудаанд, нокифоя мебошанд; заминаинокифоя ва маҳдуди меъёрии ҳуқуқӣ; дар деҳот мавҷуд будани объектҳои бесоҳиб;мавҷуд набудани таъминоти босуботи барқ, ки ба фаъолияти бетанаффуси объектҳомонеа мебошад; ҳолати ғайриқаноатбахши техникии объектҳои мавҷудаи таъминотиоб, энергия, гармӣ, санитария ва ХМК; мавҷуд набудани сиёсати дақиқ ва шаффофоид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии суроғавии аҳолӣ ҳангоми пардохти хизматрасониитаъминот бо об, энергия, гармӣ ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ; истифодаина он қадар самарабахши инвеститсияҳои дохилӣ ва хориҷӣ.
5. Дар асоси проблемаҳои зикргардида ва мақсадҳоиСМР/СПКСК вазифаҳои муҳими бахш дар ҳаминдавраи ислоҳот аз инҳо иборатанд: (1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалиибахш; (2) ҷалби бизнеси хусусӣ ва инвеститсияҳо; (3) баланд бардоштанисамарабахшӣ ва ҳаддалимкон такмилдодани инфраструктураи сохтор.
6. Яке аз вазифаҳои афзалиятноки бахш«Обтаъминкунӣ, санитария ва ХМК» аз таҳкими бизнеси хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳоиборат аст. Мутобиқи вазифаҳои гузошташуда гузаронидани таҳлили ҷолибииинвеститсионӣ барои арзёбии дурнамои хусусигардонӣ ё азнавташкилдиҳии объектҳоибахш, таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастгирии давлатии фаъолият дар ин соҳа дарназар дошта шудааст. Барои ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои зайл пешбинӣмегардад: таҳия (тасҳеҳ) ва татбиқи нақшаҳои генералии рушди ҳудуд; рушди барқарорсозииинфраструктураи инженерӣ; пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ;баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ барои аҳолиикамбизоатӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир.
Саволи 4. Дар ҶумҳурииТоҷикистон як қатор санадҳо қабул гардиданд, ки ба баланд бардоштани нақш ва мақомизан, таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон нигаронида шудаанд.Вале механизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ ҳанӯз маҳдуд мебошанд.Заминаи оморӣ ва системаи ҷамъоварии бесамари маълумот имконияти пешбурдибаробарии гендериро маҳдуд месозад.
Афзалиятҳои гендерӣ интихоби навъҳои навро тақозонаменамояд, ҳамаи онҳо аллакай ташаккул ёфтаанд. Онҳо ҳамчун ӯҳдадорӣ аз ҷонибидавлат барои татбиқ дар доираи барнома ва нақшаҳои дахлдори фаъолият қабулгардида, вале на ҳамеша бо заминаи молиявӣ таъмин мебошанд. Ба ғайр аз инмеханизми шарикии иҷтимоӣ байни давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес-сохторҳо, азҷумла дар татбиқи сиёсати гендерӣ нокифоя таҳия шудаанд.
Дастрасии мардону занон ба захираҳо (бамоликият, замин, кредит ва ғайра) нобаробар мебошад. Аз ҷумла, дастрасиинокифоя ба замин занони деҳотро ба мардони оила ниҳоят вобаста месозад, нерӯисаҳми занонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ кам карда, онҳоро ба камбизоатӣосебпазир мегардонад. Нобаробарии гендерӣ, инчунин ба рушди нерӯи инсонӣинъикос ёфта, дар нобаробарии шароитҳоидастрасии мардону занон ба сарватҳои заминавии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таълим,тандурустӣ ва ғайра зоҳир мегардад.
Фаъолнокии иқтисодии занон аз сабаби хусусиятҳоииҷтимоию демографии рушди кишвар нисбат ба мардон дар сатҳи пасттар қарордорад. Дар сиёсат он далел, ки ҳамаи занон беш аз пеш нақши ба ӯ хосро ҳамчунтаъминкунанда ва ҳамтаъминкунандаи оиларо ба зимма мегиранд, нокифоя ба инобатгирифта шудааст.
Аз ин нуқтаи назар, бо дарназардошти мақсад ваафзалиятҳои миллӣ чунин афзалиятҳои асосии соҳавӣ муайян гардиданд:
- таъсисимеханизмҳои самарабахши татбиқи сиёсати гендерӣ дар доираи ислоҳоти идоракуниидавлатӣ;
- таъминидастрасии баробари занон ва мардон ба захираҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;
- рафънамудани нобаробарии гендерӣ дар рушди нерӯи инсонӣ.
Барои ноил шудан ба афзалиятҳои зикргардидаибахшӣ самтҳои асосии зайли фаъолият муайян гардидаанд:
- таъсисимеханизмҳои самарабахши татбиқи сиёсати гендерӣ дар доираи ислоҳоти идоракуниидавлатӣ:
- беҳбудимеханизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ;
- баландбардоштани маърифати гендерии хизматчиёни давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти иҷроия;
- якҷоя бомақомоти омор такмил додани заминаи оморӣ барои баланд бардоштани сифати таҳлилва арзёбии гендерӣ;
- баландбардоштани намояндагии занон ва мардон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳиқабули қарорҳо;
- тақвиятишарикӣ ва ҳамоҳангӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ;
- таъминидастрасии баробари занон ва мардон ба захираҳо дар соҳаи соҳибкорӣ:
- татбиқичорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рақобатпазирии занони соҳибкор;
- таъминидастрасии занон ва мардон ба замин ва дигар захираҳо;
- тақвиятидонишҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи проблемаҳои гендерӣ;
- рафънамудани нобаробарии гендерӣ дар рушди нерӯи инсонӣ:
- мусоидатба тавсеаи дастрасии занон ва мардон ба маълумоти миёна ва олӣ, инчунин бакредит, хизматрасониҳои иттилоотӣ ва машваратӣ;
- рафъи зуҳуротимаъмулии гендерӣ дар тафаккури ҷамъиятӣ нисбат ба ҳуқуқ ва имкониятҳои баробаризанон ва мардон;
- таҳкимичорабиниҳои профилактикӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва расониданикӯмак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ.
ҳамин тавр, дарназар дошта шудааст, ки дар натиҷаи татбиқи мақсадноки тадбирҳои дар доираи СМРпешбинигардида, халли чорабинихои зерин дар мадди аввал меистад:
- мақсад,вазифаҳо, механизм ва тадбирҳои эълоннамудаи сиёсати гендерӣ бо стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои татбиқшавандаисоҳавӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг мегарданд;
- тавассутиворид намудани ислоҳ, иловаҳо ва тағйирот ба қонунгузории амалкунанда ва қабулиқонунҳои нав ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ механизмҳои инстутсионалии сиёсати гендерӣ такмил меёбанд. Заминаи оморӣбарои таҳлил, арзёбии татбиқи қарорҳои қабулгардида ниҳоят такмил хоҳад ёфт;
- татбиқичорабиниҳои маҷмӯии соҳавӣ имконият медиҳад, ки сатҳи маърифати гендерии хизматчиёнидавлатӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимият тақвият ёфта, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дартатбиқи сиёсати гендерӣ афзун мегардад.