Бахши минтақавии иқтисоди миллӣ

С 1. Мафҳумҳоиасосии иқтисоди минтақа

С 2.Омилҳои ба инкишофи иқтисоди-ичтимоии минтақа мусоидаткунанда

С 3.Нишондиҳандаҳо ва равишҳои асосии таҳлили минтақавӣ

С 4.Нишондихандахои сатхи таракиёти иктисодии минтакахои алохидаи маъмури –

Саволи1. Тақсимоти ҳудудро ба минтақаҳо минтақабандӣ меноманд. Вобаста ба меъёрҳоитаснифи минтақаҳо минтақабандиҳои зеринро фарқ кардан мумкин аст: 1) минтақабандиииқтисодӣ бар асоси тақсимоти ҳудудии меҳнат (ноҳия ва зонаҳои иқтисодӣ,комплексҳои ҳудудию истеҳсолӣ, марказҳои саноатӣ); 2) тақсимоти маъмурию ҳудудӣ(ҷумҳурӣ, кишвар, вилоят, ноҳияи маъмурӣ, шаҳр, ноҳияи шаҳр, шаҳрак); 3) минтақабандиииқтисодӣ аз рӯи мушкилотҳои мавҷуда.

ҳалқаи асосӣ дар системаи минтақабандиииқтисодӣ минтақаҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Минтақаи иқтисодӣ – комплекси ҳудудиюистеҳсолӣ аст, ки дар асоси масоҳати калон ба вуҷуд омада аз қисматҳои дигарикишвар бо махсус гардонда шудани хоҷагии халқ, мавқеи ба худ хоси иқтисодию ҷуғрофӣ,захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ фарқ мекунад. Минтақаи иқтисодӣ бо қисматҳои дигарикишвар тавассути тақсимоти ҷамъиятии меҳнат алоқаи ногусастанӣ дорад. Шакли нави ташкили ҳудудии хоҷагидорӣкомплексҳои Минтақавию истеҳсолӣ мебошанд, ки дар ҳудуди минтақаҳои иқтисодӣдар заминаи захираҳои нодири табиӣ ташаккул меёбанд.

Бояд қайднамуд, ки иқтисоди минтақа якчанд ҷанбаҳодорад: якум – усули ташкили фаъолияти хоҷагидорииминтақаи муайян дар таркиби иқтисоди миллӣ мебошад. Дуюм, соҳаи илмиест, ки иқтисодиминтақаҳои алоҳида, таркиби дохилии он ва муносибати мутақобиларо бо воҳидҳоиминтақавии дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Сеюм, омухтани таносубиминтакави имконият медихад, ки инкишофи иктисодию ичтимоии мамлакат дарминткаахои алохидаи маъмури –вилоят, нохия муайян карда шавад. ҳамаи ин ҷанбаҳо бо якдигар алоқамандии зичдоранд, зеро онҳо асоси ягона ва ҳамон як соҳаи муносибатҳои ҷамъиятиро дар бармегиранд, ки дар он инкишоф ва идоракунии маҳаллӣ (мунисипалӣ) ба вуқӯъмеояд.

Мавзӯи бахши минтaқавии иқтисодимиллӣ мураккаб ва гуногунпаҳлӯ буда қисматҳои асосиаш аз инҳо иборатанд:

  • иқтисоди минтақаи муайян (иқтидорҳои зaхиравӣва истеҳсолӣ, таркиби соҳавӣ, шароити зиндагӣ, механизми амалнамоӣ ваидоракунии иқтисодиёт);
  • робитаҳои иқтисодии байни минтақаҳо (кушодбудани минтақаҳо, алоқамандии мутақобилаи онҳо);
  • низомҳои иқтисодии минтақавӣ (иқтисоди миллӣ ҳамчуннизоми минтақаҳои якҷояамалкунанда);
  • ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда (хусуиятҳоиминтақаҳо дар бобати ҷойгиршавии захираҳои табиӣ, аҳолӣ, истеҳсолот,инфраструктураҳо ва ғайра);
  • ҷанбаҳои минтақавии ҳаёти иқтисодии минтақаҳо(аз назари ба амалории ҷараёнҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ).

ҳангоми баррасии мавзӯҳои иқтисодиминтақавӣ мафҳумҳои асосиеро муайяннамудан зарур аст, ки дар асоси онҳо ба вуҷуд овардани тасаввуроти асосноки илмӣоиди иқтисоди минтақавӣ имконпазир мегардад. Мафҳуми аввалин- масоҳат ба шумор меравад.

«Масоҳат – ин қисмати (маsдуди) кабатисахти болоии замин аст, ки дорои хусусиятҳо ва захираҳои табиӣ ва антропогенӣбуда, бо дарози, масоҳат ҳамчун намуди махсуси манбаи маконӣ, мавқеи ҷуғрофӣ вабо дигар сифатҳо тавсифшаванда буда, ки мавриди фаъолияти мушаххас ё тадқиқотҳоқарор мегирад».

Якхел набудани таркиби масоҳатҳо аз рӯи нишонаҳои муҳимтаринииқтисодӣ, ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, демографӣ, таърихӣ ва ғайра ё аз ҳад бузургбудани масоҳат зарурати тақсим кардани масоҳатро ба қисмҳо – ноҳияҳо, минтақаҳо,зонаҳо пеш меорад.

Ноҳия аз масоҳати маҳдудгардондашудаеиборат мебошад, ки дорои хислати якпорчагӣ, алоқамандии унсурҳои таркибӣ,тамомият мебошад, ки зимнан ин тамомиятро шароитҳои объективӣ ва қонунмандииинкишофи масоҳати мазкур тақозо менамояд.

Муродифи мафҳуми «ноҳия» «минтақа»мебошад, ки мафҳуми русии он – регион аз лотинӣ ба маънои сарзамин, кишвар,вилоят омадааст.

Таърифҳои асосии зерини аз тарафи умум қабулгардидаиминтақаро ҷудо кардан мумкин аст: вилоят (ноҳия, қисмате аз кишвар), ки аздигар қисматҳо бо маҷмӯи хусусиятҳои табиӣ ё таърихан ташаккулёфтаи иқтисодию ҷуғрофӣтафовут дошта бо хусусиятҳои ҳолати миллии аҳолӣ ҳамбастагӣ дорад; шакли фазоиюташкилии фаъолияти ҳаётии аҳолӣ; воҳиди калони мураккабташкили тақсимоти истеҳсолию минтақавии кишвар;минтақа – масоҳат дар ҳудуди маъмурии кишвар, ки дороа хусусиятҳои зерин:тамомият, маҷмуият, махсусгардонидашуда ва идорашавандагӣ мебошад.

Мафҳуми «минтақа» инчунин нисбат ба ҷомеъаибайналмилалӣ – минтақаҳои ҷаҳон низ истифода мегардад. Масалан, минтақаи ИДМ,минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба ҳамгироии иқтисодиёти давлатҳои алоҳида асосмеёбад. Кушода гардидани бозорҳои миллии молҳо, кор, сармоя барои ташвиқиинкишофи муносибатҳо байни минтақаҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Мафҳуми дигари минтақа – фазои иқтисодӣаст. Фазои иқтисодӣ – ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳудуди муайян буда,арзёбии фазои иқтисодӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин сурат мегирад:

  • зичӣ, ки дараҷаи чӣ андоза зиёд будани ягоннавъи иншоот, захираҳоро дар минтақа ифода менамояд;
  • ҷойгиршавӣ, ки бо нишондиҳандаҳои ҷойгиршавиимарказҳои аҳолинишин, корхонаҳо ва ташкилотҳо муайян карда мешавад;
  • иртибот, ки нишондиҳандаҳои инкишофи шабакаҳоинақлиётӣ ва коммуникатсионӣ дар он инъикос меёбанд.

Саволи2.Барои донистани хусусиятҳоиминтақа ҳамчун объекти тадқиқот ва идоракунӣ, ошкор сохтани махсусиятҳо ва фарқиятҳоион аз дигар объектҳои идоракунӣ зарур аст, ки тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дидабаромада шавад. Ва он иборат аст аз муайян намудани тафовутҳо дар навъҳоигуногуни фаъолияти инсон, намудҳо ва зернамудҳои махсуси истеҳсолӣ, ки марбутба шахсони алоҳида, истеҳсолот, ҳудудҳо ва кишварҳо буда, шарти муҳими инкишофиқувваҳои истеҳсолкунанда дар ҷомеа ба шумор мераванд.

Дар ин ҳол, тақсимоти ҷамъиятии меҳнатдар ду шакли асоси – шакли ҳудудӣ ва шакли соҳавӣ ифода ёфта инкишоф меёбад.

Тақсимоти ҳудудии меҳнат дар назардорад, ки соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот ба минтақаҳои муайян вобаста кардашаванд. Асоси табиии он дар ин ҳол тафовутҳое ба шумор мераванд, ки дар шароитҳоитабиӣ, иқлимӣ ва иқтисодии минтақаҳои гуногун вуҷуд доранд. Асоси иқтисодии иншакли тақсимоти меҳнат тафовут дар даромаднокии истеҳсоли маҳсулот ва хадамотдар ҳудудҳои гуногун мебошад, ки бинобар бастубанди махсус доштани омилҳоиномбаршуда дар ҳар кадом минтақа ба вуҷуд меояд.

Тақсимоти соҳавии меҳнат мавҷуд буданисоҳа ва истеҳсолоти алоҳидаро дар назар дорад, ки эҳтиёҷоти мухталифи ҷомеа бавоситаи онҳо қонеъ гардонда мешавад. ҳолат ва инкишофи соҳа, истеҳсолоти алоҳидааз бисёр ҷиҳат ба таркиби миқдорию сифатии омилҳои истеҳсолот иртибот дорад.

Барои рушди муътадили иқтисоди минтақа,чунон ки тамоми кишвар дар маҷмӯъ, зарурат аст, ки манфиатҳои минтақавӣ ва соҳавӣ дар якҷоягӣ ба назар гирифта шаванд. Дарробита бо ин, принсипҳои ҳудудӣ ва соҳавии тақсимоти меҳнат бояд бар пояи самтҳоиасосии зерин асос ёбанд:

  • ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда бар асосиназдик намудани истеҳсолоти соҳавӣ ба захираҳои ашёи хом, энергия ва захираҳои меҳнатӣ;
  • аз назари иқтисодӣ мувофиқи мақсад буданиоптимизасиякунии алоқамандии байниҳамдигарии чунин доираҳои такрористеҳсоли соҳавӣба монанди наздик сохтани истеҳсолот ба истеъмолкунандагон, ки он ҷанбаикомилан возеҳи минтақавӣ дорад;
  • тамаркузи ҳудудии истеҳсолот ва соҳаҳои алоҳидаион ҳамчун шарти махсусгардонии минтақа ва асоси моддии ҳалли маҷмӯи вазифаҳои иҷтимоиидар назди он қарордошта;
  • бастубанди гугогун додан ба истеҳсолот, ки дарзаминаи ба ҳам пайвастани тамоми марҳилаҳои (зинаҳои) баъдии коркарди ашёи хомиминтақа то тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ, асос ёфтааст.

Тақсимоти ҳудудии меҳнат хусусияти соҳавиионро такмил дода омили тавонои самарабахшии истеҳсолоти ҷамъиятӣ мегардад.

Иқтидори иқтисодӣ барои ҳалли мушкилотирушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа заминаро муҳайё сохта, андозаҳои имконпазиримиқдорӣ ва сифатии рушдро муайян менамояд.

Маҷмӯи омилҳои рушди минтақа иқтидорирушди минтақавиро ташкил медиҳад.

Сатҳи истифодабарии иқтидори иқтисодӣ бо пешрафти ҳалқаҳои функсионалиион, хусусиятҳои робитаҳои мутақобила ва фаъолияти байниҳамдигарии онҳо алоқаиногусастанӣ дорад. ҳафт зерсистемҳои функсионалӣ, ки бо ҳам зич алоқамандандфарқ кардан мумкин аст, ки иқтидори иқтисодиро ҳамчун система пурратар тавсифменамоянд.

/>
Изображение

Таркиби функсионалии иқтидори иқтисодии минтақа

Хусусиятҳои муҳимтарини ин системачунин аст:

  • система ҳамчун комплекс аст, ки чунин маънӣдорад, ки ҷузъҳои ба таркиби иқтидори иқтисодӣдохилгардида бе якдигар амал карда наметавонанд;
  • доимии функсионалӣ дар фаъолияти байниҳамдигариибайни зерсистемаҳо мушоҳида мешавад;
  • таъсирпазирӣ, ки самтгирии муайяни афзоиши ҳаркадом зерсистема ва системаро дар маҷмӯъ ифода менамояд.

Мавҷуд будани захираҳои табиӣ шартиасосии дар минтақа ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ба ҳисоб меравад. Миқдор,сифат ва бандубасти захираҳо, нерӯи захираҳои табиии минтақаро муайян намуда,омили муҳими ҷойгиркунии аҳолӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ мегардад. Нерӯи захираҳоитабиии минтақа ба махсусгардонии бозории минтақа ва мавқеи он дар тақсимоти меҳнаттаъсир мерасонад.

Нерӯи захираҳои табиии минтақа – ин қисмеаз маҷмӯи захираҳои табиӣ мебошад, ки бо сатҳи муайяни инкишофи иқтисодиютехникии ҷомеа ва омӯхта шудани минтақаи мазкур мумкин аст, ки барои фаъолиятихоҷагидорӣ дар шароити ҳозира ва дар оянда истифода гардад.

Омӯзишикомплекси табиии минтақаро ҳам аз тариқи омӯзиши унсури алоҳидаи захираҳои табиӣва ҳам тамоми комплекси захирахои табиӣ ба амал овардан мумкин аст. Истифодаи оқилонава санҷидакоронаи захираҳои табиӣ тақозо менамояд, ки онҳо ҳаматарафа ба ҳисобгирифта шаванд. Баҳисобгирии захираҳои табиӣ ба воситаи таҳия намудани кадастрҳоиҳар кадом аз навъҳои асосии онҳо, анҷом дода мешавад.

Саволи 3.Вазифаҳои аввалиндараҷаи тадқиқотҳои иқтисодииминтақавӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  • таҳлили илмии минтақа ҳамчун ҷои ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва аҳолӣ;
  • омӯзиши қонуниятҳо ва принсипҳои ҷойгиркунии қувваҳоиистеҳсолкунанда бо ба назар гирифтани омилҳои алоҳида;
  • омӯзиши масъалаҳое, ки ҳалли онҳо ба рушдиминтақа (ноҳияҳо) таъсири бевосита мерасонад;
  • асоснок намудани сиёсати минтақавӣ дар асоситадқиқи масъалаҳои инкишофи минтақа.

Ба сифати асоси иттилоотии таҳлилиминтақавӣ дар аксари мавридҳо маълумотҳои оморӣ оид ба инкишофи корхонаҳо,ташкилотҳо ва аҳолии минтақаҳои алоҳида истифода мегарданд.

Дар натиҷаи таҳлили ин маълумот ҳолатиинкишофи минтақа муайян карда мешавад, муаммоҳои асосӣ ҷудо карда мешаванд,яъне «ташхиси» ба худ хоси ин мушкилот сурат мегирад. Ин дар навбати худ имконмедиҳад, ки самтҳои инкишоф муайян ва асоснок карда шаванд, аз ин рӯ, хеле муҳимаст, ки ин «ташхис» ба қадри имкон дақиқ ва пурра бошад. Ин бошад аз бисёр ҷиҳатба мукаммалӣ ва эътимодбахшии маълумоти ибтидоии оморӣ вобаста аст. Валебинобар махсусиятҳои объекти тадқиқот, ки тавсифи пурраи омории он ғайриимконаст, на ҳамеша маълумоти оморӣ ба талабот ҷавоб дода метавонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаидавлатии омор маҷмӯаи «Минтақаҳои Тоҷикистонро»-ро интишор медиҳад, ки дар он маълумотиоморӣ дар хусуси рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда мешаванд.

Маҷмӯаи оморӣ фаслҳои зеринро дар бармегирад, ки дар онҳо нишондиҳандаҳои дахлдор оид ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣоварда мешавад: назари умумӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон; аҳолӣ; шуғл ва даромадҳоиаҳолӣ; маориф; ҳифзи саломатӣ; фонди манзилӣ; сохтмони манзилӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;ҳифзи муҳити зист; маълумоти умумии ҳуқуқӣ; саноат; кишоварзӣ; сохтмони асосӣ;нақлиёт ва алоқа; савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш банизоми ҳисобҳои миллӣ сурат мегирад, ки тавассути онҳо нишондодҳои асосиимакроиқтисодии рушд муайян карда мешаванд, инчунин дар назар аст, ки низоми ҳисобҳоиминтақавӣ бунёд гузошта шавад, ки бо низоми ҳисобҳои миллӣ мутобиқ хоҳад буд. ҳисоббариимаҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ки ҳоло бинобар мавҷуд будани муаммоҳои хислатиметодӣ муайян карданашон ғайриимкон аст,арзиши махсус касб хоҳад кард.

ҳангоми тадқиқ намудани иқтисоди минтақаҳоиалоҳида таркиби соҳавии он, дараҷаи кушод будани иқтисод, маълумотибаёнсозандаи рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

Яке аз самтҳои арзишманди тадқиқотҳо батаркиби соҳавии иқтисоди минтақаҳо ва тағйироте,ки дар солҳои гуногун ба вуқӯъ меояд, алоқаманд мебошад. Ин навъи тадқиқотҳо ҳангомиасоснок намудани сиёсат нисбат ба «ҷойҳои осебпазир» ва «минтақаҳои ба касодӣгирифторшуда» – и кишвар хеле зарур мебошанд.

Таҳлили инкишофи соҳаҳои алоҳидаромумкин аст бо тадқиқотҳои ба асосҳои иқтисодӣё таносуби байни соҳаҳои бунёдӣ ва хизматрасони минтақаҳо идома ёбад.

Соҳаҳое, ки махсусгардонӣ ба онҳо алоқамандаст, асоси ташаккулёбӣ ва рушди минтақаҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд.

Барои муайян намудани соҳаҳоимахсусгардонӣ дар минтақа истифода бурдани нишондиҳандаҳои зерин мумкин аст:

  • коэффитсенти ҷойгирсозии соҳаи мавриди назардар минтақаи муайян, ки ҳамчун нисбати вазни қиёсии ҳамон соҳа дар кишвар ҳисобкарда мешавад;
  • коэффитсенти истеҳсоли маҳсулоти минтақа ба ҳарсари аҳолӣ.Коэффитсенти истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ ҳамчун нисбати вазни қиёсиисоҳаҳои иқтисоди минтақа дар таркиби дахлдори соҳаи кишвар ба вазни қиёсии аҳолииминтақа ба аҳолии кишвар, ҳисоб карда мешавад;
  • коэффитсенти махсусгардонии байниноҳиявӣ, ки ҳамчуннисбати содироти маҳсулоти соҳа аз минтақаи мазкур ба мубодилаи байниноҳиявӣ дар кишвар, ҳисоб карда мешавад.

Агар коэффитсенти ҷойгирсозӣ ва истеҳсолимаҳсулот ба ҳар сари аҳолӣ барои соҳаҳоиалоҳида аз як воҳид зиёдтар бошаду маҳсулоти онҳо ба миқдори қобили мулоҳиза бахориҷи минтақа бароварда шавад, он гоҳ ин соҳаҳо соҳаҳои махсусгардонии минтақаба шумор мераванд.

Рушди соҳаҳои махсусгардонии минтақаҳонабояд аз рушди соҳаҳои дигари иқтисод ҷудо баррасӣ гардад. Аз ин рӯ, таҳлилирушди минтақа дар назар дорад, ки тадқиқоти комплексӣ будани рушд ҳамчун рушдиба ҳамдигар алоқаманди соҳаҳо дар ҳудуди минтақа, анҷом дода мешавад, ки дарасоси ин тадқиқот истифодаи тамоми гуногуншаклиҳои шароити маҳал қарор мегирад.

Соҳаҳои ба ноҳия хизматрасон ҳамчун соҳаҳоиёрирасон муттаҳид карда мешаванд, ки бояд рушди соҳаҳои махсусгардонӣ ва соҳаҳоидигар, инчунин соҳаҳоеро, ки бевосита эҳтиёҷи аҳолиро қонеъ месозанд, таъмингардонанд. Рушди истеҳсолоти ба ноҳия хизматрасон бояд бо рушди соҳаҳоимахсусгардонӣ ва тағйироте, ки дар эҳтиёҷоти аҳолии ба амал меояд, мувофиқгардонда шавад.

Минтақаҳоро ҳамчун комплексҳои аз ҳам ҷудодонистан мумкин нест, зеро онҳо ба ҳам алоқаманданд ва тағйирот дар як минтақадар минтақаҳои дигар эҳсос карда мешавад.

Дараҷаикушод будани иқтисодро, одатан, аз тариқи муайян намудани нисбати ҳаҷмимубодилаи мол бар маҷмӯи маҳсулоти тавлидкардашуда муқаррар месозанд.

Саволи 4. ИқтисодиётиҶумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъҳои зиёди минтақавӣ таркиб ёфтааст, аз ин рӯ, пешбурдани сиёсати макроиқтисодии минтақавӣ, ки барои ҳалли мушкилоти вобастаба мавҷуд будани тафовут дар фазои иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардидааст, бағоятмуҳим мебошад.

Баробарсозиирушди иҷмоию иқтисодии минтақаҳо ба он маъно нест, ки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣсоҳаҳои гуногуни иқтисод ва намуди фаъолиятҳо баробар ҷойгир карда шаванд,балки ба он маъност, ки тафовутҳои байниминтақавӣ дар сатҳи инкишофи иқтисодӣ,зиндагонии аҳолӣ кам карда шаванд. Баробар сохтани рушди иҷтимоию иқтисодииминтақаҳои ҷумҳурӣ ба инкишоф ёфтани бозори умумимиллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тамоиолҳоитафовутпазирии (ноҳамгунии) минтақаҳо бо ёрии нишондиҳандаҳое арзёбӣ кардамешаванд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагониро баён месозанд.

Сатҳирушди иқтисодии кишвар ва минтақа тавассути сарватҳои андӯхтаи миллӣ муайянкарда мешавад. Аммо маълумоти омории минтақавӣ танҳо баъзе унсурҳои сарватимиллиро инъикос менамояд ва аз ин рӯ имкон намедиҳад, ки тадқиқотҳои муқоисавиибайниминтақавӣ анҷом дода шавад.

Дар солҳоиохир низоми омории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисобҳои миллӣ гузаштаистодааст, ки мутобиқи он ба сифати муайянкунандаи асосии рушди иқтисодӣ дарсатҳи миллӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар сатҳи минтақавӣ – ҳаҷми маҷмӯимаҳсулоти минтақавӣ гирифта мешавад. Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълумотҳоирасмиро аз рӯи сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ интишор медиҳад, аммо маҷмӯи маҳсулотиминтақавӣ бинобар мавҷуд будани мушкилоти хусусияти методӣ дошта, ҳанӯз ҳисобукитоб карда намешавад. Ба ғайр аз ин, дар ин маълумотнома нишондиҳандаҳои зиёдедохил карда мешаванд (ба монанди ҳисоби миёнаи душидани шир, ҳисоби миёнаитухмоварии мурғҳо, ҳисоби миёнаи тароши пашм), ки аслан барои доираи хеле тангимутахассисон лозиманд, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои зиёди хеле муҳим барои умумиҷомеа, дар бар гирифта намешаванд.

Дар натиҷа,дар ҷумҳурӣ маълумотро дар бораи даромадҳои воқеӣ ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ,бекории воқеӣ, бахши ниҳонии иқтисод, миқёси ҷараёнҳои пулӣ ва ғайра, пайдокардан ғайримумкин аст.

МинтақаҳоиҶумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳам фарқмекунанд.

Аз рӯимиқдори маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ тафовути байни минтақаҳои ҷумҳурӣхеле назаррас аст. Ин тафовутҳо ба таври равшан дар шакли сутунҳои нақшаи баёнӣнишон дода шудаанд. Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣдар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Турсунзода) ва миқдори аз ҳама камтар – дарвилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасад.

Барои арзёбии тафовутҳои минтақавӣкоэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда ҳисоб карда шуд, ки дар соли1991-50,9%, дар соли 1995-68,9% ва дар соли 2000-90,0%-ро ташкил медод.

Бӯҳронииқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум беистисно тамоми минтақаҳои ҷумҳурирофаро гирифта буд, вале дар ҳар минтақа он хусусиятҳои хоси худро дорад.

Дар соли 1998 шумораи ноҳия ва шаҳрҳои ҶумҳурииТоҷикистон, ки дар онҳо тағйирёбии истеҳсолот ба миқдори ҳисоби миёна (фосилаи55-85%) наздик будааст, фақат 7,3% – шумораи умумии онҳоро ташкил медод.Вазъият дар оғози соли 2000 як андоза беҳтар гардид, вале ҳанӯз қатъӣ не. Дарсоли 1998 дар муқоиса бо соли 1995 миқдори минтақаҳои ба таназзули амиқгирифторшуда афзоиш ёфт (аз 53,65 то 65,85%), минтақаҳои нисбатан тағйирёбиимуносиб дошта коҳиш ёфтааст (аз 25 то 27%).

Агарнишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатии соли 2000-ро бо соли 1991 бо муқоисагирем, гирифтор будани 63,4% ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба касодии истеҳсолии ҷиддӣаён мегардад.

Миқдориаз ҳама бештари истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар вилояти Суғд ва аз ҳамакамтар дар ВМКБ ба даст оварда шудааст.

Минтақаҳоиҷумҳурӣ аз рӯи сатҳи музди кор ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Коэффитсентивариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда дар соли 1991- 11,8%- ро ташкил медод, дарсоли 1995– 21,8%, ва дар соли 2000 – 54,5%, яъне тафовут зиёд мегардад. Ба табақаҳотақсим шудани минтақаҳо дар нақшаи 3 баён ёфтааст. Дар соли 1991 фарқи байнисатҳи ҳадди аксар ва ҳадди ақал аз сатҳи ҳисоби миёнаи умумиҷумҳуриявии муздикор 1,4 каратро дар соли 1991, 2,4 карат – дар соли 1995, 3,4 карат – дар соли1999 ташкил додаст, аммо дар соли 2000 ин нишондиҳанда як андоза коҳиш ёфт 3,2каратро ташкил дод.

Яке азомилҳои тафовути минтақаҳо аз рӯи сатҳи музди кори миёнаи моҳона – мавҷудбудани фарқ дар таркиби соҳавии иқтисоди минтақаҳо ба шумор меравад.

Дар соҳаиистеҳсолӣ музди кори аз ҳама камро коркунони соҳаи кишоварзию ҷангалпарварӣ вамузди кори нисбатан баландро коркунони дар саноат машғул буда доштанд.

Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсоли музди кори азҳама баландро коркунони муассисаҳои қарздиҳанда ва суғурта ва аз ҳама пастродар системаи тандурустӣ мегиранд.

Ба ҳамин тариқ, сатҳи нисбатан баландимузди кор дар ноҳияҳое вуҷуд дорад, ки дар онҳо саноат, инфраструктураибозаргонӣ тараққӣ ёфта ба соҳибкории муштарак шароит фароҳам омадааст (шаҳри Душанбе,баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ).

Сатҳи нисбатан пасти музди кор дарминтақаҳоест, ки аз ҳама бештар дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зарар дидаанд (ноҳияҳоиалоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон), инчунин ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати мавқеиҷуғрофӣ аз марказ ҷудо ва дурдаст (ноҳияҳои ВМКБ) мебошанд.

460
Нет комментариев. Ваш будет первым!