Танзими давлатии иқтисоди миллӣ, сиёсати давлатии буҷетӣ, андоз, молиёт ва пулию қарзӣ

С 1. Зарурияти танзими давлатии иқтисодибозоргонӣ ва шарҳи ботавсили он

С 2. Шакл ва усулҳои танзими давлатии иқтисод

С 3. Самт ва равандҳои танзими давлатии иқтисод

С 4. Таҳлили нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ,молиёт, андоз ва пулию қарзӣ

С 5. Омилҳои ба танзими давлатии иқтисоди миллӣмусоидаткунанда

САВОЛИ 1. Бавуҷудоӣ ва арзи вуҷуд доштанидавлат на танҳо аз ҷиҳати таърихӣ зарур, балки ҳамчун омили муҳим ва пешрафти ҷамъиятба ҳисоб меравад. Сиёсати иқтисодии давлат – ин омили муҳим ва зарури унсури иқтисодиёт,аз он ҷумла иқтисодиёти бозоргонӣ ба ҳисоб меравад.

Дахолати давлатӣ дар иқтисодиёт ҳамчун объектизарурӣ барои дилхоҳ давлат новобаста аз оне, ки он аз рӯи системаи бозорӣ ё инки маъмурӣ-тақсимотӣ фаъолият мекунад, зарур аст. Дар иқтисодиёти тақсимоти давлат ҳамаи ҳуқуқҳова ӯҳдадариҳоро оиди истеҳсол ва тақсимоти молу хизматҳо ба зиммаи худ мегирад.Ин тарзи танзими давлатӣ дар давраи собиқ ИҶШС арзи вуҷуд дошт, ки ғайрисамаранокбудани худро нишон дод.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣдар назди давлат вазифаи бевоситаи ташкили истеҳсоли молҳо ва тақсимоти захираҳонамеистад. Ё ба тарзи дигар гӯем, давлат ҳуқуки озодона тақсим намудани захираҳо,сармоя ва молҳои истеҳсолшударо надорад, чи тавре ки ин амалиёт дар иқтисодиётимаъмурӣ-фармонфармоӣ ба амал бароварда мешуд. Дар системаи бозорӣ –ин пеш аз ҳаматанҳо қарор барои қабули мақсади истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда мебошад ва азҳамин нуқтаи назар вазифаи танзими давлатӣ дар ин ҷо нисбатан мавқеи хосародорад.

Механизми бозорӣ қодир нест, ки ҳамаи проблемаҳоитараққиёти иқтисодиро ҳал намояд. ҳанӯздар давраи вуҷуд доштани рақобати озод қисмати зиёди қувваҳои истеҳсолкунандаба қатори моликияти хусусии классикӣ мерасад ва давлат зарурат пайдо менамояд,ки қатор сохторҳои иқтисодиро, ба монанди роҳи оҳан, почта, телеграф ва ғайрахоба зиммаи худ гирад. Ҷоннок гардидани мутаҳидшавии байнидавлатӣ дар асоси тақсимотимеҳнат ба баландгардидани ҷараёнҳои иқтисодии умумӣ ба сарҳадҳои миллӣ, боиситашаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ-иҷтимоӣ, вобаста ба мудофиа, илм, танзимимуносибатхҳи иҷтимоӣ, такрористеҳсоли қувваи корӣ, муҳoҷират, экология ва ғ. оварда мерасонад. Маҳз ҳаминва дигар сабабҳо боиси зарурати дахолати сохторҳои давлатӣ дар механизмитанзими ҳалли қарорҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар муҳимон аст, ки дар кадом соҳаҳо ва ба кадом миқдор бояд дахолати давлат дар икқисодиётба амал бароварда шавад, сиёсати иқтисодӣ чӣ тавр бояд сурат гирад ва танзимидавлатӣ ба кадом самтҳо равона карда мешавад.

Саволи2. Иқтисодиёт таърихан тибқи ду усул: усули ғайридавлатӣ(бозорӣ) ва давлатӣ сурат мегирад. Танзими ғайридавлатӣ аз- ҷониби субъект ваагентиҳои алоҳидаи иқтисодӣ- ширкат ва фирмаҳо перомони тақсими бозори фурӯш ваташаккули нархҳо, ҳавзаи тиҷорат, савдои яклухту чакана, биржаҳои молию пулӣ,музояда, намояндагиҳо, низоми иттилоотӣ асъор ба роҳ монда мешавад. Ин тарз ва усули танзим ҳамаҷониби иқтисодӣмиллиро фаро гирифта наметавонад. Бинобар ин танзими комили иқтисодиёт аз ҷонибидавлат ба роҳ монда мешавад.

Танзими давлатии иқтисодиёт – маҷмӯи тадбир вамеъёрҳои муайяни қонунгузорӣ, иҷроя ваназоратие мебошад, ки ба мақсади таъмини рушди иқтисод ва баланд бардоштанидараҷаи некуаҳволӣ нигаронида шудааст. Он ҳамчун ҷузъи муҳимтарини микроиқтисод,алалхусус, такрористеҳсоли ҷамъияти сурат гирифта, ба мақсади ҳавасмандгардониирушди иқтисод, танзими шуғл, ва бартараф намудани нобаробариҳои иқтисодӣистифода карда мешавад.

Таҷрибаи ҷаҳони аз он гувоҳи медиҳад, китанзими давлатии иқтисодиёт вобаста аз шароитҳои таърихӣ, захираҳои иқтисодӣ,захираҳои молию пулӣ, ҳалли масъалаҳои иқтисодию ҷтимоӣ, таҷрибаи хоҷагидорӣ ҳархеласурат мегирад.

Таҳлили ақоидоти иқтисодчиёни ғарб ва тағрибаихоҷагидорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими иқтисод ҳамчун тамсилаи иқтисоди миллӣ ва танзим тибқи шакл ва методҳои маъмуристандартӣ ба амал бароварда мешавад.

Саволи3. Дар олами муосир чунин методҳои танзимидавлатии иқтисод бештар истифода карда мешавад: ҳуқуқи маъмурӣ, иқтисодӣ, мустақим ва ғайримустақим.

Танзими ҳуқуқӣ– аз ҷониби давлат ҳамчун қоидаи «бозиҳои иқтисодӣ» барои фирмаҳои тавлидгар ва истеъмолгарон пешбарӣ кор мешавад. Он даршакли низоми қонун ва қонунгузориҳо, қоида ва меъёрҳо тибки ҳуқуқи моликият, соҳибкорӣ, қарордодҳо,ташкили муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра сурат мегирад.

Танзими маъмурӣ – ҳамчун кулли чорабиниҳо оиди таъсири зуроварии маъмурӣ банатиҷаи фаъолияти хоҷагидории субъектҳоииқтисодӣ ташкил карда мешаванд. Тадбирҳоимаъмурӣ дар шакли пешниҳоди патент, литсензия, ҳиссаҷудокуниҳо, сармоягузориҳоидавлатӣ, қарз ва ёрдампулиҳо, имтиёз ва ғайра зуҳур мегардад.

Танзими давлатӣ мустақиман ҳангоми муайянкардани стандартҳо, Хадди ақали музди кор, имконияти истеъмолкунанда, кор кардабаромадани чораву қонунҳо барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ истифода карда мешавад.Дар баъзе давлатҳо доираи танзими маъмурӣ хеле ҳам маҳдуд буда, он фақат ҳифзимуҳити зист ва ҳаёти иҷтимоии аҳолиро фаро мегираду халос.

Танзими иқтисодӣ -асосан хислати хоси иқтисодибозорӣ буда, ҷанбаҳои гуногун ва мураккаби онро инъикос менамояд. Доираитаъсири он ба воситаи густариши бозор, тақозо, арза, рақобат, дараҷаи тамарқузимол, хадамоту сармоя ба роҳ монда мешавад.

Дар шароити бозор вазни қиёсии танзими иқтисодӣнисбат ба усули маъмурӣ афзалият дорад. Усулҳои танзими иқтисодӣ чунин лаҳзаҳородар бар мегирад: танзими молиявӣ; танзими пулию қарзӣ; танзими андоз; танзимибуҷавӣ; танзими фискалӣ (хазинадорӣ); танзими иҷтимоӣ; танзими давлатӣ; таҳрезӣбарномасозӣ ва пешбинии давлатӣ.

Танзими пулию қарзӣ яке аз муҳимтарин методҳоитанзими давлатии иқтисод буда, он ба воситаи фишангҳои бамеъёрдарории бонкӣ,танзими стафкаи фоизи бонк, гузаронидани амалиётҳои пулӣ дар бозори асъор,назорат ба ҳаҷм ва суръати гардиши пул ба амал баровыарда мешавад.

Давлат ба воситаи ин фишангҳои иқтисодӣимконият дорад ба равандҳои таварум дар даврони бӯҳрон ва касодӣ бо воситаитаъсири стафкаи фоиз ва сармоягузорӣ таъсир расонида, ҳолати чандири ва истиқлолииқтисодиро барқалоли ва минбаъд онро равнақу ривоҷ диҳад.

Танзими андоз-фишанги эътимодноки баландбардоштани дараҷаи самаранокии рӯшди иқтисод мебошад. Он имкон медиҳад, кидигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таркиби истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва таносуби оқилонаитақозо ва арзои пули таъмин карда шуда, ғайримизоҷонии макроиқтисодӣалалхусус ғайританосубии байни захираҳои маҳдуди ҷамъият ва тақозои беинтиҳоиинсон, буӯҳронҳои иқтисодӣ, дараҷаи баланди тааррум, бекорӣ ва ғ. Бояд аз байнбурда шавад.

Танзими буҷавии давлат асосан бо роҳи батартибдарории хароҷотҳои давлатӣ, интишоризаюҳои давлатӣ (облигатсияҳо), дастгирии соҳибкорӣ идавлатӣ ва ғ. Ба амалбароварда мешавад.

Танзими хазинадории (фиксалии) давлатӣ бошадтибқи танзими низоми андозбандии даромади корхонаҳои давлатӣ ва мунисипалӣ,молу амволи аҳолӣ ва ғ. Сурат мегирад.тарз, усул ва фишангҳои танзими давлатиизерсохти бозор гуногунҷабҳа буда, усулҳои зиёдро дар бар мегирад.

Cаволи 4. Дардоираи сиёсати макроиқтисодӣ иҷрои вазифаҳои вобаста ба рушди механизмҳоитанзими муносибатҳои бозоргонӣ, баланд бардоштани самаранокии идораи маблағҳоидавлатӣ ва андозбандӣ, такмили низоми муайян намудани дурнамои нишондиҳандаҳоимакроиқтисодӣ, омор, сиёсати молия ва пулу қарз пешбинӣ шудаанд.

Шаҳодати ин дар давраи соли 2007 то 4 млрд.788,5 сомони афзудани ҳаҷми ММД аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бонархҳои муқоисавӣ 7,3 % зиёд мебошад.

Дар нимсоли авали соли 2007 Буҷети давлатӣ (БД)бо дарназардошти буҷети иловагӣ ба андозаи 5 % зиёд иҷро гардида, ба он 1 млрд.107,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 357,4млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Гарчанде Буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввал дармаҷмӯъ иҷро гардида бошад ҳам, андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулотикишоварзӣ 88,6 %, аксизи дохилӣ 92,2 % ва андоз аз фурӯши пахта 96,8 % иҷрошуд, ки дар натиҷа ба БД 3,8 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ,қарздиҳии хурд яке аз фишангҳои босамари стратегияи паст кардани сатҳикамбизоатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои муҳимииқтисодиёт дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯсолҳои охир барои афзоиш додани қарзҳои хурд ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣаҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Масалан дар 5 моҳи соли 2007 аз тарафи бонкҳо вадигар ташкилотҳои маблағгузорӣ, ҳамагӣ 360,1 млн. сомони қарзҳои хурд додашудаанд, ки аз он ҷумла ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 109,4 млн. сомонӣ, кинисбати ҳамин давраи соли гузашта 55,0 млн. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд мебошад.

Даpнимсолаи авали соли 2007 қарзи берунаи ҶТ аз ҳисоби азхуд намудани қарзҳои ҷалбшавандаба маблағи 37,6 миллион доллари амрикоӣ (ДА) зиёд шуд ва аз ҳисоби пардохти қарзиасосӣ ба маблағи 17,2 млн. ДА кам гардида, ба ҳолати то 1 июли соли 2007 886,8млн. ДА-ро ташкил дод.

Cаволи 5. Бояд қайднамуд, ки омилҳое ки ба ҷараёни танзими давлатӣ таъсир мерасонанд аз рӯи самтифаъолияташон шартан ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: Омилҳои иқтисодӣ: танзими молию-қарзӣ, танзими андоз, танзими буҷаидавлатӣ, сиёсати гумрук, соҳибкорӣ ва танзими давлатии зидимонополӣ, баландбардоштани ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, танзими сиёсати инвеститсионӣ ва ҷалбнамудани инвестисияи хориҷӣ, баланд бардоштани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) баҳар сари аҳолӣ ва ғ.

Омилхоииҷтимои: меъёрҳое,ки стандартҳои минималии истеъмол ва ӯҳдадориҳоро муайян мекунад: музди ади ақалва нафақа, минимуми кафолати хизматҳои тандурустӣ, маориф, манзил ва ғ.,имтиёзи андоз, ки ташкили ҷойҳои нави кориро ҳавасманд мекунад, танзими шуғл,яъне таъмини шуғли пураи аҳолӣ дар иқтисодиёт; паст кардани сатҳи бекорӣ дар дараҷаи ниҳоӣ, паст кардани сатҳикамбизоатӣ ва умуман омилҳое, ки ба ҷиҳатҳои иҷтимоӣ равона карда шуд-д.

Омилҳои экологӣ. Бояд қайд намуд, ки муаммоҳоиэкологӣ бе иштироки фаъоли давлат ҳал када намешавад ва аз ин рӯ масъалаҳои ҳифзимуҳити атроф дар таҳти назорати давлат қарор дорад ва дахолати давлат дар инсамт нисбатан васеъ мебошад.

Системаи танзими давлатии ҳифзи муҳити атрофдар Ҷумҳури Тоҷикистон асосан аз қабули Қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» оғозгардид, ки элементҳои асосии он аз инҳо иборат мебошад:

-иҷозат додан ба партовҳо, ки аз тарафи комитетҳоимуҳити зисти минтақавӣ дода мешавад;

-шартнома ва иҷозатномаҳо (литсензия) бароиистифодаи комплексии захираҳои табиӣ, ки барои онҳо меъёри ҳаҷми партовҳо муқарраркарда шудааст;

-ҳақмузд барои ифлоскунӣ, ҷорӣ намудани санксияҳова ҷаримаҳо (ҳақмузд ба фондҳои экологӣ бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад: азрӯи партовҳо дар ҳаҷми меёъри муқарраршуда ва зиёд накардан аз меёъри муқарраршуда);

-системаи фондҳои экологӣ;

-системаи андозҳо, муайян намудани ставкаи андоз,имтиёзи андоз ва ғ.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷумҳурӣ сарчашмаиасосии маблағгузориҳои ҳифзи муҳити зист аз инҳо иборат мебошад: маблағҳои буҷавӣ,маблағи хусусии корхонаҳо, маблағи фондҳои экологӣ, грантҳо ва лоиҳаҳоиинвеститсионии хориҷӣ. Дар шароити ҳозира аз ҳисоби хароҷотҳои давлатии буҷавӣба ин соҳа он қадар маблағҳо ҷудо намешаванд ва асосан сарчашмаи маблағгузориҳоаз ҳисоби фондҳои экологӣ суръат мегирад. ҳамин тавр, танзими давлати пеш аз хама ба стратегияирушди иқтисодии кишвар нигаронида шуда, танҳо дар холати комёб шудан ба сиёсатинави иқтисодӣ, ки ба ҷанбаҳои мушаххаси тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии дарозмӯҳлатиҷумҳурӣасос ёфтааст, амалан татбиқмегардад.

1K
Нет комментариев. Ваш будет первым!