Ояндабинӣ, банақшагирии индикативии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 1. Мафҳум ва моҳияти банақшагирию ояндабинӣ.Ояндабини -ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ.

С 2. Ояндабинии даврҳои бӯҳронҳо – омили муҳимиба тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ мусоидаткунанда.

С 3. Банақшагирии индикативӣ ва зарурияти омӯзишион

С 4. Таърихи пайдоиши банақшагирии индикативӣ

С 5. Роҳҳоитараққиёт ва намудҳои банақшагирии индикативӣ

Саволи1. Нақша ва банақшагирӣ яке аз вазифаҳои муҳимтаpини илми идоракунӣ мебошад. Банақшагирӣ-ин ҷараёниинтихоби ҳадафҳо ва карорҳое мебошад, ки барои ба мақсад ноил гаштан равонакарда мешавад. Ё ба тарзи дигар гӯем банақшагирӣ ин хадафҷӯӣ ё ин ки пеши назаровардани натичаҳоест, ки аз ноил гаштан ба ҳадаф ба даст меояд. Банақшагирӣ дартамоми давру замонҳо барои ҷомеъаи башар хос буд ва он имконият медод, ки мақсадипешгузошташуда муайян карда шавад ва барои он чораҳои зарурӣ андешидашавад. Банақшагирӣ ба чандин гурӯҳҳо ҷудокарда мешавад: нақшаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, экологӣ, илмию техникӣ ва ғ.

Нақшаи иқтисодӣ –ин пеш аз ҳама нақшаи истеҳсолотаст, яъне истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар назар дошта мешавад. Нақшаи иқтисодӣинчунин нақшаи тақсимоти маҳсулот, нақшаи боркашонӣ, интиқол ва то баистеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидани мaҳсулот мебошад. Бинобар ин чунин нақшаро натанҳо маънои истеҳсолу тақсимот, балки инчунин истеъмоли маҳсулотро дар бармегирад (истеъмоли истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ)

Дар шароити ҳозира, чи дар таҷрибаи мамлакатхоимуштаракманофеъ ва чи берун аз он назарияи оянабинии Н.Д. Кондратьев(1892-1938), ки яке аз назарияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ба ҳисоб меравад васеъистифода мешавад, ки онро бо чунин тавр тасвир намудан мумкин аст (расми 1):

Хусусияти ояндабинӣ дар бисёр ҳолатҳо аз вақтиба амалоии ҳодиса вобастагӣ дорад, ки аз ин нуқтаи назар он ба қисматҳои зеин ҷудокарда мешавад: кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат, дарозмӯҳлат ва бисёр хам дарозмӯҳлат.Бояд қайд намуд, ки дар адабиётҳои муаллифон мӯҳлатхои ояндабиниро бо тарзҳоигуногун маънидод намудаанд, ки аз ҳама ба мақсад мувофиқ мӯҳлатҳои зерин муайянкарда шудааст: кӯтохмӯҳлат (аз 1 то 3 сол), миёнамӯҳлат (аз 4 то 10 сол),дарозмӯҳлат (аз 10 то 20 сол), бисёр ҳам дарозмӯҳлат (зиёда аз 20-30 сол).

Аз рӯи объект ва ҳудуди ояндабини он ба миқдорӣва сифатӣ ҷудо мешавад.

Саволи 2. Яке азэлементҳои мураккаб дар назарияи банақшагирӣ ва ояндабинӣ –ин ояндабинии объектҳоитаҳлилшаванда, тағъирёбии давраҳо

Расми 1. Назарияи ояндабинии Н.Д. Кондратьевва методологияи

банақшагирӣ

(цикл) ва фазаҳои он мебошад, ки ҳангоми баамалоии бӯҳронҳо ба мушоҳида мерасад. Давраҳо ҳаракати умумии дилхоҳ системадар табиату ҷамъият мебошад, ки дилхоҳ давр ҳангоми пешрафти худ 5 фазро аз сармегузаронад: бавуҷудоии даври гузашта;барқароршавии инноватсионӣ; тақсимот; тараққиёти мӯътадил; ташаккулёбиисистемаи нисбатан нав ва пешқадам. Танҳо баъди ин ҳолатҳо, ивазшавӣ ва гузаштан аз як система ба системаидигари сифатан нав ё ин ки пошхӯрии системаи амалкунанда ба вуҷуд меояд. ҳолати дигаре, ки тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоиисистемаҳоро мураккаб месозад –ин пешбинии даврҳои фазаи бӯҳронҳо, тагъирёбии онҳова хусусияти оқибатҳои он ва роҳҳои баромадан аз бӯҳронҳо мебошад, ки дар ин ҷопеш аз ҳама бояд ҳолатҳои зерин ба назари эътибор гирифта шавад:

1. Фазаҳоибӯҳронӣ қисмати асосии тагъирёбии даврии системаи ҷамъиятӣ мебошад.Давомёбии бӯҳронҳо пеш аз ҳама аз намуд ва вақти ҳудуди даврҳо вобастагӣ дорад.Масалан дар доираи даврҳои миёнамӯҳлат фазаи бузург тахминан як маротиба дар даҳсол ба амал меояд ва 1-2 сол идома меёбад ва дар даврҳои дарозмӯҳлат бошад қариббаъди ду даҳсола ба амал омада 3-5 сол идома меёбад. Боз ҳам бӯҳронҳоидарозамалкунанда дар вақти ивазшавии асрҳо ва даврҳои цивилизатсионӣ ба вуҷудомада метавонад, ки як чан даҳсолаҳо амал намояд ва тағирётҳои куллиро дарсохтори иқтисодиёт ва ҷамъият ба вуҷуд орад.

2. Бӯҳронҳометавонанд хусусияти харобкунанда дошта боиси паст рафтани истеҳсолот васармоягузорӣ ба капитали асосӣ гардида, сабаби муфлисшавии корхонаҳо гарданд,ки ин ҳолат боиси афзудани шумораи бекорон, паст рафтани даромадҳои реалии қисматизиёди аҳолӣ гардида, ғайриустувор будани системаи ҷамъиятӣ ба мушоҳида расидава дар ниҳояти кор боиси ноооромиҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ гардад.

3. Бӯҳронҳометавонанд хусусияти хамгироӣ (созидательный) дошта метавонанд бароиэлементҳои системаи оянда роҳ кушоянд. Дар ин маврид бӯҳронҳо ҳамчун воситаитозакунанда, ки чизи кӯҳнаро, ки мӯҳлати худро иҷро кардааст нест намуда,метавонад заминаи асосӣ барои тараққӣ намудани системаи оянда гардад.

4. Давомёбиибӯҳрон аз хусусияти давомёбӣ ва боҳамтаъсирёбии даврҳо, ки дар соҳаҳои гуногунба амал меояд вобастагӣ дорад. Барои фазаҳои бӯҳронии давраҳои миёнамӯҳлатдавомнокии фазаҳои бӯҳронӣ барои 1-2 сол хос буда, баъд аз он давраи депрессияба вуҷуд омада баъд аз он оживления фаро мерасад, ки дар ин ҳолат сатҳипастравии истеҳсолот (бо пастравии ММД чен карда мешавад) аз 5-10 % зиёднамегардад. Аммо агар бӯҳрони давраш миёнамӯҳлат бо бӯҳрони давраш дарозмӯҳлатрост ояд он гоҳ он 3-4 сол давом ёфта боиси то 15-20 % пастравии истеҳсолотгардад. Чунин бӯҳрон дар давраи вуҷуд доштани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (солҳои1929-1933) ба мушоҳида мерасид.

5. Бӯҳронҳодар тағъирёбии системаи иҷтимои сохтори мураккабро фаро мегирад. Ин пеш аз ҳама бӯҳрони иқтисоди мебошад, кидар навбати худ аз бӯҳрони инвеститсионӣ ва молиявӣ оғоз ёфта боиси муфлисшавӣ,кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, баланд гардидани дараҷаи бекорӣ, паст гардиданииктидорҳои истеҳсолӣ ва боиси нест гардидани баъзе молҳои ниёзи мардуммегардад. Баландшавии дараҷаи бекорӣ ва паст гардидани сатҳи зисти аҳолинооромиҳои сиёсиро ба амал оварда ҳатто дар баъзе аз мавридҳо боиси бӯҳронҳоисиёсӣ мегардад дар ниҳояти кор метавонад боиси ивазшавии давлат гардад (масаландар Германия дар солҳои 30-юм боиси ба дасти фашистон гузаштани давлат гардид).

6. Баромаданаз бӯҳрон дар фазаи депрессия ва дар аввали оживления ба амал меояд. Дар чунин ҳолат баъзе пешравиҳо дар соҳаҳоиистеҳсолӣ, дар азнавкунии навоварӣ-инвеститсионии истеҳсолот ба мушоҳидамерасад, ки боиси талабот бо қувваи нави корӣ ва маҳсулотҳои истеъмолӣ ваинчунин талабот бо воситаи истеҳсолот ба мушоҳида мерасад. Ин ба сиёсати зиддибӯҳрониидавлат муосидат намуда дар чунин ҳолатҳо консепсияи кейсиани татбиқ кардамешавад, ки аз чунин омилҳо вобастагӣ дорад: балангардидани заказҳои давлатӣ,ташкили корҳои ҷамъиятӣ, баланд гаpрдиданииқтисодиёти ҳарбӣ ва ғ. Ин ҳолат дар ниҳояти кор ба он оварда мерасонад, ки иқтисодиётба фазаи инкишофёби (оживлени) ва баъдтар ба балангардии он овардамерасонад.

Саволи3. Пеш аз оне ки дар бораи банақшагирии индикативӣмаълумот диҳем аввалан мафҳуми банақшагирии стратегиро низ шарҳ додан ба мақсадмувофиқ аст. Банақшагирии стратегӣ ин ҷараёни муайянкунандаи мақсадҳо, инчунинмаънои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоибо мӯҳлати дароз ё кӯтоҳ ва ягонагии асоси механизми амалигардонии он мебошад.Он ҳисоби омилҳои муҳити беруниро пеш аз ҳама дар назар мегирад, ки аз ин ҷост,ки пешқадам ва гуногунвариант мебошад. ҳангоми банақшагирии стратегӣ ҳалли ҳамон масъалаҳое дар назар дошта мешавад, кихусусияти умумии дигаргуниҳои иқтисодӣ, босуботӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёт,сатҳи зисти аҳолӣ, рақобати мудофиавии мамлакат ва ғайраҳоро дар бармегирад.

Банақшагирии индикативӣ, чӣ тавре ки қайд карда шуд асоси воситаи кориоиди амалӣ намудани мақсадҳое мебошад, ки дар нақшаи стратегӣ бо назардоштивазъияти мушахасси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ гузошта шудааст. Банақшагирии индикативӣ – ҷараёне ташаккули низоми индикаторҳо мебошад, ки вазъият ва тараққиётииқтисодиёти мамлакатро, ки бо сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат мувофиқ астшарҳ дода бо маҷмӯи чорабиниҳо ба ҷараёнҳои иқтисодӣ-ичтимоӣ таъсиp мерасонад.

Таҷрибаи бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он гувоҳӣмедиҳад, ки банақшагирии индикативӣ дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ пеш аз ҳамаба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ такья менамояд. Чунин тарзи банақшагирӣ ҳамчункомпоненти асосӣ дар низоми танзими давлатии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаион имконият медиҳад, ки ба ҳамомезиши самараноки худтанзимкунии бозор ватанзими марказонидашуда ба амал бароварда шавад.

Бояд қайд намуд, ки мақоми асосиро дар ба вуҷудоииназария ва амалияи банақшагирии индикативӣ дар солхои 1922-1925 олими рус Н.Д.Кондратьев гузошт, аммо ин назария бо сабабҳои сиёсӣ ва дигар сабабҳо дар таҷрибаамалияи худро наёфт. Дар шароити ҳозираи иқтисодиёти бозорӣ асоси амалии банақшагириииндикативӣ аз тарафи К. Ландауер дар китоби «Назарияи иқтисоди миллии банақшагирӣ»(1944) гузошта шуд, ки ҳанӯз дар ҳамон замон чунин ҷиҳатҳои банақшагириииндикативӣ ҷудо карда мешуд:

-нақша дар натиҷаи фаъолияти боиродаю мушаххасидавлат бо якҷоягӣ бо ҳамагуна тарафҳои дахлдор ташаккул меёбад;

-нақшаи қабулшуда бо муҳокимаи кушоду озод, тақозомекунад, ки принспи қарори пешқадам риoя кардашуда, ба талаботи тамоми ҷомеъа ҷавобгӯ бошад, на ин, ки бо агентҳои алоҳида,ки ба зарари интересҳои умумидавлатӣ оварда расонад;

-мақсадинақша ва чорабинӣ барои амалигардонии он бояд ҳамин тавр интихоб карда шудабошад, ки истифодаи самарааш баланд ба даст оварда шавад;

-нақша бояд бо тамоми захираҳо дар тавозунбошад.

Саволи4. Таҷрибаи банақшагирӣ дар кишвари мо бевоситаба идтиҳоди шӯравӣ мансуб аст, яъне давлате, ки хоҷагии плании марказонидашудадошт. Собиқ ИҶШС давлате буд, ки моҳияташ хоҷагии ягонаи марказонидашуда будааз рӯи нақшаи умумидавлатӣ тараққӣ мекард. Банақшагирӣ дар ИҶШС банақшагириидирективӣ (дастурӣ) буд ва план ҳукми қонунро дошт ва аз боло ба поён ҳатманбояд иҷро мешуд.

Банақшагирии индикативӣ нақшае мебошад, ки даршароити хоҷагии капиталистӣ ва шароити иқтисоди бозоргонӣ сурат мегирад. Боибораи дигар ин гуна банaқшагирӣдар шароите ки моликияти мамлакат пурра давлатӣ нест ва моликияти хусусӣ низмавқеи муҳимро ишғол менамояд, амал мекунад.

Дар адабиётҳо дар бораи таърихи пайдоиши банақшагириииндикативӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан бо баъзе аз сарчашмаҳои илмӣин гунна банақшагирӣ нахустин маротиба дар Франсия дар соли 1946 дар таҳтирохбарии президенти он давpа ДеГолл пайдо шуд. Банақшагирии индикативӣ кулли хоҷагии мамлакатро фаро гирифта,дар миқёси корхонаҳо ва ташкилотҳои алоҳида ба мӯҳлати 5 сол сохта мешуд. Азхамон давра банақшагирии индикативӣ густариш ёфта, махсусан дар давлатҳои рӣ батараққӣ дар ҳиндустон, Алҷазоир, Кипр, Камбоҷа, Конго, Гвинея ва ғ. мақоми муҳимроишғол намуд.

Банақшагирии индикативӣ дар шароити бозор ва вуҷуддоштани корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва омехтаи намудҳои хоҷагидорӣамал намуда бо воситаи чунин нақшаҳо вазифаҳои умумимиллӣ (ба монанди рушди иқтисодӣ,мубориза ба зидди кашшоқӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва ғ.) ҳалли худро меёбад.Дар мамлакатҳои тараққикарда ин усул истифода шуда ва истифода шуда истодааст,ки дар ҳар кишвар хусусияти хоси худродоро мебошад. Масалан дар дар Франсия ва Япония –ин нақшаҳои панҷсолаи тараққиётииқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, дар Ҷумҳурии Чин бошад ин накшаҳои миёнамӯҳлат вадарозмӯҳлат ва нақшаҳои солона мебошад ва дар ИМА ин банақшагрии барномавӣ ванизоми контрактӣ мебошад.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ банақшагирии индикативӣ азтарафи мақомотҳои баланди давлати тасдиқ шуда, аммо он ҳамчун роҳнамои секторихусусӣ амал намуда баъди тасдиқи он ба парлумон ё ба давлат ба банақшагириидирективӣ барнамегардад. Масалан, дар Франсия банақшагирии индикативӣ қувваиконуни давлатиро дорост ва нақша аввалан аз тарафи президент ва баъдан азтарафи парлумон тасдиқ карда мешавад. Нақшаи тасдиқшуда мақсади умумимиллӣдошта, барномаи тараққиётиро масалан барои 5 сол дар мегирад. Агар дар панҷсолаиаввал нақша барои барқарор кардани иқтисодиёти баъдиҷангӣ равона мешуд 5-солаҳоиминбаъда барои таҷдиди иқтисодиёт, илмӣ-техникӣ, сохтмони манзил барои аҳолӣ ваҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ равона шуда буданд.

Дар давлати Россия банақшагирии индикативӣмасалан барои ду баробар зиёд намудани ММД дар 10-солаи ҷорӣ истифода шудаистодааст, ки бо ёрии чунин тарзи банақшагирӣ бояд чунин соҳаҳои макроиқтисодӣтаъмин гардад:

-идоракунӣ дар сатҳи сохторҳои макроиқтисодӣ;

-идоракунии сохторҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ;

-идоракунии ҷараёнҳои инноватисонӣ;

-идоракунии алоқаҳои иқтисодии берунӣ.

Барои амалӣ намудани чунин тарзи банакшагирӣбояд пеш аз ҳама ҳаҷми сармоягузориҳо барои капитали асосӣ, ҷойгиршавӣ васохтори талаботи истеъмолӣ, сатҳи даромадҳои пулии аҳолӣ, caҳми даромади буҷа дар ММД ва ғ. ҳисоб кардашавад.

Саволи 5. Банақшагириииндикативӣ асосан баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тараққии фаъол намуда дар роҳипешрафти худ бо роххои гуногун тараққӣ намудааст. Дар адабиётҳо аслан се намудибанақшагирии индикативӣ, аз руи хусусияти вақти бамалоӣ ва дараҷаи таъсиримеханизми банақшагири гурӯҳбандӣ карда мешавад, ки онҳоро ба: конъюктурӣ,сохторӣ ва стратегӣ ҷудо мекунанд.

Намудиконъюктурӣ яке аз шаклҳои таърихии банақшагирии индикативӣмебошад, ки таҳти мафҳуми конъюктура маҷмӯи шароитҳо ва омилҳо, ки вазъияти иқтисоди-иҷтимоиромуайян мекунанд фаҳмида мешавад. Вазифаи асосии чунин намуди банақшагирӣ дар беҳдоштиконюъктураи иқтисодӣ ва таъмини нисбатан тавозуни тараққиёти иқтисодӣ бо роҳиистифодаи комплексии фишангҳои макроиқтисодӣ ба монанди молиявӣ-буҷавӣ, пули-қарздиҳӣва ғайраҳо мебошад.

Намудисохторӣ яке аз шаклҳои мукаммали банақшагириииндикативӣ ба ҳисоб меравад, ки тақсимоти фаъолияти планиро дар сатҳи мезо вамакроиқтисодӣ нишон медиҳад. Дар чунин тарзи банақшагирӣ диққати асосӣ батаъмини сиёсати сохтории давлат дар ҳудуди минтақаҳо, соҳаҳо ва секторҳои иқтисодӣбо роҳи мувофиқtанамудан бо нақша ва интересҳои корхона ва давлат равона карда мешавад.Зарурияти истифодаи намуди сохтори банақшагирии индикативӣ дар хамон ҳолат баамал меояд, ки агар сиёсати давлат дар навбатиаввал ба тақсимоти ҳудуди равона карда шавад, Барои муаяйн накмудани чунинпараметрҳо чорабиниҳои зерин ба монанди механизми қарзҳои кредитӣ, имтиёзҳоиандоз ва дигар чорабиниҳои ёрии давлатӣ дар ҳудуди мақомотҳои идоракунии минтақавӣва корхонаҳои хусусӣ истифода мешавад.

Намудистратегии банақшагирии индикативӣ боз ҳам таҳлили чуқуриҳамаи субъектҳои иқтисоди миллиро талаб мекунад. Хусусияти чунин намуди банақшагириииндикативӣ пеш аз ҳама дар мавқеи васеъи нақшаҳои индикативӣ ва интегратсияибаланди он бо сиёсати дарозмуддати сиёсати иқтисодӣ ба назар мерасад.

Бояд қайд намуд, ки дар базаи банақшагириииндикативӣ механизми таъминоти мақсад ва роҳнамо (ориентир)-и тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоиидавлат ба вуҷуд меояд, ё ин ки ба таври дигар гӯем давлат ба тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣбо воситаи кооридинатсия ва ахборот таъсир мерасонад на ин ки бо воситаи қарорхова фармонҳо. Дар натиҷаи ивазшавии нақша ва ахборот байни давлат ва корхонаҳоихусусӣ схемаи оптималии сатҳи тараққиёти пешниҳодшаванда ба амал меояд. Аз иннуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки вазифаи асосии банақшагирии индикативӣ –инахбороти-роҳнамои мебошад, ки ҳамчун вазифаи мотиватсионӣ ба ҳисоб меравад.

749
Нет комментариев. Ваш будет первым!