Мохият ва таснифоти алокахои беруниктисоди

Тараққиёти маданият рӯз аз рӯз мамлакатҳои алоҳидаро ба алоқаҳои хоҷагидории ҷаҳонӣ ҷалб месозад, ки ба ташкили иқтисодиёти ягонаи ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон бо қонунҳои умумии иқтисодӣ рушд мекунанд, ки ин аввалияти хислати иқтисодии муносибатҳои байналхалқиро нишон медиҳад.

Сохтори ҳамавақт тағирёбандаи талабот, камчин ва дурдаст будани захираҳо воситаҳои самараноки мубодиларо натанҳо дар байни минтақаҳои давлати ҷудогона, дар байни худи мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон низ талаб мекунад.

Рушди иқтисодӣ ва афзоиши аҳолӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон нобаробар мегузарад ва ин зарурияти васеъкунии мубодилаҳои байналхалқиро талаб мекунад, ки ба рушди бозорҳои нав (молҳо, хизматҳо, меҳнат, иттилоотӣ, молиявӣ ва ғайра), воридоти ашёи хом, мубодилаи технологӣ ва иттилоотӣ, илмӣ, илмӣ-техникӣ, истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва дигар алоқаҳои беруниқтисодӣ мусоидат мекунад.

Алоқаҳои беруниқтисодӣ – ин низоми комплексии шаклҳои гуногуни ҳамкории байналхалқии давлатҳо ва субъектони онҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мебошад. Ба субъектони давлат соҳибони ҳуқуқу ӯҳдадориҳое дохил мешаванд, ки ба онҳо аз ҷониби давлат гузошта шудаанд. Инҳо минтақаҳои худидора, субъектони хоҷагидор (ҷамъиятҳои шарикӣ, корхонаҳои воҳид ва ғайра) ва соҳибкорони инфиродӣ.

Алоқаҳои беруниқтисодӣ категорияи таърихӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Чун категорияи таърихӣ алоқаҳои беруниқтисодӣ маҳсули тамаддун мебошанд. Онҳо бо пайдоиши давлат ба вуҷуд омада, баробари он рушд мекунанд. Махсусан такони ҷиддӣ ба рушди ин алоқаҳо таназзули феодализм дод. Гузаштан аз хоҷагии натуралӣ ба муносибатҳои пулию молӣ ҷаҳиши якбора дар рушди бозори миллии мамлакатҳои алоҳида ва мубодилаи молҳо дар онро ба миён овард, ки ба амиқ ва васеъшавии алоқаҳои интермиллӣ ва мубодилаи байналхалқӣ дар бахши иқтисодии муносибатҳои давлатӣ оварда росонид.

Чун категорияи иқтисодӣ алоқаҳои беруниқтисодӣ аз низоми муносибатҳои иқтисодӣ иборат мебошад, ки ҳангоми ҳаракати тамоми намуди захираҳо байни давлатҳо ва субъектони иқтисодии мамлакатҳои гуногун ба миён меоянд. Ин муносибатҳои дуҷониба тамоми бахшҳои ҳаёти иқтисодии давлат, пеш аз ҳама, фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, инвеститсионӣ ва молиявиро дар бар мегиранд.

Моҳияти алоқаҳои беруниқтисодӣ чун категорияи иқтисодӣ дар вазифаҳои онҳо зоҳир мегардад.

Чунин вазифаҳо зеринанд:

  1. ташкил ва хизматрасонии мубодилаи байналхалқии захираҳои табиӣ ва маҳсули меҳнат дар шакли молӣ ва арзишӣ;
  2. эътирофи байналхалқии арзиши истеъмолии маҳсули тақсимоти байналхалқии меҳнат;
  3. ташкили ҳаракати пулии байналхалқӣ.

Мундариҷаи вазифаи якум дар расонидани маҳсулоти ба сифати захираҳои табиӣ истихроҷшаванда ва маҳсулоте, ки аз ҷараёни тақсимоти байналхалқии меҳнат ба дастоянда, то ба истеъмолкунандагони мушаххас тавассути мубодилаи мол ва маҳсули меҳнат дар шакли молӣ ва арзишии онҳо мебошад. Ташкили мубодила ҳамзамон хизматрасонии ин мубодиларо дар назар дорад.

Дар ҷараёни амалисозии вазифаи дуюм акти муносибатҳои пулию молӣ ва мубодилаи пул ба маҳсули тақсимоти байналхалқии меҳнат ба анҷом мерасад, ки дар натиҷа арзиши истеъмолӣ (аҳамияти амалии он) – и дар ин маҳсулот воқеъбуда, эътирофи байналхалқӣ касб мекунад.

Мундариҷаи вазифаи сеюм бо ёрии механизми ин алоқаҳо ташкил намудани шароит барои ҳаракати муттасили пул дар ҷараёни амалисозии ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқиро ташкил мекунад.

Ҳамзамон алоқаҳои беруниқтисодӣ чун воситаи таъсир ба низоми иқтисодии давлат баромад мекунанд, ки тавассути механизми фаъолияти беруниқтисодӣ амалӣ карда мешавад.

Дар хоҷагии ҷаҳони муосир алоқаҳои беруниқтисодӣ чун омили рушди даромади миллии давлат, сарфаи хароҷотҳои хоҷагии халқ ва тезонидани прогресси илмӣ-техникӣ баромад мекунанд.

Амалисозии ин алоқаҳо имконият медиҳад, ҳамкории байнидавлатӣ аз мубодилаи оддии молҳо ба тиҷорати хизматҳо, ҳалли муштараки масъалаҳои техникӣ-иқтисодӣ, рушди кооператсияи илмӣ ва истеҳсолӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти муштараки хоҷагидорӣ, аз он ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак гузаронида шаванд.

Тавассути механизми алоқаҳои беруниқтисодӣ талабот ба молу хизматҳои бозори ҷаҳонӣ ба бозори дохилии ин ё он мамлакат гузаронида мешавад. Ин талабот ба рушди қувваҳои истеҳсолиро ба миён меорад, ки дар навбати худ ба тараққиёти саноат, хоҷагии қишлоқ, тиҷорат, соҳаи хизматрасонӣва муассисаҳои молиявӣ мусоидат мекунад.

Рушди бозори дохилии мамлакат ба он оварда мерасонад, ки ҳаҷми пешниҳод аз ҳаҷми талабот дар дохили мамлакат пеш мегузарад. Ин дар навбати худ васеъшавии амалиётҳои тиҷорати хориҷӣ, арзоншавии арзиши сармоя ва пастшавии хароҷоти истеҳсолот ва мубодиларо ба миён меорад. Самаранокии ташкили алоқаҳои беруниқтисодӣ ва механизми идоракунии онҳо бисёр вақт бо таснифоти ин алоқаҳо муайян карда мешаванд.

Таҳти таснифоти алоқаҳои беруниқтисодӣ тақсимоти ин алоқаҳо ба гурӯҳҳои мушаххас бо аломатҳои муайян барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда фаҳмида мешавад. Низоми таснифотии алоқаҳои беруниқтисодӣ аз шакл ва намудҳои алоқаҳо иборат аст.

Намуди алоқаҳои беруниқтисодӣ – ин маҷмӯи алоқаҳо, ки бо як аломати умумӣ муттаҳид карда шудаанд, масалан бо самти ҳаракати молӣ ва аломати сохторӣ.

Аломати таснифотӣ вобаста ба самти ҳаракати молӣ ҳаракати молро (хизмат) аз як мамлакат ба дигар мамлакат, яъне баровардани мол аз мамлакат ё ворид кардани мол ба мамлакати мазкурро инъикос мекунад. Аз рӯи ин аломат алоқаҳои беруниқтисодӣ тақсим мешаванд ба: содиротӣ – фурӯш ва баровардани мол ба хориҷа, ва воридотӣ – харидорӣ ва ворид кардани мол.

Аломати сохтории таснифоти алоқаҳои беруниқтисодӣ таркибии гурӯҳии алоқаҳоро муайян мекунад. Он бо бахши манфиатҳои иқтисодӣ ва мақсади асосии фаъолияти беруниқтисодии давлат алоқаманд аст. Аз рӯи аломати сохторӣ алоқаҳои беруниқтисодӣ тақсим мешаванд, ба: берунтиҷоратӣ; молиявӣ; истеҳсолӣ; инвеститсионӣ.

Шакли алоқа – ин тарзи мавҷудияти намуди алоқа, аломати берунаи моҳияти ягон алоқаи мушаххас мебошад. Ба шаклҳои алоқаҳои беруниқтисодӣ тиҷорат, бартер, сайёҳӣ, инжиниринг, франчайзинг, лизинг ва ғайра дохил мешаванд. (расми 1).

Содирот – ин баровардани мол, меҳнат, хизмат, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо, аз ҳудуди гумрукӣ ба хориҷа бе ӯҳдадории баргардонида ворид кардани онҳо. Амри воқеъ шудани содирот вақте ба қайд гирифта мешавад, ки мол аз сарҳади гумрукӣ гузарад, хизмат расонида шавад ва ҳуқуқ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ба ихтиёри касе гузошта шавад. Баъзе амалиётҳои ҷудогонаи тиҷоратӣ бе баровардани мол аз сарҳади гумрукӣ ба хориҷа ба содирот баробар карда мешаванд. Ҳаҷми тиҷорати байналхалқӣ ё ин ки гардиши молии ҷаҳонӣ бо роҳи ҷамъ намудани танҳо ҳаҷми содирот одатан бо доллари ИМА ё бо нархҳои ФОБ (англ. free on board) ҳисоб карда мешавад. Нархи ФОБ маънии онро дорад, ки фурӯшанда танҳо як қисми хароҷотҳо барои интиқол ва суғуртакунии мол то лаҳзаи ба киштӣ дастрас амудани онро ба ӯҳда мегирад. ФОБ шарти бунёдии таҳвил мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда пардохти хароҷотҳои бурда расонидани бор ба киштӣ дар бандари боркунанда (одатан дар мамлакати содиркунанда) ва боҷи содиротии гумрукиро ба ӯҳда мегирад. Ҷоёгиркунӣ ва штивкаи бор (яъне сарфакорона ҷойгир намудани бор дар борхонаи киштӣ бо мақсади пур кардани холигиҳо) дар киштӣ, чун қоида, аз ҷониби харидор пардохт карда мешавад. Дигар хароҷотҳои минбаъда, вобаста ба интиқоли бор, суғуртакунии он, пардохти боҷҳои воридотӣ ва дигар пардохтҳоро низ харидор аз ҳисоби худ анҷом медиҳад.

Воридот – ин ворид кардани мол, меҳнат, хизмат, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо, ба ҳудуди гумрукӣ аз хориҷа бе ӯҳдадории баргардонида баровардани онҳо мебошад. Амри воқеъ шудани воридот вақте ба қайд гирифта мешавад, ки мол аз сарҳади гумрукӣ гузарад, хизмат расонида шавад ва ҳуқуқ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ба даст ояд. Мақоми ҳудуди гумрукӣ аз тарафи Кодекси гумруки ҶТ муайян карда шудааст.

Воридот бо нархҳои СИФ ҳисоб карда мешавад, ки дар натиҷа он аз арзиши содирот қариб ба андозаи 1/10 зиёд мегардад.

СИФ (англ. C1F – cost, insurance and freight) – арзиш, суғуртакунӣ, фрахт – ин шарти расонидани бор, ки фурӯшанда интиқоли мол то нуқтаи таъинот (одатан бандар дар мамлакати воридот) ва хароҷотҳои суғуртакунии мол дар вақти интиқолро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, нархи СИФ хароҷотҳо оид ба арзиши мол, суғурта ва фрахти онро низ дар бар мегирад.

Фаъолияти беруниқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи мубодилаи байналхалқии мол, кор, хизматрасонӣ, иттилоот, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо мебошад. Таҳти мол тамоми амволи манқул (аз он ҷумла тамоми шаклҳои энергия) ва киштиҳои обӣ, ҳавоӣ, киштиҳои дар дохили мамлакат шинокунанда ва объектҳои кайҳоние, ки ба амволи ғайриманқул мансуб дониста шуда, предмети фаъолияти берунтиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, фаҳмида мешавад. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳангоми қарордод дар бораи ҳамлу нақли байналхалқӣ истифода бурда мешаванд, мол ба ҳисоб намераванд.

Тиҷорати байналхалқии хизматрасонӣ инчунин содироти диданашаванда номида мешавад.

Хизматрасонӣ – ин фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи дигар шахсон равона карда шудааст, ба истиснои фаъолияте, ки дар асоси муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ амалӣ мегардад.

Ба хизматрасониҳои содиршаванда хизматрасониҳои кашонидани мусофирон ва бағоҷ тавассути киштиҳои ҳавоӣ байни мамлакатҳо – иштирокчиёни ИДМ тибқи созишномаи байниҳукуматии басташуда оиди алоқаи ҳавоӣ дохил мешавад.

Ба хизматрасониҳои содиршаванда ҳамчунин дохил мешаванд: хизматҳое, ки аз ҷониби андозсупорандагон ба арзиши изофае, ки дар ҶТ тибқи тартиби муқарраршуда мувофиқи қарордодҳо (ё

Изображение

дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба онҳо баробар карда шудаанд), ки бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ баста шудаанд, ба қайд гирифта мешаванд;

корҳо оиди хизматрасониҳои тамоми шаклҳои пардохтҳо, корҳои таъмирӣ ва ғайра.

Хизматрасонӣ оид ба коркарди ашёи хоми давалчигии воридотӣ, ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ бо мақсади коркарди он ба маҳсулоти тайёр ва ба берун аз сарҳади мамлакатҳои ИДМ баровардани он, ворид карда мешавад, (амалиётҳои толлингӣ) ҳамчунин хизматрасонии содиротӣ номида мешавад.

Ҳуқуқи истисноӣ – ин ҳуқуқи истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани ихтироот ё намунаи саноатие мебошад, ки ба муаллиф бо ҳуҷҷат (патент, шаҳодатномаи муаллифӣ, сертификат) нигоҳ дошта мешавад ва ҳамзамон ба дигар шахсон амалӣ намудани чунин ҳаракатҳоро манъ мекунад.

Ба ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ дохил мешаванд, ҳуқуқҳои истисноӣ ба: асарҳои адабӣ, илмӣ ва рассомӣ; ҳуқуқҳои ба ҳам наздик; ихтироот; намунаҳои саноатӣ; тамсилаҳои муфид, инчунин натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ба онҳо баробар карда шудаанд; воситаҳои фардӣ кунонидани шахси ҳуқуқӣ (номи ширкат, тамғаҳои молӣ, тамғаҳои хизматрасонӣ) ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва вочитаҳои фардикунонӣ, ки ҳимояашон аз ҷониби қонунгузорӣ пешбинӣ гардидааст.

Алоқаҳои берунтиҷоратӣ бо алоқаҳои молиявӣ мустақиман амал мекунанд, зеро молия бо пайдоиши тиҷорат ба миён омадамаҳсули он ба ҳисоб меравад. Молия – ин низоми муносибатҳое мебошад, ки ҳангоми ҳаракати муттасили пулҳо ба миён меоянд. Ба таври дигар, молия – ин низоми муносибатҳои пулӣ мебошад, ки ҳангоми ташкил ва истифодабарии фондҳои пулӣ ва ҳангоми гардиши воситаҳои пулӣ ба миён меоянд.

Молия се вазифаро иҷро мекунад:

а) ташкили фондҳои пулӣ ва ба даст овардани воситаҳои пулӣ;

б) истифода бурдани фондҳои пулӣ ва воситаҳои пулии нақдӣ;

в) назорат аз болои ташкил ва истифодабарии фондҳои пулӣ ва воситаҳои пулии нақдӣ.

Шаклҳои алоқаҳои беруниқтисодии молиявӣ қарздиҳии байналхалқӣ, суғуртакунии байналхалқӣ, хизматрасонии байналхалқии бонкӣ (ҳисоббаробаокуниҳо, амонатҳо ва дигар амалиётҳои бонкӣ) мебошанд.

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва прогрессии илмӣ-техникӣ дар даҳсолаҳои охир дар хоҷагии ҷаҳон ба пайдоиш ва ташаккули алоқаҳои беруниқтисодии истеҳсолӣ ва инвеститсионӣ оварда расониданд.

Инвеститсияҳо – ин тамоми намуди арзишҳои зеҳнӣ ва молие мебошанд, ки сармоягузор бо мақсади ба даст овардани фоида ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мегузорад. Сармояҳои хоричӣ асосан дар шакли сармоягузорӣ ба қоғазҳои қиматнок, ба амволи ғайриманқул ва соҳибкории муштарак амал мекунанд. Онҳо бисёр вақт хислати трансфертӣ доранд ва ба ивазшавии соҳибмулк бурда мерасонанд.

Алоқаҳои беруниқтисодии инвеститсионӣ чун синтези алоқаҳои беруниқтисодии истеҳсолӣ ва молиявӣ ба вуҷуд омадаанд.

270
Нет комментариев. Ваш будет первым!