Сиёсати беруниқтисодӣ
Алоқаҳои беруниқтисодӣ таҳти таъсири танзимкунандаҳо, яъне фишангҳое ташкил ва амалӣ мешаванд, ки ба ташаккули алоқаҳо таъсир расонида онҳоро ба низоми иқтисодӣ-сиёсии ягонаи самаранок, ки манфиатҳои давлатро ҳимоя мекунад, равона мекунанд. Танзимкунандаҳои алоқаҳои беруниқтисодӣ метавонанд ҳам иқтисодӣ ва ҳам ташкилӣ-фармонфармоӣ бошанд.
Танзимкунандаҳои иқтисодӣ ба манфиатҳои иқтисодии ташкил ва амалишавии алоқаҳои мазкур таъсир мерасонанд. Ба онҳо дохил мешаванд: таносуби талабот ва пешниҳод; таносуби нархҳои ҷаҳонӣ ва дохилӣ, тарифҳо, қурби асъор, мизони фоиз; таносуби сатҳи ватанӣ ва ҷаҳонии тараққиёти истеҳсоли молҳо (кор, хизмат) аз рӯи ҳаҷм, сифат ва самаранокии онҳо; омилҳои иқтисодӣ; пешгӯиҳо, нақшаҳо, барномаҳо ва ғайра. Бояд ба назар гирифт, ки нақша дар иқтисодиёти бозорӣ дастур ба ҳисоб намеравад. Он муайян намудани ҳадафҳои ояндадори тараққиёт ва баровардани таносубҳои макроиқтисодии муҳимро дар бар мегирад.
Танзимкунандаҳои ташкилӣ-фармонфармоӣ – инҳо танзимкунандаҳои дорои хислати амрӣ-фармонфармоӣ мебошанд. Онҳо таъсири мустақими мақсадноки давлат ва мақомотҳои онро ба ташкил ва рушди алоқаҳои беруниқтисодӣ тавассути дастурҳои гуногун пешбинӣ мекунанд. Ба онҳо дохил мешаванд: квотакунонӣ ва литсензиякунонии содирот ва воридоти молу хизматҳо; литсензиякунонии намудҳои алоҳидаи фаъолият; механизми фурӯши ҳатмии қисми асъори аз содироти молу хизматҳо ба даст омада; реҷаҳои гумрукӣ; барасмиятдарории гумрукии молу ворид ва содир кардани молу хизматҳо; назорати асъорӣ; назорати гумрукӣ; назорати содиротӣ; назорати воридотӣ ва ғайра.
Танзими фаъоли алоқаҳои беруниқтисодӣ аз ҷониби давлат ҳадафи асосии сиёсати беруниқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Сиёсати беруниқтисодии давлат – ин фаъолияти мақсадноки давлат оиди ташкил ва истифодабарии алоқаҳои беруниқтисодӣ барои мустаҳкам кардани иқтидори худ (сиёсӣ, иқтисодӣ-ҳарбӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ғ.) ва ищтироки самаранок дар иқтисодиёти ҷаҳон мебошад.
Сиёсати беруниқтисодии давлат аз бисёр ҷиҳат аз вазъи тавозуни пардохти он вобастагӣ дорад.
Сиёсати беруниқтисодии ҶТ ба принсипҳои зерин бунёд ёфтааст:
а) гузашткни субъектони хоҷагидор ва соҳибкорон аз додугирифти яквақтаи беруниқтисодӣ ба алоқаҳои доимии беруниқтисодӣ;
б) равона кардани фаъолияти беруниқтисодӣ ба ояндаи дарозмуддат;
в) ҳимояи бозори ватанӣ ва ҳавасманд намудани иқтисодиёт;
г) дида баромадани сиёсати беруниқтисодӣ чун қисми таркибии тамоми сиёсати берунаи ҶТ.
Сиёсати беруниқтисодӣ ҷанбаҳои вақт ва фазоро дар бар мегирад.
Ҷанбаи вақтии сиёсати беруниқтисодӣ амали давлатро оиди ташкил ва истифодабарии алоқаҳои беруниқтисодӣ дар лаҳзаи ҷорӣ ва дар давраи дуру дарози вақт муайян мекунад. Аз ин рӯ сиёсати беруниқтисодӣ сиёсати ҷорӣ ва сиёсати дарозмуддатро дар бар мегирад.
Вазифаи сиёсати ҷории беруниқтисодӣ дар танзими фаврии фаъолияти беруниқтисодӣ мебошад.
Сиёсати беруниқтисодии дарозмуддат пеш аз ҳама ба ҳалли масъалаҳое равона карда шудааст, ки хароҷотҳои калон, вақт ва сармояи зиёдро талаб мекунанд. Он мӯҳлати нисбатан дуру дарозро дар бар мегирад.
Ҷанбаи фазоии сиёсати беруниқтисодӣ амали давлатро дар самтҳои асосии таъсир ба иқтисодиёти ватанӣ ва ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Аз рӯи ин нишона ба таркиби сиёсати беруниқтисодии давлат сиёсати тиҷоратии беруна, сиёсати инвеститсионии беруна, сиёсати асъорӣ ва сиёсати гумрукӣ дохил мешаванд.
Сиёсати тиҷоратии беруна сиёсати содиротӣ ва воридотиро дар бар мегирад.
Сиёсати тиҷоратии берунаи содиротӣ ба фурӯши молҳои рақобатпазири ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳавасманд намудани истеҳсоли чунин молҳо равона карда шудааст. Барои ҳавасманд намудани истеҳсолоти ба содирот тобовар фармоишҳои давлатӣ, маблағгузории буҷавӣ, қарзҳо, маблағгузории корҳои илмӣ-татқиқотӣ истифода бурда мешаванд.
Сиёсати тиҷоратии берунаи воридотӣ ба танзими воридоти молу хизматҳои хориҷӣ равона карда шудааст.
Асбобҳои чунин танзимкунӣ чунинанд:
- маҳдудкунии мустақими воридот бо мақсади ҳимояи иқтисодиёти ватанӣ. Барои ин литсензиякунонӣ ва контингентикунонии воридот, боҷҳои ҷубронкунанда ва зиддидемпингӣ, низоми нархҳои минималии воридотӣ ва ғайра истифода бурда мешаванд.
Рис. 1.2. Состав внешнеэкономической политики
Контингентикунонӣ – ин яке аз шаклҳои асосии танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тавассути ҷорӣ намудани квотаҳои содиротӣ ва воридотӣ мебошад, ки контингент ном доранд. Контингент (лот. contingens – ҳисса) дар тиҷорати хориҷӣ маънои ба баъзе молҳо мондани меъёри воридот, содирот ё интиқолро ба мамлакатҳои муайян дар шакли воҳидҳои вазн ё арзиш дорад;
- расмиятҳои маъмурӣ, ки мустақиман ба маҳдудкунии воридот равона карда нашудаанд, вале амали онҳо тиҷорати хориҷиро маҳдуд мекунад. Инҳо расмиятҳои гумрукӣ, меъёрҳои ветеренарӣ ва санитарӣ, меъёр ва стандартҳои техникӣ ва дигарҳо мебошанд.
- Сиёсати берунтиҷоратии воридотӣ дар амали худ нақши воридот дар иқтисодиёти ватаниро ба инобат мегирад. Ин нақш бо ду лаҳза муайян карда мешавад:
а) воридот – сарчашмаи анъанавии даромадҳои гумрукии давлат;
б) воридот – фишанги зиддиинҳисорӣ ва унсури тавлидкунандаи рақобат дар истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ.
Сиёсати инвеститсионии беруна ин маҷмӯи чораҳо оиди ҷалб намудан ва истифода кардани инвеститсияҳои хориҷӣ, инчунин танзими ба хориҷа баровардани сармояҳо мебошанд.
Инвестисияҳо – ин тамоми шаклҳои арзишҳои молӣ ва зеҳнӣ мебошанд, ки аз ҷониби сармоягузор, бо мақсади ба даст овардани фоида, ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ гузошта мешаванд.
Нақши асосиро дар инвеститсия сармоя мебозад. Сармоя – ин маблағҳое мебошанд, ки барои гирифтани даромад пешбинӣ шудаанд.
Сармоя метавонад, мустақиман, ба таъсиси корхона бо мақсади ба даст овардани фоида ва ҳуқуқ ба идоракунӣ гузошта шавад (сармояи мустақим), ё ба харидории қоғазҳои қиматнок (сармояи портфелӣ), ва ё таҳти фоиз ба қарз дода шавад (сармояи қарзӣ).
Сиёсати берунаи инвеститсионӣ аз сиёсати воридоти инвеститсияҳои хориҷӣ ва сиёсати содироти инвеститсияҳои ватанӣ таркиб ёфтааст.
Сиёсати асъорӣ аз маҷмӯи шакл ва усулҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ дар бахши муносибатҳои асъорӣ иборат аст, ки аз ҷониби давлат ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ-асъорӣ амалӣ карда мешаванд.
Сиёсати асъорӣ фаъолияти мақсадноки давлатро дар истифодабарии воситаҳои асъорӣ дар бар мегирад.
Мундариҷаи сиёсати асъорӣ бисёррӯя буда, коркарди самтҳои асосии ташкил ва истифодаи воситаҳои асъорӣ, коркарди чораҳо оиди самаранок истифода бурдани ин воситаҳоро дар бар мегирад.
Доираи амали сиёсати асъорӣ бозори асъор ва бозори сангҳо ва металлҳои қиматнок ба ҳисоб мераванд.
Сиёсати асъории ҷорӣ ба сиёсати дисконтӣ ва девизӣ тақсим мешавад. Ба сиёсати асъорӣ инчунин субсидияи асъорӣ ва диверсификатсияи захираҳои асъорӣ мансубанд.
Вазифаи сиёсати асъории ҷорӣ таъмин намудани фаъолияти муътадили система ва дастгирии мувозинати тавозунҳои пардохтӣ мебошад.
Сиёсати асъории дисконтӣ низоми чораҳои ташкилӣ ва иқтисодӣ оиди истифодабарии мизони фоизи баҳисобгирӣ барои танзими ҳаракати инвеститсияҳо ва баробар картани ӯҳдадориҳои пардохтӣ мебошад, ки ба ислоҳ кардани қурби асъор равона карда шудааст. Ин сиёсат дар таъсир ба вазъи талабот ба пул, динамика ва сатҳи нархҳо, ҳаҷми массаи пулӣ, ҳиҷрати инвеститсияҳои кӯтоҳмуддат инъикос меёбад.
Сиёсати асъории девизӣ – ин низоми танзими қурби асъор тавассути хариду фурӯши асъор бо ёрии интервенсияи асъорӣ ва маҳдудиятҳои асъорӣ мебошад.
Интервенсияи асъорӣ – ин амалиёти мақсадноки Бонки миллӣ оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ барои маҳдуд намудани динамикаи қурби асъори миллӣ мувофиқи ҳудуди муайяни болоравӣ ва поёнравии он мебошад.
Маҳдудиятҳои асъорӣ аз низоми чораҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ иборат мебошанд, ки амалиётҳо бо асъорҳои миллӣ ва хориҷӣ, тилло ва ғайраро ба тартиб медароранд.
Сиёсати дарозмуддати асъорӣ чораҳои дарозмуддати хислати сохторӣ доштаи тағироти механизми асъориро фаро мегирад. Усулҳои асосии сиёсати асъории дарозмуддат гуфтушунид ва қарордодҳои байнидавлатӣ, пеш аз ҳама дар доираи Хазинаи байналхалқии асъор, инчунин дар сатҳи минтақавӣ (Фонди аврупоии ҳамкории асъорӣ ва ғ.) маҳсуб меёбанд.
Чораҳои сиёсати асъории дарозмуддат тартиби ҳисоббаробаркунии асъорӣ, реҷаи қурб ва ҳампоягии асъор, истифодаи тилло ва асъори захиравӣ, воситаҳои пардохтии байналхалқӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Сиёсати гумрукӣ – ин қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва берунаи тамоми давлатҳо мебошад.
Ҳадафҳои сиёсати гумрукӣ чунинанд:
- таъмин намудани истифодаи самараноки воситаҳои танзим ва назорати гумрукии мубодилаи мол дар ҳудуди гумрукии давлат;
- иштирок дар амалисозии вазифаҳои сиёсӣ-тиҷоратӣ оид ба ҳимояи бозори ватанӣ ва ҳавасманд намудани рушди иқтисодиёт.
Сиёсати гумрукӣ қисми фаъолияти гумрукӣ ба ҳисоб меравад, ки асосҳояш аз тарафи Кодекси гумруки ҶТ муайян карда шудаанд.
Резидентҳо ба шумор мераванд:
- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҶТ макони зисти доимӣ доранд, аз он ҷумла, шаҳрвандоне, ки муваққатан дар хориҷа мебошанд;
- шахсони ҳуқуқӣ (яъне субъектони хоҷагидор), ки тибқи қонунгузории ҶТ таъсис дода шудаанд ва дар ҳудуди ҶТ ҷойгир шудаанд;
- корхона ва ташкилотҳое, ки шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб намераванд ва тибқи қонунгузории ҶТ бо ҷойгирщавӣ дар ҳудуди ҶТ таъсис ёфтаанд;
- намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои ҶТ, ки берун аз ҳудуди он ҷой гирифтаанд;
- филиал ва намояндагиҳои резидентон, ки берун аз ҳудуди ҶТ ҷойгиранд.
Ғайрирезидентҳо ба шумор мераванд:
- шаҳрвандоне, ки берун аз ҳудуди ҶТ макони зисти доимӣ доранд, аз он ҷумла шаҳрвандоне, ки муваққатан дар ҳудуди ҶТ мебошанд;
- шахсони ҳуқуқӣ (яъне субъектони хоҷагидор), ки мувофиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ бо ҷойгиршавӣ дар давлатҳои хориҷӣ таъсис дода шудаанд;
- корхона ва ташкилотҳое, ки шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб намераванд ва мувофиқи қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ таъсис ёфта, дар берун аз ҳудуди ҶТ ҷойгир шудаанд;
- намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар намояндагиҳои расмии мамлакатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо, ки дар ҳудуди ҶТ ҷойгир шудаанд;
- филиал ва намояндагиҳои ғайрирезидентҳо, ки дар ҳудуди ҶТ ҷойгир мебошанд.
Ҳисоббаробаркунӣ байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонад ҳам бо сомонӣ ва ҳам бо асъор гузаронида шавад.
Ҳаракати молу хизматҳо тавассути сарҳад боиси ҳаракати пул ба самти муқобил мегардад. Ин ҷараёни ҳаракати пулҳо ба таври ҷамъбастӣ дар тавозуни пардохти мамлакат – ҳисоботи омории амалиётҳои байналхалқии мамлакат инъикос карда мешаванд.
Тавозуни пардохт қайди омории тамоми додугирифт ва ӯҳдадориҳои беруниқтисодӣ мебошад, ки дар муддати муайяни вақт дар байни резидентони мамлакати мазкур ва ғайрирезидентҳои мамлакатҳои хориҷӣ ба амал омадаанд.
Тавозуни пардохт бо усули қайди дутарафаи додугирифтҳои байналхалқӣ тартиб дода мешавад. Усул ба он бунёд ёфтааст, ки ба ҳар як амалиёти қайдшаванда пардохт дар ин ё он щакл мувофиқат мекунад ва тавозуни пардохтҳо ва даромадҳо бояд баробар бошанд. Ба таври дигар ҳар як амалиёт бо ду қайд, ки мазмуни якхела доранд, ифода карда мешавад.
Яке аз онҳо чун «кредит» қайд карда мешавад ва аломати мусбат (+) дорад, дигараш бошад, чун «дебет» қайд шуда, аломати манфӣ (-) дорад. Ҷамъи ҳардуи тарафҳо бояд ба 0 баробар шавад. Харидуфурӯшро метавон дар лаҳзаи ҳисоббаробаркунӣ ва дар лаҳзаи амалиёт гузаронид.
Усули қайди харидуфурӯш дар лаҳзаи амалиёт баҳисобгирии зинаҳои гуногуни амалиётҳои беруниро таъмин намуда, тамоми талабот ва ӯҳдадориҳои мамлакат ба хориҷа, аз он ҷумла пардохтнашударо инъикос мекунад. Ин усул дар бисёр мамлакатҳо истифода бурда мешавад.
Воридоти асъор ба мамлакат аз хориҷа аз ҳисоби чунин сарчашмаҳо сурат мегирад: содироти молу хизматҳо; даромадҳо аз қоғазҳои қиматноки хориҷӣ (фоизҳо, ҳақуссаҳмҳо); даромадҳое, ки аз ҳисоби субъектони хоҷагидори дар хориҷа фаъолияткунанда фиристонида мешаванд; трансфертҳо; қарзҳо; инвеститсияҳо; захираҳои хориҷӣ.
Трансферт – ин интиқоли яктарафаи маблағ мебошад. Ба трансфертҳо интиқоли нафақа, ёрӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ, маблағҳое, ки муҳоҷирон ба хешовандонашон равона мекунанд, тамоми барномаҳои кӯмакҳои башардӯстона, ки ба ҶТ расонида мешаванд, дохил мешаванд.
Трансфертҳо интиқолҳоеро дар бар мегиранд, ки ҷараёни баръакси захираҳоро бар ивази воситаҳои пулии гирифташуда пешбинӣ намекунанд.
Ба захираҳои хориҷӣ маблағҳои асъор ё дигар захираҳое дохил мешаванд, ки аз ҷониби давлати хориҷӣ аз Бонки миллӣ барои ташкили захираҳои худӣ гирифта ё ба даст оварда шудаанд.
Дар тавозуни пардохт тамоми додугирифтҳо ба ду боб муттаҳид карда мешаванд:
– ҳисоби амалиётҳои ҷорӣ;
– ҳисоби амалиётҳо бо сармоя ва асбобҳои молиявӣ.
Ҳисоби амалиётҳои ҷорӣ амалиётҳо вобаста ба додани ҳуқуқи моликият ба молу хизматҳо алоқаманд буда, моддаҳои зеринро дар бар мегирад:
молҳо;
хизматҳо;
пардохти меҳнат;
даромад аз инвеститсияҳо;
трансфертҳои ҷорӣ.
Бақияи тавозуни пардохт оиди амалиётҳои ҷорӣ ба ҷамъи бақияи тавозуни тиҷоратӣ (содирот-воридот) ва бақияи «амалиётҳои диданашаванда» (хизматрасониҳо ва амалиётҳои ғайритиҷоратӣ) баробар аст.
Ҳисоби амалиётҳо бо сармоя ва асбобҳои молиявӣ амалиётҳои зеринро ба қайд мегирад: амалиётҳо вобаста ба супурдани ҳуқуқи моликият ба сармоя; амалиётҳо бо дороиҳои хислати ғайриистеҳсолӣ ва ғайримолиявӣ дошта (патентҳо, ҳуқуқи муаллифӣ ва ғ.); амалиётҳо бо дороиҳои молиявӣ ва ӯҳдадориҳо, аз он ҷумла ба даст овардани дороиҳои захиравӣ.
ҳисоби амалиётҳо бо сармоя ва асбобҳои молиявӣ аз ду ҳисоб таркиб ёфтааст:
ҳисоби амалиётҳо бо сармоя,
ҳисоби молиявӣ.
Ҳисоби амалиётҳо бо сармоя аз трансфертҳои сармоя иборат аст.
Ҳисоби молиявӣ моддаҳои зеринро дар бар мегирад:
сармояҳои мустақим; сармояҳои портфелӣ;
дигар сармояҳо (асъори нақдӣ, амонатҳо, пешпардохтҳо, қарзҳо ва ғ.);
дороиҳои захиравӣ; тағйиротҳо ба дороиҳои захиравӣ.
Инвеститсияҳои мустақим – ин сармоягузорӣ ба сармояи оинномавии субъекти хоҷагидор бо мақсади гирифтани фоида ва соҳиб шудан ба ҳуқуқи иштирок дар идоракунии субъекти хоҷагидори мазкур мебошад.
Инвеститсияҳои портфелӣ – бо ташкилшавии портфели инвеститсионӣ алоқамандӣ доранд. Ба инвеститсияҳои портфелӣ гузоштани сармоя ба қоғазҳои қиматнок, яъне харидории саҳмия, облигатсия ва монанди инҳо дохтл мешаванд.