Шаклхои фаъолияти беруниктисоди
Соҳибкор метавонад фаъолияти беруниқтисодии худро тавассутиба роҳ мондани алоқаҳои мустақим бо шарикони хориҷӣ ё тавассути миёнравон амалӣгардонад. Содиротва воридоти мустақим қисми назарраси амалиётҳои берунитиҷоратиро ташкилмекунанд, зеро онҳо як қатор бартариятҳоро доро мебошанд: имконият медиҳанд, кибо шарикони хориҷӣ алоқаҳои нисбатан наздик ба роҳ монда шаванд ва шароитибозори ҷаҳонӣ хубтар омӯхта шаванд; барномаҳои истеҳсолии худ ба талаботҳоибозори ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шаванд ва ғ. Соҳибкорон ба бозори хориҷӣбаромада, метавонанд ҳам бо соҳибкори алоҳида ва ҳам бо корпоратсияҳо алоқаҳоимустақим ба роҳ монанд.
Корпоратсияи хориҷӣ – ин ширкат, субъекти хоҷагидоримахсус мебошад, ки мувофиқи қонунгузории мамлакати ҷойгиршавии худ таъсис додашуда, ба қайд гирифта шуда, амал мекунад.
Фирмаҳои хориҷӣ тақсим мешаванд: аз рӯи фаъолияти хоҷагидорӣ; бо хислатиамалиётҳои иҷрошаванда; аз рӯи шакли моликият; аз рӯи вазъи ҳуқуқӣ. Меъёриасосии ба ин ё он соҳа мутааллиқ гардонидани фирма ҳиссаи зиёдтарини маҳсулотиистеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии амалиётҳои фирмаи мазкур ба ҳисобмеравад. Ҳангоми ба гурӯҳи фирмаҳои суғуртавӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ-миёнравӣ, нақлиётӣмансуб донистани фирмаҳо низ принсипи мазкур истифода бурда мешавад.
Муайян намудани мансубияти фирма ба ин ё он соҳа ё бахши фаъолият аз нигоҳихусусиятҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо, принсипҳои андозбандии фоида,имтиёзҳои инвеститсионӣ ва ғайра аҳамияти калон касб мекунад.
Дар фаъолияти беруниқтисодӣ ширкатҳои тиҷоратӣ-миёнравӣ ва амалиётҳоимиёнравӣ, ки дар асоси қарордодҳои дистрибюторӣ, шартномаҳои супоришӣ, комиссияҳо,консигнатсияҳо, қарордодҳои агентӣ амал мекунанд, нақши калон мебозанд.
Вобаста ба хислати амалиётҳои иҷрошаванда ширкатҳо ба ширкатҳои тиҷоратӣ,комиссионӣ, агентӣ ва брокерӣ тақсим мешаванд.
Ширкатҳои тиҷоратӣ амалиётҳоро аз номи худ ва аз ҳисоби худ амалӣмекунанд. Онҳо ду навъ мешаванд: миёнравони тиҷоратии мустақил; тоҷирон аз рӯишартнома. Миёнравони тиҷоратии мустақил қарордоди бадастории тӯдаи молҳоро баста,баъдан онҳоро бо хоҳиши худ дар ҳар бозор ва бо ҳар нарх ба фурӯш мебароранд.Одатан инҳо ширкатҳои калоне мебошанд, ки нақлиёт ва анборҳои худро доранд.Бисёр вақт ин гуна ширкатҳо амалиётҳои яклухтро гузаронида, ба тиҷорати чаканамащғул намешаванд.
Тоҷирон тибқи шарнома бо ширкати продуцент (истеҳсолкунанда) барои фурӯшимолҳои он мувофиқи шартҳои пешакӣ муайяншуда, бо нархҳои муайянкардашуда, дар ҳудудимуайян, дар муддати вақти мувофиқашуда шартнома мебанданд.
Продуцент (лот. producens – истеҳсолкунанда) – истеҳсолкунандаи (шахсивоқеӣ, корхона, мамлакат) моли муайян.
Қарордод метавонад хислати эксклюзивӣ дошта бошад, яъне ба гурӯҳи маҳдудимол (хизмат) – ҳо паҳн шаванд. Чунин ширкатҳо, одатан ширкатҳои дистрибюторӣ ёдилер номида мешаванд.
Ширкатҳо – истеҳсолкунандагони маҳсулоти оммавӣ чун қоида бо фурӯшичакана ё яклухти хурд машғул нестанд. Онҳо барои фурӯши маҳсулоти худ бо ширкатҳоимиёнарав қарордодҳо мебанданд.
Барои харидор беҳтараш ин аст, к ибо дистрибютори расмӣ сару кор гирад,зеро дигар миёнравон ҳаннотон ба шумор мераванд ва мутаносибан нархҳоро баландмебардоранд.
Додугирифтҳои дистрибюторӣ ба он асос ёфтаанд, ки миёнарав-дистрибютормолҳоро аз номи худ ва аз ҳисоби худхаридорӣ намуда, ба харидор аз номи худ ва аз ҳисоби худ мефурӯшад.
Дистрибютор бо шарики тиҷоратии худ бо қарордоди миёнравӣ-дистрибюторӣалоқаманд аст, ки дар он номгӯи молҳо, минтақаи фаъолияти он, инчунин ӯҳдадориҳоидистрибютор оид ба омӯхтани бозор, ташкили шабакаи фурӯш, хизматрасонии техникимаҳсулоти фурӯхташаванда, бурдани корҳои таблиғотӣ ва ғайра муайян кардашудаанд.
Тибқи қарордоди кафилӣ вакил ӯҳдадор мешавад, ки аз ном ва аз ҳисобиваколатдиҳанда амалҳои муайяни ҳуқуқиро иҷро кунад. Ваколатдоркунанда бошад,вазифадор аст, ки ба вакил подоши хизматашро диҳад, агар мувофиқи қарордод ё қонунгузорӣдигар ҳолат муайян карда нашуда бошад. Ваколатдоркунада ҳуқуқ дорад, ки дардилхоҳ вақт супоришро бекор кунад, вакил бошад, ҳуқуқ дорад супоришро қабулнакунад. Аммо, агар вакил дар ҳолате аз супориш даст кашад, киваколатдоркунанда имконият надорад ба таври дигар манфиатҳои худро таъминкунад, вакил фазифадор аст, ки зарари ба ваколатдоркунанда дар натиҷаи қатъкардани қарордод расидаро руйпӯш намояд. Ҳангоми якҷониба, аз тарафи ваколатдоркунандақатъ гардонидани қарордод, ӯ вазифадор аст, ки хароҷотҳои вакилро руйпӯш кунадва подоши ӯро мувофиқи ҳаҷми кори иҷрошуда пардохт намояд.
Мувофиқи қарордоди комиссия комиссионер ӯҳдадор мешавад, ки бо супоришикомитент бар ивази подош аз номи худ ва аз ҳисоби комитент як ё якчанддодугирифтро амалӣ намояд. Комиссионер супориши комиссиониро аз номи худ, аммоаз ҳисоби комитент ва ба манфиати ӯ иҷро мекунад. Чун комиссионер аз номи худамал мекунад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аз иҷрои муомилаҳо бавуҷудоянда бароикомиссионер ба вуҷуд меоянд, на барои комитент.
Ширкатҳои комиссионӣ (комиссионерҳо) – инҳо ширкатҳоемебошанд, ки амалиётҳои хариду фурӯши молро аз номи худ, аммо аз ҳисоби мизоҷ-комитентамалӣ менамоянд. Ин ширкатҳо назар ба ширкатҳои тиҷоратӣ молро аз истеҳсолкунандагоннамехаранд.
Комитент (лот. committentis – кафолатдиҳанда) – шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқиемебошад, ки ба дигар шахс (комиссионер) супориш медиҳад то аз номи комиссионер,аммо аз ҳисоби комитент харидуфурӯшро анҷом диҳад.
Комиссионер – миёнарав дар додугирифти тиҷоратӣ, яънешахсе мебошад, ки бар ивази подоши муайян, ки комиссиявӣ (бонус) ё комиссия номдорад, супоришҳои тиҷоратиро иҷро менамояд. Аз рӯи қарордоде, ки байникомиссионер ва шахси сеюм баста мешаванд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо барои комиссионерва шахси сеюм ба вуҷуд меоянд, аммо комиссионер дар назди комитент барои иҷронакардани ӯҳдадориҳои шахси сеюм, ки аз қарордоди байни кисмиссионер ва шахсисеюм пайдо мешаванд, ҷавобгар нест. <strong/>
Комиссионер молро харида, фурӯхта ё иваз намуда, соҳибмулки оннамегардад. Соҳиби мол комитент ба ҳисоб меравад.
Яке аз шаклҳои амалиётҳои комиссионӣ консигнатсия ба шумор меравад.
Консигнатсия (лот. consignatio – далели хаттӣ, ҳуҷҷат) – намуди қарордодест,ки мувофиқи он комитент (консигнант) ба комиссионер (когсигнатор) молро бароифурӯш аз анбори комиссионер (анбори консигнатсионӣ) месупорад. Баровардани молаз анбори консигнатсионӣ ҳамавақт бо иҷозат ва таҳти назорати гумрук амалӣкарда мешавад.
Расонидани молҳо ба консигнатсия ба харидор имконият медиҳад,к ибо мол бевосита дар анбори консигнатор гиносоӣ пайдо кунад, онро дар амалсанҷад ва ғайра.
Ҳангоми додугирифтҳои консигнатсионӣ миёнарав-консигнатор молро, ки аз ҷонибифурӯшанда-консигнант ба анбори миёнарав оварда шудааст, аз номи худ мефурӯшад. Додугирифтҳоиконсигнатсионӣ одатан ҳангоми фурӯши молҳои хислати оммавӣ ва сериявӣ доштаистифода бурда мешаванд. Созишномаҳои консигнатионӣ ба мӯхлати вақти муайянбаста мешаванд, ки дар давоми он миёнарав-консигнатор вазифадор аст, шумораимуайяни молро, ки консигнант ба анбори миёнарав дастрас мекунад, фурӯшад.
Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ тамоми моле, ки дар давраи вақти муайянкарда аз ҷонибиконсигнатор фурӯхта нашуданд, метавонанд ба консигнант аз ҳисоби ӯ баргардонидашаванд. Мӯҳлати амали қарордоди консигнатсия одатан аз мӯҳлати фурӯши ҳар якселаи молҳо зиёдтар аст.
Ҳангоми фурӯши мол консигнатор аз нишондодҳои консигнантоиди нархҳои фурӯш вобаста аст.
Ширкатҳои агентӣ ё агентҳо – ширкатҳое мебошанд, ки ҷустуҷӯимуштариёнро амалӣ мекунанд, манфиатҳои ширкатҳои истеҳсолкунандаро намояндагӣкарда, аз номи онҳо ва аз ҳисоби онҳо амал мекунанд.
Ба агент мумкин иҷозат дода шавад, ки тибқи ваколатнома ба қарордодҳоиберуниқтисодӣ имзо гузорад. Муносибатҳои агентӣ ҳамеша бо шартнома ба расмиятдароварда мешаванд.
Агентикунонӣ – ин шакли дар таҷрибаи ҷаҳонӣвасеъ паҳншудаи муносибатҳои қарордодӣ мебошад.
Шартномаҳои агентӣ ба таври анъанавӣ дар соҳаи боркашонии ҳавоиибайналхалқӣ истифода бурда мешаванд. Агентиҳои байналхалқие вуҷуд доранд, кикиштиҳои ҳавоии хусусиро надоранд ва дар ҷамъоварии иттилоот оиди ҳаракати молҳова таъмини алоқаи мутақобили байни молфиристонандагон ва ширкатҳои ҳавопаймоииба боркашонӣ машғулбуда махсус гардонида шудаанд. Вобаста ба қарордод агентиҳоинақлиётӣ метавонанд дар нақши агентҳо барои ҷустуҷӯи ширкати ҳавопаймоӣ бароикашонидани бор аз номи худ ё аз номи борфиристонанда баромад кунанд.
Агентикунонӣ дар фаъолияти таблиғотӣ васеъ паҳн шудааст. Ширкатҳои таблиғотӣҳамчун агент аз номи воситаҳои ахбори омма оид ба ҷойгиркунии маводҳои таблиғотдиҳандаҳодар онҳо баромад мекунанд. Дар бахши савдо дар қатори истифодаи қарордодҳоикомиссия оид ба фурӯши молҳо қарордодҳои агентӣ низ истифода бурда мешаванд.
Қарордоди агентӣ метавонад ба мӯҳлати муайян ё бе нишон додани мӯҳлатиамал баста шавад.
Қисми ҳатмии қарордоди агентӣ подоши агентӣ мебошад, ки фармоишгарвазифадор аст ба агент мувофиқи тартиби дар қарордод муайяншуда пардохт намояд.Андозаи подоши қарордоди агентӣ ё дар шакли маблағи муқарраршуда ё дар шаклифоиз аз маблағи қарордод муайян карда мешавад.
Додугирифтҳои оддии миёнравӣ бо иштироки брокерҳо амалӣ карда мешавад, кимувофиқи қарордод бо харидор ва фурӯшандагон ба онҳо контрагентҳоро ҷустуҷӯмекунанд.
Ширкатҳои брокерӣ – ин ширкатҳое мебошанд, ки намояндаияке аз ҷонибҳои қарордоди хариду фурӯш ба ҳисоб намераванд. Вазифаи асосии онҳопайдо намудани шарикон мебошад, ки байни худ қарордод мебанданд. Барои ба ҳамовардани шарикон брокер мукофотпулии брокерӣ мегирад.
Ҳар як ширкат дар шакли муайяни ҳуқуқӣ дар доираи меъёрҳоиҳуқуқи гражданӣ ва тиҷоратии мамлакати дахлдор ташкил карда мешавад. Шакли ҳуқуқӣҷавобгарӣ ва ваколати саҳмдорони ширкат, шакли ҳисобдорӣ, тартиби андозбандиифоидаи бадастоянда, сохти мақомоти идоракунанда, тартиби барҳамдиҳӣ ва дигарсамтҳоро, ки донистанашон ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо онзараранд, муайян мекунад.
Ширкатҳо метвонанд ҳамчун корхонаҳои инфиродӣ ва ҳам чун иттиҳоди соҳибкоронташкил карда шаванд. Дар ҳолати аввал соҳибкор ҷавобгарии пурраи молу мулкирооид ба корҳои ширкати худ бар дӯш дорад. Одатан инҳо ширкатҳои хурде мебошанд,ки қисми зиёдашон дар бахши хизматрасонӣ ва савдои чакана фаъолият мекунанд.Чунин ширкатҳо ба ҳисобдории оммавӣ мансубият надоранд, аз ин рӯ ба дастовардани иттилооти аниқ оиди онҳо мушкил аст. самти муҳими дигар он ба шумормеравад, ки дар ягон низоми ҳуқуқӣ соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣэътироф карда намешаванд.
Иттиҳоди соҳибкорон барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар шаклиширкат ва ҷамъиятҳои гуногун амалӣ мегардад. Дар ҳолати якум соҳибкорон байни ҳамқарордод баста, дар баробари муттаҳид гардонидани сармояи худ дар идоракунииширкати худ бевосита иштирок мекунанд ва аз рӯи ӯҳдадориҳои он ҷавобгарии номаҳдудробар дӯш доранд. Онҳо таҳти ҳисоботдиҳии оммавӣ қарор надоранд ва на дар ҳамамамлакатҳо шахси ҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд. Ба чунин намуди иттиҳодияҳо ширкатҳоиҳуқуқи континенталӣ, ширкатҳои ҳуқуқи амрикоӣ ва ширкатҳои масъулияташ номаҳдудиҳуқуқи бритониёвӣ дохил мешаванд.
Дар ҳолати дуюм танҳо сармояи соҳибкорон муттаҳид кардамешаванд. Иштироки шахсии онҳо дар пешбурди кори ширкат талаб карда намешавад.
Бисёр вақт ин ширкатҳо аз ҷониби идоракунандагони касбӣ,ки аз тарафи саҳмдорон таъин карда мешаванд, идора карда мешаванд. Дар ҳолатимуфлисӣ саҳмдорон танҳо бо саҳми худ таваккал мекунанд. Чунин ҷавобгарии молумулкии маҳдуди соҳибони сармоя имконият медиҳад, ки онҳо пешакӣ ҳаҷми хавфи соҳибкорироҳисоб кунанд ва барои ба чунин иттиҳодияҳо, махсусан иттиҳодияҳое, ки дар шаклиҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил шудаанд, ҷалб намудани шумораи зиёди шахсон, бо мақсадиҷамъ кардани сармояи бузург дар дасти як ширкат, шароити мусоид фароҳам меорад.Ба чунин иттиҳодияҳо ҷамъиятҳои саҳҳомии ҳуқуқи континенталӣ, ширкатҳо бомасъулияти маҳдуди хусусӣ ва оммавии бритониёвӣ, корпоратсияҳои ИМА дохилмешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳар як мамлакат нишонаи худи шаклҳои ҳуқуқӣба монанди “Ltd”, “Pie”, “Inc”, “Corp”, “AG”, “CJmbH” ва монанди инҳо қабул карда шудаанд.
Аз ин рӯ аз рӯи номи ширкат, ки ихтисораи шакли ҳуқуқӣ илова кардашудааст, метавон шакли ҳуқуқӣ ва мансубияти мамлакати ширкатро муайян намуд.
Ҳуқуқи континенталӣ – низоми ҳуқуқие мебошад, ки чун натиҷаитаъсири ҳуқуқи римӣ дар як қатор мамлакатҳо (Олмон, Фаронса, Федератсияи Россиява дигарҳо) қабул карда шудааст. Ҳуқуқи шаҳрвандии ин мамлакатҳо як қатораломатҳои ягона дошта, аз дигар низомҳои ҳуқуқӣ фарқиятҳои назаррас дорад. Ҳуқуқиконтиненталӣ – ин пеш аз ҳама маҷмӯаи қонунҳои навишташуда мебошад, ки низоми ҳуқуқишаҳрвандиро ташкил мекунанд ва муносибатҳои шартномавиро низ танзим мекунанд.Дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ (санадҳои маъмурӣ, одатҳо ва ғ.) нақши калонронамебозанд, таҷрибаи судӣ бошад, чун қоида, сарчашмаи ҳуқуқ ба ҳисоб намеравад.
Додугирифтҳои ҷубронӣ (додугирифтҳои «бай – бэк») ба ширкати хориҷӣфурӯхтани мошин ва таҷҳизот, технология ва ғайра бар ивази дастрас намудани ҷавобииашёи хом ва нимфабрикатҳо, к ибо таҷҳизоти дастраснамуда истеҳсол кардамешаванд.
Ду шакли қарордодҳои ҷубронӣ мавҷуданд:
Додугирифтҳои ҷубронӣ бастани қарордодҳои ҷудогонаро пешбинӣ намуда, босохтмони объект таҳти калид алоқаманданд.
Миёнаравӣ алоқаҳои ғайримустақими соҳибкор бо шарики хориҷиро ифодамекунад. Ин алоқаҳо метавонанд тавассути ташкилотҳоиберуниқтисодӣ, ки ассотсиатсияҳои беруниқтисодӣ, ассотсиатсияҳои ҳамкориирасмӣ, хонаҳои тиҷоратӣ ва палатаи савдоӣ-саноатиро дар бар мегиранд, амалӣ гардонидашаванд.
Ассотсиатсияи ҳамкории расмӣ барои расонидани ёрӣ ба корхонаҳо дар рушдишакл ва самтҳои нави алоқаҳои беруниқтисодӣ пешбинӣ карда шудааст.
Хонаи тиҷоратӣ – ин навъи ташкилоти тиҷоратии берунамебошад, ки амалиётҳои содиротӣ-воридотиро аз рӯи номгӯи васеъи молухизматрасониҳо амалӣ мегардонад.
Вазифаҳои асосии хонаҳои тиҷоратӣ чунинанд: ташкили шабакаи корхонаҳои махсусгардонида вамағозаҳои фирмавӣ барои савдои чаканаи молҳо; расонидани хизматҳои гуногун дарбахши хизмати маишӣ, хӯроки омма, истироҳат ва ғ.; рушди хизматрасониҳои нав(зеҳнӣ, осоишӣ, оиди омӯзиши кадрҳо ва ғ.); ташкили корхонаҳо (аз он ҷумлакорхонаҳои муштарак) оиди истеҳсоли молҳо, хизматрасонии техникӣ ва таъмиримаснуот; харидории молҳо аз ҳисоби захираҳои асъории худӣ, инчунин бо шартҳоикомиссия (консигнатсия), ташкили тиҷорати музоядавӣ, комиссионӣ ва таҳвилӣ, фурӯшимолҳо бо феҳраст, дигар шаклҳои муосири савдо; иҷро кардани вазифаҳои миёнаравӣоиди фурӯхтани маҳмулоти корхона дар асоси комиссионӣ, инчунин аз ҳисоби воситаҳоионҳо ба даст овардани молҳо; сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, дигар объектҳоитаъиноти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маишӣ; иҷро кардани дигар корҳо, ки ба вазифаҳоиасосии онҳо дохил мешаванд.
Додугирифтҳои беруниқтисодӣ бо шартнома (қарордод) ба расмият даровардамешаванд, ки чун қоида дар шакли хаттӣ баста мешаванд.
Таҳти шартномаи байналхалқӣ қарордоди байни ду ва зиёда тарафҳои дармамлакатҳои гуногун ҷойгиршуда оиди таҳвили миқдори муайяни мол (хизматрасонӣ)тибқи шартҳои муқарраркардашуда фаҳмида мешавад. Созишномае, ки байни тарафҳо(ширкат, филиал)-и мамлакатҳои гуногун, вале дар ҳудуди як мамлакат ҷойгиршуда қарордодибайналхалқӣ ҳисобида намешаванд. Ҳамзамон шартнома байналхалқӣ ҳисобидамешавад, агар дар байни ширкатҳое баста шавад, ки ба як мамлакат мансубиятдоранд, вале корхонаҳояшон дар ҳудуди мамлакатҳои гуногун ҷойгир шуда бошанд.Чунин маънидодкунии шартнома дар Конвенсияи СММ оиди созишномаҳои хариду фурӯшимолҳо (Конвенсияи Вена соли 1980) ва дар Конвенсияи нами Гаага оиди ҳуқуқҳои нисбатишартномаи хариду фурӯш истифодашаванда (соли 1985) оварда шудааст.
Шартномаҳо консенсуалӣ ва ҳақиқӣ мешаванд. Барои бастани бисёр шартномаҳо розигии тарафҳобасанда аст, аз ин рӯ онҳоро шартномаҳои консенсуалӣ меноманд. Барои амалӣнамудани шартномаҳои ҳақиқӣ амалҳои иловагӣ ба монанди кафолат, қарз ва ғайраталаб карда мешавад.
Шартномаҳо инчунин байни илтироккунандагон ва ғоиббудагонмешаванд.
Шартнома байни иштироккунандагон дар ҳузури онҳо дарҳол, ҳангоми розӣшудани яке аз тарафҳо ба пешниҳоди дигар тараф баста мешавад. Ҷонибҳо шахсан башартнома имзо мегузоранд ва бо мӯҳр тасдиқ мекунанд.
Шартнома байни ғоиббудагон метавонад тавассути телефон бо иваз намуданиимзоҳо тавассути алоқаи факс баста шавад. Амалиётҳои бонкӣ ва шартномаҳои нақлиётӣметавонанд дар асоси таҳвили иттилоот ба воситаи почтаи электронӣ ва имзоирамзнок баста шаванд. Шартнома ҳамон вақт комил дониста мешавад, ки ҷонибҳо оидба тамоми масъалаҳо ба мувофиқа оянд.
Шартномаи беруниқтисодӣ чун қоида аз якчанд боб иборат аст, ки бо тартибимуайян ҷойгир щудаанд. Ҳамзамон ҳар як созишнома бояд хислатҳои ҳуқуқиимуайянеро соҳиб бошад, ки бе мавҷудияти онҳо он қувваи ҳуқуқиашро гумм мекунадва ҳуқуқҳое, ки аз бастани он ба миён меоянд, ҳимоя карда намешаванд.
Шартномаи беруниқтисодӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад: номипурраи расмии ҷонибҳо ва суроғаи ҳуқуқии онҳо; ному насаби пурраи шахсе, кисубъекти хоҷагидорро намояндагӣ мекунад ва вазифаи ӯ, инчунин нишон додан, кинамояндагӣ дар асоси чӣ амалӣ карда мешавад (роҳбари шахси ҳуқуқӣ дар асосиоиннома фаъолият мекунад, дигар шахсон бошанд, дар асоси ваколатнома). Бояд баназар гирифт, ки ваколатномае, ки мувофиқи он намояндаи шахси ҳуқуқӣ башартнома имзо гузоштааст, ҳамроҳи нусхаи шартнома дар дасти ҷониби дигар нигоҳдошта шавад.
Дар саҳифаи аввал (ё дар охир) – и шартнома рақами бақайдгирии он, санава макони имзои созишнома нишон дода мешавад. Нишон додани макони имзокуниисозишнома аз нуқтаи назари муайян намудани қобили татбиқ будани ҳуқуқ, яънемуайян намудани он, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ягон баҳс аз рӯи ин қарордод ҳуқуқикадом мамлакат истифода бурда мешавад, аҳамияти калон дорад.
Имзоҳои зери шартномаро бояд рамзкушоӣ намуд, то назорат аз болои мавҷудиятиваколатномаи дахлдор осон карда шавад. Бисёр ташкилотҳо инчунин визвмонии ҳаряк саҳифаи шартномаро анҷом медиҳанд, то хавфи иваз намудани саҳифа дар матнробартараф кунанд.
Тамоми иловаҳо ба шартнома бояд аз ҳар ду ҷониб имзо карда шаванд. Тамомиислоҳкуниҳо, тағиротҳо, иловаҳо, ки дар матни шартнома бо даст ё тавассудимошина мешаванд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бо шартномаҳои алоҳида дар бораи тағйиришартҳои қарордод баробар карда мешаванд. Барои ҳамин дар ҳошия, дар рӯ ба рӯи ҳаряк тағйирот ё иловаҳо бояд имзои намояндагони ҳар ду ҷониб гузошта шаванд.
Матни шартномаҳоро дар варақи якранг бо як андозаи ҳарф навиштан зарураст. шартнома дар ҳаҷми аз шумораи ҷонибҳо ду маротиба зиёд тартиб додамешавад: ба ҳар ҷониб – бо забони рсӣ ва бо забони ҳамкорон (ё ба дигар забонбо интихоби ҳамкорон). Дар шартнома шумораи нусхаҳои аслии шартнома қайд кардашуда, инчунин чандтои онҳо ба ҳар як ҷонибҳо дода мешаванд, нишон дода мешавад.Ба ғайр аз ин, ҳатман қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи нусхаҳои аслӣ саҳеҳанд вақувваи ҳуқуқии баробар доранд. Инчунин нусхаи бо мошина навишташуда ёнусхабардоришудаи шартнома низ саҳеҳ шуморида мешаванд, агар имзоҳо дар онҳо ҳақиқӣбошанд.
Додугирифтҳои якдафъаина, ки ҳаҷми калонтарини хизматрасонии сайёҳиропешбинӣ мекунанд, метавонанд бо роҳи мубодилаи нома (барқия, телекс ва ғ.) – ҳое,ки оферта ва аксепт дошта бошанд, ба расмият дароварда шаванд.
Нусхаи аслии шартномаҳо бо ваколатномаҳои шахсони ба шартнома имзомондаро дар реҷаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои молиявӣ бояд нигоҳ дошт. Тамоми шартномаҳоиберуниқтисодӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки барои ин субъекти хоҷагидор дафтарва ё китоби бақайдгирии дахлдорро бояд дошта бошад.
Дар амалисозии фаъолияти беруниқтисодӣ брокерҳои гумрукӣ ва интиқолкунандаҳоигумрукӣ иштирок мекунанд.