Брокери гумруки

Брокери гумрукӣ – ин миёнарав дардодугирифтҳои беруниқтисодӣ мебошад. Мафум ва асосҳои фаъолияти брокери гумрукӣаз тарафи Кодекси гумрукии ҶТмуайянкарда шудаанд.

Брокери гумрукӣ ташкилоти тиҷоратӣ (яъне шахси ҳуқуқӣ) мебошад,ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил шуда, литсензияи кумитаи давлатии гумрукро бароифаъолият кардан ба сифати брокери гумрукӣ соҳиб гардидааст. Корхонаи давлатӣброкери гумрукӣ шуда наметавонад.

Фаъолияти брокери гумрукӣ аз он иборат аст, ки амлиётҳои гумрукӣ оидибарасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро аз номи худ, бо супоришишахси соҳибмулк иҷро мекунад ва дигар вазифаҳои миёнаравиро, ки ба бахши гумруквобастаанд, амалӣ мекунад:

а) пур кардани эъломия ба молу воситаҳои нақлиёт;

б) ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷат ва дигармаълумотҳо, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ истифода бурда мешаванд;

в) нишон додани молу воситаҳои нақлиёте, ки эъломия кардамешаванд;

г) таъмин намудани пардохти пардохтҳои гумрукӣ ва дигарпардохтҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ нисбати молу воситаҳоиэъломияшаванда пешбинӣ намудааст;

д) ба сифати ваколатдорнисбати молу воситаҳои нақлиёти эъломияшаванда дигар амалҳоро иҷро мекунад, кибарои барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ заруранд.

Ҳангоми амалӣ намудани амалиётҳои қаблӣ брокери гумрукӣ метавонад:

  • мақомоти гумрукро оиди қасди баровардани молу воситаҳои нақлиётаз ҳудуди гумрукогоҳ намояд;
  • лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳоро барои ҳадафҳои гумрукӣ ҳангоми амалӣнамудани амалиётҳои пешакӣ тартиб диҳад;
  • молу воситаҳои нақлиётро дар анбори нигоҳдории муваққатӣ ҷойгиркунад.

Кумитаи давлатии гумрукӣ ҳуқуқ дорад дигар вазифаҳои брокери гумрукиромуайян кунад.

Брокери гумрукӣ вазифаҳоро танҳо дар шакли маҷмӯъ иҷро мекунад. Иҷрои ҷузъиивазифаҳои ишорашуда ё амалиётҳо дар доираи як вазифа иҷозат дода намешавад.

Брокери гумрукӣ метавонад доираи фаъолияти худро бо гурӯҳи муайяни молҳотибқи Феҳрасти молии фаъолияти беруниқтисодӣ ва намудҳои нақлиёт маҳдуд кунад.Ин маҳдудиятҳо дар литсензияи фаъолият ба сифати брокери гумрукӣ нишон додамешаванд. Фаъолият берун аз ҳудуди маҳдудиятҳои нишондодашуда бе гирифтанилитсензияи нав иҷозат дода намешавад.

Вазифаҳои асосии брокери гумрукӣ ба ҳисобмераванд:

  • дар шакл ва мӯҳлатҳои муайяншуда изҳори маълумоти аниқ дарбораи молу воситаҳои нақлиёт ва реҷаи гумрукии онҳо, инчунин дигар маълумотҳоизарурӣ барои ҳадафҳои гумрукӣ;
  • бо талаби мақомоти гумрук пешниҳод намудани мол ва воситаҳоинақлиёти эъломияшаванда;
  • ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои маълумотҳоииловагӣ, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд;
  • тафтиши дурустии ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои барои ҳадафҳоигумрукӣ зарурие, ки аз шахси фармоишгар гирифта шудаанд;
  • мувофиқи талаби мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарориигумрукии молу воситаҳои нақлиёт иштирок кардан ва ҳамкорӣ кардан бо шахсонимансабдори мақомоти гумрук дар анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ;
  • бо талаби мақомоти гумрук аз ҳисоби шахси фармоишгар амалӣнамудани таҳвил, баркашидан ё дигар тарз муайян намудани шумораи мол, боркунӣ,фаровардан ва аз нав боркунӣ, кушодани борпеч, борпеч ё аз нав борпеч карданимолу воситаҳои нақлиёте, ки таҳти барасмиятдарории гумрукӣ қарор доранд,инчунин кушодани биноҳо, зарфҳо ва дигар ҷойҳое, ки молу воситаҳои нақлиётиномбаршуда ҷойгир шудаанд;
  • дуруст ҳисоб кардани пардохтҳои гумрукӣ;
  • пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ нисбати молу воситаҳоинақлиёте, ки аз чониби брокери гумрукӣ эъломия карда шудаанд, агар ин бо қарордодибайни брокери гумрукӣ ва фармоишгар пешбинӣ шуда бошад, ё агар шахси фармоишгаршахси хориҷӣ бошад;
  • таъмини гузаронидани назорати бойторӣ, фитосанитарӣ вадигар назоратҳои давлатие, ки нисбати молу воситаҳои нақлиёти аз ҷониби брокеригумрукӣ эъломияшуда аз тарафи дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ гузаронидамешаванд;
  • риояи шартҳо ва маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдориимол ва воситаҳои нақлиёте, ки нисбаташон барасмиятдарории гумрукӣ ба охирнарасидааст, то озод кардани молу воситаҳои нақлиёт, ё то ба ихтиёри шахсифармоишгар мондани онҳо мувофиқи реҷаи гумрукии интихобшуда;
  • бурдани баҳисобгирии мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷонибиброкери гумрукӣ эъломия карда мешаванд, ба мақомоти гумрук пешниҳод кардани ҳисоботоиди чунин молу воситаҳои нақлиёт ва доир ба амалиётҳои худ;
  • таъмин намудани мувофиқати воситаҳои автоматии коркардииттилоот ва маҳсулоти барномавӣ бо воситаҳои автоматии коркарди иттилоот ва маҳсулотибарномавие, ки аз тарафи мақомоти гумрук истифода бурда мешаванд;
  • дарҳол хабар додан ба мақомоти гумрук дар бораи ҳар тағйиротипайдошуда, нобудкунӣ, вайронкунӣ ё гум кардани воситаҳои айнияти гумрукӣ, зарфё борҷома, номутобиқатии молҳо бо ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, нақлиётӣ ва ғ. Ва дигар ҳолатҳое,ки ба фаъолияти гумрукӣ тааллуқ доранд;
  • истифода бурдани иттилооте, ки аз шахсифармоишгар барои мақсадҳои гумрукӣ ба даст омадааст, танҳо бо ҳамин мақсадҳо;таъмин намудани манъ ва маҳдудиятҳо барои ба манфиати шахсӣ истифода бурдан, башахсони сеюм ва ба дигар мақомоти ҳокимияти ҶТ ошкор карданииттилооти аз шахси фармоишгар гирифта, ки иттилооти махфии тиҷоратӣ, бонкӣ ва ёдигар иттилооти аз ҷониби қонун ҳимояшаванда ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми амалисозии назорати гумрукӣ вабарасмиятдарории гумрукӣ брокери гумрукӣ тамоми ӯҳдадориҳоро иҷро карда, ҷавобгариипурраро монанди он, ки худ мустақилона молу воситаҳоро аз сарҳади гумрукӣмегузаронид, ба ӯҳда мегирад.

Ӯҳдадориҳои брокери гумрукӣ ҳангомибарасмиятдарории гумрукии асосӣ аз талаботҳои қоидаҳои ҷойгиркунии мол вавоситаҳои нақлиёт таҳти реҷаи гумрукии муайян ба миён меоянд.

Барои пардохти пардохтҳои гумрукие, киаз тарафи мақомоти гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ситонидамешавад, брокери гумрукӣ бо шахсе, кимолу воситаҳои нақлиётро аз ҷое ба ҷое мебарад, ҷавобгарии якҷоя доранд.

385
Нет комментариев. Ваш будет первым!