Таҳвилгари гумрукӣ

Таҳвилгари гумрукӣ – ин ташкилоти тиҷоратӣ(корхона) мебошад, ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил шуда, ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиродорад ва иҷозатнома барои амалӣ гардонидани фаъолият ба сифати таҳвилгаригумрукиро ба даст овардааст.

Таҳвилгари гумрукӣ интиқоли молҳоеро, ки таҳти назорати гумрукӣ қарордоранд, таъмин мекунад.

Мақоми гумрук таҳвилгарони гумрукиеро, ки нияти иҷро намудани чунинвазифаҳоро доранд, дар минтақаи фаъолияти мақоми мазкур ба қайд мегирад. Бақайдгирӣдар асоси аризаи таҳвилгари гумрукӣ анҷом дода мешавад.

Таҳвилгари гумрукӣ ҳуқуқ дорад молҳоеро, ки таҳти назорати гумрукӣ қарордоранд, бе ҳамроҳии гумрукӣ ва таъмини пардохти пардохтҳои гумрукӣ (гарави молҳова воситаҳои нақлиёт, кафолати шахсони сеюм, ба амонат мондани маблағи лозимӣ)интиқол диҳад.

Се шакли таҳвилгарони гумрукӣ мавҷуданд:

  • минтақавӣ (зонавӣ);
  • минтақавӣ(регионалӣ);
  • умумӣ.

Таҳвилгари гумрукии минтақавӣ (зонавӣ) фаъолияти хешро танҳо дар минтақаифаъолияти як гумрук ба роҳ мемонад.

Таҳвилгари гумрукии минтақавӣ (регионалӣ) дар минтақаҳои фаъолияти якчандгумрукҳо, ки ба як раёсати гумрукии минтақавӣ итоат мекунанд, фаъолият мекунад.

Таҳвилгари гумрукии умумӣ фаъолияти худро дар минтақаи фаъолияти якчандраёсатҳои минтақавии гумрукӣ ё двр твмоми ҳудуди мамлакат амалӣ мекунад.

Барои гирифтани иҷозатнома барои амалӣ гардонидани фаъолият ба сифати таҳвилгаригумрукӣ зарур аст:

а) доштани воситаҳои нақлиёте, ки таҷҳизотҳояшон ба талаботи таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт (контейнерҳо)барои кашонидани молҳо бо мӯҳр ва тамғаи гумрукӣ (дар оянда – Қоидаҳо, таҷҳизот)ба миқдоре, ки гумруки минтақаи фаъолияти ҷойгиршавии ширкат муайян мекунад,вобаста ба он, ки молҳое, ки бо сабабҳои техникӣ дар чунин воситаҳои нақлиётинтиқол дода мешаванд, бояд танҳо дар онҳо интиқол дода шаванд;

б) бастани қарордод дар бораи суғуртаи фаъолияти худ. Объекти суғуртакунӣҷавобгарӣ дар назди мақомотои гумрук ва шахсоне ба ҳисоб меравад, ки молҳояшонинтиқол дода мешаванд.

в) дар моликияти шахсӣ доштан ё ба мӯҳлати на кам аз сесол ба иҷора гирифтани шумораи воситаҳои нақлиёте, ки мувофиқи Қоидаҳои таҷҳизониданивоситаҳои нақлиёт таҷҳизонида шудаанд ва дар мӯҳлати 24 соат ба маконибарасмиятдарории гумрукӣ дар минтақаи фаъолияти мақомоти гумруке, ки таҳвилгаригумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, омада расидани ақаллан як воситаи нақлиётротаъмин мекунад. Ҳамзамон мӯҳлати амали иҷора бояд мӯҳлати амали иҷозатномарофаро гирад;

г) пардохтани боҷбарои додани иҷозатнома;

д) дар моликият ё дар истифодабарии пурраи хоҷагӣ доштанифонд (восита) – ҳои асосӣ – бино, иншоот, мошин ва таҷҳизот, воситаҳои нақлиётва дигар моликият.

Таҳвилгаригумрукӣ вазифадор аст:<strong/>

  • дастраснамудани молҳо ва ҳуҷҷатҳои онҳо бе расонидани ягон тағйирот ба борҷома ё ҳолатионҳо, ба ғайр аз тағйиротҳое, ки дар натиҷаи кӯҳнашавии табиӣ ё зарар ҳангомишароитҳои муқаррарии интиқол ва нигоҳдорӣ ба миён меоянд, бе истифодабарӣ бо мақсадҳоидигар ба ғайр аз интиқол, ба макони азтарафи мақомоти гумрук муайяннауда ва дар он ҷо истодан баъди расидан;
  • риоякардан ба мӯҳлат ва масири дастрас намудани мол ва ҳуҷҷатҳои он, ки аз ҷонибимақомоти гумруки фиристонанда муайян карда шудаанд. Мӯҳлати дастрас намуданмувофиқи мӯҳлатҳои муқаррарии дастрас намудан вобаста аз имкониятҳои воситаи нақлиёт,масири муайяншудва ва дигар шартҳои интиқол, аммо на зиёда аз мӯҳлати ниҳоӣ, кибо ҳисоби на зиёда аз 2 ҳазор км дар як моҳ муқаррар карда шудаанд, муайянкарда мешавад.
  • интиқолнадодани дигар молҳо ҳамроҳ бо молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарор дошта;
  • таъминнамудани амнияти молҳо;
  • бамақомоти гумруки таъинот пешниҳод намудани мол ва ҳуҷҷатҳои он ва ҳангоми талабиин мақомот ба таври воқеӣ нишон додани молҳо;
  • молҳоеро,ки ба макони таъинот дар вақти ғайрикории мақоми гумрук мерасанд, дар минтақаиназорати гумрукӣ ҷой додан;
  • баъдидастрас намуани молҳо бе иҷозати мақоми гумруки таъинот онҳоро бе назорат намондан,ҷои таваққуфгоҳро тағйир надодан, моҳоро холӣ карда аз нав бор накардан, ҷоиаввалаи ҷойгииршавии молҳоро тағйир надодан, борҷомаро накушодан, борҷома ваазнав борҷома накардани молҳо, тоза накардан, нобуд накардан ва тағйир надоданивоситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ;
  • ба ҳайатикормандони худ омӯхтани қоидаҳои таҳвили мол таҳти назорати гумрукӣ;
  • бурданиҳисобдории таҳвилҳо таҳти назорати гумрукӣ ва ба мақоми гумруке, ки он ба қайдгирифта шудааст, пешниҳод намудани ҳисобот оиди чунин таҳвилҳо;
  • дар ҳолатитехникии зарурӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт ва таъмин намудани мувофиқатидоимии таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт ба қоидаҳои муҷаҳҳазгардонӣ;
  • таъминнамудани боркунӣ ё азнавборкунии молҳо ба воситаҳои нақлиёти худ, фаровардан ваё азнавборкунии онҳо бо қувваҳои худӣ ё дар асоси шартнома бо дигар ташкилот ёкорхонаҳо;
  • боталаби мақоми гумруки таъинот дарҳол ё дар мӯҳлати муайяннамудаи ин мақомот таъминнамудани тағйири макони таваққуфгоҳ, боркунӣ ё азнавборкунии молҳо, тағйири ҷоиаввалаи ҷойгиршавии молҳо, кушодани борҷома, борҷома ё азнав борҷома карданимолҳо, тағйир додан, тоза кардан ё нобуд кардани воситаҳои ҳаммонандкунӣ;
  • ҳангомисадама ё дигар амали аз қудрат берун андешидани тамоми чораҳо барои таъминибехатарии мол ва роҳ надодан ба истифодабарии беиҷозати онҳо, дарҳол хабардодан ба мақоми гумруки наздиктарин оиди вазъият, макони ҷойгиршавии молувоситаҳои нақлиёт, таъмин намудани таҳвили мол ба мақоми гумруки наздиктарин вадигар чораҳоро, ки барои таъмин намудани назорати гумрукӣ аз ҷониби ин мақомигумрук муайян карда мешаванд, андешидан.

Муносибатҳои мутақобилаи байни таҳвилгар, фиристонанда, қабулкунандаи молҳова таҳвилгари гумрукӣ дар асоси шартнома бунёд мешаванд.

254
Нет комментариев. Ваш будет первым!