Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ
Дар ҷараёниамалисозии алоқаҳои байналхалқӣ баҳсҳои гуногун, аз он ҷумла баҳсҳое, ки бо алоқаҳоитиҷоратии берунмарзӣ алоқаманд ва хислати ҳуқуқӣ-гражданӣ доранд, метавонанд бамиён оянд ва онҳо на танҳо бо тартиби судӣ, балки бо тартиби арбитражӣ низ дидабаромада мешаванд.
Таҳти арбитраж тамоми арбитраж (суди ҳакамӣ) фаҳмидамешавад, новобаста аз он, ки он барои ҳалли масъалаи мазкур ташкил кардашудааст ё муассисаи доимоамалкунандаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад, ба монандиСуди арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ё Комиссияи баҳрии арбитражӣ.
Суди ҳакамӣ маънои арбитри ягона ёколлегияи арбитражҳо (судяҳои ҳакамӣ)-ро дорад.
Фарқияти асосии арбитраж аз суди давлатӣ дар он аст, киарбитраж институти хусусӣ (яъне ғайридавлатӣ)-и тафтишотӣ ба ҳисоб меравад, кияк қатор бартариятҳои онро дар назди суди давлатӣ нисбати баҳсҳои тиҷоратӣсабаб мешавад. Масалан, ҷонибҳое, ки дар баҳс ширкат меварзанд, метавонандарбитраж ва он ҳакамҳоеро, ки барои ҳалли баҳси дидашаванда зарур медонанд,интихоб кунанд. Ин имконият медиҳад, ки ҷонибҳо ҳангоми зарурат ба арбитражҳоимахсусгардонидашуда муроҷиат карда, ҳакамҳоеро интихоб кунанд, ки донишҳои амиқикасбӣ доранд.
Суди давлатӣ кодекси мурофиавӣ-шаҳрвандии мамлакати худроистифода мебарад. Дар ин ҷо ҷонибҳо дар интихоби судяҳое, ки баҳсро дидамебароянд, озод нестанд. Тафтишоти судӣ бисёр вақт расмиятҳои зиёдро дар баргирифта, муддати зиёд тӯл мекашад.
Тафтишоти арбитражӣ одатан дар шакли одии мурофиавӣ ва дарвақти нисбатан кӯтоҳ мегузарад. Дар арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ҳангомидида баромадани баҳсҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ муносибатҳои мурофиавӣ дар асоси қоидаҳоидида баромадани баҳсҳо, ки аз ҷониби институтҳое, ки дар наздашон арбитражфаъолият мекунад, тасдиқ карда шудааст (палатаи савдо, биржа, ассотсиатсия ва ғ),ё мувофиқи тартибе, ки аз тарафи ҷонибҳои баҳс муайян карда шудаанд (арбитражи ҷудогона)дида баромада мешавад.
Арбитраж нисбат ба тафтишоти суди давлатӣ хароҷотҳои пулиинисбатан камро талаб мекунад. Он иҷозат медиҳад, ки баҳсҳо дар маҷлисҳои пӯшидадида баромада шаванд, ки ин ба нигоҳ доштани сирри тиҷоратӣ мусоидат карда, баихроҷи маълумот оиди сирри тиҷоратӣ-истеҳсолии иштирокчиёни тафтишоти арбитражӣмонеа мегардад.
Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ дар ду шакл вуҷуд дорад:
- арбитражи ҷудогона;
- арбитражи институтсионалӣ.
Арбитражи ҷудогона аз тарафи ҷонибҳои баҳскунандабарои дида баромадани танҳо як баҳс ташкил карда мешавад. Он инчунин метавонад,чун мақоми доимоамалкунанда, ки дорои сохтори худ, дастгоҳи техникӣ, рӯйхати ҳакамҳова қоидаҳои дида баромадани баҳсҳо мебошад, фаъолият кунад.
Арбитражи институтсионалӣ – ин арбитражи доимоамалкунандамебошад. Он одатан дар назди палатаҳои савдо, биржаҳо ва ғайра ташкил кардамешавад. Доимоамалкунанда танҳо худи институти арбитражӣ мебошад, ҳайати ҳакамҳобошанд, аз тарафи ҷонибҳо дар ҳар як баҳси мушаххас аз рӯйхати ҳакамҳоиинститути арбитражӣ интихоб карда мешаванд.
Арбитражитиҷоратии байналхалқӣ вобаста ба хусусияти баҳсҳое, ки ба ваколаташ дохилмешаванд, ба намудҳо ҷудо мешавад.
Арбитражи тиҷоратии байналхалқии умумӣ тамоми баҳсҳоеро,ки аз додугирифтҳои беруниқтисодӣ ба миён меоянд ва ба ваколати он дохилмешаванд, дида мебарояд.
Арбитражи махсусгардонидашуда: баҳсҳоеро, ки ба яке азшаклҳои додугирифтҳои беруниқтисодӣ ё додугирифтҳо бо мол (хизматрасонӣ)-имушаххас дахл доранд, дида мебарояд.
Ба арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ бо шартномаи ҷонибҳометавонанд супорида шаванд: баҳсҳо аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигармуносибатҳои ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ, ки ҳангоми амалӣ гардонидани муносибатҳои тиҷоратииберунмарзӣ ва дигар муносибатҳои иқтисодии байнадхалқӣ ба вуҷуд меоянд, агар ақалланяке аз ҷонибҳо дар хориҷа қарор дошта бошад, инчунин баҳсҳои корхонаҳое, ки боширкати сармояи хориҷӣ таъсис дода шудаанд, байни ташкилотҳои байналхалқӣ, баҳсҳобайни иштирокчиёни онҳо, баҳсҳои онҳо бо дигар субъектонии ҳуқуқ. Дар ҳолате,ки ҷонибҳо зиёда аз як корхонаи тиҷоратӣ доранд, корхонаи тиҷоратӣ ҳамоне ҳисобкарда мешавад, ки ба муносибати арбитражӣ наздиктар аст. агар яке аз тарафҳокорхонаи тиҷоратӣ надошта бошад, мавқеи ҷойгиршавии он ба назар гирифтамешавад.
Агар дар созишномаи байналхалқӣ дар бораи судҳои арбитражӣнисбат ба қонунгузории миллӣ дигар қоидаҳо оварда шуда бошанд, қоидаҳоисозишномаи байналхалқӣ истифода карда мешаванд.
Тамоми паёми хаттӣ,агар ҷонибҳо дигар хел қарордод накарда бошанд, расонидашуда ҳисоб кардамешавад, агар он шахсан ба гиранда супорида шавад ё ба корхонаи тиҷоратии ӯ дармакони зисти доимиаш ё суроғаи почтавиаш дастрас карда шавад. Агар ин суроғаҳодар бо роҳи кофтукови маъқул пайдо карда нашаванд, паём расонидашуда ҳисобкарда мешавад, агар он ба суроғаи охирини корхонаи тиҷоратӣ тавассути мактубифармоишӣ ё дигар тавр, ки кӯшиши фиристонидани онро ба қайд мегирад, равонакарда шавад. Паём дар рӯзи дастрас намуданаш расонидашуда хисоб карда мешавад.
Шартномаи ҷонибҳо оиди ба арбитраж супоридани ҳамаи баҳсҳоё қисми муайяни онҳо, ки метавонанд байни онҳо дар алоқамандӣ бо ягон муносибатҳоиҳуқуқӣ, новобаста аз он, ки онҳо хислати қарордодӣ доранд ё не, ба вуҷудмеоянд, шартномаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад.
Созишномаи арбитражӣ метавонад дар шакли қайду шартҳоиарбитражӣ, қарордод ё дар шакли созишномаи алоҳида баста шаванд.
Созишномаи арбитражӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад.
Суде, ки доир ба масъалаи предмети шартномаи арбитражӣ ҳисобшавандаба он даъво пешниҳод карда шудааст, вазифадор аст, ки агар ягон ҷониб пеш азпешниҳод кардани аризаи аввалини худ инро талаб кунад, бурдани тафтишотро қатъгардонида, ҷонибҳоро ба арбитраж равона кунад, агар ин созишнома беэътиборбошад, қувваашро гумм карда бошад ё иҷро кардани он номумкин бошад.
Ҷонибҳо метавонанд аз рӯи диди худ макони арбитражромуайян намоянд. Дар ҳолати набудани чунин қарор макони арбитражро суди ҳакамӣбо назардошти ҳолати кор ва омили қулай будан барои ҷонибҳо муайян мекунад.
Суди ҳакамӣ метавонад, агар ҷонибҳо ба дигар қарор наомадабошанд, дар дигар макон ҷамъ ояд, ки барои гузаронидани машваратҳо байни ҳакамҳо,шунидани шоҳидон, коршиносон, ҷонибҳо ё барои муоина намудани мол, ҳуҷҷатҳо ва ғайразарур шуморад.
Агар ҷонибҳо ба дигар қарор наомада бошанд, тафтишотиарбитражӣ нисбати баҳси мушаххас дар рӯзе оғоз меёбад, ки хоҳиши ба арбитраждодани ин баҳс ба ҷавобгар дастрас карда шавад.
Ҷонибҳо метавонанд бо салоҳдиди худ забон ё забонҳоеро, кидар рафти тафтишоти арбитражӣ истифода бурда мешаванд, интихоб намоянд. Дар ҳолатинабудани чунин қарор суди ҳакамӣ забон ва ё забонҳоеро, ки дар рафти тафтишотистифода бурда мешаванд, муайян мекунад.
Суди ҳакамӣ метавонад як ё якчанд коршиносонро барои тайёрнамудани ҳисобот оиди масъалаҳои мушаххас, ки аз тарафи суди ҳакамӣ муайянкарда мешаванд; аз ҷониби пешниҳодкунанда талаб кардани тамоми иттилоот ё бароимуоина пешниҳод намудани ҷуҷҷатҳо, молҳо ва дигар амволе, ки ба масъалаи мазкурдахл доранд.
Суди ҳакамӣ баҳсро мувофиқи чунин меъёрҳои ҳуқуқ ҳалмекунад, ки ҷонибҳо ба сифати истифодабаранда ба моҳияти баҳс интихобнамудаанд. Ҳар як ишорае, ки ба ҳуқуқ ё низоми ҳуқуқи ин ё он давлат кардамешавад, бояд чун ишора ба ҳуқуқи моддии ин мамлакат маънидод карда шавад на бамеъёрҳои коллизионӣ.
Коллизия (лот. collisio -зиддият) – ин ихтилофҳо дарбайни қонунҳои алоҳидаи як давлат ё зиддияти қонунҳо, ҳалномаҳои судии давлатҳоигуногун. Меъёри коллизионӣ меъёри ҳуқуқиеро дар бар мегирад, ки қобили истифодабудани ҳуқуқи давлатро нишон медиҳад. Меъёри коллизионӣ аз ду унсур таркибёфтааст: ҳаҷм ва мутобиқат. Ҳаҷм – ин нишон додани доираи муносибатҳое, ки инмеъёр истифода бурда мешавад. Мутобиқат бошад, нишон медиҳад, ки кадом ҳуқуқ боядистифода бурда шавад. Шаклҳои асосии мутобиқат қонуни шаҳрвандӣ ё ҷои зистидоимӣ, қонуни ҷойгиршавии ашё, қонуни макони воқеъшавии воқеа, қонуни суд ва ғайрамебошанд.
Маҷмӯи меъёрҳои коллизионие, ки аз ҷониби давлат истифодабурда мешаванд, ҳуқуқи коллизиониро ташкил мекунанд. Ин ҳуқуқ ҳам меъёрҳоиколлизионии «дохилӣ», ки сарчашмаашро қонунгузории мамлакати мазкур вафаъолияти судии он ташкил мекунанд ва ҳам меъёрҳои коллизионии тавассути расмуодати байналхалқӣ ба шакл даровардаро, ки аз тарафи мақомоти салоҳиятдоримамлакат эътироф карда шудаанд, дар бар мегирад. Ҳангоми набудани дигарнишондодҳои ҷонибҳо суди ҳакамӣ меъёрҳои ҳуқуқиеро истифода мебарад, ки дурустмешуморад.
Дар тамоми ҳолатҳо суди ҳакамӣ мувофиқи щартҳои қарордодва баҳисобгирии одатҳои тиҷоратие, ки дар додугирифти мазкур истифода мешаванд,қарор қабул мекунад.
Ҳалномаи арбитражӣ новобаста аз он, ки дар кадом мамлакатбароварда мешавад, ҳатмӣ ҳисобида мешавад ва ҳангоми дархост кардан ба судисалоҳиятдор ба иҷро расонида мешавад.
Ҷонибе, ки ба қарори арбитраж асос меёбад ё оиди иҷрокардани он дархост мекунад, бояд қарори аслии арбитраж ё нусхаи ба таври зарурӣтасдиқнамудаи он, инчунин шартномаи аслии арбитражӣ ё нусхаи ба таври зарурӣтасдиқнамудаи онро бояд пешниҳод кунад. Агар қарори арбитраж ё созишнома базабони хориҷӣ навишта шуда бошанд, ҷониб бояд тарҷумаи ба таври лозимӣ тасдиқнамудаиин ҳуҷҷатҳоро ба забонҳои давлатӣ ва русӣ пешниҳод намояд.
Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ ваколат ба дида баромаданибаҳсҳоии мушаххасро дар асоси созишномаи ҷонибҳои баҳскунанда соҳиб мешавад.Чунин созишнома метавонад ба баҳси аллакай ба миён омада дахл кунад. Дар ин ҳолатон созиш кардан ё қайди ҳакамӣ номида мешавад.
Созишномае, ки аз тарафи ҷонибҳо нисбати баҳсҳои ояндабаста мешавад, қайду шартҳои арбитражӣ ном дорад.
Арбитражи тиҷоратии байналхалқӣ натанҳо бо қонунгузориимиллӣ, балки бо созишномаҳои байналхалқии дуҷониба ва бисёрҷониба низ танзимкарда мешавад.
Як қатор конвенсия (лот. conventio – қарордод, созишнома) – ҳоибайналхалқие вуҷуд доранд, ки ба паҳлӯҳои гуногуни арбитраж бахшида шудаанд.Масалан, Конвенсия дар бораи эътироф ва ба иҷро расонидани қарорҳои арбитражихориҷӣ, ки 10 июни соли 1958 дар Ню-Йорк ба имзо расидааст; Конвенсияи аврупоӣоид ба арбитражи савдои хориҷӣ, ки 21 апрели соли 1961 дар Женева қабулгардидааст; Конвенсияи СММ оид ба қарордодҳои хариду фурӯш (Вена, соли 1980);конвенсияҳои байналхалқӣ оиди ҳимояи ҳуқуқи муаллиф; конвенсияҳои байналхалқӣоид ба ҳуқуқи баҳрӣ ва ғайра.