Принсипҳои умумии танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ чун ҳар категорияи иқтисодӣ меъёрҳои ҳуқуқиродоро мебошад, ки бо санадҳои қонунгузориву дастурии гуногун ба таври ҳуқуқӣ барасмият дароварда мешаванд.

Танзими алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ дар асоси созишномаҳои ҳукуматии дуҷонибава санадҳои қонунгузории ҶТ оид ба фаъолияти савдои берунмарзиӣ ба амалбароварда мешаванд.

Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолиятисавдои берунмарзӣ ба ҳисоб мераванд:

а) сиёсати савдои берунмарзӣ – қисми таркибии сиёсатиберунаи мамлакат;

б) ягонагии низоми танзими давлатии фаъолияти савдоиберунмарзӣ ва назорат аз болои амалишавии он;

в) ягонагии сиёсати назорати содиротӣ, ки бо мақсадиамалигардонии вазифаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти миллӣ, манфиатҳои сиёсӣ,иқтисодӣ ва ҳарбӣ, инчунин иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ оид ба роҳнадодан ба баровардани яроқи қатли ом ва дигар шаклҳои хавфноки яроқ амалӣкарда мешавад;

г) ягонагии ҳудуди гумрукӣ;

д) афзалияти чораҳои иқтисодии танзими давлатии фаъолиятииқтисодии берунмарзӣ;

е) баробарии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии берунмарзӣва таҳти поймолкунӣ набудани ҳуқуқи онҳо;

ж) аз ҷониби давлат ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниииштирокчиёни фаъолияти савдои берунмарзӣ;

з) роҳ надодан ба дахолати давлат ва мақомотҳои он бафаъолияти савдои берунмарзӣ, расонидани зарар ба иштирокчиёни он ва иқтисодиётимамлакат дар умум.

Сиёсати савдои берунмарзии давлатӣ тавассути истифодабурдани усулҳои иқтисодӣ ва маъмурии танзими фаъолияти савдои берунмарзӣ амалӣкарда мешавад.

Ба онҳо усулҳои зерин дохил мешаванд:

  • Танзимигумрукӣ-тарифӣ, яъне истифода бурдани тарифҳои воридотӣ ва содиротӣ;
  • Танзимиғайритарифӣ, яъне истифода бурдани квотакунонӣ, литсензиякунонӣ ва ғ.

Танзими дигар намудҳои фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ, ьа монанди ҳамкориибайналхалқии инвеститсионӣ, кооператсияи истеҳсолӣ, амалиётҳои асъорӣ вамолиявию қарзӣ, мувофиқи қонун ва дигар санадҳои меъёрии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонамалӣ карда мешаванд.

Бомақсади танзими амалиётҳои содиротию воридотӣ, аз он ҷумла барои ҳимояи бозоридохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд гардонидани тағёиротҳоисохтории пешрафт дар иқтисодиёти он, боҷҳои гумрукии воридотӣ ва содиротӣ ҷорӣкарда мешаванд.

Содирот аз ҶТ ва воридат ба ҶТ бе маҳдудиятҳои шуморавӣамалӣ карда мешаванд.

Махдудиятҳои шуморавии воридот ва содирот, дар ҳолатҳоиистисноӣ метавонанд аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ҷорӣ карда шаванд, бо мақсади:

  • таъминиамнияти миллии мамлакат; иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқии ҶТ бо назардошти вазъият дар бозори моли дохилӣ;
  • ҳимоя намудани бозори дохилии мамлакат.

Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шуморавии содиротва воридот на дертар аз се-шаш моҳ пеш аз ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо қабул варасман нашр карда мешаванд.

Тақсимоти квота ва додани иҷозатномаҳо ҳангоми ҷорӣкардани маҳдудиятҳои шуморавӣ, чун қоида, бо роҳи гузаронидани озмун ё музоядаё гузаронидани амалиёти содироту воридот то лаҳзаи иҷрои маҷмӯии квотаҳо таъминкарда мешавад.

Дар ҳолате, ки ягонмаҳсулот ба миқдоре ё шартҳое ворид карда мешавад, ки ба истеҳсолкунандагоничунин молҳо ё молҳои бевосита рақобаткунанда бо он дар дохили мамлакат зарармерасонад ё хавфи расонидани зарар ба миён меояд, Ҳукумати ҶТ мувофиқи меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқибайналхалқӣ ҳуқуқ дорад чораҳои ҳимоякунандаро то ҳамон сатҳ ва мӯхлате, кибарои бартараф кардани зарар ё хавфи он заруранд, қабул ва ҷорӣ кунад.

Шаклҳои чунин чораҳои ҳимоякунанда нисбати воридоти молҳо ба ҳисоб мераванд:

  • маҳдудкуниимиқдории воридот;
  • боҷҳоигумрукии баландкардашудаи махсус.

Манъ ва маҳдудкардани содирот ва ё воридоти молу хизматҳо вобаста ба манфиатҳои миллӣ муқарраркарда мешаванд, ки иборатанд аз:

  • риоянамудани тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ;
  • ҳифзизиндагӣ ва саломатии одамон, хифзи олами ҳайвоноту наботот ва муҳити атроф дарумум;
  • ҳифзимероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳимояиарзишҳои фарҳангӣ аз ғайриқонунӣ баровардан ё ворид намудан, инчунин додани ҳуқуқимоликият ба онҳо;
  • заруриятибартараф кардани ба анҷом расонидани захираҳои барқарорнашавандаи табиат, агарчораҳои бо он алоқаманд ҳамроҳ бо маҳдуд кардани истеҳсол ва истеъмоли дохилӣгузаронида шаванд;
  • таъмини амнияти миллии ҶТ;
  • Ҳимояи вазъи молиявии беруна ва дастгирӣ намудани тавозунипардохти Ҷумҳурӣ;
  • иҷрокардани ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Молҳое, ки ба ҳудудимамлакат ворид карда мешаванд, бояд ба талаботҳои техникӣ, формакологӣ, санитарӣ,бойторӣ, фитосанитарӣ ва меъёрҳо ва талаботҳои экологие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистонмуқаррар карда шудаанд, ҷавобгӯ бошанд.

Ворид кардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок зери назорати махсус қарордорад. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад, молҳое, ки:

  • баталабот ва меъёрҳои дар боло номбаркарда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҷавобгӯнестанд;
  • сертификат,тамға ё аломати мутобиқат, ки бо санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, надоранд;
  • ҳамчунмолҳои истеъмолии хатарнок, барои истифодабарӣ манъ карда шудаанд;
  • нуқсонҳоедоранд, ки барои истеъмолкунандагон хатар доранд.

Молҳои номбаршуда бояд баргашта бароварда ё нобуд карда шаванд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангомиамалигардонии фаъолияти савдои берунмарзӣ нисбати яроқ, техникаи ҳарбӣ ва молҳоитаъиноти духела, инчунин риоя кардани ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистоноиди паҳн накардани яроқи қатли ом ва дигар намудҳои хатарноки яроқ ватехнологияҳои истеҳсоли онҳо дар мамлакат низоми назорати содиротӣ амалмекунад.

Содироти молу хизматрасониҳои дар боло номбаршуда, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ,аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати ҶТмуайяншуда, амалӣ карда мешавад.

Барои гурӯҳи алоҳидаи молҳо барои содирот ва ё воридот инҳисороти давлатӣмонда мешавад.

Инҳисори давлатӣ ба содирот ва ё воридоти гурӯҳи алоҳидаи молҳо дар асосилитсензиякунонии фаъолият оиди содирот ва ё воридоти молҳо амалӣ карда мешавад.Литсензия аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия танҳо ба корхонаҳои воҳид додамшавад, ки вазифадоранд, додугирифтҳои содироту воридотро дар асоси принсипҳоифаъолияти бовиҷдононаи тиҷоратӣ ва поймол накардани ҳуқуқ ба роҳ монанд.Корхонаи воҳид ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки ба моликияти аз ҷониби соҳибмулкба вай вобастакарда ҳуқуқи моликиятӣ надорад.

Реҷаҳои махсуси амалигардонии шаклҳои намудҳои алоҳидаи фаъолияти савдоиберунмарзӣ савдои наздисарҳадӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Савдои наздисарҳадӣ байни шаҳрвандони ҶТ, ки дар ҳудуди наздисарҳадииҶТ макони зисти доимӣ доранд ва шахсони хориҷие, ки дар ҳудуди наздисарҳадиидахлдоре, ки бо шартномаҳои байналхалқии ҶТ бо мамлакатҳои ҳамсарҳад муайянкарда мешаванд, макони зисти доимӣ доранд, танҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷотимаҳаллӣ ба молҳое, ки дар ҳудуди наздисарҳадии мазкур истеҳсол мешаванд,инчунин молҳое, ки барои истеъмол дар ҳудуди наздисарҳадии дахлдор пешакӣмуайян карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Нақши асосиро дар танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва назорат азболои амалигардонии он ташкили оқилонаи фаъолияти гумрукӣ мебозад, ки сиёсатигумрукии ҶТ, инчунин тартиб ва шартҳои ҳаракати молу воситаҳои нақлиётротавассути ҳудуди гумрукии ҶТ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, барасмиятдарориигумрукӣ ва назорати гумрукиро дар бар мегирад.

Асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти гумрукӣ азтарафи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Фаъолияти гумрукиро мақомотҳои гумруки ҶТ, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисобмераванд, амалӣ мегардонанд. Низоми мақомоти гумрук дар бар мегирад:

а) кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ;

б) раёсатҳои минтақавии гумрукӣ;

в) гумрукҳо;

г) дидбонҳои гумрукӣ.

Мақомоти гумрук вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • даркоркарди сиёсати гумрукӣ ва амалӣ гардонидани он иштирок мекунанд;
  • риоякардани қонунгузорӣ дар бахши фаъолияти гумрукиро таъмин карда, барои ҳимояи ҳуқуқва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти беруниқтисодӣ ҳангоми амалигардониифаъолияти гумрукӣ чораҳо меандешанд;
  • манфиатҳоииқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонроҳимоя мекунанд;
  • боҷигумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои гумрукиро меситонанд;
  • риояитартиби иҷозатдиҳии ҳаракати мол ва воситаҳои нақлиётро тавассути ҳудудигумрукии ҶТ таъмин мекунанд;
  • бамуқобили қочоқ, вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ва қонунгузории андозиимутааллиқ ба молҳое, ки аз сарҳади гумрукии ҶТ интиқол дода мешаванд, мубориза мебаранд;
  • оморигумрукии савдои хориҷӣ ва омори гумрукии махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;
  • Феҳрастимоли фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ (ФМ ФИБ) – ро пеш мебаранд;
  • назоратаз болои содироти маводҳои стратегӣ ва дигар маводҳои ҳаётан муҳим бароиманфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонроамалӣ мекунанд;
  • назоратиасъориро дар доираи салоҳияти худ амалӣ мекунанд;
  • иҷрокардани қисми ба фаъолияти гумрукӣ дахлдори ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд;
  • дигар вазифаҳо.

Назорати гумрукӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук бороҳи тафтиш намудани ҳуҷҷат ва маълумотҳое, ки барои мақсадҳои гумрукӣзаруранд; азназаргузаронии гумрукӣ (азназаргузаронии мол ва воситаҳои нақлиёт,азназаргузаронии шахсӣ); баҳисобгирии мол ва воситаҳои нақлиёт; пурсиши шифоҳиишаҳрвандон; тафтиши низоми баҳисобгирӣ ва ҳисобдорӣ; муоинаи ҳудуд ва биноианборҳои нигоҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, анборҳои озод, минтақаҳоиозоди гумрукӣ ва мағозаҳои савдои бебоҷ, дигар ҷойҳое, ки мол ва воситаҳои нақлиётитаҳти назорати гумрукӣ қарордашта ё фаъолияте, ки назораташ ба ӯҳдаи мақомотигумрук гузошта шудааст, ҷой доранд; дигар шаклҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ вадигар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ кардаанд, амалӣ карда мешавад.

Назорат дар минтақаҳои назорати гумрукӣ, ки дартӯли сарҳади гумрукии ҶТ ё дигар ҷойҳо ташкил мешаванд, гузаронида мешавад.

336
Нет комментариев. Ваш будет первым!